Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

(Расм бо кӯдакон) Аз ин рӯ диққати кӯдаконро ба пайдошавии миқдор ва шаклҳои мавҷудбуда, ки хеле аҷиб мебошад, ҷалб менамоем: яъне миқдори баргҳои гул, шакли ашёи гирду атроф, сохт ва пайдоиши нақшу нигори тасвирӣ ва ғайраҳо метавонанд дониши кӯдаконро дар бораи ин мафҳумҳо васеъ намоянд.
Дар даҳсолаи охир тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Ӯзбекистон зарурияти гузаронидани ислоҳоти маорифро ба миён гузошт, ки яке аз самти асосии он гуманикунонии раванди таълим мебошад.
Зарурияти гуманикунонии математикаи томактабӣ ва азнавсозии мазмуни он якчанд сабабҳо дорад:

  1. Сарбории зиёд дар машғулиятҳо ба маёнаи кӯдак, хусусан, дар давраҳои хурдӣ ва миёнаи томактабӣ таъсири манфӣ расонида, ӯро ба хасташавӣ ва дилсардӣ оварда мерасонад.
  2. Сатҳи омодагии кӯдакон ба мактаб паст аст. Аз ин лиҳоз, сӯҳбат оид ба муайян намудани фаҳмишу тасаввуроти кӯдакон дар бораи математика ва сатҳи рушдёбии тафаккури мантиқии онҳо нақши калон мебозад.
  3. Дар барномаи таълимии курси математикаи муассисаҳои томактабию ибтидоӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва талаботҳои барномавӣ, алоқамандӣ дида мешавад.
  4. Сатҳи инкишофи тафаккури мантиқӣ, ҳаҷман ва сифати дониши кӯдакон оид ба математика ҳангоми ба мактаб рафтани кӯдак ва гузаронидани сӯҳбат бо ӯ муайян мегардад.
    Математика яке аз фанҳои мураккабтарини кӯдакистон ба ҳисоб меравад ва масъалаи пайдо кунонидани тасаввуротҳои одитарини математикиро дар кӯдакони синни гуногуни томактабӣ вазифаи муҳимтарин аст.
    Яке аз фаъолиятҳое, ки мақсади онҳо додани дониш ва малакаҳои мушаххасшуда ба кӯдакон маҳсуб аст, ин бозиҳои дидактикӣ мебошад.
    Кӯдаки хурд аз айёми тифлӣ бо муҳити атроф шинос мешавад. Ӯ бо одамон, ҳайвонҳо, ашёи ҳархела дучор гашта, оид ба сифату хислатҳои онҳо маълумот мегирад. Аз ин рӯ, ба низом даровардани донишҳои кӯдакон аксар вақт бозиҳои дидактикиро истифода мебаранд.
пешина
аз 108
навбатӣ