Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

– Агар ҳарфи байни осмонро гиред, чи мемонад?
– Осон.
4. Бозии «Ёри расонед»

Талабагон ба ду гурӯҳи баробар ҷудо мешавад. Дар тахтаи синф дар ду сутунча ҳамсадоҳо навишта мешавад.

б-р с-з
з-н м-р
х-б н-м
б-г д-д

Хонандагон бо ёрии гурӯҳ садонокҳои мувофиқро мегузоранд ва кадом гурӯҳе, ки тез меёбад ва пур мекунад ғолиб ҳисобида мешавад.

  1. Чистон оид ба садонок ва ҳамсадо
    Миёни «а» ва «р» се ҳарфи дигар,
    Бимонӣ, мехӯрӣ ду меваи тар. (Ангур, Анҷир)

  2. Хоначаҳои панҷсадонок ва панҷҳамсадо Ба хонандагон супориш дода мешавад, ки хоначаҳои холии нақшаро тарзе пур мекунанд, ки ба садонок ва ҳамсадоҳои дар он буда мувофиқат намояд.
    Бачаҳо хоначаҳоро бо чунин калимаҳо пур мекунанд:
    Хоначаи 1 Хоначаи 2 1. Барно 1. Рубоб 2. Барот 2. Ҳулбӯ 3. Ирода 3. Сабат 4. Ҳофиз 4. Ибора 5. Орифа 5. Барра

  3. Бозии «Лото»
    Ҳангоми гузаштани ҳиҷо аз бозии «лото» истифода бурдан мумкин аст. Дар ин бозӣ калимаи якум пурра хонда мешавад, калимаҳои минбаъдаро бошад, аз ҳиҷои охири калимаи аввал хондан лозим аст.

пешина
аз 108
навбатӣ