МавзӯъХӯрокворӣ

Пиёзи кабуд яке аз сабзавоти муфид ва серғизо ба шумор меравад. Он дорои витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва антиоксидантҳо буда, барои фаъолияти муътадили узвҳои бадан аҳамият дорад. Пиёзи кабудро метавон тару тоза, дар таркиби хӯришҳо ва ҳамроҳи таомҳои
Анҷири хушк танҳо як ширинии болаззат нест. Ин меваи серғизо дорои нах, минералҳо ва дигар моддаҳои барои организм зарурӣ буда, метавонад як ҷузъи муфиди ғизои солим бошад. Барои саломатии дилу рагҳо Анҷир дорои моддаҳои ғизоиест, ки ба фаъолияти муътадили организм ва саломатии системаи дилу рагҳо мусоидат мекунанд. Аммо онро набояд ҳамчун «аспирини табиӣ» ё ҷойгузини доруҳои тунуккунандаи хун истифода бурд. Барои фаъолияти мағзи сар Ғизои мутавозин, ки дар таркибаш меваҳои хушк, аз ҷумла анҷир, мавҷуданд, метавонад организмро бо маводи ғизоии зарурӣ таъмин кунад ва ба нигоҳ доштани фаъолияти муътадили мағзи сар мусоидат намояд. Чӣ қадар истеъмол кардан мумкин аст? Анҷири хушк ширинии табиӣ ва серғизост, аз ин рӯ онро ба меъёр истеъмол кардан беҳтар аст. Масалан, 1–2 дона анҷирро метавон ба ғизои ҳаррӯза илова кард.
Анзур рустании доруист. Мизоҷаш гарм, дар дараҷаи сеюм хушк ва дар дараҷаи дуюм он намнок мебошад. Маззаи пиёзи анзур сӯзон ва таъсиркунанда буда, таркиби фоиданокиаш барои бисёр бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сар ба монанди луоби обилаи мағзи сар,
Соли 1986 олимони соҳаи тиб д.и.т., професеор Шокиров А.Ш., Бауман В.К., Лузина Е.В., Валиниес М.Ю. (ш.Тошканд) мақолаи илмиеро зери сарлавҳаи «Муайян намудани фаъолияти витамини О дар мумиё» чоп намудаанд. Дар мақола чи гуна хусусиятҳои витамини D-ро
Профессор Ҷаҳон Азонов ин се меваро арзишмандтарин, болаззаттарин ва муфидтарин номид. Агар инсон хоҳад, ки масунияташ баланд бошад, таъсири стресс ва фишори асабро коҳиш диҳад, раванди пиршавиро дар организ суст намояд, бехобиро бартараф кунад, хотира
Пасмондаҳои хӯрокро дар як ҷо ҷамъ овардан ё ба замин рехтан мумкин нест, зеро бактерияҳои таркиби партовҳо барои вайроншавии боқимондаҳои гӯшт, моҳӣ ва меваҷот мусоидат карда, боиси бадбӯӣ ва пӯсиши онҳо мегарданд. Дар шаҳрҳо пасмондаҳои аз хонаҳо ҷамъшуда ба партовгоҳи беруни шаҳр кашонда мешавад. Як қисми пасмондаҳо коркард шуда, қисми дигарашро месӯзонанд. Вақти зарурии пурра вайроншавии ашёи дар замин гӯрондашуда коғаз 15 рӯз куттии консерва 20 сол зарфи шишагӣ солҳои зиёд халтаи пластикӣ — тақрибан 10–20 сол зарфи пластикии нӯшокӣ — тақрибан 450 сол риштаи моҳидории пластикӣ — то 600 сол баъзе навъҳои пластик — метавонанд садҳо сол боқӣ монанд.
Ин тағйирёбиест, ки аксаран дар организмҳои ниҳоят хурд: бактерияҳо, замбурӯғҳо ё хамиртуруш ба вуҷуд меояд. Ин организмҳо дар таркиби шир, мева ва ё дигар маҳсулот, ки дар натиҷаи реаксия аз онҳо шакар ва машрубот ҳосил мегардад, ба вуҷуд меоянд. Дар вақти якҷояшавии он бо шир кислотаи (шир) оксипропинат ҳосил мегардад.
Нон як навъи таомест, ки дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ва тамаддунҳои гуногун вуҷуд дошт. Онро аз орди гандум, ҷав, ҷуворимакка таҳия мекунанд. Барои омода кардани нон аввал ордро бо об омехта мешӯранд ва ба он намак андохта, барои расидани хамир ба он хамиртуруш ҳамроҳ мекунанд. Баъди расидану тайёр шудани хамир онро ба шакли навъҳои гуногуни нон (кулча, фатир, чаппотӣ ва ғ.) дар танӯр ё дастгоҳи барқӣ мепазанд. Вобаста ба сифат ё навъи орд ранги нон сафед, гандумгун, тирарангу сиёҳгуна мешавад.
Шир ва йогурт аз ҷиҳати таркиб фарқ мекунанд: шир – моеъ ва йогурт каме ғализтар аст. Йогурт, панир, қаймоқ ва творог (ширтуппа)-ро аз шир ҳосил мекунанд, бинобар ин онҳоро маҳсулоти ширӣ меноманд. Қабл аз он ки шир ба ҷурғот табдил шавад, чандин зинаҳоро тай намуда, коркард мешавад, ки онро ферментатсия меноманд. Ба шарофати ферментатсия ҷурғот турушмаза мешавад.
Ин донҳои растаниест, ки аз паҳлуи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунҷӣ дорад дар таъм ва агар расида гар- дад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст. Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебошад. Мизоҷи ин моил ба гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, каме боднок, ғизоияташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст. Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, қӯтури решгаштаро дафъ мекунад, тарқидани пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хойида ба чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардонад; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд, газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ба ҷойи ҷуворимакка ҷувории сафедро истеъмол кунанд, равост.
Дӯлона ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх – инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Хусусияти доруии дӯлона аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино дӯлона талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи дӯлонаро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи дӯлонаро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар дӯлонаро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад. Дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Дӯлона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дорад. Иллати кулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби дӯлона то 90 г. ва аз мевааш то 55 г. аст. Дӯлона ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он фловоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.
Ин рузҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд, ки ҷурғот бихӯред ва бисёре аз афроде, ки вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар бишаванд, ҳатман бояд маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд. Касби калсии кофӣ дар режими ғизоӣ боис мешавад бадан чарбии бештаре бисӯзонад ва миқдори чарбиро, ки бадан месозад, коҳиш бидиҳад. Аз он ҷое, ки афрод қасд доранд чарбӣ аз даст бидиҳанд на гӯшти бадан, пас режими ғанӣ аз ғизоҳои ширии камравған метавонад бо сӯзондани чарбиҳои изофаи бадан сабаби коҳиши вазн шавад. Ҳамакнун муҳаққиқони зиёде рӯйи фоидаҳои муассири ҷурғот ва асароти беназир дар режими ғизоӣ ва кам кардани вазн кор мекунанд ва ёфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷурғот дорои арзиши ғизоии болое аст ва ҷурғот як чошнии пурхосияти доруӣ низ ба ҳисоб меояд, ки таъсири зиёд барои лоғар шудан дорад; пас агар шир намехӯред, ҳатман ҷурғот нӯши ҷон бикунед, то лоғар бишавед ва аз пукии устухон пешгирӣ кунед.
Ҷурғот чун як ғизои асосӣ барои одамон аз замонҳои хеле қадим кашф карда мешавад. Имрӯз ҳам он ҳамчун хӯрдании серғизо мавриди истифода қарор дорад. Табибон истеъмоли ҷурғотро новобаста аз синну сол барои ҳама тавсия медиҳанд. Он дар илми тиб манфиатнок арзёбӣ мешавад. Истеъмоли пайвастаи ҷурғот боиси солимии организми инсон хоҳад буд. Манфиати истеъмоли ҷурғот барои саломатии инсон, махсусан кӯдакону наврасон хеле зиёд аст. Гарчанде табибон дастур ё қоидаҳои махсуси истеъмоли маҳсулоти ҷурғотиро пешниҳод накардаанд, вале набояд фаромӯш насохт, ки истифодаи аз меъёр зиёди ҳар навъ ғизо дар баробари фоида ҷиҳатҳои манфии худро низ дорад. Ҳамчунин донистан бамаврид аст, ки хусусияти шифобахшии ҷурғот аз тарзи омодашавии он низ вобаста мебошад. Дар вақти омодасозӣ ва коркарди ҷурғот бояд талаботу технология пурра риоя гардад, дар сурати акс ҷурғот фоиданокиашро гум мекунад. Агар ҷурғотро аз мағозаҳо харидорӣ намоед, аввал ба санаи барориши ин маҳсулот диққат диҳед. Мутахассисон бар ин назаранд, ки ҷурғоти наву якрӯза баъди хӯрдан зудтар ҳазм шуда, рӯдаву меъдаро нарм мекунад. Аз ин хотир истеъмоли ин навъ ҷурғот ҳангоми сахтшавии рӯдаҳо (дисбиоз) тавсия дода мешавад. Аммо бояд донист, ки истифодаи ҷурғоти серӯза дар бунёни инсон таъсири дигаре хоҳад дошт, мумкин аст мувозинати моддаҳо дар меъдаву рӯдаҳо вайрон кунад. Баъди як ҳафтаи нигоҳдорӣ қисми зиёди витаминҳо дар таркиби ҷурғот гум шуда, меъёри спирт дар он меафзояд, ки дар натиҷа маҳсулот қисми зиёди моддаҳои фоиданокашро гум мекунад. Аз ин лиҳоз, аз истифодаи ҷурғоти муҳлати истифодааш тамомшуда даст кашед. Умуман муҳлати нигаҳдории ҷурғот 3 рӯз аст. Тавзеҳ: Ҷурғот (кефири ҳақиқӣ) аз шири пастеризатсияшуда бо замбӯруғҳои кефирӣ тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз кефири оддӣ дар мағозаҳо био–кефирро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ин ҳам як намуди ин ғизо аст. Аммо бояд донист, ки дар таркиби био-кефир витаминҳо ва моддаҳои фоиданок зиёдтар буда, он ба бунёни одам фоидаи бештаре дорад.
1. Одат накунед, ки тамоми рӯз гурусна монед ва сипас якбора ба серӣ хӯрок хӯред. Ин ба ҷамъ шудани калорияҳои зиёдатӣ, калон шудани меъда, камғизоӣ оварда мерасонад. 2. Камтар ва зуд-зуд бихӯред. Хӯрокҳои хурдро ба миқдори зиёд, 2-3 бор не, балки 5 маротиба бихӯред. 3. Дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр об нӯшед. Об раванди мубодилаи моддаҳоро метезонад, баданро ҷавон мекунад ва пӯстро сахт мекунад. 4. Ҳарчанд ҷолиб ба назар расад ҳам, оби нӯшокӣ тартиби худро дорад. Ҳангоми риоя кардани ин қоида, шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки шумо ҳатто бо нӯшидани об метавонед вазни худро кам кунед. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ об нанӯшед. Нӯшидани моеъҳо ҳангоми хӯрок метавонад ба шикамдард, меъда ва дар ниҳоят фарбеҳӣ оварда расонад. Обро ним соат пеш аз хӯрок ва баъд аз 40-45 дақиқа пас хӯрок нӯшидан мумкин аст. 5. Нони орди сафед ва макаронро бо нони сиёҳи орди ҷавдор ва макароне, ки аз гандуми сахт тайёр карда шудааст, иваз кунед. Зеро нони сиёҳ дар таркибаш гурӯҳи витамини В1 зиёд дорад . Ҳам аз ҷиҳати ҳазмшавӣ ва ҳам ҷиҳати ғизонокӣ муфид аст.
Шарбати лаблабу аз намакҳои кислотаи азотӣ ва антиоксидантҳои табиӣ бой аст ва шарбати ҳақиқии ҷавон мондан аст. Тадқиқоти олимон собит кардааст, ки шарбати лаблабу ба васеъшавии рагҳои хунгард, афзоиши гардиши хун ва мутаносибан беҳтар шудани таъминоти оксиген ба ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Тадқиқот таъсири мусбати истеъмоли шарбати лаблабуро ба фаъолияти майна, инчунин, самаранокии онро дар пешгирии гипертония тасдиқ кардаанд.
Обёрии қатрагӣ– чунин тарзи обёрии зироатҳои кишоварзӣ мебошад, ки об ба воситаи шабакаи лӯлаҳои обёрикунанда зич ҷойгир кардашуда аст, ки дар онҳо таҷҳизоти махсус – чакрарезҳо мустаҳкам карда шудаанд, об бевосита ба минтақаи решаронии растаниҳо бо
Кадом хӯрокҳо хобро мепаронанд? Хоб кафили саломатии хуб аст. Агар хоб вайрон шавад, дар саломатӣ мушкилот сар мезанад. Диетологҳои олмонӣ муайян кардаанд, ки дар баробари реҷаи ҳаррӯза, ғизои мо ба сифати хобамон низ таъсир мерасонад. Камхобӣ
Хислатҳои шифобахши биҳӣ бешуморанд. Абӯалӣ Ибни Сино биҳӣ ва аз меваи биҳӣ тайёркардаро ҳамчун доруи рафъи исҳол, рафъи иштиҳо ва пешоброн истифода мебурд. Шарбати биҳӣ нафастангӣ, балғами хунолуд ва дигар бемориҳоро шифо мебахшад. Маҳлули луобе, ки аз
Ғизошинос Анастасия Гаврикова изҳор дошт, ки истеъмоли ҳаррӯзаи макарон метавонад боиси синдроми рӯдаҳо, бемориҳои аутоиммунӣ ва мушкилоти пӯст шавад. Қоидаи асосӣ ҳангоми омода кардани ғизои парҳезӣ ин аст, ки барои пешгирии оқибатҳои хатарнок кумак
Вақтҳои охир шири буз аз сабаби массаи хосиятҳояш зуд маъруфият пайдо мекунад. Он барои ба эътидол овардани кори меъдаю рӯда, баланд бардоштани сатҳи гемоглобин, инчунин пешгирии паст шудани биниш муфид аст. Ғайр аз ин шири буз хосияти бактеритсид дорад.
Баъд аз таъсири сардиҳои зимистони соли 2023 анорзорҳои ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳосил даромад. Соли гузашта анорпарварон аз ҳосил маҳрум шуда буданд. Боҳтур Анамуродов аз кишоварзоне аст, ки соли сипаришуда дар пайи сармо анорбоғаш аз даст рафт.
Бо фаро расидани мавсими сармо талаботи инсон барои истеъмоли меваву сабзавот меафзояд. Чун дар фасли зимистон норасоии бисёре аз витаминҳо ба амал меояд, барои бартарафсозии он метавон аз ҳисоби меваҳои захиранамудаи зимистонӣ истифода намуд. Яке аз ин
Шарбати меваҳо барои сиҳату саломатии одамон нақши муҳимро мебозад. Хусусан онҳоро дар вақти тару тоза будан истеъмол кардан зарур аст. Аз ин рў, донистани таркиби мева ва хусусияти шифоию ғизоии онҳо ниҳоят зарур аст. Ҳангоми бо технологияи зарурӣ
Кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба рушди соҳа дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, кӯшиш ба харҷ дода, соли ҷориро бо дастовардҳои чашмрас ҷамъбаст карданд. Онҳо ҷиҳати
Биринҷ — ин растании зироатӣ ба мо маълум аст, ки дар заминҳои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об мерӯяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шолӣ дар Ҳиндустон ду карат ҳосил мегиранд: дар вақти баҳорон ва дар тирамоҳ. Аз шолие, ки дар лаб ва
Ватани биринҷ Осиё, аниқтараш Таиланд ва Ветнам ба ҳисоб меравад. Сатҳи об ба пухта расидани шолии обӣ бояд дар атрофи 13 сантиметр бошад. Дар як пояи ниҳол аз 100 то 200 донагӣ ҳосил мерӯёнанд. Дар таркиби 100 гр. биринҷи хом 4,1 г. моддаи сафеда мавҷуд
Дастурамали мазкур натиҷаи дар амал татбиқ намудани Лоиҳаи минтақавии «In situ/on Farm, мебошад. Лоиҳа дар панҷ давлат - Қазоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон амалӣ гашта истодааст. Аз ҷониби ташкилоти Bioversity international,
Бисёр растани ҳое, ки ба ин оила дохил мешаванд, растаниҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим ин тараф парвариш карда мешаванд. Яке аз маъмултарин намояндаи ин оила тут мебошад. Тут дарахти хазонрез буда, дар мамлакатамон ду намуди он: тути
Маълумоти умумӣ Гелос намояндаи оилаи садбаргиҳост. Баландии миёнаи ин дарахтон 10 метрро ташкил медиҳад, вале дарахтоне вомехӯранд, ки 30 м баландӣ доранд. Давомнокии умри ин дарахтон қариб як аср аст. Гелос дар чорсолагӣ, баъзан дар панҷсолагӣ ба
Гелос дарахти бисёрсолаи боровар аст. Одамони давраҳои ибтидоӣ меваҳои гелоси ёбоиро истеъмол менамуданд. Дар мамлакатҳои назди соҳили Баҳри Миёназамин гелосро аз қадимулайём парвариш мекунанд. Шакли худрӯи он дар Қафқоз, Молдова, Украина, Қрим нашъунамо
Зардолу дар бештар аз 40 мамлакати дунё дар майдони 488344 га бо истеҳсоли 3,9 миллион тонна парвариш карда мешавад. Ҳосилнокӣ 25 - 30 т/га. Бузургтарин истеҳсолкунандагон дар Европаи Ғарбӣ кишварҳои Италия, Испания ва Юнон мебошанд. Дар Осиё аз ҳама