Луғат
Балоғат — расидагӣ, пухтагӣ, камолот.
Чашми хирад — чашми ақл; дидаи ҳақиқатбин.
Идрок — дарк кардан, дарёфтан, фаҳмидан.
Қазову қадар — сарнавишт, тақдир, қисмат, пешомад ва сарнавишт.
Ҷабраил — яке аз фариштагони бузург, ки вазифааш оварандани ваҳйи илоҳӣ ба паёмбарон мебошад.
Шаҳодат — шаҳид шудан; ба шаҳодат расидан, кушта шудан (дар роҳи ҳақ).
Маъбуд — қобили парастиш, муҷиби парастиш, Худо
Закот — ҳиссаи маълуме, ки ҳар як мусулмон мувофиқи фармудаи шариат аз даромад ва дороии худ бояд ҳар сол ба фақирон ва муҳтоҷон бидиҳад.
Молик — мулкдор, соҳиби мулку замин, доро.
Сабқат — пешдастӣ кардан, пеш гузаштан.
Абулқосим — падари Қосим, яке аз номҳои Паёмбар (с).
Расул — фиристода, қосид.
Издиҳом — ҷамъомади мардуми зиёде дар як ҷо; зич (анбӯҳ) шуда истодани одамон.
Фидя — мол ё чизе, ки барои халосии ҷони худ ё каси дигар дода мешуд, сарбаҳо, сархарид.
Бад-ин минвол — ба ин тарз, ба ҳамин қарор.
Амру наҳй — фармонҳо ва қонуну қоидаҳои динӣ (ҷоиз ва ноҷоиз), таблиғи корҳои нек дар шариат.
Ифтироқ — ҷудо шудан, аз ҳамдигар ҷудо шудан, пароканда шудан, ҷудоӣ, фироқ.
Уммат — мардум, ҷамоат, гурӯҳи одамон, як миллат ва як дин.
Иҷтиноб — худро канор гирифтан, худдорӣ, канорагирӣ, ҳазар кардан аз коре, дурӣ кардан аз коре.
Даврони ҷоҳилият — давраи тоисломии таъриху адабиёти араб, давраи бутпарастӣ.
Асҳоб — ёрон ва ҳамсуҳбатони Паёмбар (с).
Қосид — касе, ки мактуб ё хабареро аз касе ба ҷое мебарад, номабар, номарасон, муждарасон.
Ҳадиси қудсӣ — мансуб ба Худованд, сухане, ки маънояш аз ҷониби Худои Мутаъол ва лафзаш аз Расулуллоҳ (с) баён шудааст.
Зироъ — газ, воҳид, ченак, аз оринҷ то нӯги ангушти миёна (тахминан 48 см).
Қулоч — фосилаи байни ду нӯги дастони ба ду тараф ёзондашуда, ки ченаки дарозӣ ҳам ҳисоб мешавад.
Подош — ҷазо, сазо, мукофоти амал, музд.
Арзонӣ доштан — ато кардан, бахшидан.
Муҳориба — бо ҳамдигар ҷангидан, разму пайкор дар майдони ҷанг, ҷанг, набард, ҳарбу зарб.
Мушрик — он ки ба ягонагии Худо бовар надошта, ба бисёрхудоӣ эътиқод дорад.
Ҳисси нафрат — рамидагии дил аз чизе, кароҳат доштан, безор будан.
Буғз — кина, адоват, душманӣ.
Амир-ал-муъминин — номи иловагие, ки ба халифаҳо ва бисёр подшоҳони Шарқи исломӣ дода мешуд.
Фурӯзон — дурахшон, тобон, равшан, шӯълавар, барафрӯхта.
Масъул — он ки ба иҷрои коре ӯхдадор аст ва неку бади он аз вай пурсида мешавад, ҷавобгари коре.
Пойдор — поянда будан, ҷовид будан, абадӣ боқӣ мондан.
Иззату икром — эҳтиром кардан, азиз доштан.
Ҳайрат — чи кор кардани худро надониста мондан, таҳайюр, дар тааҷҷуб мондан.
Саркашӣ — нофармонбардорӣ, беитоатӣ, сар аз итоат печидан, якраҳагӣ кардан.
Тавоноӣ — зурмандӣ, қувват, иқтидор, қудрат, бузургӣ, давлатмандӣ.
Иблис — шайтон, аҳриман, сардори девҳо.
Содалавҳ — киноя аз содадил, нодон, гӯл.
Муттаҳид — иттиҳодкарда, якшуда, яктану якҷоя.
Шигифт — тааҷҷуб, ҳайрат, ҳайронӣ, аҷиб, ҳайратовар.
Таваккал — умед бастан, эътимод кардан.
Эътимод — бовар кардан ба чизе, ба касе ё чизе бовар кардан, итминон доштан.
Мулҳид — мункири роҳи ҳақ, бе дин, даҳрӣ, аҳли бидъат.
Маҷусӣ — мансуб ба муҷус, пайрави дини Зардушт будан, оташпараст.
Мунозира — баҳсу ҷидоли ду ё чанд кас барои исботи назари худ оид ба мавзӯъ ё масъалае.
Чашмдор — мунтазир, интизор, умедвор.
Ваҷд — бехудӣ аз хурсандӣ, ғояти шавқу шодӣ, завқ, рӯҳбаланд шудан.
Такбир — такрор намудани ибораи «Аллоҳу акбар» дар вақти намоз.
Киштибон — ронандаи киштӣ, киштирон, нохудо.
Иттиҳом — тӯҳмат задан ба касе, тӯхмат, бӯҳтон.
Эъдом — нест кардан, куштан, ба қатл расонидан.
Мақбара — қабр, оромгоҳ, гӯрхона, дахма.
Каромат — кори фавқулоддае, ки аз авлиё содир мешавад; кори ғайриодӣ.
Ориф — огоҳ, воқиф, маърифат, доно, шиносанда, порсо, аҳли ирфону тасаввуф.
Турбат — хок; қабр, гӯр.
Хилофат — роҳбарӣ, сарварӣ, ҷойнишинӣ.
Саҷҷода — ҷойнамоз, мусалло.
Танбеҳ — огоҳӣ, сарзаниш, огоҳонидан, ҳушдор додан
Хутба — мавъизае, ки дар намози ҷумъа ва дар идҳо хонда мешавад.
Муназзаҳ — покиза кардашуда, пок, покиза.
Заъф — сустӣ, беқувватӣ, нотавонӣ.
Мадор — қувват, тобу тавон, маҷол.
Хиҷолат — шармзадагӣ, шармсорӣ, шарм, ҳаё.
Калимуллоҳ — он ки бо Худо сухан гуфтааст, лақаби Мусо (а).
Ниёз — ҳоҷат, эҳтиёҷ, эҳтиёҷ доштан, майлу хоҳиш.
Ба танг омадан — безор шудан аз чизе.




