Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Баъзе бозиҳои шифоҳӣ, аз он ҷумла, мардумӣдар гурӯҳҳои хурдсолон низ истифода бурда мешаванд.
Ҳар як бозии дидактикӣ шарту шароитҳои худро дорад, ки ҳалли он аз кӯдак кори ақлониро талаб мекунад. Масъалаҳои бозии дидактикӣ гуногунанд. Масъалаҳои зерин барои инкишофи ақлонии кӯдак бештар муҳиманд:
– муқоисаи ашё;
– гуфтан ва ёфтани чистонҳо (ёфтани ашёҳо рӯйи нишонаҳо, нишонаҳои ашёро ҷудо карда тавонистан);
– ашёро умумӣ кардан;
– зуд ба хотир овардан;
– таърифи дақиқ додан.
Муқоисакунӣ – яке аз усулҳои муҳими фаҳмидани муҳити зист аст.
Тавоноӣ дар муқоиса кардан, тадриҷан инкишоф меёбад ва ба машқ муҳтоҷ аст. Дар аввал барои муқоиса ашёи дидактикии ҷудошавандаро истифода мебаранд (пирамидаҳо, матрёшкаҳо ва ғайра). Барои ҷамъ намудани пирамидаҳо, халқаҳои онро аз рӯйи рангҳо ё андоза муқоиса кардан лозим аст.
Бозиҳои дидактикиро аз рӯйи нақшаи корӣ вақти гузаронидани машғулиятҳо ташкил мекунанд.
Ба ғайр аз ин, дар вақти бозӣ ба кӯдакон маводҳои гуногун дода мешавад, ки бо онҳо кӯдакон бо хоҳиши худашон ё инфиродӣ, ё ки бо хоҳиши худашон ё инфиродӣ, ё ки бо гурӯҳҳои хурд, ё ки дастаҷамъона бозӣ мекунанд.
Мушоҳидаҳо барои бозиҳои мустақилонаи кӯдакон имконият медиҳанд:
– барои зоҳир кардани дониши онҳо;
– дараҷаи инкишофи ақлонии онҳо;
– хусусиятҳои рафторашон.
Ҳамаи ин ба мураббӣ дар чида гирифтани ин бозиҳое, ки барои фоидаи кӯдак омӯхтааст ва чиро бояд омӯзонд, ёрӣ мерасонад.
Бозиҳои дидактикӣ чун машғулият, усулҳои гуногуни таълимиро талаб мекунанд; аёнӣ, шифоҳӣ, таҷрибавӣ. Лекин методикаи гузаронидани онҳо махсус аст.

пешина
аз 108
навбатӣ