Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
Хӯрокворӣ пур карда, баромада меравад.
Рафта-рафта, баъд аз чанд шабу чанд рӯз, вай ҳам ба хонаи кампири бемор мерасад. Аспашро ба шохи дарахте баста, дари хонаро тақ-тақ мезанад, ки кампир аз даруни хона мепурсад:
— Кист? Ҳар кӣ бошӣ, худат дарро кушода даромадан гир! Ман беморам, аз ҷой хеста наметавонам.
Духтар дарро кушода, медарояд ва ба кампир саломи гарму ҷӯшон дода, даррав барои дасту рӯ шустани кампир об мебиёрад ва аз хӯроквориҳои овардааш кампирро нағз зиёфат мекунад.
— Ҳа, писарам, ту аз куҷоӣ, ба куҷо меравӣ? — аз корҳои духтар хурсанд шуда, мепурсад кампир.
— Ман аз як шаҳри дур омада истодаам, барои доруи чашм меравам!
Кампир як оҳ мекашаду ба ғазаб омада мегӯяд:
— Эй писари нодон, магар ту намедонӣ, ки бисёр паҳлавонони дар ин роҳ сафар мекардагӣ зиндаю саломат ба ватанашон барнагаштаанд! Ту ҷавони нозанин, ин корро адо карда наметавонӣ! Ё пеши ман исто, ё ба хонаат баргард!
Духтар аз гапҳои кампир натарсида, далерона мегӯяд:
— Эй модарҷон! Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад! Ман аз сафарам намегардам. Ҳар чӣ, ки ба сарам наояд, меравам!
Духтар хеста рафтанӣ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё