Зеҳн

МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ БЕКОР КАРДАНИ НИКОҲ

6 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Чуноне, ки маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, қатъи ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ нишонаи афзоишӣ дорад. Чунин ҳолат амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ақди никоҳ ва оила халалдор мекунад. Аз ин хотир, мониторинги мунтазами қайд ва қатъи ақди никоҳ, омилҳо ва сабабҳои он, таҳрезии роҳҳои мустаҳкам намудани оила яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила мебошад. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҳуқуқии бекор кардани никоҳ мавриди омўзиш қарор дода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои соли 2023 таъкид доштанд, ки "Рушди устувор ва босуръати кишвар, бахусус татбиқи стратегияҳои дарозмуддат ва миёнамӯҳлат ва барномаҳои кишвар таъмини саривақтӣ ва босифати асосҳои ҳуқуқии онҳоро тақозо менамояд". Ба гуфтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, камбудиҳои меъерӣ дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ бояд таҳти таҳлили доктриналӣ ва дар шакли меъерҳои алоҳидаи қонун ифода карда шаванд. Таҳлили муносибатҳои воқеии оилавӣ ҳамчун санади мустақили ҳуқуқи шаҳрвандӣ бо он муҳим аст, ки на ҳама мушкилоти марбут ба он аз ҷониби қонунгузор ҳал карда шудаанд, дар ҳоле ки аксарияти онҳо дар робита ба эътибор пайдо кардани муқаррароти Кодекси мадании ҶТ аҳамияти махсус пайдо кардаанд. Ҳамчунин Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 гуфта мешавад: "Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқии ақди никоҳ ва оила бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла таъмини ҳуқуқи инсон ба ташкили оила, солимии оила, тарбияи фарзандон равона гардидааст. Ҳамзамон, раванди афзоиши қатъи ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ақди никоҳ ва оила халалдор мекунад. Аз ин хотир, мониторинги мунта-

зами қайд ва қатъи ақди никоҳ, омилҳо ва сабабҳои он, таҳрезии роҳҳои мустаҳкам намудани оила яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ақди никоҳ ва оила мебошад".

Падидаи никоҳ дар таърихи инсоният аз қадим ҳамчун шакли пайдошавии оилаи мустақил вуҷуд дорад. Ф.Энгельс дар асари худ “Пайдоиши оила, ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва давлат” чунин менависад: "Рушди оила дар давраи ибтидоӣ аз маҳдуд кардани доирае иборат аст, ки дар ибтидо тамоми қабиларо фаро мегирад ва дар дохили он умумияти робитаҳои издивоҷ байни ҳарду ҷинс ҳукмрон аст. Пас никоҳи дукаса пайдо мешавад, ва ба он оила асос меёбад».

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз ду намуди никоҳ ҳамчун асоси пайдошавии оила мавҷуданд: яке – никоҳи дар мақомоти САҲШ ба қайд гирифташуда, ва дигаре – никоҳи воқеӣ.

Б.С.Раҷабзода чунин менависад: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳҳои воқеӣ берун аз доираи танзими ҳуқуқӣ мемонанд ва ин навъи никоҳ бо Кодекс оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда нашудааст ва хилофи дигар қонунҳо мебошад.

Никоҳҳои воқеӣ аз ҷониби давлат ҳамчун иттифоқи зану мард бо мақсади ташкили оила эътироф карда намешаванд, ки боиси як қатор мушкилоти ҳуқуқӣ мегардад. Аввалин мушкилӣ – ин тақсимоти молу мулке мебошад, ки дар давраи никоҳи воқеӣ ба даст оварда шудааст. Мушкили дуюм, дар сурати фавти яке аз ҳамсарони воқеӣ ҳамсари дуюм вориси тибқи қонун эътироф карда намешавад. Сеюм, проблемаи ҳуқуқи кўдаконе, ки дар никоҳи воқеӣ таваллуд шудаанд, дар амалия татбиқи ҳуқуқ ба мушкилиҳои муайян оварда мерасонад». Ҳама гуфтаҳо оиди мушкилоти ҳуқуқӣ, ки дар чорчубаи никоҳи воқеӣ ба вуқўъ мепайванданд, ба шаҳрвандон малум аст, лекин то имрўз никоҳи воқеӣ ҳамчун одати ҷамъиятӣ хислати устуворонае дорад, ва чуноне,ки қайд гардида буд, ба мушкилоти бисёри ҳуқуқӣ дар ҳолати қатъ гардидани ақди чунин никоҳ мегардад.

Дар илми ҳуқуқи оилавӣ зери мафҳуми қатъ гардидани ақди никоҳ қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқии байниҳамдигарии ҳамсарон фаҳмида мешавад, ки вобаста ба бастани ақди никоҳ ба вуҷуд омадаанд. Мафҳуми қатъ гардидани ақди никоҳро аз мафҳуми бекор намудани ақди никоҳ фарқ бояд кард. Ҳамзамон мафҳуми қатъ гардидани никоҳ аз ҷиҳати мазмун васеътар буда, фарогири мафҳуми бекор кардани никоҳ низ мебошад . Академик Маҳмудзода М.А. тартиби қатъ гардидани никоҳро ба ду намуд тақсим кардааст: яке дар мақомоти суд ва дигаре дар САҲШ. «Дар вақти дар ҳаёт будани зану шавҳар – менависад М.А.Маҳмудзода, никоҳ дар натиҷаи аризаи яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо дар суд бекор карда мешавад» .

Зану шавҳар дар бекор кардани ақди никоҳ низ аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд, ки бо принсипи розигии ҳамдигарии марду зан барои ақди никоҳ ва озодона бастани ақди никоҳ мувофиқат мекунад. Бекор кардани ақди никоҳ боиси қатъи муносибатҳои оилавӣ байни зану шавҳар дар оянда мегардад, вале мумкин аст баъзе аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар нисбати ҳамдигар нигоҳ дошта шавад, масалан таъмини моддии яке аз тарафҳо, агар асосҳои қонун пешбиникарда вуҷуд дошта бошанд ва ё дар шартномаи байни онҳо чунин шарт пешбинӣ шуда бошад.

Бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо сурат мегирад. Ба зану шавҳар ҳуқуқи бекор кардани ақди никоҳро ироа намуда, дар айни замон қонун ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки бо ихтиёри худ тартиби бекорнамоии онро интихоб намоянд. Асосҳое, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо бекорнамоии ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва суд имкон дорад, дар қонун (м. 40 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва м. 21 Кодекси оилаи ҶТ) муқаррар шудаанд. Вобаста ба асосҳои дар қонун мавҷудбуда, зану шавҳар ҳуқуқ доранд барои бекорнамоии ақди никоҳ ба мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё суд муроҷиат намоянд.

Агарчи Конститутсия дар бекор кардани ақди никоҳ баробарҳуқуқии зану шавҳарро эътироф намудааст, вале Кодекси оила оиди ҳуқуқи шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ маҳдудият пешбинӣ намудааст. Тибқи муқаррароти қ. 1 м. 17 Кодекси оила шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2