Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозиҳои дидактикӣ яке аз амалҳое мебошад, ки ҳадафи он додани дониш ва малакаҳои муайянкардашуда ба кӯдак аст. Бозиҳои дидактикӣ дар муқоиса бо дигар бозиҳо як хусусияти махсус доранд: мақсади бозии дидактикӣ – омӯзонидани кӯдакон, машқ кардан ва инкишоф додани қобилиятҳои ақлонӣ ва дар онҳо хислатҳои хуб парвариш намудан аст. Мазмуни бозии дидактикӣ – ин ҳамеша иҷрошавии ягон вазифаи ақлонҷ мебошад. Иҷро кардани қоидаҳо, барои тарбияи тафаккур, тасаввурот, зеҳн ва ғайра мусоидат мекунад. Мисол, мазмуни бозии дидактикии “Ин ашёро аз чӣ сохтанд?”, муайян кардани маводҳое, ки аз онҳо ин ё он ашё сохта шудааст, мебошад.
Дар ин бозӣ кӯдакон донишҳои худро доир ба ашё, маводҳои ҳархела ва хусусиятҳои онҳо пурра мегардонанд. Дар бозии дидактикии “Дар куҷо пинҳон кардем?”, кӯдакон бояд ашёи пинҳонкардаро ёбанд.
Дар ин бозӣ чолокӣ ва тавоноии кӯдакон, дар фазо мавқеи худро ёфтан ва ғайра равнақ меёбад.
Баъзе аз бозиҳои дидактикӣ шунавоии кӯдакон ва нутқи онҳоро мукаммал мекунанд, дигарашон бошад, дар ёфтани ҷойи ашё ва ҷорӣ намудани робитаи байни онҳо ёрӣ мерасонанд.
Барои он ки бозии дидактикӣ вазифаву муқаррароти худро иҷро намояд, бояд сохти махсус дошта бошад. Сохти бозии дидактикӣ аз инҳо иборат аст:
– масъала;
– амалиёт;
– қоида;
– натиҷа;
– хулосаи бозӣ.
Педагогикаи томактабӣ бозии дидактикиро бо омӯзиш муқоиса ва монанд намекунад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки бозии дидактикӣ, бо омӯзиши томактабӣ вобаста аст ва ӯ ёри мерасонад. Бозии дидактикӣ бо омӯзи томактабӣ вобаста аст ва ба ӯ ёрӣ мерасонад.
Баъзе мураббиён машқҳои дидактикиро, ки моҳияти онҳо дар дидаву донистан ва зуд-зуд такрор кардани маводҳои “Барномаҳо” мебошад, чун бозии дидактикӣ ҳисоб мекунанд. Ба ғайр аз ин, онҳо бештари машғулиятҳоро, ки бо истифодабарии маводҳои аёни (бозичаҳо, расмҳо) чун бозиҳои дидактикӣ ҳисоб мекунанд.

пешина
аз 108
навбатӣ