Зеҳн

АФКОРИ СИЁСИЮ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ

6 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои сиёсат, давлат,

ҳуқуқ ва иҷтимоиёт аз нигоҳи яке аз мутафаккирони тоҷику форс Ҳусайн Воизи Кошифӣ мавриди таҳлилу барраси қарор дода шудааст, ки ин натиҷаи пешрафти илми тоҷик дар тули таърихи инсоният мебошад, ки масоили давлату давлатдориро дар асрҳо ва сулолаҳои гуногун мавриди таҳқиқоти хеш қарор додаанд. Аз суханони Кошифӣ чунин бар меояд, ки сиёсат ва тадбири умумри мардум василаи таъмини манфиатҳо ва саодати ҳамаҷонибаи ҷомеа бояд бошад, на сирфан забт ва дар ихтиёр гирифтани қудрати идоракунии мардум. Дастёбӣ ба ҳадафҳои таъйиншудаи сиёсат аз нигоҳи Кошифӣ дорои аркони зерин мебошад, ки иҷрои ҳар кадоми онҳо дар идораи беҳтари давлату ҷомеа саҳми арзандаеро доро мебошанд.

Калидвожа: Воизи Кошифӣ, сиёсат, адолат, ҳуқуқ, иҷтимоиёт, ҷомеа, суботу оромиш, зулму ситам, вазифаҳову масъулият, афкори гуманистӣ, теократия, идора намудани давлат, мадади ҳамдигар, машварат, ҳоким.

Мавлоно Ҳусайн Ибни Алии Сабзаворӣ маъруф ба Воизи Кошифӣ соли 840/1420 дар Байҳақи Сабзавори Эрон ба дунё омада, соли 910/1505 дар Шаҳри Ҳирот аз дунё рафт. У дар улуми мухталиф монанди диншиносӣ, ҳунари суханварӣ, риёзиёт ва нуҷум маҳоратҳои зиёдеро касб намуда буд. Яке аз касоне буд, ки ҳамзамон бо Абдурраҳмони Ҷомӣ мезист ва тавассути вай низ бо асосҳо ва усуси тариқати суфигарӣ шинос шудааст. Ҳамчунин Амир Алишери Навоӣ низ яке дигар аз шахсони маъруф ва аз дарбориёни он замон буд, ки ўро ба навиштани китобҳои зиёд ташвиқу тарғиб менамудааст. Мутаносиб бо давраҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ирфонии Воизи Кошифӣ, ҳамчунин бар асоси вазифаҳову масъулиятҳое, ки дар тўли ҳаёти худ ишғол намудааст, асарҳои илмию ирфонӣ ва сиёсию иҷтимоии фаровоне аз вай бар ҷой мондааст, ки муҳимтарини онҳо «Тафсири Ҳусайнӣ», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Сабъаи Кошифӣ», «Лавомеъ-уш-шамс», «Мувоҳиб –уз-зуҳал», «Лавомеъ-ул-қамар», «Лубби лубоби Маснавӣ».

Мафҳуми сиёсат ва ақсоми он аз нигоҳи Кошифӣ. Баррасии андешаҳои сиёсию иҷтимоии Воизи Кошифӣ аз ҷиҳатҳои мухталиф дорои аҳамият аст. Зеро, аввалан у дар дастгоҳи иҷроияи ҳокимияти Темуриён ҳамчун қозӣ дар минтақаи Байҳақ иҷрои вазифа менамудааст ва бо усулу асосҳои кори сиёсӣ ошно будааст. Дуввум, дар Ҳирот низ ҳамчун масъули хонақоҳи онҷо таъйин гардида, фаъолият менамудааст. Севвум, робитаҳои наздик бо шахсони сиёсию иҷтимоии барҷастаи замони худ ҳамчун Амир Алишери Навоӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Султон Ҳусайни Бойқаро ва ғайра барқарор намуда буд, ки ин масъала низ ба аҳамияти таҳқиқи андешаҳои сиёсию давлатдори ва иҷтимоии вай меафзояд.

Сиёсат ва давлатдорӣ дар андешаи Кошифӣ, тадбири умури шахсӣ ва ҷамъӣ аст. Тавре, ки худи у навиштааст: «Сиёсат забт кардан аст. Сиёсат ду навъ аст: Яке сиёсати нафси худ ва дигарӣ сиёсати ғайри худ. Аммо, сиёсати нафс ба дафъи ахлоқи замима ва касби авсофи ҳамида аст ва сиёсати ғайри худ бар ду қисм аст: Яке сиёсати хавоси муқаррабони даргоҳ ва забту насақи инон. Дуввум, сиёсати авому раоё бар он ваҷҳ, ки бадону бадфеълонро бояд пайваста тарсону ҳаросон дорад ва некону неккирдоронро умедвор созад».

Масъалаи муҳим дар ин ҷумлаи нақлшуда аз Кошифӣ он аст, ки у сиёсатро забт кардану дар ихтиёр гирифтани умури идораи давлат ва ҷомеа медонад. Ба назари вай сиёсат ҳам дар арсаи фардӣ аст ва ҳам дар арсаи иҷтимоъ. Дар арсаи фардӣ сиёсати мавриди назари Кошифӣ назорат ва идора намудани нафси инсон аз анҷоми корҳои хато ва мазамматшуда мебошад. Яъне, тарбияту тазкия ва пок кардани нафси инсон аз ҳаргуна палидию нопокӣ. Фоидаи аслии риоят намудани дастуроти сиёсати фардӣ аз нигоҳи Кошифӣ дар он аст, ки ҳангоме як шахс тарбияти дуруст дида бошад ва ихтиёри нафсаш дар дастони худ бошад, идора намудани давлату ҷомеа бар вай осон мегардад. Вале, агар худи шахси ҳоким натавон аз сиёсатро дар нафси худ иҷро намояд, пас, чӣ тавр аз вай умеди он меравад, ки сиёсати иҷтимоии давлату ҷомеаро бар асоси манфиатҳои миллат ва ватан ба иҷро гузорад.

Аммо, сиёсати иҷтимоиро ба ду ҷараён шарҳ медиҳад: Яке, идора намудан ва назорат бар корҳову рафтори наздикони дарбори ҳокимият ва ба таври комил забт намудани онҳо дар ихтиёри ҳокими давлату ҷомеа. Таъсири муҳими ин масъала дар он аст, ки пас аз тарбияти дурусти нафси инсон аз лиҳози сиёсӣ, навбат ба тарбияти наздикони ҳоким мерасад. Ҳокими ҷомеа баъд аз тарбияти нафси худ бар асоси сиёсати дурусту саҳеҳ ва бар асоси манфиатҳои миллат ва ватан, бояд ба тарзи ҷиддӣ бар наздикони худ таваҷҷуҳи фаровон намуда, тарбият ва назорат бар рафтори онҳоро дар пеш гирад. Дар марҳилаи дуввуми сиёсати иҷтимоӣ навбат ба тадбири умури раъият ва умури мардум мерасад. Дар ин навбат бояд фазои сиёсию давлатдори ва иҷтимоии ҳокимият ба самте равона шавад, ки инсонҳои бад ва бадкирдор худ ба худ аз ҳокимият ва фазои сиёсии ҳоким бар он доиман ҳаросон бошанд ва хидматкорону некрафторон ҳамеша бояд умедвору ҳавасманд ба хидматгузорӣ бар манфиати давлату ҷоме бошанд.

Кошифӣ барои ҳокими давлату ҷомеа ду вижагии асосиро баён намудааст, ки онҳо адолат ва сиёсатварзӣ мебошанд. Ў дар бораи ҳар як аз ин ду асоси муҳими идораи давлату ҷомеа чунин баён мекунад: «Ло мулка илло бил-ъадл» ва «Ло ъадла илло бис-сиёсат». Маънои ин ибораҳо чунинанд, ки ҳеч мулке ҷуз бо адолат боқӣ ва давомнок намемонад ва ҳеҷ адолате ҷуз бо сиёсатварзию хирадмандию зиракии сиёсӣ иҷро намегардад. Пас, дар натиҷа чунин гуфтан мумкин аст, ки асоси ҳокимият адолат аст ва равишу методи иҷрои адолат сиёсатварзию хирадмандӣ ва зиракии сиёсӣ мебошад. Зеро, боз дар ҷои дигар чунин менависад: «Офатур-риёсат заъфус-сиёсат». Яъне, офат ва осеби асосӣ дар ҳокимият, надоштани хирадмандию зиракии сиёсӣ дар идораи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз суханони Кошифӣ чунин бармеояд, ки сиёсат ва тадбири умури мардум василаи таъмини манфиатҳо ва саодати ҳамаҷонибаи ҷомеа бояд бошад, на сирфан забт ва дар ихтиёр гирифтани қудрати идоракунии мардум. Дастёбӣ ба ҳадафҳои таъйиншудаи сиёсат аз нигоҳи Кошифӣ дорои аркони зерин мебошад, ки иҷрои ҳар кадоми онҳо дар идораи беҳтари давлату ҷомеа саҳми арзандаеро доро мебошанд:

Адолат асоси баҳсҳои Кошифӣ дар бораи вазифаҳои ҳокими ҷомеа масъалаи адолат аст. Адолат аз назари вай сабаби оростагию зебогӣ ва

равшанибахши ҳокимият ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Кошифӣ, ҳоким ва мулки вай бояд тавре бошад, ки ҳар кас аз сузиши зулми ситамгарон ва нодорию фақирӣ ва бечорагӣ ранҷе кашад, битавонад ба ҳокими одил ва мулки адолатпарвари он паноҳ бурда, ҳақи худро тавони ситонидан дошта бошад. Кошифӣ дар бораи мафҳуми адолат бар он аст, ки он вобаста ба гурўҳу нажод ва қавмияти хоссе набуда, балки ба ҳамаи табақаҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ тааллуқ дорад. Дар ғайри ин сурат суботу амният ва оромиши сиёсию иҷтимоӣ аз ҳама гирифта хоҳад шуд ва асосҳои мулку ҳокимият ба ларза хоҳад омад.

Албатта вазифаи ҳокими ҷомеа танҳо барқарории адолат нест, балки дар канори ин масъалаи муҳим, бояд зулму ситамро низ аз байн бурда, ҳар ду мафҳумро дар якҷоягӣ ба иҷро дароварад. Кошифӣ дар ҷои дигар чунин мефармояд: «Эй азиз! Аз суи оқибати зулм ва вахомати ситам барандеш».

Машварат – истифода аз фикру назари афроди ботаҷриба дар умуми сиёсии кишвар амри бисёр муҳим ба шумор меравад. Зеро, яке аз аркони асосии ҷомеаи босубот ва ором, таваҷҷуҳи ҳокимону сиёсатмадорон ба аҳли илму ҳикмат ва соҳиботи хираду тадбир мебошад. Кошифӣ дар бораи ин амри бисёр муҳиму зарурӣ се фоидаи асосиро зикр менамояд: Яке онки агар ҳокимони сиёсӣ дар идораи умумии давлату ҷомеа аз машварати аҳли ҳикмат ва хирадмандон баҳраманд гарданд, корҳояшон ба маслиҳату манфиат ва суботу оромиш анҷом мепазиранд ва хатогиҳо камтар ба чашм мерасанд.

Дигар он ки агар машварат набошад ду натиҷа ба даст меояд, ки дар ҳар ду сурат ба зарари ҳокимон хоҳад буд. Агар кор муваффақиятомез бошад, аҳли хирад ва ҳакимон ба вай мегуянд, ки чаро бидуни машварат чунин кори муҳимеро анҷом дода, аз оқибатҳои он давлату ҷомеаро огоҳ накардаӣ. Аммо, агар муваффақиятомез набошад, ҳама забони таънаву носизо мегушоянд, ки чун бидуни машварат анҷом додаӣ, чунин натиҷа ба даст омадааст. Пас, кори бемашварат ҳар натиҷае, ки ба даст оварад, асли ин хатогиро аз байн намебарад ва сарзаниши аҳли хираду ҳакимон доиман пушти сари он кор хоҳад буд.

Севвум, онки як зеҳни ҳоким ба танҳоӣ наметавонад ҳамаи паҳлуҳои масъаларо санҷида, хулосаи дурустро ба даст оварад. Чуноне, ки гуфта мешавад, ҳама чизро ҳама кас донад. Ба ҳамин сабаб Кошифӣ гуфтааст, ки «Ло савоба маъа таркил машварати». Яъне, ҳеҷ роҳи дурусту саҳеҳ вуҷуд надорад магар аз роҳи машварат ва ҳамфикрии аҳли хирад.

Ҳамчунин фоидаи дигари машварат аз нигоҳи Кошифӣ дар он аст, ки бори сангини масъулияти анҷоми корҳои сахти ҳокимият, аз гардани як ҳокими танҳо ба гардани ҳамаи аҳли хираду ҳикмат тақсим хоҳад шуд. Яъне, агар муваффақ бошад, ҳама дар он саҳм доранд ва агар шикаст бихурад, боз ҳама дар он саҳмгузор ҳастанд ва таънаҳову сарзанишҳо танҳо ба самти ҳоким равона нахоҳад шуд.

Рафтори хуб ва шоиста бо мардум ҳамроҳ бо афву бахшиши маҳрумону ситамдидагон сабаби таҳкими пояҳои ҳокимият мегарданд. Аз нигоҳи Кошифӣ афву бахшиши хатокорон тавассути ҳокимон дар айни ҳоле, ки қудрати ҷазо доданро дорад, аз беҳтарин сифатҳо, балки аз аркони суботи ҳокимият ба ҳисоб меравад.

Аз дигар нишонаҳои некрафторию хушгуфтории ҳокимон одоби муомила ва муошират бо мардумон аст. Хулосаи ин масъаларо Кошифӣ дар он медонад, ки иззату ҳурмат ва обрўи мардумонро ба ниҳояти дараҷа бояд ҳифз намуд. Зеро, агар ҳокимон чунин накунанд, зердастону кормандони ҳокимият аслан чунин масъалаи муҳимро ба инобат нагирифта, сабаби озору азият ва нороҳатии мардумон мегарданд.

Ҳазму дурандешӣ, ҳилму бурдборӣ ва фурутанию тавозуъ низ аз дигар хислатҳои некрафторию хушгуфтории ҳокимон аз нигоҳи Кошифӣ ба шумор мераванд, ки риояти ҳар кадом аз онҳоро барои амалдорон амри зарурӣ мешуморад.

Дурӣ аз истибдод – нуктаи муҳими дигар дар боби аслҳои ҳокимият аз нигоҳи Кошифӣ дурӣ намудани ҳокимон аз истибдод мебошад. Воизи Кошифӣ решаи ин масъаларо дар шахсияти ҳокимон медонад. Набояд ҳоким танҳо фикру назари худро дар умури идоракунии давлату ҷомеа ба иҷро гузорад, ки дар натиҷа истибдоду зулм дар ҳамаи арсаҳо намоён хоҳад шуд. Балки, ҳоким дар идораи ҷомеа бояд ба умуре пардозад, ки сабаби хидмати бештар ба мардум бар асоси маслиҳат ва манфиати ҳамаи ҷомеа мегарданд.

Ҳамчунин, дар ин роҳ бояд аз фикру назари ҳамаи гурўҳҳо махсусан, аҳли хираду ҳакимон истифода бурда, суботу оромиши ҷомеаро барои ҳамагон таъмин намуд, зеро, Кошифӣ бадтарин намунаи қудратмандию ҳокимиятро истибдод медонад: «Биъсал истиъдод, ал-истибдод». Яъне, як ҳоким мумкин аст қудратманд бошад ва истибдод низ дошта бошад, ки ин бадтарин навъи қудрат аз нигоҳи сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Футувват ва ҷавонмардӣ -футувват яке аз ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию фалсафии гузаштагон буда, аз давраҳои пеш ҳамчун зодаи

ҷомеаи табақотӣ маълум буда, асосан ба табақаҳои аҳли меҳнати шаҳрӣ ва ҳунармандону косибон тааллуқ доштааст. Футувват ё ҷавонмардӣ, ки решаи паҳлавӣ дошта, дар замони Сосониён ва дар китоби «Авасто» чун истилоҳи ахлоқию сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода будааст. Моҳияти таълимоти ахлоқии футувват аз баробарӣ ва бародарӣ дар ҷомеа, хайрхоҳии саросарии иҷтимоӣ, мадади ҳамдигар, сабр, бурдборӣ, ҷазои золимон, дастгирии ятимон ва ғайра иборат аст. Дар таълимоти футувват васфи меҳнат мақоми шоиста дошта ба маънои хирадмандӣ ва таъсири он дар вуҷуди одамӣ аст. Идеали иҷтимоии футувват ва ҷавонмардӣ ҷамъиятест, ки дар асоси мафҳуми баробарию бародарии сиёсю ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бунёд гардидааст.

Айни замон ин мавзуъ яке аз омилҳои пайдоиши афкори гуманистӣ ва демократии адибони пешқадами ҷомеа мебошад. «Футувватномаи султонӣ» яке аз боарзиштарин осори панду ахлоқӣ ва иҷтимоии Воизи Кошифӣ буда, аз ҷиҳати дарбар гирифтани асосҳои футувват ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғиботӣ дар таърихи сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Даринасароидба тариқиаҳлифутувват,одоби гуфтор, одоби пӯшидани либос, одоби муошират, одоби устодию шогирдӣ, тавҳид, ҷойгоҳи бошарафи илм, одобу аркони тасаввуф, нигоҳ доштани аҳд, одоби сафар кардан, тоҷ ва тоҷдорӣ, шарҳи аҳли зӯр ва маъракагирон, сифати аҳли бозӣ ва варзишкорон сухан меравад.

Бояд қайд намуд, ки Кошифӣ яке аз мутафаккирони тоҷику форс мебошад, ки дар масъалаи давлат, ҳуқуқ, сиёсат ва ҷомеа назарияи созанда пешниҳод намудааст, ки мафҳум ва моҳияти худро дар замони муосир гум накардааст ва метавон дар замони имруза бо қонунҳои муосир муқоиса намуда ва дар раванди идоракунӣ ҷомеа ба роҳ монда шавад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2