МавзӯъҶомеа

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқие мебошад, ки рафтору муносибати аъзои онро ба низом медарорад. Агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкардаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба
Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Боре ба назди Салмони Форсӣ (р) касе омад ва ҳар ду ҳамроҳ ба саҳро баромаданд. Дар саҳро оҳувон ме- чариданд ва дар осмон парандаҳо парвоз мекарданд. Ҳазрати Салмон онҳоро дида гуфт: — Ман меҳмоне дорам ва мехоҳам, ки ягоне аз шумо ба назди ман ояд, то ба ӯ иззату икром намоям. Дар ин ҳол як паранда ва як оҳуе босуръат ба на- зди ҳазрати Салмон (р) омаданд. Бо дидани ин манзара меҳмон ба ҳайрат афтода, гуфт: «Субҳоналлоҳ!» Салмони Форсӣ фармуд: — Чӣ ҷойи ҳайрат дорад? Оё ту дидаӣ, ки шахсе фармонбардори Худо бошаду махлуқоти Худо аз ӯ саркашӣ намоянд?!
Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рӯзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар. Масали машҳуреро метавон ба ёд овард, ки қудрати дуои модарро нишон медиҳад. Чунончи ривоят мешавад, ки дар замонҳои қадим боре роҳзанон деҳаеро оташ зада, фарзандони як хонадонро медузданд. Модари фарзандон наҷот меёбад, аммо ғаму ғусса ӯро азият медиҳад. Тамоми рӯз дар назди хонаи сӯхтааш нишаста, нидо мекард: – Парвардигоро, писару духтарамро дар паноҳат нигаҳ дор ва баргардон. Мардум кӯшиш мекарданд, ки модарро бурда хӯрок диҳанд ва ӯро ором созанд. Вале модар якравона пешниҳоди онҳоро рад мекард. Модар мегуфт, ман фарзандонро аз душманон муҳофизат карда натавонистам, бигзор дуои ман ба онҳо кумак расонад. Модар дар назди хонаи сӯхта дурудароз нишаста, зери лаб дуо мекард. Пас аз чанд муддат, ногаҳон, фарзандонаш аз тарафи ҷангал пайдо шуданд. Онҳо аз шодӣ ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду писарбача гуфт: – Модарҷон, ман санги тез ёфта, ресмонеро, ки бо он дастони моро баста буданд, буридам ва мо гурехтем. – Дар ҷангал ба мо хирси азим нияти ҳамла дошт, – гуфт духтар, ки чашмонаш аз тарсу ваҳшат пур аз оби дида буд, – вале, ногаҳон, гӯиё қуввае ӯро аз ин амал боздошт, ки баргашту рафт. – Инчунин, мо ҳангоми задани раъду барқ эмин мондем, – нақл кард писарбача. – Дар баробари ин, – боз ба сухан омад духтар, – мо ҳатто вақти убури дарёи чуқур ғарқ нашудем. Ҳамин тавр, писару духтари модар банавбат бо таъсири қувваи ноаёне наҷот ёфтани худро ҳикоят намуданд. Ҳама ба суханони онҳо ҳайрон гӯш медоданд ва баногоҳ пирамарде гуфт: – Дуои модар ҳамеша аз пайи фарзандонаш меравад ва онҳоро ҳифз мекунад. Маънии ин масал он аст, ки дуои модар дорои қудрати ғайриодист ва фарзандонашро дар ҳар куҷое бошанд, ҳифз мекунад. Беҳуда бузурге нафармудааст: «Дуои модар метавонад фарзандро, ҳатто, аз қаъри баҳр барорад». Охир муҳаббати модар нисбат ба фарзанд самимист. Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дунё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт: Модар бо қадамҳои ту сар мемонам, Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам. Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд, Ман панди туро мушкилкушо медонам.
Рӯзе фарзанди яҳудие, ки дар хидмати Расули Худо (с) буд, бемор шуд. Расулуллоҳ (с) ба аёдати ӯ рафт ва ба сари болинаш омаду гуфт: — Мусулмон бишав! Писарак ба падараш нигарист. Падараш ба вай гуфт: — Ба Абулқосим итоат бикун! Писарак дарҳол мусулмон шуд. Расули Худо (с) шод гашт ва фармуд: — Ситоиш Худоеро, ки ин писарро аз оташи дӯзах наҷот дод.
Рӯзе Ҳаким Анварӣ дар бозори Балх мегузашт, ҳангомае дид, пеш рафт ва саре дар миён кард. Марде дид, ки истода ва қасоиди Анварӣ ба номи худ мехонад ва мардум ӯро таҳсин мекарданд. Анварӣ пеш рафт ва гуфт: – Эй мард, ин ашъори кист, ки мехонӣ? Гуфт: – Ашъори Анварӣ. Гуфт: – Анвариро мешиносӣ? Гуфт: – Чӣ мегӯӣ? Анварӣ манам. Анварӣ бихандиду гуфт: – Шеърдузд шунида будам, аммо шоирдузд надида будам.
Марде ҳангоми торикии саҳар аз хона берун омад, то ба гармоба равад. Дар роҳ дуздеро аз они хеш бидид, гуфт: – Мувофиқат кунӣ бо ман, то ба гармоба равем? Дӯсташ гуфт: – То ба дари гармоба бо ту ҳамроҳӣ кунам, лекин ба гармоба наметавонам шудан. То ба наздики гармоба бо ҳам бирафтанд. Ба сари дуроҳа расиданд ва ин дӯст бе он ки дӯстро хабар диҳад, бозгашт ва ба роҳи дигаре бирафт. Иттифоқо дузде ба дунболи ин мард меомад, то ба гармоба равад барои кори дуздӣ. Аз қазо ин мард бознигарист, дуздро дид ва ҳанӯз, ки торик буд, пиндошт, ки он дӯсти ӯст, сад динор дар остин дошт бар порчае баста буд, он бастаро аз остин берун кард ва бад-он дузд доду гуфт: – Эй бародар! Ин амонат аст, бигир, то ман аз гармоба берун биёям, он вақт ба ман бидеҳ. Дузд пулҳоро аз вай гирифт ва ҳамон ҷо истод, то вай аз гармоба берун омад. Либос пӯшид ва ба тарафи дар рафт. Дузд вайро садо карду гуфт: – Зари хеш бозситону баъд бирав, ки аз ҷиҳати амонати ту имрӯз ман аз шуғли хеш бозмондам. Мард гуфт: – Ин амонат чист ва ту кӣ ҳастӣ? Дузд гуфт: – Ман марди дузде ҳастам ва ту ин пулҳоро ба ман додӣ, то аз гармоба берун оӣ. Мард гуфт: – Агар дузд ҳастӣ, чаро пулҳои маро набурдӣ? Дузд гуфт: Агар ба расми кори худам, ки дуздӣ ҳаст, ин пулҳоро мебурдам, на аз ту тарс доштам ва на ин ки як ҷав аз онро пас медодам. Аммо ту пулҳоро ба таври амонат ба ман супурдӣ. Ва дар ҷавонмардӣ расм набошад, ки дар амонат хиёнат раво доранд, ҳарчанд ки дузд бошанд.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнавишти тамоми халқҳои Иттифоқи Советӣ нақши абадӣ гузошт. Истилогарон золимона ҳазорон шаҳру деҳро хароб ва разилона даҳҳо миллион сокини онро қурбон намуданд. Ҳам дар раҳгузари он боди самум ва ҳам ҳазорон километр дур аз он
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон (24.10.2019) таъкид намуданд, ки: «Иттифоқҳои касаба
Маориф аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлат буда, аз ҷониби Президенти кишвар пайваста ба он таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Вазорати маориф ва илм ниҳодест, ки сиёсати давлатро дар ин самт пеш мебарад, аз он дифоъ мекунад, баҳри рушди соҳа талош меварзад. Дар
Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Мавзӯи бисёриздивоҷии Паёмбари Акрамро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) зиёд баррасӣ мекунанд. Масъалаи мазкурро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед? Пеш аз ҳама он нафароне, ки дар ин мавзӯъ суханҳои пасту баланд мегӯянд, ба гумон аст, ки дар роҳи мутолиаву
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам, Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам. Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он, Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода,
Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ, Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо ки хоҳӣ. Инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург тафовут дорад. Инсон – фардиятест, ки дорои ақлу
Давлати Сомониён феодали, яъне ҷомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба ҳисоб мерафт. Ҳам ҳокимияти дунявӣ ва ҳам дини дар ихтиёри ӯ буд. Амир аз ҷумлаи шахсони маъруфу донишманд шӯрои маслиҳати дошт, ки он ба ӯ тарзу усулҳои самароноки идораи
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои
Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун
Адабиёти форсӣ дар осмони фарҳанги ҷаҳонӣ ба сони хуршед аст ва кам халқеву миллатеро дар рубъи маскун метавон пайдо намуд, ки ба торикистон зиндагии эшон фурӯғи ҷовидонаи ин хуршед натобида бошад. Адабиётест гаронарзиш ба эътибори ғоя, бадеият ва
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, Равнақи шодиву барор оварад. Сулҳ диҳад шаршараи ҷӯи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб. Оре, сулҳ мафҳумест бузургу пуробуранг, ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми
«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд», – гуфтааст Президенти кишварамон мӯҳтарам
-Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони
Сохтор ва дараҷанокии донишҳои сотсиологӣ Мундариҷа Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷомеа Объект ва предмети омӯзиши сотсиология Сатҳ ва дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология Парадигмаҳои
Шахс ва ҳаёти иҷтимоӣ Мундариҷа Шахс: мафҳум ва сохтори он. Омилҳои ташаккули шахсият. Навъҳои иҷтимоии шахс. Мақом ва нақши иҷтимоии шахс. Иҷтимоишавии шахс. Ниёзҳои шахс: моҳият, тасниф ва назарияҳо. Шахс:
Барқароршавии илми сотсиология давраи дуру дарози таърихӣ дорад, чунки кӯшишҳои дарк намудани характери сохтори ҷамъиятӣ, ба инсоният ҳанӯз дар ибтидои инкишофаш хос буд. Инкишофи таълимот дар бораи ҳаёти ҷамъиятиро мо дар Юнони қадим дар асарҳои
а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология Огюст Конт (1798 – 1857) сотсиолог ва файласуфи франсавӣ, дар илм ҳамчун асосгузори сотсиология ва фалсафаи позитивӣ этироф шудааст. Таълимоти позитивие, ки ӯ пешниҳод кард, бояд донишҳои илмиро аз фалсафаи
Марде ҳар рӯз дар бозор савдо мекард. У харидоронро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирифт. Мусофире аз ӯ пурсид: — Табассум аз чеҳраатон дур намешавад. Оё шумо ягон душворӣ ё ташвиш надоред? Фурӯшанда ҷавоб дод: — Албатта, ман ҳам ташвиш дорам. Аммо ман инро дарк кардам: агар табассум кунам, дардам сабук мешавад, муштариёнам низ дар дилашон нур эҳсос мекунанд. Агар рӯй барам, дилашон ҳам тира мешавад. Аз ин одати ман одамон на танҳо барои харидан, балки ба дилашон нур гирифтан ба назди ман меомаданд. Ҳикмат: Табассум як амали хурд аст, аммо ба дилҳо равшанӣ мебахшад ва зиндагиро осон мекунад.
Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

-Устод, пуламро дар куҷо пинҳон кунам, ки касе наёбад? - Дар даруни китобҳо руст кун, писарам. — Ба даруни китоб? - Бале, хотирҷамъ бош ва бемулоҳиза дар даруни китобҳо руст кун, ки ҳоло мардум аз кушодани китобу хондани китоб метарсанд...
Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Ду рӯбоҳ дар миёни деҳа бо ҳам ҷанҷол мекарданд ва мардум ҳам гирд омада, ба тамошо машғул буданд. Ҳама дар ҳайрат буданд ва сабаби ин ҷанҷолро меҷустанд. Буме аз болои дарахт ин саҳнаро тамошо карда, механдид. Яке пурсид: Ту чаро механдӣ? Бум гуфт: Дар паси ин ҷанҷол як ҳилае ҳаст. Инҳо ҳама дар як минтақа зиндагӣ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷанҷол намекунанд. Ин ҷанҷол сохта аст. Онҳо шуморо машғул кардаанд, то дигар рӯбоҳҳо битавонанд оромона мурғу хурӯсҳоятонро бибаранд. Вақте мардум ба хонаҳояшон бармегарданд, доду фарёд баланд мешавад. Яке мегӯяд: Хурӯсам нест! Дигаре фарёд мезанад: Мурғам куҷост? Аз ҳар гӯша садои «Ай дод!» баланд мешавад. Бум сарашро меҷунбонад ва ба содалавҳии мардум афсӯс мехӯрад, зеро ин кор чанд бор такрор шуда буд. Баъзан дар ҷаҳони имрӯз низ чунин саҳнаҳоро мебинем: ду нафар, масалан, блогерҳо, бо ҳам баҳс мекунанд, якдигарро танқид мекунанд ва мардумро ба тамошои ин ҷанҷол мекашанд. Мардум бошад, ба ҷонибдории ин ё он тараф машғул шуда, вақт, қувва ва оромии худро сарф мекунанд. Шояд мо ба ҷанҷоли онҳо чунон машғул шавем, ки фаромӯш кунем: дар ин миён чӣ чизеро аз даст медиҳем? Мумкин аст, ки вақти мо диққати мо, қувваи мо, баъзан ҳатто пул ва оромии мо аз даст раванд. Пас, пеш аз он ки ба ҳар ҷанҷол ҳамроҳ шавем, як лаҳза андеша кунем: шояд ин ҳамон «ҷанҷоли рӯбоҳҳо» бошад?
Овардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) ба шаҳри Басра рафта буд. Аҳли он шаҳр назди ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: — Эй шайх, Худованд дар Каломи Маҷиди худ фармудааст, ки Ӯро дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунад. Муддати чандин сол аст, ки мо дуо мекунем, аммо нишонаи қабули дуоҳои худро намебинем. Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфт: — Дилҳои шумо ба сабаби даҳ чиз мурдаанд. Пас чӣ гуна дуоҳои шумо мустаҷоб гардад? Аввал, Аллоҳ таъолоро мешиносед, аммо фармудаҳои Ӯро ба ҷо намеоред. Дуюм, Қуръон мехонед, вале ба он амал намекунед. Сеюм, даъвои муҳаббати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунед, аммо суннатҳои ӯро тарк кардаед. Чаҳорум, шайтонро душман медонед, вале шабу рӯз фармони ӯро ба ҷо меоред. Панҷум, дохил шудан ба биҳиштро мехоҳед, вале барои дохил шудан ба он тӯша ва омодагӣ намекунед. Шашум, аз дӯзах наҷот ёфтанро мехоҳед, вале худро ба корҳои дӯзахӣ меандозед. Ҳафтум, маргро ҳақ медонед, вале барои он омодагӣ намебинед. Ҳаштум, айби худро намебинед, вале шабу рӯз айби бародари мусулмони худро меҷӯед. Нуҳум, неъматҳои Аллоҳ таъолоро мехӯред, вале шукри онҳоро ба ҷо намеоред. Даҳум, ҳар рӯз марги ҳамсоя ва хешовандони худро мебинед, аммо аз марги худ ғофилед.
Овардаанд, ки Мансури Амор (раҳматуллоҳи алайҳ) рӯзе бар минбар нишаста, ваъз мегуфт. Дар ҳамин ҳангом соиле омад ва гуфт: — Эй шайх, чаҳор дирҳам ба ман бидеҳ, ки муҳтоҷ ҳастам. Мансури Амор гуфт: — Ҳар касе, ки ба ин талбанда чаҳор дирҳам диҳад, ман дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо мекунам. Дар он маҷлис ғуломи сиёҳе ҳозир буд. Ӯ аз ҷой бархоста гуфт: — Эй шайх, ман ғулом ҳастам ва хоҷаи ман яҳудӣ аст. Ман дар бисоти худ чаҳор дирҳам дорам. Агар ин чаҳор дирҳамро ба ин талбанда диҳам, шумо ба ваъдаи худ вафо карда, дар ҳаққи ман чаҳор дуо мекунед? Шайх гуфт: — Чаҳор дирҳами худро ба ин талбанда бидеҳ. Ман низ ба ваъдаи худ вафо мекунам ва барои ҳар чӣ хоҳиш кунӣ, дуо менамоям. Ғулом чаҳор дирҳами худро ба талбанда дод ва сипас гуфт: — Эй шайх, аввалин дуои ман ин аст, ки аз ғуломӣ озод шавам. Дуюм, хоҷаи ман яҳудӣ аст; дуо кунед, ки ӯ мусулмон шавад. Сеюм, дуо кунед, ки Худованд маро сарватманд гардонад. Чаҳорум, дуо кунед, ки Худованд гуноҳони маро биёмурзад. Мансури Амор дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо кард. Ғулом ба хона баргашт ва тамоми воқеаро ба хоҷаи худ нақл кард. Хоҷааш, ки яҳудӣ буд, ғуломро озод кард ва калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон шуд. Сипас гуфт: — Ман туро дар тамоми молу дороии худ шарик мегардонам. Се дуои шайх дар ҳаққи ту ба ихтиёри ман ва дар назди чашми ман амалӣ шуданд, аммо дуои чаҳорум — мағфирати гуноҳон — дар дасти ман нест. Дар ҳамин ҳангом аз гӯшаи хона овозе ба гӯш расид: — Аллоҳ таъоло шуморо ва Мансури Аморро аз оташи дӯзах наҷот дод ва гуноҳони ҳамаи шуморо мағфират кард. Сипас гуфтаанд: Монеъҳои қабули дуо панҷ чизанд: Хӯрдани моли ҳаром. Зулм кардан ба мардум. Риёкорӣ дар ибодат. Дуо кардан бе таваккал ба Худованд. Бепарвоӣ нисбат ба ҳаққи дигарон.
Гуфта шудааст, ки рӯзе марди маҷусие назди Иброҳим Халилуллоҳ (алайҳиссалом) омад ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро меҳмон кунад. Иброҳим (алайҳиссалом) ба ӯ гуфт: — Агар мусулмон шавӣ, туро меҳмон мекунам. Марди маҷусӣ аз назди ӯ гузашт ва ба роҳи худ рафт. Пас Худованд ба Иброҳим (алайҳиссалом) ваҳй фиристод: — Эй Иброҳим! Чаро ӯро танҳо ба шарти тағйир додани динаш ғизо додан хостӣ? Мо ҳафтод сол аст, ки ӯро бо вуҷуди куфраш ризқ медиҳем. Агар ту ӯро танҳо як шаб меҳмон мекардӣ, чӣ зараре ба ту мерасид? Иброҳим (алайҳиссалом) ин суханро шунида, ба дунболи он мард шитофт ва ӯро бозгардонд. Сипас ӯро меҳмон кард. Марди маҷусӣ пурсид: — Чӣ шуд, ки назарат тағйир ёфт? Иброҳим (алайҳиссалом) он чиро, ки Худованд ба ӯ ваҳй карда буд, баён кард. Марди маҷусӣ гуфт: — Оё Парвардигор бо ман чунин муносибат мекунад? Сипас гуфт: — Исломро ба ман биомӯз. Иброҳим (алайҳиссалом) Исломро ба ӯ пешниҳод кард ва он мард мусулмон шуд. Панди ҳикоя: Ин ҳикоя инсонро ба меҳрубонӣ, саховат ва некӣ кардан ба дигарон, новобаста аз дину мазҳаби онҳо, даъват мекунад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки раҳмати Худованд нисбат ба бандагонаш васеъ аст.
Абӯтуроби Наҳшабӣ Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: рӯзе дар кӯчае мегузаштам. Ногоҳ овози ғулғула ба гӯшам расиду дидам, ки гурӯҳе мардон ҷамъ омадаанду бо пиразане ҷанҷол доранд. Ба худ гуфтам: он ҷо биравам, шояд мазлуме бошад ӯро ёрӣ расонам. Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: - эй шайх, писаре дорам фосиқ ва умри худ дар бераҳагӣ гузаронидааст. Дирӯз мехост маҷлис орояду арақхӯранд. Дар аввали шаб Ҳак таьоло ӯро беморӣ фиристоду акнун бар бистари беморӣ афтодааст. Хонаи мо дар ҳамсоягии масҷид аст. Ҷамоати масҷид овоз шунида омадаанд, ки ӯро аз маҳалла берун кунанд. Ман ба онҳо фаҳмонда истодаам, ки ин замон ӯ бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз беморӣ бимираду ҳама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салоҳ ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гоҳ ӯро аз шаҳр берун кунанд. Шайх мегӯяд: дар мобайн даромадаму аз онҳо хохиш кардам, то аз он ҷанҷол бозистоданд. Он гоҳ ба хотирам расид, ки ҷавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун қадам дар хона ниҳодам, ҷавон маро бидид фарёду зорӣ аз ӯ баромад. Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунаҳгорро чунин зуд қабул кард. Гуфтам: - эй ҷавон, чӣ дуо кардаӣ? Гуфт: - эй шайх, ин саҳар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: - Илоҳо, бомдод маро ба дидори Абӯтуроб рӯзӣ гардон. Дуюм, он ки гуфтам: - Илоҳо, маро тавбаи насуҳ каромат фармоӣ. Як дуоям қабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ қабул гардад. Эй шайх, гуноҳи бисёр дорам, маро тавба бошад? Гуфтам: - эй ҷавон, навмед мабош, ки дарёҳои раҳмати Ҳақ таъоло мавҷ мезананд. Ҳақ таъоло қабулкунандаи тавба ва омӯрзандаи гуноҳи бандагон аст. Тавба аз ҳама гуноҳон мақбул аст. Ҷавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, ҷавон модари худро гуфт: - эй модар, ба ту як васият дорам ба ҷой ор. Гуфт: - ҷони модар, чи васият дорӣ? Гуфт: - он ки маро аз рӯи бистари нарм бар хок ба хори андозӣ, то дар назди Абӯтуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Ҳис мекунам, ки бемориям бемории марг аст. Модар васияти ӯро ба ҷой оварду ӯро аз рӯи бистари хоб ба рӯи хок андохт. Ҷавон рӯй дар хок мемолиду аз ҷони пурдард менолиду мегуфт: - бор, Худоё, аз кардаҳои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба ҷуз даргоҳи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва паноҳи ниёзмандон туй. Бар мани хоксори гунаҳгор раҳмат фармой. Ҳамчунон тазаррӯъ ва зорӣ мекард, ки ӯро аз рӯи хок ба рӯи бистар бурданд. Чун шаб даромад, ҷавон вафот кард. Абӯтуроб мегӯяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир ҳамроҳи ӯ буданд ва халоиқи бисёр баробари онҳо меомаданд. Яке маро гуфт: - он ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста ӯст, Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ва оне, ки бар дасти чапи ӯст, Мусо алайҳи-с-салом аст ва он халоиқи бисёр ҳама пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаинанд. Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: - ё Расулаллоҳ, Шумо ба шаҳри Нахшаб омадед? Гуфтанд: - эй Абӯтуроб, он ҷавоне, ки вай рӯз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Ҳақ таъоло ӯро ба дараҷаи дӯстони худ расониду ӯро мақоми авлиё каромат кард. Ман ва ҷамъи пайғамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абӯтуроб, ҷавонро ба чашми иззат нигаред ва бар ҷанозаи вай ҳозир шавед. Шайх мегӯяд: - бедор шудам, аз он ҳол маро тааҷҷуб омад, ки аҷаб парвардигори меҳрубоне? Фосиқе, ки аз бадии фисқаш ӯро аз маҳалла берун мекарданд, ба як нолаву зорӣ ва як тавбаву пушаймонӣ ӯро бо ин қурбат расонид. Аз лутфи ӯ ҳеҷ банда навмед нашавад. Абӯтуроб мегӯяд: - дар ин завқу ҳолат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирист. Гуфтам: - эй фарзанд, барон чи гиря мекунӣ? Гуфт: - эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон маҳалла ҷавон тавбакоре вафот кардааст, ҳар киро назар бар ҷанозаи вай афтад, ҳар ҳоҷате, ки аз Ҳақ таъоло бихоҳад, раво гардонад. Эй падар, ҳаргиз иҷозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехоҳам иҷозат диҳӣ, то биравам ва ҷанозаи ҷавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гуноҳи худ ва бандагони ӯро бихоҳам. Ӯро иҷозат додам ва яқини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз ҷавон хабар диҳам. Заифаи солиҳае буд, ки муддати ҳафтод сол ба ибодати Ҳақ машғул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт: - Эй Абӯтуроб, дидӣ, ки раҳмати Ҳақ таъоло чӣ корҳо кард? Ҷавони фосиқе, ки ӯро аз маҳалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва ӯро дар қатори авлиёҳо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки ҳар кас ба ҷанозаи вай ҳозир шавад, гуноҳони ӯ омурзида мегарданд. Яке аз муттақиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду ӯ маро хабардор кард. Мардумонро аз он ҳол огоҳ кардам. Аҳли шаҳр ба якборагӣ берун омаданд ва бар ҷанозаи ҷавон намоз хондем. Ӯро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидонӣ, ки ба як нолаи саҳару ба як оҳи пушаймонӣ Худованд гуноҳи ҳамаи умрро омурзад. Бар ин даргоҳ касеро ҷои навмедӣ нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар дардеро давоест. Давои дарди гуноҳ тавба кардан аст. Ҳар ки рӯзе ду мартаба тавба накунад, пас ба таҳқиқ бар нафси худ зулм кардааст.
Бидон, ки суханчинӣ он аст, ки касе сухане аз ҷое шунавад ва ба ҷои дигар ҳикоят кунад, ки он мусулмононро зиён дорад. Яъне сухани касеро ба каси дигар бурдан, ки сабаби хусумати онҳо мегардад. Дар ҳадис омадааст, ки суханчинро дар қисмат Худованд ба сурати маймун гардонад. Имом Ҳасани басрӣ раҳматуллоҳро шахсе гуфт; -Фалонӣ туро бад гуфт. Ҳасан гуфт: - Ту ӯро дар куҷо дидӣ? Гуфт: - Дар хонаи вай. Гуфт: - Он ҷо барои чӣ рафтӣ? Гуфт: - Он ҷо меҳмон будам. Гуфт:, - Дар меҳмонӣ чӣ хӯрдӣ? Гуфт: - Фалон чиз ва фалон чиз. Гуфт: Эй ноҷавонмард, чандин таъом дар шиками ту ғунҷид ва ин як сухан нағунҷид? Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ду гур бигзашт, пас гуфг: - Соҳибони ин гурҳо ба азоб гирифторанд. Якеаш либосҳояшро аз пешоб пок намедошт, дигараш суханчин буд. Сухан дар миёни ду кас ҳамчу оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Холид бинни Рабиъ мегӯяд: вақте бо ёрони худ дар масҷиди ҷомеъ будем, мусулмонеро дидам ғайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёҳи бо ҳайбат даромад ва пораи гӯшти гандаи хукро бар табақе ниҳода биёварду дар пеши ман ниҳода бонг бар ман зад, ки бихӯр. Гуфтам: - Ман мусулмонам ва мусулмон гӯшти хук намехӯрад. Гуфт: - Гӯшти мусулмонро метавонӣ хурда, ки он ҳазор бор аз ин ҳаромтар аст, - ва аз он гӯшт бибуриду дар даҳони ман ниҳод. Бедор шудам он гӯшт дар даҳони ман буд ва бӯи гандаи он то чиҳил рӯз аз даҳони ман меомад. Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас қуҷо пардозӣ охир.
Рӯзе пирамард аз деҳа ба шаҳр мерафт. Дар роҳ пешпо хӯрду ба замин афтод. Пойи пирамард сахт дард мекард, қодир набуд, ки роҳ равад. Бисёр одамон аз канораш мегузаштанд — касе таваҷҷуҳ намекард. Танҳо як писари хурдсол, ки бо сумкаи мактаб мерафт, истод. Ӯ бо меҳр ба пирамард наздик шуд, об дод ва кӯмак кард, то бархезад. Пирамард бо ашки шодӣ гуфт: — Писарам, ту бо ин ёрии худ на танҳо маро аз замин бардоштӣ, балки инсон буданатро нишон додӣ. Писарбача табассум карда ҷавоб дод: — Бобо, модарам гуфтааст: “Ҳар касе ба дигаре ёрӣ диҳад, Худо ба ӯ сад баробар ёрӣ медиҳад.” Пирамард даст ба дуо бардошт: — Худо раҳматат кунад, ки дилат мисли офтоб гарм аст! Панд. Ёрӣ додан танҳо кӯмак бо даст нест, ин — кӯмак бо дил ва меҳрубонӣ аст. Ҳар ёрии хурд метавонад дунёи касеро равшан созад.
Адабиёти тоҷику форс пур аз андешаҳои нобу пурҳикмати ахлоқист, ки роҳнамои зиндагии инсонанд. Яке аз чунин андешаҳои пурарзиш байти маъруфи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад: «Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!» Ин сухани пурмазмун инсонро ба инсондӯстӣ, раҳм, саховат ва ёрии ҳамдигар даъват мекунад. ҚИСМИ АСОСӢ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ин байт маънои ҳақиқии мардиро нишон медиҳад. Ба назари ӯ, қуввату тавоноӣ, сарват ё мақом нишонаи мардӣ нест. Мардӣ дар ёрии фитода, дар ғамхорӣ ба заифон ва дастгирии мӯҳтоҷон зоҳир мегардад. Фитода — яъне касе, ки дар зиндагӣ бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст: камбағал, бемор ё шахсе, ки аз роҳи ҳақ дур мондааст. Пой задан ба чунин инсон маънои пастии ахлоқист. Баръакс, кӯмак ба ӯ нишонаи дилсӯзӣ ва одами комил будан аст. Ин андешаи устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад. Дар ҷаҳоне, ки ҳар кас бештар ба манфиати худ меандешад, сухани шоир моро ба меҳрубонӣ ва эҳсоси ҳамдардӣ даъват мекунад. Ҳар як инсон бояд кӯшиш намояд, ки дарди дигаронро эҳсос кунад ва агар имкон бошад, ба онҳо ёрӣ расонад. Аз нигоҳи ахлоқ ва дин низ чунин рафтор арзишманд аст. Қуръон ва ҳадис ҳам мардумро ба раҳму шафқат, садақот ва кӯмак ба заифон фаро мехонанд. Пас, сухани Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамоҳанг аст. ХУЛОСА Мардӣ на дар сухан, балки дар амал таҷассум меёбад. Агар инсон дар вақти сахтӣ дасти дигареро бигирад, ӯ марди ҳақиқӣ аст. Бояд ёд гирем, ки зиндагӣ танҳо бо меҳр ва ҳамдардӣ зебо мешавад. Ҳамин тавр, байти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ моро меомӯзонад, ки инсони комил он аст, ки «дасти фитодаро бигирад» — на барои манфиат, балки барои виҷдон ва инсоният.
Марде писари хурдсоли худро назди як боғбон бурд ва гуфт: — Ман мехоҳам писарам одаме бо одоби нек бошад. Ба ман бигӯ, чӣ гуна ӯро тарбия кунам? Боғбон аз ҷайбаш ду тухм баровард: яке тухми гандум, дигаре тухми дарахти мевадор. Боғбон аввал тухми гандумро ба замин кошт ва гуфт: — Инро бинед, пас аз чанд ҳафта сабз мешавад, баъд чанд рӯз мегузарад, мева медиҳад ва дер намегузарад, мевааш поён меояд, хушк мешавад ва намемонад. Сипас тухми дарахти мевадорро кошт ва гуфт: — Аммо ин тухм дер сабз мешавад. Сабз шуданаш вақт мехоҳад. Парвариш мехоҳад. Оби нарм мехоҳад. Таваҷҷӯҳ мехоҳад. Аммо вақте ки калон шуд… Болои сад сол мева медиҳад. Соя медиҳад. Одамонро шод мекунад. Сипас рӯ ба падар гуфт: — Тарбияи фарзанд монанди ин дарахт аст. Агар ту ба бехабарӣ зуд-зуд фарёд занӣ, сарзаниш кунӣ, танҳо «фармон» диҳӣ — ӯ чун гандум зуд мерӯяд ва зуд ҳам аз байн меравад. Аммо агар бо меҳрубонӣ, оромӣ ва пайваста тарбият кунӣ — ӯ чун дарахти мевадор мешавад. Падар гуфт: — Пас ман бояд ҳар рӯз меҳрубонӣ кунам? Боғбон ҷавоб дод: — На танҳо меҳрубонӣ — балки сабр. Тарбияи фарзанд сабр аст, на саросемагӣ. Хулоса: фарзандро бо муҳаббат, сабр ва амал тарбия мекунанд. Сухан танҳо роҳ аст, амал бошад – омӯзгор. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
Рӯзе дар мактаб ду дӯст — Комрон ва Мунис — дар бозӣ якдигарро хафа карданд. Ҳарду хомӯш шуданд ва дигар бо ҳам сӯҳбат намекарданд. Муаллим, ки инро дид, ба онҳо ду барг дод ва гуфт: — Ҳар вақте ки дӯстатон шуморо хафа кунад, дар барг нависед. Пас аз чанд рӯз баргҳо пур шуданд. Он гоҳ муаллим гуфт: — Акнун барои ҳар кори нек, ки дӯстатон мекунад, баргро тоза кунед. Баъд аз чанд вақт, баргҳои Комрону Мунис сафед шуданд. Муаллим табассум карда гуфт: — Мебинед? Дӯстӣ вақте пойдор аст, ки бахшиданро ёд гиред. Он рӯз Комрон ва Мунис фаҳмиданд, ки дӯстӣ аз ҳар гуна хашму ғазаб қиматтар аст. Бояд дӯстиро бо меҳру бахшиш нигоҳ дошт, зеро дӯст чун — ганҷи бебаҳо аст.
Ватан — ин макони азизтарини ҳар як инсон аст. Мо дар ин ҷо чашм ба ҷаҳон мекушоем, сухан гуфтан меомӯзем ва бо муҳаббати модар нафаси аввалини зиндагиро мекашем. Ҳар як сангу хок ва хору хаси Ватан барои мо муқаддас аст. Ватан мисли модар меҳрубон ва пурмеҳр аст. Агар онро дӯст дорем, бо он ифтихор кунем ва барои ҳифзу ободиаш заҳмат кашем, он ҳам моро бо бахту саодат ва комёбиҳо ҷавоб медиҳад. Ҳар як донишомӯз бояд донад: ободии Ватан аз илму дониши мо вобаста аст. Бигзор ҳар қадам, ҳар амал ва ҳар орзуи мо ба равнақу шукуфоии Ватан бахшида шавад! Зеро, Ватан чун падар модар, нон, об, ҳаво, китоб, мактаб азизу мукаррам аст!
Мо ҳар рӯз ба ҷаҳони берун менигарем: ба одамон, рӯйдодҳо, зебоиҳо, муваффақиятҳо ва орзуҳо. Аммо дар миёни ин ҳама фаромӯш мекунем, ки бузургтарин ҷаҳон дар дохили худи мост. Ҷаҳони берун ҳар қадар васеъ ва ҳайратангез бошад ҳам, наметавонад тамоми умқи рӯҳ, орзу, тарс, меҳр ва андешаи инсонро дар худ ҷой диҳад. Он чизе, ки мо дар берун мебинем, танҳо порае аз он чизест, ки дар даруни мо мегузарад. Баъзан он қадар машғули дидани зиндагии дигарон мешавем, ки аз шунидани садои худ фаромӯш мекунем. Он қадар барои зебо нишон додани берун талош мекунем, ки намепурсем: «Даруни ман чӣ ҳол дорад?» Ҷаҳони берун метавонад мисли оина бошад, аммо оинае нокомил. Ҳамаи ҳақиқати туро нишон дода наметавонад. Арзиши инсонро на танҳо он чизе муайян мекунад, ки дигарон мебинанд, балки он чизе, ки ӯ дар танҳоӣ бо худ месозад. Пас баъзан аз садои берун дур шав. Ба даруни худ нигоҳ кун. Шояд он ҷо чизҳое ҳастанд, ки солҳо интизори таваҷҷуҳи ту буданд. Касе, ки ҷаҳони даруни худро мешиносад, дар ҷаҳони берун камтар гум мешавад.