
Ахбор
Огоҳӣ аз рӯйдодҳои ҷаҳон - аз воқеаҳои иқтисодӣ, илмӣ, технология ва фарҳанги кишварҳои гуногун бохабар мешавед.
ҚУВВАТ ДАР ҲАМҶИҲАТИСТ
Дар як деҳа чор ҳамсоя зиндагӣ мекарданд. Ҳар яке фикру одати худро дошт. Боре байни онҳо нофаҳмӣ пайдо шуд ва ҳар кас танҳо ба манфиати худ меандешид. Кори деҳа суст шуд, ободонӣ қатъ гашт. Як рӯзи дигар пири хирадманде ба деҳа омад. Ӯ чӯбдастаро оварда, аввал як-як шикаст. Сипас чанд чӯбро якҷо баст ва гуфт: — Акнун бишканед. Ҳеҷ кас натавонист онҳоро шиканад. Пир гуфт: — Ин мисоли зиндагист. Агар пароканда бошед, суст мешавед. Агар ҳамҷиҳат бошед, қавӣ мегардед. Ҳамсояҳо дарк карданд, ки танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ метавонанд пеш раванд. Онҳо боз бо ҳам даст ба даст дода, деҳаро обод карданд. Аз ҳамон рӯз ин панд дар дили мардум монд: ҳамҷиҳатӣ калиди пешрафт аст.
Ду рӯбоҳ
Ду рӯбоҳ дар миёни деҳа бо ҳам ҷанҷол мекарданд ва мардум ҳам гирд омада, ба тамошо машғул буданд. Ҳама дар ҳайрат буданд ва сабаби ин ҷанҷолро меҷустанд. Буме аз болои дарахт ин саҳнаро тамошо карда, механдид. Яке пурсид: Ту чаро механдӣ? Бум гуфт: Дар паси ин ҷанҷол як ҳилае ҳаст. Инҳо ҳама дар як минтақа зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷанҷол намекунанд. Ин ҷанҷол сохта аст. Онҳо шуморо машғул кардаанд, то дигар рӯбоҳҳо битавонанд оромона мурғу хурӯсҳоятонро бибаранд. Вақте мардум ба хонаҳояшон бармегарданд, доду фарёд баланд мешавад. Яке мегӯяд: Хурӯсам нест! Дигаре фарёд мезанад: Мурғам куҷост? Аз ҳар гӯша садои «Ай дод!» баланд мешавад. Бум сарашро меҷунбонад ва ба содалавҳии мардум афсӯс мехӯрад, зеро ин кор чанд бор такрор шуда буд. Баъзан дар ҷаҳони имрӯз низ чунин саҳнаҳоро мебинем: ду нафар, масалан, блогерҳо, бо ҳам баҳс мекунанд, якдигарро танқид мекунанд ва мардумро ба тамошои ин ҷанҷол мекашанд. Мардум бошад, ба ҷонибдории ин ё он тараф машғул шуда, вақт, қувва ва оромии худро сарф мекунанд. Шояд мо ба ҷанҷоли онҳо чунон машғул шавем, ки фаромӯш кунем: дар ин миён чӣ чизеро аз даст медиҳем? Мумкин аст, ки вақти мо диққати мо, қувваи мо, баъзан ҳатто пул ва оромии мо аз даст раванд. Пас, пеш аз он ки ба ҳар ҷанҷол ҳамроҳ шавем, як лаҳза андеша кунем: шояд ин ҳамон «ҷанҷоли рӯбоҳҳо» бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Дунё