Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Мисол, бозиҳое ҳастанд, ки дар он кӯдакон бояд муайян карда тавонанд “чӣ хуб асту чӣ бад” ва ба қаҳрамонҳои адабӣ баҳо дода тавонанд.
Бозӣ бозичаҳои дидактикӣ, маводҳои табиӣ, суратҳо барои таҷрибаи ҳиссиёти кӯдакон мусоидат мекунанд ва ҳамроҳи ин дар тарбияи эстетикии онҳо ёрӣ мерасонанд. Ба кӯдакон шакл ва рангҳоро фарқ карда тавонистан, ёд гирифта зебоиро дар пайвасткуни ва ҷойгиршавҷ онҳо омӯхтан зарур аст. дар бозиҳои шифоҳӣ бошад, хурдсолон нозукиҳои забони модариро меомӯзанду зебогии онро ҳис мекунанд.
Бозиҳои дидактикӣ сюжетдор ва бесюжет мешаванд. Вобаста аз маводҳо се намуд бозиҳои дидактикиро фарқ кардан мумкин аст: бозӣ бо ашё (бозичаҳо, маводҳои табиатҷ ва ғайра), бозиҳои рӯйимизӣ ва шифоҳӣ.
Аз ҳама дастрас ба кӯдакон – бозӣ бо ашё аст. Ба ин бозиҳо кӯдакон аз синни тифлҷ майл мекунанд ва шавқу рағбатро ба онҳо дар муддати айёми бачагии томактабӣ гум намекунанд.
Дар хурдсолӣ дар аксарияти бозиҳо бо бозичаҳо ҳаракатҳои ҳархела ҳамроҳ мекунанд ва ин ба хусусиятҳои идрок ва тафаккури кӯдак мувофиқ аст. мисол, дар бозиҳои дидактикӣ аз рӯйи донистани рангҳо кӯдакон пуфакҳои гуногунро истифода мебаранд, бо байрақчаҳои ҳархела мешаванд ва бозичаҳои рангорангро кофтукоб менамоянд.
Бозиҳои рӯйимизӣ, чун бозӣ бо ашё да равандҳои аёнӣ таъсир меёбанд, лекин ин бозиҳои рӯйимизӣ хархела мебошанд. Баъзе намудҳои лото ва суратҳои ҷуфт-ҷуфт кӯдаконро бо ашёи алоҳида (зарфҳо, мебел), ҳайвонот ва парандаҳо, сабзавоту меваҳо ва ҳатто бо сифату хусусиятҳои онҳо шинос мекунанд.
Бозиҳои шифоҳӣ аз ҳама муҳим мебошанд. Онҳо бо нишонаи ашё вобаста нестанд ва кӯдак бояд тасаввуротҳои худро истифода барад.
Ин бозиҳо барои инкишофи тафаккури кӯдак саҳми хоса дорад, чунки дар онҳо кӯдакон фикру мулоҳизаҳои худро изҳор карда метавонанд, ба фикри дигарон умедвор нашуда, хулосаҳо мебароранд, хатоҳои мантиқиро дарк карда метавонанд.
Бозиҳои шифоҳӣ, аксаран, дар гурӯҳҳои калон гузаронида мешаванд ва дар омодагии кӯдакон ба мактаб муҳиманд, чунки онҳо талаботи кӯдакро қонеъ мекунанд ва тавоноии кӯдаконро инкишоф медиҳанд (бодиққат гӯш кардан, ба саволҳо зуд ҷавоб ёфтан, фикри худро ба амал татбиқ додан).

пешина
аз 108
навбатӣ