Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Хуллас, бозӣ яке аз методҳои нави таълим аст. Дар дарс чиқадре, ки бозиҳои ба мавзӯъ наздикро гузаронем, қобилияти фикркунӣ, дарккунӣ ва мустақилфикркунии хонанда ҳамон қадар тезтар инкишоф меёбад.

  1. Бозии «Ғалатхон»
    Ба ханандагон фаҳмонида мешавад, ки аз сабаби саросемагӣ дар ин калимаҳо садоноку ҳамсадоҳо афтидаанд. Вазифаи шумоён он аст, ки шакли дурусти онҳоро ёбед ва ислоҳ кунед:

  2. Одами ҳозиразабон.

  3. Кармуҳаррир.

  4. Сархори идора.

  5. Ҳарроти каландихтисос.

  6. Радиои қаҳрӣ.

  7. Шахси молхӯрда.

  8. Санъати гандакорӣ.

  9. Садсаттагӯӣ.

  10. Саъю кашиш.

  11. Духтури хашм.

  12. Бозии «Ҳарфгузорӣ»
    Ба хоначаҳои холимонда садонокҳои даркориро гузоред.
    ЛҲТ

  13. Бозӣ-муаммо «Кӣ меёбад?»
    Ин бозӣ барои донишомӯзон хеле аҳамият дорад, зеро онҳо дар ин бозӣ зиёдтар фикр мекунад. Бозӣ ба тариқи саволу ҷавоб мегузарад.
    Дар тахтаи синф калимаҳои «Китоб» ва «Осмон» навишта мешавад.
    Муаллим аз донишомӯзе мепурсад:
    -Дар байни китоб чӣ ҳаст?
    Албатта, муаллим ба тахта наменигарад, яъне калимаҳоро нишон намедиҳад ва бачагон ҳайрон мешаванд.
    – Дар байни «осмон» чист?
    – Ҳамсадои «М».

пешина
аз 108
навбатӣ