Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Кампир қадре ба худ омада, аз духтар мепурсад:
— Писарам, ту аз куҷо омадию ба куҷо рафта истодаӣ?
— Ман аз як шаҳри дур омадам, — мегӯяд духтар, — падарам ба касалии дарди чашм гирифтор шуда, нобино шудааст, ман ба суроғи дору рафта истодаам.
— Эй писарам, — мегӯяд кампир, — аз ин ният гард, бисёр одамони далер ба суроғи ин дору равон шуда, ба мақсадашон расида натавониста, нобуд шудаанд. Ба даст овардани он дору илоҷ надорад, ба хонаат гашта рав!
Духтар баъди ин хел гапҳо ноумед шуда, гашта ба хонаашон меояд. Падараш хотирҷамъ шуда мегӯяд:
— Ҳа, духтарам, ман хеле хурсандам, ки ту сиҳату саломат гашта омадӣ.
Духтар воқеаи бо кампир вохӯрданашро ба падару хоҳаронаш нақл карда медиҳад.
— Ба даст овардани он дору, — мегӯяд ӯ, — ҳеҷ илоҷе надоштааст. Бисёр одамони далер ба суроғи он равон шуда, ба мақсадашон нарасида, нобуд шуда рафта будаанд!
Духтари миёна ба гапҳои хоҳараш аҳамият надода, аз ҷояш хеста:
— Падарҷон, иҷозат диҳед, ман ме-

пешина
аз 19
навбатӣ