БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бо кӯдакони сусте, ки аксар сабаби бой додани гурӯҳ мешаванд, бачаҳо бад муносибат мекунанд, аммо вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо ёрии бозӣ сифатҳои идоравии дӯстӣ, рафоқат ва инкишоф додани ҳисси коллективизмиро ҷорӣ намоем.
Бозиҳои дилхушкунанда ва серҳаракат
Бозиҳои дилхушкунанда ба гурӯҳи бозиҳои серҳаракат мансуб буда, дар бачаҳо чолокӣ, маҳорати идорасозӣ ва таваҷҷӯҳро ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои томактабӣ ба ин навъи бозиҳо диққати доимӣ дода, дар амал онро тадбиқ менамоянд. Ба мураббиҳо лозим меояд, ки пеш аз интихоби ин ё он бозӣ нақшаи тарзи гузаронидан ва аҳамияти тарбиявии онро тартиб диҳанд. Масалан, дар гузаронидани чунин бозиҳо мо нақшаи онро ба таври зайл тартиб додем.
Мақсад: Ташаккули фаъолияти серҳаракатӣ, эҷоди малака ҷиҳати ширкат дар бозии дастаҷамъона ва риояи қоидаи бозӣ.
Вазифае, ки бояд иҷро шавад:
- Ташаккули дар хотир нигоҳ доштани лаҳзаҳои бозӣ (тақвияти хотир ва тафаккур).
- Тақвияти ҳаракати зебо дар бозӣ.
- Идора кардан ва дидани аломатҳо.
- Ташакули малакаи фаъолият, боварӣ дар хеш.
Воситаҳои методӣ
Маводе, ки интихоб мешавад, бояд бозии дилхушкунандаро бозгӯ карда тавонад. Агар бозӣ аз афсонаҳо интихоб шавад, сару либосҳоро пешакӣ омода месозанд. Ашёе омода карда мешавад, ки бачаҳо ба пӯшидан ё ба бар кардани онҳо ҳавасманд ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё