Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

Духтар аз гапи худ нагашта, зорию тавалло кардан мегираду охир падарашро розӣ мекунад.

Баъд аз ин духтар як аспро зину банд зада, либосҳои мардона пӯшида, як хӯрҷинро пур аз хӯрокворӣ карда, ба роҳ медарояд.

Меравад — меравад, чанд шабу чанд рӯз роҳ гашта, дар сари як чорраҳа як хоначаи майдаи чӯбинро мебинад. Духтар «дар ҳамин ҷо ягон кас будагист, аз ӯ роҳро пурсида гирам» — гӯён аз асп фаромада, дари хонаро тақ — тақ мезанад.

Аз даруни хона овози занонае шунида мешавад:

— Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам, худат даромадан гир!

Духтар дарро кушода ба хона медарояд ва салом дода мебинад, ки ҳақиқатан дар рӯйи хона як кампири бемор хобидааст.

— Модарҷон, ба шумо чӣ шуд? — гуфта мепурсад духтар.

— Эй писарам, — мегӯяд кампир, — напурс, ман хеле вақт боз бемор шуда, дар болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.

Духтар даррав ба хӯрчинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёр кардагиаш гирифта, ба кампир мехӯронад,

пешина
аз 19
навбатӣ