БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бозӣ яке аз воситаҳои муҳими пайвастани кӯдак ба муҳити атроф, донистани ҷаҳон, ашё, ранг, шакл, ҳаҷм, мебошад. Бо ин роҳ ба инкишофи нутқ, диди дунёвҷ ва ҳисси муҳити атрофи кӯдакон таъсири мусбат расонидан мумкин аст.
Мураббӣ ҳангоми бозӣ аз имкониятҳои шунавоҷ, биноӣ, фикрию ҷисмонии кӯдакон пурра истифода намуда, баҳри гузаронидани бозиҳои дидактикӣ ба ҷараёни омӯзиши кӯдакон шароитҳо фароҳам меорад. Масалан, ҳангоми бозӣ бо бозичаҳои миллии тоҷикӣ рангкунии рангҳо, ҳамчу шакли ашё дар кӯдакистон хеле инкишоф меёбад. Дар вақти бозӣ кӯдакон намефаҳманд, ки онҳоро мо таълим дода истодаем ва фикр мекунанд, ки ин барои онҳо бозӣ аст. Лекин дар ҷараёни бозӣ кӯдакон ҳисоб мекунанд, масалан, ҳал мекунанд, ҷумлаҳо месозанд, афсона нақл менамоянд, чистон азёд карда, панду насиҳатҳоро меомӯзанд.
Бозиҳои дидактикӣ барои ҳалли масъалаҳои тарбияи маънавӣ, одамдӯстии кӯдакон ва аҳлона бозӣ кардани онҳо ёрӣ мерамонанд. Аз ин ҷиҳат мураббӣ шароит муҳайё месозад, ки кӯдакон сарҷамъ бозӣ кунанд, рафтору ахлоқи худро идора намоянд, ростқавл ва боинсоф бошанд.
Лозим меояд, ки мураббӣ амалҳои бозиро ба кӯдакон омӯзонад ва он вақт бозӣ хусусияти таълимӣ ба худ мегирад.
Яке аз шартҳои бозӣ ин қоидаи бозӣ аст, ки кӯдакон бояд онро донанд ва дар рафти бозӣ риоя намоянд. Махсусан, ба воситаи қоидаҳо мураббӣ дар кӯдакон фаъол будан, худдорӣ кардан, зираку чолок буданро меомӯзонад. Дар айни замон дуруст фаҳмонидани иҷрои қоидаҳои бозӣ имконият медиҳад, ки кӯдакон дар рафти бозӣ дар кадом ҳолат чӣ тавр амал карданро донанд, қоидаҳои бозиро вайрон накунанд.
Якчанд намуди бозиҳои таълимии шифоҳӣ вуҷуд доранд, ки барои инкишофи хотира, биноӣ, шунавоии кӯдакон нақши муҳим мебозанд.
Масалан, бозии таълимии “Номбозӣ”.
Ҷараёни бозӣ. Кӯдакон давра меистанд. Бо интихоби мураббӣ кӯдаки якум номи худро мегӯяд, кӯдаки якум номи худро мегӯяд, кӯдаки дуввум бошад, номи кӯдаки якум ва номи худашро мегӯяд ва бо ҳамин тариқ бозӣ давом меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё