БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бозиҳои дидактикӣ кутоҳмуддатанд (10-20 дақиқа) ва бисёр муҳим аст, ки дар вақти бозӣ фаъолияти ақлии бозингаронро кам ва шавқи онҳо ба бозӣ суст нашавад.
Хусусан, барои ин дар бозии дастаҷамъона назорати хуби мураббӣ зарур аст. Нашавад, ки як кӯдак масъаларо ҳал кунаду дигарон бекор шинанд. мисол дар бозии “Чӣ иваз шуд?” кӯдаконро якнафарӣ барои ҷавоб даъват мекунанд. Хулоса, як кӯдак ҷавоб медиҳад, дигараш мушофида мекунад.
Дар чунин ҳолат гузаронидани бозӣ кӯдакон зуд хаста мешаванд.
Фоиданоктар мебуд, агар масъаларо ба ҳамаи кӯдакон пешниҳод кунем: онҳо бояд бо диққат, барои ҷойгирии бозичаҳо дар рӯйи миз нигоҳ кунанд. Баъдан, мураббӣ бозичаҳоро бо парда маҳкам мекунад; ҷойҳояшонро иваз мекунад. Кӯдакон бояд ба тағйиротҳо диққат диҳанд.
Роҳбарӣ ба бозиҳои дидактикӣ, дар ҳама гурӯҳҳои синну солӣ якчанд хусусиятҳо дорад.
Дар гурӯҳҳои хурд мураббӣ якҷоя бо кӯдакон бозӣ мекунад, ба кӯдакон қоидаҳои бозиро фаҳмонда, ӯ нахустин шуда ашёро палмосида, муайян ва расмро тасвир мекунад. Дар гурӯҳҳои калон бошад, кӯдакон пеш аз бозӣ ба шарту маъалаҳои онро бояд аниқ кунанд.
Дар вақти иҷро кардани масъалаи бозӣ аз онҳо мустақилият талаб карда мешавад.
Аксарияти бозиҳои дидактикӣ барои кӯдакони давраи калон, чун бозии серҳаракат хосиятҳои мусобиқавӣ доранд; яке ғолиб мебарояд, дигар мағлуб мешавад, ки оҳоро ба хурӯш меоварад. Мо бояд ба ин роҳ надиҳем. Ба кӯдакон нисбат ба якдигар рафтори некро тарбия намоем; бояд хоҳиши дуруст иҷро кардани вазифаро водор созем ва ҳеҷ вақт намонем, ки кӯдак ба рӯи мағлубшудагон бихандад. Ба кӯдаконе ки мағлуб шудаанд, фаҳмонидан лозим аст, ки маротибаи дигар албатти, ғолиб мешаванд. Ба онҳо имконият додан зарур аст, ки аз дастовардҳои рафиқонашон хурсанд шаванд. Дар бозӣ хусусиятҳои феъли кӯдак, дараҷаи инкишофи ӯ ба мушоҳида мерасад. Бозӣ аз кӯдак муносибати инфиродиро талаб менамояд. Мураббӣ бояд бо хусусиятҳои инфиродии ҳар як кӯдак аҳамият дорад. Ба як кӯдак чистони мураккаб додан даркор бошад, ба кӯдаки дигар сабуктар. Кӯдакони тарсончаку шармгин диққати махсусро талаб мекунанд: бисёр вақт чунин кӯдакон ҷавоби дурустро медонанд, вале аз шарм ба ҷавобдиҳӣ ҷуръат намекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё