Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Мураббӣ бозиро, албатта, аз рӯйи нақша мегузаронад.

Мавзӯъ: “Бозиҳои ҳозирҷавобӣ”

Мақсад:

  1. Тақвияти тасаввуроти кӯдакон нисбати бозӣ.
  2. Ҳозирҷавобӣ ва хулосабарорӣ аз ҷараёни бозӣ.
  3. Таассуроти бардоштаи бачаҳо: таҳлили бозӣ ва пешниҳодҳо.
    Дар бозӣ аз кадом ашё истифода бурдан лозим, ки ба бачаҳо писанд ояд. Шояд аз расмҳои ранга, чӯбчаҳо, бозичаҳо, мураббаъҳо ва фигураҳои математикӣ ва ғайра.
    Барои он ки бозӣ, дар ҳақиқат, шавқовар ва диққат ҷалбкунанда бошад, саволҳои пешниҳодшуда, бояд бачаҳоро ба ҳозирҷавобӣ такон бахшад. Масалан, мураббӣ ба бачае як дона гул (бигузор сунъӣ ҳам бошад) тақдим мекунад ва чунин саволро матраҳ месозад: “Ин гул чӣ ном дорад ва дар куҷо ва дар куҷо мерӯяд?” Бачаҳо ба гул нигариста дарк месозанд, ки гул хонагӣ аст ё саҳроӣ; шояд фасли баҳор сабзаду шукуфад ё шояд гули хонагӣ аст. Ин савол шавқовар аст ва ҳозирҷавобиро тақозо мекунад. Хусусияти таълимӣ ҳам дорад, зеро аксари гулҳои зиннатбахш дар шароити хона месабзанд. Агар гул хонагҷ бошад, бачаҳо дарк месозанд, ки волидони онҳо дар гулпарварӣ чи заҳмате намекашанд.
    Вақте ба чунин савол ҷавоби қаноатбахш дода шуд, мураббӣ метавонад чунин саволҳоро матраҳ созад.
  4. Ному насабатро гӯй?
  5. Рӯзу моҳу соли таваллудатро номбар намо?
  6. Ҳозир чандсола ҳастӣ?
  7. Бузург шавӣ, кӣ шудан мехоҳӣ?
  8. Пойтахти Ӯзбекистон кадом шаҳр аст?
  9. Деҳа аз шаҳр чӣ фарқ дорад?
  10. Суроғаи хонаатонро гӯй, ки ту дар он зиндагҷ мекунӣ?
  11. Бозии дӯстдоштаат кадом аст?
    Ба ин саволҳо бачаҳо бо шавқ ҷавоб мегӯянд, зеро ҷавоби онҳо ҳеҷ мушкилӣ надорад. Мақсади ин мавзӯъ ҳам таълим асту ҳам дилхушӣ.
    Шояд ҳангоми ҷавоби яке аз бачаҳо, ки падари вай ҳунарпешаи театр аст, ин барои мураббӣ бозёфти хубе хоҳад буд.
пешина
аз 108
навбатӣ