Зеҳн

ТАВСИФИ ҲУҚУҚӢ - ҶИНОЯТИИ ҶИНОЯТҲО БА МУҚОБИЛИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ВА ТАҶҲИЗОТҲОИ ЁРИРАСОНИ ОНҲО

6 ноябри 2026 · 19 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 19 дақиқа хондан

Мақолаи мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрам ва баҳсноки замони муосир, тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии ҷиноятҳо ба муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасонионҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) бахшида шудааст. Муаллиф иброз медорад, ки айни замон тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии ҷиноятҳо ба муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасонионҳо бо далели истифодаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ гуногун арзёбӣ мегардад. Зеро ҷаҳони муосирро бе пешрафти технологӣ тасаввур кардан ғайриимкон буда, тамоми корбарони технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти худ як маротибае бо таъсири манфӣ – барномаҳои зараровари компютерӣ ва ҳамлаҳои DOS рў ба рў мешаванд.

Калидвожаҳо: барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DOS, технологияҳои иттилоотию коммуникатси- онӣ, интернет, иттилоот, объекти ҷиноят, амнияти иттилоотӣ

Инсоният дар ибтидои асри XXІ ба таҳдидҳо ва хатарҳои нави ҷаҳонии иттилоотӣ дучор омад. Таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ аз ҷумлаи вазифаи мубрами давлати муосир мебошад, зеро таҳдидҳои имрўзаи иттилоотӣ (ҳамлаҳои киберӣ, воридшавии ғайриқонуни ба системаҳои иттилоотӣ, паҳн намудани барномаҳои зараровар ва вирусҳои компютерӣ) ба амнияти миллии давлат зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки таълимот дар бораи объекти ҷиноят ва аломатҳои он яке аз назарияҳои асосӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ буда, ҷанбаҳои илмиву амалии он ҳамоно таҳқиқталаб боқӣ мемонад. Дар доктринаи ҳуқуқи ҷиноятии давлатҳои пасошуравӣ объекти ҷиноятро, ки бо қонуни ҷиноятӣ ҳифз карда мешавад, он муносибатҳои ҷамъиятие ташкил менамуданд, ки ҳангоми содир кардани кирдор ба онҳо зарар расонида мешавад ва ё таҳдиди расонидани чунин зарар ба вуҷуд меояд (муносибати бо ном монистӣ) пешбини менамоянд.

Илми ҳуқуқи ҷиноятии давраи пасошуравӣ фақат он муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки қонунгузории ҷиноятӣ ҳимоя мекунад, ба сифати объекти ҷиноят эътироф менамояд. «Қисми зиёди муҳақиқон объекти ҷиноятро маҳз аз рўйи ин давраҳо омўзиш мекунанд». Онҳо иброз медоранд, ки ҳуқуқи ҷиноятӣ яке аз соҳаҳои мустақили ҳуқуқ ифода мегардад, ки барои он пешбини кардани қоидаҳои рафтор фақат чун василаи батанзимдароии ҳаракатҳо шахс мебошад.

Бахусус, пажуҳишгарони соҳавии ватанӣ Т.Ш. Шарипов, А.И. Сафаров, Ш.Н. Саидов, иброз менамояд, ки объекти ҷиноят муносибати ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад, ки қонунгузории ҷиноятӣ онро ҳимоя карда, дар заминаи тааруз ба он зарар ворид мегардад. Андешаи муаллифони болозикр ақидаи классикии ҳуқуқи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Чунин мавқеъро бештари олимони давлатҳои пасошўравӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Андешаи ба ин монандро Б.С. Никифоров, пешниҳод намудааст, ки ба сифати объекти ҷиноят манфиатҳои ҷамъиятии зери ҳифзи қонуни ҷиноятӣ қарор дошта, ки кирдор бар зидди он сафарбар гардидааст, дар назар дорад.

Нишондоди амалкард дар бораи объекти ҷиноят дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ яке аз ҷузъҳои муҳим ва хеле душвор маҳсуб меёбад. Объекти ҷиноят дар маъхазҳои илмӣ ҳамчун ҳуқуқҳои субъективии шахс, арзишҳо ҳамчун шарти ҳаёти солими ҷомеа, манофеи ҳаётӣ, ҳуқуқӣ ва дигар институтҳои ба инҳо алоқамад, ки бо санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ ҳимоя мегарданд, ифода мегардад. Объекти ҷиноят муносибатҳои ҷамъиятие ифода мешаванд, ки давлат ба ҳимоя онҳо диқққат медиҳад ва ҷиҳати вайрон намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятиро мувофиқи мақсад медонад. Аз руйи объекти ҷиноят зиннаи ба ҷамъият хавфнок будани ҷиноятро муайян менамоянд.

Маълум мегардад, ки пажуҳишгарони ИҶШС ва давраи нав дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ дар ҳудуди моҳияти объекти ҷиноят муносибатҳои ҷамъиятии аз ҷониби қонуни ҷиноятӣ ҳимояшавндаро дар назар доранд. Муносибатҳои ҷамъиятиро ҳамчун объекти кирдор криминалистҳои хориҷӣ низ мепазиранд. Тарзе, ки ишора гардид объекти ҷиноят муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки зери ҳимояи қонунгузории ҷиноятӣ қарор гирифтааст ва ҳангоми содир гардидани кирдор ба ин муносибатҳо зарар расонида мешавад ё дар зери хатари расидани зарар мавҷуданд. Дар ин самт мо ҷонибдори андешаи он олимоне ҳастем, ки ба андешаи онҳо объекти ҷиноят эътироф намудани танҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ на ҳамеша самти кирдори аз ҷиҳати хавфнокии онро барои ҷамъиятӣ инъикос мекунад, зеро ки мафҳуми объекти ҷиноят категорияи мураккаби бисёрҷанба ва мураккаби ҳуқуқӣ (муносибати плюралистӣ) мебошад.

Ба андешаи мо, муносибати плюралистӣ бар хилофи муносибати монистӣ мафҳум ва моҳияти объекти ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо нигаронида шудаанд (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS), гуногунии онро дар амалия пурратар инъикос мекунад.

Аммо айни замон объекти ҷинояти баррасишаванда бо далели истифодаи технологияҳои компютерӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ дар содир намудани навъҳои зиёди кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок ба истилоҳ «анъанавӣ» гуногун арзёбӣ мегардад. Зеро ҷаҳони муосирро бе пешрафти технологӣ тасаввур кардан ғайриимкон буда, тамоми корбарони технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти худ як маротибае бо таъсири манфӣ – барномаҳои зараровари компютерӣ ва ҳамлаҳои DOS рў ба рў мешаванд. Ин навъ барномаҳои зараррасонро якранг наметавон тасниф намуд: қисме аз онҳо нисбатан безараранд, қисми дигар метавонанд на танҳо ба дороиҳои иттилоотӣ, балки ба худи таҷҳизоти компютерӣ зарари ҷуброннопазир расонанд.

Намуди асосии таркиби кирдор, ки моҳият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷиноятро аниқ мекунад ва мундариҷаю мафҳуми онро равшан мекунад, объекти ҷиноят ифода мегардад. Дар асл, моҳияти иҷтимоии ҷинояти содиршударо объекти кирдор муайяну далелнок мегардонад ва барои муайян кардани кирдори бандубастшаванда хеле муҳим маҳсуб меёбад. Тарафи таърихӣ, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ мавқеи ягонае ҷой дорад, ки тиқи он «кирдор ба муносибатҳои ҷамъиятӣ тааруз меорад ва он ҳамчун объект истифода мешавад.

Зери мафҳуми объекти умумии кирдор (минбаъд объекти ҷиноят) – ин маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятие баромад менамояд, ки аз тарафи қонунгузории ҷиноятӣ мавриди ҳифз қарор гирифтааст. Чун қоида ба ҳайси объекти ҷиноят гурўҳи муносибатҳои ҷамъиятии дар қ. 1 м. 2 КҶ ҶТ пешбинигардида эътироф карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз проблемаҳои объекти ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо, аз ҷумла барномаи зараровар ва ҳамлаҳои DoS, дар айни замон хеле баҳсталаб ифода гардида, вобаста ба масъалаи мазкур аз шумораи умумии таҳқиқотҳои анҷомёфта, ҳамагӣ 2%-и пажуҳишҳо ба ин самт равона гардидаанд, ки дар шароити бо суръат инкишоф ёфтани технологияҳои иттилооти– коммуникатсионӣ воқеан ҳам нигаронкунанда арзёбӣмегардад.

Дар ин самт, моҳияти умумии моддаи 303-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси баҳсу мунозира мегардад, зеро дар фасли «Ҷиноятҳо муқобили амнияти иттилоотӣ» ҷой додани боби 28 барои мушаххас намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ имкон фароҳам меорад. Бо ин мақсад, қисми зиёди олимон бар он андешаанд, ки объекти умумии ҷинояти баррасишаванда муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ифода мегардад.

Муҳақиқони соҳавӣ дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ объекти ҷиноятро вобаста ба 2 замина: амудӣ ва уфуқӣ гурўҳбанди мекунанд. Дар қонунгузории амалкунандаи ҷиноятии ҶТ таърифи иро гардида ба назар гирифта шудааст.

Вобаста ба таснифоти амудӣ (аз боло ба поён) маҷмуи объектҳои ҷиноятҳо ба муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) аз рўйи иерархияи онҳо ба гурўҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: объекти умумӣ, хелӣ, намудӣ ва бевосита

Аз таҳлили адабиёти илмии мавҷуда оид ба объекти умумии ин ҷиноят бармеояд, ки ихтилофи олимон дар масъалаи муайян кардани объекти умумии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаи зараровар ва ҳамлаҳои DoS), муносибатҳои ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Азбаски дар мафҳуми васеи ҳамаи ҷиноятҳо, ки ба ин ё он объект таъсир мерасонанд ба амнияти ҷамъиятӣ низ, зарар мерасад, чунки дар ҳар як ҳолати даст задан ба объекти муайян ин дар аксуламал ва рафтори ҷамъият инъикос меёбад, ки чун қоида, ҷой доштани падидаи ҷиноят дар муҳит онҳоро безобита месозад. Аз ин лиҳоз, муносибатҳои ҷамъиятие, ки баронмаҳои зараровар ва ҳамлаҳои DoS ба онҳо зарар мерасонанд, барои ҷомеа махсусан муҳиманд, ҳимояи онҳо бояд бо чораҳои муассиртарин ва самарабахш амалӣ карда шавад.

Як гурўҳи муҳақиқон иброз медоранд, ки объекти умумии ин намуди кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок фарогири маҷмуи муносибатҳои ҷамъияте мебошад, ки дар раванди истифодабарии бехатари маълумоти компютерӣ ташаккул ёфтааст. Масалан, С.И. Никулин «бехатарии иттилоот ва системаҳои коркарди иттилоотро бо истифода аз компютерҳо» объекти ин ҷиноятҳо, муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) баррасӣ мекунад. Б.С. Комиссаров андешаи С.И. Никулинро ҷонибдори намуда, иброз менамояд, ки объекти ин навъи ҷиноятро чунин муайян мекунад: «муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё паҳнкунии иттилоот ва ё ҳифзи онҳо». Чунин мавқеъро олимони рус Ю.И. Ляпунова ва П.Н. Панченко ҷонибдорӣ менамояд.

Андешаи С.И. Никулин ва Б.С. Комиссаров қисман ҷионибдори намуда (зеро онҳо мушаххас объекти ин ҷиноятро барраси накарда, дар шакли маҳдуд андешарони намудаанд) чунин мешуморем, ки объекти ҷинояти мазкурро муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти зерин ташкил мекунад:

  1. Дар самти ҷиноятҳо муқобили амнияти иттилоотӣ;

  2. Фоидаовариҳои гуногуни шахсӣ ва иҷтимоӣ (ҳаёт, саломатӣ, моликият ва арзишҳои моддӣ ва ғайримоддӣ);

  3. Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ғ.) ташкил медиҳанд.

Дар марҳилаи муосири рушди илми ҳуқуқи ҷиноятӣ нуқтаи назари дигарро дар масъалаи объекти намудии ҷиноят низ дидан мумкин аст. Ҷиҳати муайян кардани навъи объекти намудии ҷиноят андешаҳои муҳаққиқон бо ҳам мувофиқат надорад. Ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) мазмунан дар боби 28 КҶ ҶТ мустаҳкам шудаанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки боби 28 КҶ ҶТ объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) мебошад.

Оид ба ин масъала моро зарур аст, ки ақидаҳои олимонро дар ин самт баррасӣ намоем.

Баъзе муаллифон объекти намудии ин ҷиноятро «маҷмуи муносибатҳои мансуб ба бехатарии истифодаи компютерҳо, системаҳои компютерӣ ё шабакаҳои компютерӣ, амнияти иттилооти ва ТИК» медонанд.

Гурўҳи дуюми олимон дар доираи объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS), «амнияти иттилоотӣ», яъне «ҳифзи иттилоот ва захираҳои иттилоотии ҷомеа аз ҳамлаҳои киберии дохилӣ ва берунӣ» тавсиф менамоянд.

Гурўҳи сеюми олимон ҳамчун объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои

зараровар, ҳамлаҳои DoS)-ро ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, ки ба сифати соҳибмулк амал мекунанд ва муносибатҳои мансуб ба бехатарии истифодаи компютерҳо, системаҳои компютерӣ ё шабакаҳои компютерӣ арзёбӣ менамоянд.

Объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS), гурўҳи нисбатан маҳдуди муносибатҳо ки ҳамон як манфиати ин муносибатҳоро инъикос менамоянд, муттаҳид месозад.

Аз таҳлили андешаҳои гурўҳи олимони зикр гардида метавон қисман ба андешаи олими рус С.В. Бородин такя намуд, зеро аз нигоҳи ў «объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS)-ро, ҳифзи манфиатҳо тавассути маҷмуи қонунгузориҳои ҷиноятӣ дар соҳаи бехатарии таҳия истифода ва паҳнкунии иттилооти компютерӣ, захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ва ТИК ташкил медиҳад». Албатта барномаҳои зараровар ва ҳамлаҳои DoS тавре дар боло ишора намудем, ба манфиатҳо ва муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ зарраи бузурги моддию маънавӣ мерасонанд ва ё таҳдиди ба вуҷуд овардани чунин зарарро доранд.

Аз таҳлили ин андешарониҳо метавон гуфт, ки дар моҳияти мафҳуми объекти намудии дар моддаи 303-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд амнияти иттилоотии компютерӣ ва воситаҳои техникии коркард, қабул ва интиқоли онҳо ба назар гирифта шавад. Дар чунин сурат ин тамоюл маънидодкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ифода гардида, дар бар гирандаи нигоҳ доштан, коркарди маълумоти компютерӣ, фаъолияти воситаҳои техникии истифодабарии маълумоти компютерӣ, системаҳои телекоммуникатсионии электронӣ маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS)-ро маҷмуи муносиабҳои ҷамъиятие ки дар натиҷаи содиршавии онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат оид ба истифодаи системаи автоматикии коркарди маълумот зарар мебинад, аммо ин ҷо як масъаро иброз бояд намуд, ки муносиабҳои ҷамъиятие, ки объекти намудии ин ҷиноятро ташкил медиҳад на танҳо ба боби 28 КҶ ҶТ маҳдуд мешаванд. Дар бобҳои алоҳидаи қисми махсуси КҶ ҶТ моддаҳое пешбинӣ шудаанд ки объекти онҳо объекти намудии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо мебошанд.

Вобаста ба объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) бошад, дар адабиёти илмӣ-ҳуқуқӣ ақидаҳои гуногун ҷой дорад.

Яке аз меъёрҳои таснифоти ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) дар боби 28-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти бевоситаи ҷиноят мебошад, ки маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятиро аз нигоҳи истифодаи қонунӣ ва бехатари иттилооти компютерӣ ва захираҳои иттилоотӣ дар бар мегирад.

Оид ба объекти бевоситаи ҷиноятҳои таҳлилшуда муҳаққиқон нуқтаи назари гуногун доранд. Дар китоби дарсии муаллифон Ю.И. Битко ва С.Ю. Битко ба таври мухтасар объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) ҳамчун «манфиатҳои дорандагони иттилооти компютерӣ ва тартиби дастрасӣ ба он»; амнияти иттилооти компютерӣ; шароити бехатари кор барои компютерҳо, системаҳои компютерӣ ва шабакаҳои онҳо номида шудааст.

Ҳангоми таҳқиқи объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) ба андешаи олимон А.Н. Попов ва С.А. Воронсов такя намудан мувофиқи матлаб буда, дар қатори ин, бо ба инобат гирифтани қонунгузории ҷорӣ, мафҳуми объекти бевосиата бояд ба таври зайл ифода карда шавад: «Ҳуқуқҳои бо қонун ҳифзшаванда бояд объекти бевоситаи барномаҳои зараровар, ҳуҷумҳои DoS ва ҳимояи манфиатҳои соҳибони маълумоти компютерӣ ва танзимгарони системаҳои маълумоти дар эҷод, истифодабарӣ, паҳн кардан, пешкаш кардан, истифодабарии маълумоти компютерӣ; фаъолияти амниятии компютерҳо, нармфазорҳои компютерӣ, шабакаҳои алоқа, низомҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои ИК-ии электорнӣ ҳисобида шавад».

Махсус тазаккур дод, ки истилоҳи «низомҳои маълумотдиҳӣ» ва «ТИК-и электронӣ» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбат ба «низоми компютерӣ» ва «шабакаи алоқа» фарохтаранд, чунки онҳо мақсади мураккаб дошта, барои хадамоти алоқа ва хизматрасонӣ, интиқол, қабул ва истифодабарии маълумоти компютерӣ татбиқ мегардад.

Дар як вақт, вобаста ба махсусиятҳои худ ин кирдорҳои дарбаргирандаи 2 объект ифода меёбад

Объекти асосии ин кирдорҳо мустақиман муносибатҳои ҷамъиятие ифода мегарданд, ки бо қонун асос ёфта, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибони маълумоти компютерӣ ва танзимгарони

низомҳои иттилоотониро дар самти эҷод, истифодабарӣ, соҳибӣ намудан, паҳн намудан, пешниҳод намудан, коркарди маълумоти компютерӣ, фаъолияти бехатари компютерҳо, низоми компютерӣ, шабакаҳои алоқа, низомҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои ИК-электронӣ таъмин менамоянд.

Тафсири муфассалтарро дар китоби дарсии муаллифон Л. Гаухман ва С.В. Максимов мушоҳида менамоем. Ба андешаи муаллифон, объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки он таъмингари дастрасии қонунӣ, коркард, табдил додан, истифодаи иттилооти компютерӣ аз ҷониби худи шахси дастрасидошта, инчунин истифодабарандагони дигар, фаъолияти эътидолнок ва кори дурусти компютерҳо, додаҳо ва ё шабакаҳои алоқа ва муносибатҳои ҷамъиятие, ки манофеи хизматиро муқарар менмоянд ифода мегардад. Албатта объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳуҷумҳои DoS) муносибатҳои зайли ҷамъиятиро дар бар гирифтааст, ки онро чунин гурўҳбанди менамоем:

  1. муяясаргардии қонунӣ, омода намудан, истифодабарӣ, тағйир додан ва коркарди маълумоти компютериро таъмин таъмин мекунад;

  2. кушишинизомнокӣ МЭҲваёшабакаиалоқа;

  3. манфиатҳои соҳибкорӣ, ки ба муомилоти таҷҳизоти ин компютерҳо алоқаманд мебошанд. Объекти бевоситаи ин ҷиноят, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, дар асоси қисми 2-и моддаи 303-и Кодекси ҷиноятӣ – муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки вобаста ба хусусияти онҳо дигар арзишҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро (ҳаёти инсон, саломатии одамон ва ғ.) таъмин мекунанд, баррасӣ мешавад. Олимони соҳа оид ба объекти бевоситаи ин ҷиноятҳо чунин ибрози андеша намудаанд: низоми кори компютерҳо, нармфазорҳо ва додаҳо ё шабакаҳои алоқа, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи соҳибмулк пешбини гардидааст; манфиатҳои эҷод, истифодабарӣ, табдил додан ва истифодаи иттилооти компютерӣ, ки тибқи қонун ҳамчун иттилооти дастрасии маҳдуди худи таҳиякунанда ва истеъмоли истифодабарандагони дигар тасниф шудааст; манфиатҳои кори дурусти компютерҳо, системаҳои компютерӣ ё шабакаҳои онҳо. Объекти бевоситаи ҷиноят мувофиқи қисми 2 модда 303-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўйи мундариҷа бо объекти ҷиноятии дар ин модда пешбинишуда пурра мувофиқат мекунад.

Нуқтаи сеюми ибрози андешаҳо ин аст, ки объекти бевосита барои ҳамаи он кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке, ки дар боби 28 пешбини гардидаанд, умумият дорад. Инҳо муносибатҳои ҷамъияти барои таъмини амнияти иттилооти компютерии бо қонун ҳифзшаванда ва раванди фаъолияти муътадили компютерҳо, системаҳои компютерӣ ё шабакаҳои онҳоро ташкил менамоянд. Дар асоси таҳлили таркиби ҷиноятҳои таҳлилшаванда метавон гуфт, ки амнияти иттилооти компютерии бо қонун ҳифзшаванда, ки таъмини се хусусияти он – махфият, якпорчагӣ ва дастрасиро дар назар дорад – объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS)-ро ба таври комил муайян мекунад. Объекти бевосита ҳамзамон метавонад шароити дурусти кори компютерҳо, системаҳои компютерӣ ё шабакаҳои онҳо бошад, аммо дар ин самт амнияти иттилооти компютерии бо қонун ҳифзшаванда набояд ба таҳдид дучор шаванд.

Аз омўзиши адабиёти илмӣ ва ҳуқуқи ба баррасии моддаи 303-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда метавон мақеи устувор ва консептуалиро оид ба масъалаи объекти бевосита пайдо намуд ва дар ин замина онҳоро тасниф кард.

Ҳамин тариқ, ҳамчун объекти бевоситаи ин навъи ҷиноят ба таври зайл пешбинӣ мешаванд:

1. Муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи истифодаи бехатари мошинҳои ҳисоббарори электронӣ. 2. Муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки истифодаи муқаррарии бехатари иттилооти компютериро таъмин мекунад.

3. Муносибатҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти иттилооти компютерӣ ва кори муътадили компютерҳо, системаҳо ва шабакаҳои интернетӣ.

4. Алоқамандии ҷамъиятӣ, ки системаҳои ҳуқуқии дастрасӣ, коркард ва паҳнкунии маълумоти компютериро муқарар менамояд.

5. Ҳуқуқи соҳиби низоми компютерӣ ба дахлнопазирии таъминоти барномавӣ.

6. Ҳуқуқи соҳибмулк ба дахлнопазирии маълумот, зери ҳимоя коркарди аломатҳо зеҳнӣ ва моддии ТИК.

7. Муносибатҳо дар самти амнияти иттилоотӣ.

8. Муносибатҳои ҷамъиятии ба таъмини амнияти компютерӣ равонагардида ва амнияти низоми иттилоотӣ.

Корбурди объекти иловагӣ хусуситяи ихтиёрӣ дорад. Мавҷудияти он ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷомеа ва давлат нигаронида шудааст. Объекти иловагӣ метавонад, бахусус, моликият, ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқ ба дахлнопазирӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, амнияти экологӣ, асосҳои сохти конститутсионии ҶТ ва монанди инҳо ифода гардад. Мавҷудияти объекти иловагӣ, албатта, дараҷаи барои ҷамъият хавфнокии ҷиноятро баланд мебардорад, ки ҳангоми ба гунаҳгор таъин кардани ҷазои одилона бояд ба инобат гирифт. Объекти иловагии ин ҷиноятҳо муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ танзим шуда, ҳуқуқ, озоди ва манофеи қонунан ҳифзшавандаи шахс, ҷомеа ва давлатро таъмин мекунанд.

«Вуҷуд доштани 2 объекти бевоситаи кирдорҳои баррасишавандаро як зумра пажуҳишгарон иброз намудаанд. Бахусус, Ю.А. Красиков бар он андеша аст, ки ҳуқуқи шахсии шаҳрвандон, дахлнопазирии самти хусусӣ, муносибатҳои молумулкӣ (чунончӣ, дар замина вайрон гардидани кори муқаррарии ТИК), амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ объекти иловагии кирдорҳои зикрёфта мебошанд».

Дар ин зинна, И.А. Попов бар он назар аст, ки «манфиатҳои моддии ҷабрдида ҳамчун объекти иловагии ин кирдор мебошад». Ю.В. Белянинова, А.М. Дедов, А.А. Дедов бар ин назаранд, ки «ба сифати объекти иловагӣ манфиатҳои молу мулкии шаҳрвандон дар соҳаи иттилооти компютерӣ амал мекунанд».

Албатта андешаҳои Ю.А. Красиков И.А. Попов Ю.В. Белянинова, А.М. Дедов ва А.А. Дедов дар самти объекти иловагии ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) боиси ҷонибдорист, зеро дар натиҷаи содиршавии ин кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок ҳуқуқҳои шахсӣ ва манфиатҳои инсон, моликият, амниятӣ ҷамъиятӣ ва монанди инҳо зарар мебинад.

Объекти бевоситаи иловагӣ дар паҳнкунии барномаҳои зараровар ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт ва дар ин маврид таснифи ин навъи ҷиноят бояд ба таври амалӣ сурат гирад. Объекти бевоситаи иловагиро мансуб ба хислат ба таври зайл метавон тасниф кард: ҳуқуқҳои молу мулки, фаъолияти иқтисодӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳуқуқҳои ихтироъ ва патентӣ, дахнопазирӣ, ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, сохти конститутсионӣ ва монанди инҳо.

Хуллас, дар заминаи таҳқиқи мавзуи мазкур ба чунин хулоса метавон омад:

1. Объекти ҷиноятҳои муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо (барномаҳои зараровар, ҳамлаҳои DoS) муносибатҳои ҷамъиятӣ: дар самти ҷиноятҳо муқобили амнияти иттилоотӣ (муомилоти бехатари иттилооти компютерӣ аз ҳамлаҳои киберӣ), инчунин кирдори шахс, манфиатҳои гуногуни шахсӣ ва иҷтимоӣ (ҳаёт, саломатӣ, молу мулк, дигар арзишҳои моддӣ ва ғайримоддӣ), инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ғ.) ташкил медиҳанд.

2. Объекти намудии ҷиноятҳо бар муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо, муносибатҳои махсуси ҷамъиятии аз тарафи қонунгузории ҷиноятӣ ҳимояшаванда дар самти бехатарии эҷод, истифода ва паҳнкунии иттилооти компютерӣ, захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ ва ТИК, яъне ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат оид ба истифодаи системаи автоматикии коркарди маълумот ташкил медиҳад.

3. Объекти бевоситаи ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интернетӣ ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо муносибатҳои зайли ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки онро ба таври зайл гурўҳбанди намудан мувофиқи мақсад аст: 1) дастрасии ғайриқонунӣ, омода намудан, истифода кардан иваз намудан ва коркарди маълумоти компютериро таъмин менамояд; 2) фаълоияти бонизоми МЭҲ ва ё шабакаи онҳо; 3) манфиатҳои соҳибкорӣ, ки ба муомилоти таҷҳизоти ин компютерҳо алоқаманд мебошанд. Объекти бевоситаи ин ҷиноят, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, дар асоси қисми 2-и моддаи 303-и Кодекси ҷиноятӣ – муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки вобаста ба хусусияти онҳо дигар арзишҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро (ҳаёти инсон, саломатии одамон ва ғ.) таъмин мекунанд, баррасӣ мешавад.

4. Вобаста ба хусусияти худ ҳамлаҳои DоS ҳамчун намуди киберҷиноятҳо фарогири ду объект мебошад:

• Объекти асосии ин кирдорҳо мустақиман муносибатҳои ҷамъиятие ифода мегарданд, ки бо қонун асос ёфта, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибони маълумоти компютерӣ ва танзимгарони низомҳои иттилоотониро дар самти эҷод, истифодабарӣ, соҳибӣ намудан, паҳн намудан, пешниҳод намудан, коркарди маълумоти компютерӣ, фаъолияти бехатари компютерҳо, низоми компютерӣ, шабакаҳои алоқа, низомҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои ИК-электронӣ таъмин менамоянд;

• Объекти иловагии ин кирдорҳо муносибатҳои ҷамъиятие ифода мегардад, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ба расмият шинохта шуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷомеа ва давлатро таъмин мекунанд.

5. Аз баррасӣ ва таҳлили объекти ҷиноятҳо муқобили шабакаҳои интнренети ва таҷҳизотҳои ёрирасони онҳо бар меояд, ки ин кирдорҳои барои ҷамъият хавнок (нармфазорҳои зараррасон, ҳуҷумҳои DoS) на фақат ба амнияти иттилоотӣ зарар мерасонад, сониян ба муносибаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва ё гурўҳи зиёди номуайяни сайёра (махсусн, дар ҳолати терроризми маҷозӣ) зарар мерасонанд ё хавфи расонидани чунин зарарро ба бор меоранд. Қонунгузории ҷиноятии ватанӣ категорияи ҷинояти мазкурро дар боби 28 муқарар намудааст ва бо ба инобат гирифтани дигар муносибатҳои ҷамъияти, ин боб (чуночӣ терроризм дар фазои маҷозӣ, экстремизм дар фазои маҷозӣ, таъқиби маҷозӣ , мактуби фишигӣ) зарур меҳисобем, ки фасли нав дар КҶ ҶТ бо номи «Ҷиноятҳо муқобили амнияти киберӣ» ворид карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2