Зеҳн

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ ОИД БА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН

6 ноябри 2026 · 17 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 17 дақиқа хондан

Мақолаи мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи муқаррароти умумии марбут ба назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар доираи таҳқиқот моҳияти ҳуқуқии назорати давлатӣ ҳамчун унсури калидии идоракунии давлатии захираҳои замин, принсипҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи он, шаклҳо ва усулҳои амалисозии назорат мавриди баррасӣ қарор мегирад. Муаллиф ба зинаҳои ташаккули низоми назорати давлатии замин тавассути таҳлили асосҳои конститутсионӣ, қонунҳои соҳавӣ, санадҳои зерқонунӣ ва таҷрибаи амалии мақомоти ваколатдор таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Дар мақола масъалаҳои таъмини истифодаи мақсаднок, самаранок ва устувори замин, пешгирии вайронкунии қонунгузорӣ, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ миёни давлат, корбарони замин ва мақомоти назоратӣ, ҳамчунин нақши махсуси назорати экологӣ дар ҳифзи замин аз бадшавии ҳолати экологӣ таҳлил шудаанд. Муаллиф ба мушкилоти мавҷудаи низоми назорат, аз ҷумла норасоии базаи маълумот, сатҳи пасти рақамисозӣ, нокифоягии таҳсили мутахассисон, ҳамоҳанг набудани фаъолияти мақомоти назоратӣ ва носамаранокии баъзе меъёрҳои амалкунанда ишора менамояд.

Бар асоси омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ пешниҳодҳои амалӣ барои такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии назорати давлатӣ пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла, зарурати такмили қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани мониторинги доимии замин бо истифода аз технологияҳои геоинформатсионӣ, ташкили низоми ягонаи бақайдгирӣ ва назорати замин, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти назоратӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳамкории байниидоравӣ таъкид мегардад.

Калидвожаҳо: назорати давлатӣ, замин, ҳифзи замин, истифодаи самаранок, қонунгузории замин, мониторинги замин, мақомоти назоратӣ.

Замин ҳамчун воситаи муҳим ва манбаи асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми махсуси ҳуқуқӣ мебошад. Моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки замин моликияти истисноии давлат буда, давлат

истифодаи самаранок ва ҳифзи онро кафолат медиҳад. Дар чунин шароит назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин яке аз муҳимтарин механизмҳои таъминкунандаи риояи қонунгузории замин, тартиботи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои иқтисодиву экологии ҷомеа мебошад.

Бо рушди босуръати муносибатҳои замин, афзоиши фишор ба захираҳои табиӣ ва афзоиши ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қитъаҳои замин аҳамияти назорати давлатӣ дар ин соҳа бештар мегардад. Ин мақола ба шарҳи умумии муқаррароти ҳуқуқии назорати давлатӣ, вазифаҳо, принсипҳо, шаклҳо ва механизми амалӣ шудани он бахшида шудааст.

Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин яке аз самтҳои калидии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он таъмини риояи қонунгузорӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки замин, инчунин ҳифзи он аз вайроншавӣ ва камшавии қобилияти истеҳсолӣ мебошад.

Назорати давлатии замин тибқи моддаи 68 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми чораҳои ҳуқуқӣ, ташкиливу техникӣ ва пешгирикунандае мансуб аст, ки бо мақсади таъмини риояи қатъии қонунгузории замин аз ҷониби корбарони замин амалӣ карда мешавад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, масъалаи назорати давлатии замин дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраи қабули Кодекси замини соли 1996 дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар гардида, минбаъд бо санадҳои зерқонунӣ такмил ёфтааст. Дар асоси ин санадҳо, давлат фаъолияти назоратиро тавассути мақомоти ваколатдор аз ҷумла; Кумитаи замин ва геодезия назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Прокуратура ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ амалӣ менамояд.

Мафҳуми “назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин” дар қонунгузории миллӣ ба таври мустақим муайян нашуда бошад ҳам, аз мазмуни меъёрҳои дахлдор бармеояд, ки он система ва маҷмуи чораҳоест, ки ба таъмин намудани иҷрои дурусти талаботи қонунҳои заминдорӣ ва ҳифзи муҳити зист равона шудаанд.

Мақомоти назорати давлатӣ уҳдадоранд, ки дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, шаффофият, самаранокӣ ва устувории экологиро риоя кунанд. Онҳо вазифадоранд, ки ҳолати истифодаи заминҳоро мунтазам таҳлил намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ тадбирҳои ислоҳиро татбиқ намоянд.

Аз рӯи моҳияти худ, назорати давлатӣ дар соҳаи замин дорои хислати комплексӣ мебошад, зеро истифодаи замин бо муносибатҳои гуногуни ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, фаъолияти назоратӣ бояд на танҳо санҷишҳои маъмурӣ, балки таҳлили самаранокии истифодаи замин, баҳисобгирии зарари экологӣ ва баҳодиҳии таъсири фаъолияти инсон ба муҳитро дар бар гирад.

Дар шароити муосири Тоҷикистон, низоми назорати давлатӣ бояд аз шакли анъанавии санҷиш ба модели идоракунии таҳлилӣ ва пешгирикунанда табдил ёбад. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти мақомоти назоратӣ набояд танҳо ба ошкорсозии қонуншиканӣ, балки ба пешгирӣ ва тавсияи чораҳои ислоҳӣ равона карда шавад.

Дар амалия, иҷрои назорати давлатӣ тавассути се шакли асосӣ сурат мегирад:

1. Назорати ҷорӣ (оперативӣ) – дар ҷараёни фаъолияти доимӣ амалӣ мегардад;

2. Назорати пешгирикунанда – пеш аз қабули қарорҳои муҳими заминдорӣ анҷом меёбад;

3. Назорати баъдӣ (пас аз амал) – ҳангоми ар- зёбии натиҷаҳои татбиқи қонунгузорӣ гузаронида мешавад.

Ин шаклҳо дар якҷоягӣ имкон медиҳанд, ки давлат ҳолати умумии истифодаи заминро таҳти назорати доимӣ нигоҳ дорад.

Аз нигоҳи ҳуқуқшиносии муосир, назорати давлатӣ бояд на танҳо ҳамчун ҷараёни санҷиш, балки ҳамчун механизми устувори идоракунӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқҳои заминдор баррасӣ гардад. Бо назардошти ин, вазифаҳои мақомоти назоратӣ бояд васеътар шаванд онҳо бояд тавонанд мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии даврии ҳолати заминҳоро ба роҳ монанд.

Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рушди рақамисозӣ, фаъолияти назоратӣ бояд ба принсипи дастрасӣ ва шаффофияти иттилоотӣ асос ёбад. Мақомоти давлатӣ бояд имконият диҳанд, ки маълумот дар бораи ҳолати истифода ва ҳифзи замин барои ҷомеа, олимон ва коршиносон дастрас бошад. Дар баробари ин, зарурати таҳияи низоми ягонаи электронии бақайдгирӣ ва назорат эҳсос

мешавад, ки дар он тамоми маълумот оид ба замин, қонуншиканӣ, чораҳои бартарафсозӣ ва натиҷаҳои санҷишҳо сабт гарданд. Ин гуна низом имкон медиҳад, ки назорати давлатӣ бо усулҳои муосири таҳлили маълумот (big data, GIS) ҳамоҳанг карда шавад.

Мақоми марказии амалӣ намудани назорати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия амал мекунад. Ин ниҳод дорои ваколатҳои фарох буда, метавонад санҷиш гузаронад, талабнома ирсол намояд, таҳримҳои маъмурӣ татбиқ кунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд.

Дар баробари мақомоти марказӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ низ дар доираи ваколатҳои худ вазифадоранд, ки назорати мунтазам аз болои истифодаи заминро таъмин намоянд. Онҳо вазифадоранд, ки ҳолатҳои вайронкунии қонунгу- зории замин, мисли ишғоли ғайриқонунӣ, истифо- даи нодуруст, беасос будани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ғайраро ошкор ва ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.

Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ, таъмини ҳамоҳангии байниидоравӣ мебошад. Ҳоло дар амалия, бисёр мақомот фаъолиятро мустақилона ва бе ҳамоҳангӣ анҷом медиҳанд, ки ин боиси такроршавӣ ва камсамарӣ мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки механизми ҳамкории расмӣ байни мақомоти назорати замин, Кумитаи замин, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, прокуратура ва судҳо таҳия гардад.

Илова бар ин, барои амалисозии назорати самаранок, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб ва таҳияи стандартҳои ягонаи баҳогузорӣ муҳим мебошад. Ин талабот имкон медиҳад, ки натиҷаи санҷишҳо ба таври илмӣ асоснок шуда, хулосаҳо ва тавсияҳо бо далелҳои объективӣ дастгирӣ ёбанд.

Яке аз самтҳои муҳим дар рушди минбаъдаи назорати давлатӣ рақамисозии фаъолияти назоратӣ мебошад. Бо истифода аз платформаҳои рақамӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд:

1. Маълумотро дар вақти воқеӣ ҷамъоварӣ кунанд;

2. Назоратро бо харитаҳои геоахборӣ (GIS) ҳамоҳанг созанд;

3. Таҳлили автоматии ҳолатҳои вайронкуниро анҷом диҳанд;

4. Ҳисоботҳои дақиқ ва шаффоф таҳия намоянд.

Ин усул на танҳо шаффофиятро афзоиш медиҳад, балки имконият медиҳад, ки воситаҳои давлат барои ҳифзи замин самаранок ва сарфакорона истифода шаванд.

Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда, метавон ба чунин хулоса омад, ки механизми ҳуқуқии амалисозии назорати давлатӣ дар Тоҷикистон бояд ба модели мутобиқ бо талаботи рушди устувор ва иқтисоди рақамӣ такмил дода шавад.

Ҳамзамон, зарурати таҳияи стратегияи миллии назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин пеш меояд, ки дар он ҳадафҳо, вазифаҳо, нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои баҳогузории фаъолияти мақомоти назоратӣ муқаррар шаванд.

Масъалаи татбиқи самараноки назорати давлатӣ дар соҳаи замин ба сатҳи иҷрои қонунгузорӣ ва фарҳанги ҳуқуқии субъектҳои истифодаи замин вобастагии мустақим дорад. Дар Тоҷикистон, бо вуҷуди мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқӣ, мушоҳида мешавад, ки қисми зиёди қонуншиканиҳо дар соҳаи истифодаи замин на аз сабаби набудани қонун, балки аз сабаби фурсатталабӣ ва сатҳи пасти огоҳии ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сар мезананд.

Назорати давлатӣ бояд ба таври муассир на танҳо ба ошкорсозӣ ва ҷазо, балки ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ тавассути баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон равона карда шавад. Барои ин, зарур аст, ки мақомоти давлатӣ барномаҳои таълимӣ ва иттилоотиро таҳия ва амалӣ намоянд, ки ба фаҳмонидани аҳамияти истифодаи оқилонаи замин нигаронида шуда бошанд.

Яке аз мушкилоти ҷиддии амалии низоми назоратӣ норасоии захираҳои молиявӣ ва техникӣ мебошад. Аксари мақомоти ваколатдор имкони истифодаи васоити муосири мониторинг, мисли системаи геоахборӣ (GIS), дронҳо ва харитаҳои рақамиро надоранд. Ин ҳолат боис мегардад, ки назорат асосан бо усулҳои анъанавӣ яъне тавассути санҷиши ҳуҷҷатҳо ва боздидҳои саҳроӣ сурат гирад, ки ин усулҳо на ҳамеша самараноканд.

Таҷдиди техникии низоми назоратӣ яке аз самтҳои асосии ислоҳот бояд бошад. Бо ҷорӣ наму- дани воситаҳои рақамӣ ва мониторинги фосилавӣ, давлат метавонад назорати самараноки заминҳоро таъмин намояд, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, ки дастрасии кормандони назоратӣ маҳдуд аст.

Дар баробари ин, яке аз ҷанбаҳои муҳими назорати давлатӣ таъмини шаффофияти натиҷаи санҷишҳо мебошад. Ҳоло маълумоти марбут ба қонуншиканиҳо ва натиҷаи чораандешӣ аксаран танҳо дар дохили ниҳодҳои давлатӣ нигоҳ дошта мешавад, ки чунин маълумот дар портали ягонаи

кушоди давлатӣ ҷой дода шавад, то ки ҷомеа аз ҳолати воқеии истифодаи замин огоҳ бошад.

Ин амр на танҳо шаффофиятро таъмин мекунад, балки эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти давлатӣ тақвият мебахшад. Ба ин васила, давлат метавонад як муҳити ҳамкоронаи иҷтимоиро байни мақомоти назоратӣ, ҷомеа ва соҳибони замин ташкил диҳад.

Ғайр аз ин, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки дар кишварҳои пешрафта назорати давлатӣ бештар ба усули аудити экологӣ ва идоракунии хавфҳо асос ёфтааст. Яъне, ба ҷои тафтишоти умумӣ, диққат ба он самтҳое равона мегардад, ки хатари вайроншавии замин ва муҳит баланд аст. Барои мисол, дар Иттиҳоди Аврупо мониторинги истифодаи замин бо истифода аз маълумоти моҳвораӣ анҷом дода шуда, маълумоти мазкур барои таҳияи сиёсати давлатӣ истифода мешавад.

Татбиқи чунин таҷриба дар Тоҷикистон низ имконпазир аст, агар қонунгузорӣ ва инфрасохтори рақамӣ мувофиқ карда шаванд. Бо ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ метавон асоси ҳуқуқии истифодаи технологияи рақамиро барои назорат ва мониторинг муқаррар намуд.

Аз назари илми ҳуқуқшиносӣ, бояд қайд кард, ки назорати давлатӣ наметавонад аз масъулияти шаҳрвандӣ ва иқтисодии субъектҳои хоҷагидор ҷудо бошад. Ҳар шахси истифодакунанда ё соҳибмулки замин уҳдадор аст, ки ҳолати зироат, обёрӣ, эрозия ва фарсудашавии хокро назорат намуда, чораҳои пешгирикунандаро амалӣ созад. Дар ин маврид, назорати давлатӣ ҳамчун кафолати ниҳоӣ амал мекунад, ҳангоме ки назорати дохилӣ аз ҷониби истифодабаранда самаранок нест. Дар ҳамин замина, ба қонунгузории миллӣ механизми назорати дохилии замин (self-control) ворид карда шавад, ки тибқи ин механизм, субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки ба мақомоти давлатӣ ҳисоботҳои даврӣ дар бораи ҳолати замин пешниҳод кунанд, ки ин усул дар таҷрибаи кишварҳои пешрафта васеъ истифода мешавад.

Аз ҷиҳати сиёсати давлатӣ, назорати самаранок танҳо дар сурате имконпазир аст, ки дар ҷомеа системаи ягонаи арзёбӣ ва баҳогузории ҳолати замин мавҷуд бошад. Барои ин, бояд стандартҳо ва меъёрҳои ягонаи миллӣ оид ба индикаторҳои ҳолати хок, дараҷаи эрозия, сатҳи таназзул ва ҳосилнокӣ таҳия шаванд. Ҳамин гуна меъёрҳо имкон медиҳанд, ки натиҷаҳои назорат ба таври илмӣ муқоиса ва таҳлил шаванд.

Дар замони муосир, назорати давлатӣ бояд ҳам- чун ҷузъи системаи идоракунии устувори замин бар- расӣ гардад. Яъне, мақсад танҳо ошкор кардани вайронкунӣ набуда, балки таъмини тавозуни байни истифодаи иқтисодӣ ва ҳифзи экологӣ мебошад.

Назорати давлатӣ дар соҳаи замин на танҳо як воситаи ҳуқуқӣ, балки омили калидии сиёсати давлатӣ дар рушди деҳот, амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Зеро замин асоси ҳаёт ва рушди ҷомеа аст, ва бе назорати дуруст, имкони- яти истифодаи устувори он аз байн меравад.

Дар натиҷа, таҳлили умумӣ нишон медиҳад, ки низоми амалкунандаи назорати давлатӣ дар Тоҷикистон ниёз ба таҷдид дорад. Зарур аст, ки ба ҷои назорати формалӣ ва реактивӣ, назорати таҳлилӣ ва пешгирикунанда, ки ба маълумоти илмӣ ва рақамӣ такя мекунад, ҷорӣ карда шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар таҳлили ҳуқуқии назорати давлатӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ин мавқеи ҳуқуқии мақомоти назораткунанда мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин аз як қатор мақомоти соҳавӣ иборат аст, ки ҳар кадом дар доираи ваколатҳои худ амал менамоянд. Аммо таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки такрори салоҳиятҳо ва номуайянии марзи масъулият миёни ин мақомот ба мушкилоти ҷиддӣ оварда мерасонад.

Барои мисол, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Прокуратура инчунин Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамаи онҳо ҳуқуқи муайян барои назорат доранд. Вале набудани низоми ҳамоҳангсозии байниидоравӣ сабаб мегардад, ки баъзан санҷишҳо такрорӣ, маълумотҳо мухталиф ва натиҷаҳо номуътадил бошанд.

Дар робита ба мазмуни ҳуқуқии назорати давлатӣ бояд қайд кард, ки ин мафҳум на танҳо маънои санҷиши ҳуҷҷат ё ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниро дорад. Балки он ҳамчун раванди системавии идоракунӣ баррасӣ бояд шавад, ки инҳоро дар бар мегирад:

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи ҳолати истифодаи замин;

- баҳодиҳӣ ба мутобиқати амалҳои истифо- дабарандагон бо меъёрҳои қонунгузорӣ;

- татбиқи чораҳои пешгирӣ ва барқарорсозӣ;

- таҳияи тавсияҳо барои такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи замин.

Ин равиш ба он мусоидат мекунад, ки назорат ба як механизми фаъоли таҳлилӣ табдил ёбад, ки дар он тафтиш ва пешгирӣ дар як низом ҷойгир карда шаванд.

Бо дарназардошти хусусияти ҷамъиятии захираҳои замин, назорати давлатӣ наметавонад танҳо вазифаи як ниҳоди давлатӣ бошад. Баръакс, он бояд як низоми бисёрсатҳии идоракунӣ бошад, ки дар он мақомоти давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ ҳамкории зич дошта бошанд.

Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии назорат зарур аст, ки санадҳои ҳуқуқии зерқонунӣ низ таҷдид шаванд. Масалан, қоидаҳои тартиби гузаронидани санҷишҳо, шаклҳои ҳисобот, тартиби таҳияи актҳои назоратӣ ва меъёрҳои баҳодиҳӣ бояд мутобиқ ба талаботи замони муосир гарданд, ки бе ин ислоҳоти меъёрӣ, назорати давлатӣ танҳо ба шакли расмӣ боқӣ мемонад ва наметавонад ҳадафи аслии худро яъне таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи самараноки замин амалӣ созад.

Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии он ин аст, ки татбиқи дақиқи талаботи қонунгузории замин ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии қитъаҳои замин таъмин карда шавад.

Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раванди ислоҳоти замин идома дорад, назорати давлатӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Зеро масъалаи самаранок истифода бурдани заминҳо, бахусус заминҳои кишоварзӣ, на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки масъалаи амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори давлат мебошад.

Дар ин замина, яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар қонунгузории амалкунанда мавҷуд аст, таносуби ваколатҳои мақомоти назоратӣ дар сатҳҳои гуногун мебошад. Мувофиқи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз тарафи мақоми ваколатдори батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Аммо таҷрибаи амалии солҳои охир нишон медиҳад, ки чунин тақсимоти вазифаҳо дар аксар маврид такроршавии салоҳият ва нофаҳмӣ дар иҷрои вазифаҳоро ба миён меорад. Барои мисол, дар баъзе ҳолатҳо ду мақомот як масъалаи мушаххасро тафтиш мекунанд, ки ин боиси сарфи зиёди вақт ва маблағ мегардад. Бо дарназардошти ин, зарур аст, ки системаи ягонаи иттилоотии назорати давлатӣ таъсис дода шавад, ки дар он маълумоти ҳамаи мақомоти масъул дар бораи қитъаҳои замин, ҳолати истифода, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва натиҷаҳои санҷишҳо мутамарказ гарданд.

Ин гуна низом дар бархе аз давлатҳои па- сошӯравӣ аллакай амал мекунад. Масалан, дар Ҷумҳурии Қирғизистон соли 2021 системаи электро- нии “Маъхази ягонаи иттилоотии назорати замин” таъсис дода шудааст, ки ба воситаи он мақомоти назоратӣ метавонанд натиҷаи санҷишҳоро дар вақти воқеӣ мубодила кунанд ва дар Тоҷикистон низ татбиқи чунин платформаи ягона имкон медиҳад, ки самаранокии назорати давлатӣ баланд шавад ва им- кони фасод (коррупсия) дар равандҳои санҷишӣ кам гардад.

Ҳамзамон, муҳим аст, ки принсипи пешгирӣ аз вайронкуниҳои ҳуқуки замин ба маркази таваҷҷуҳи фаъолияти назоратӣ давлатӣ табдил ёбад. Яъне, мақомот на танҳо пас аз рух додани қонуншиканӣ вокуниш нишон диҳанд, балки пешакӣ тавассути мониторинг ва тавсияҳои пешгирикунанда амал кунанд то, ки қонуншиканӣ рух надиҳад.

Дар ин самт, ҷорӣ намудани мониторинги геоахбории замин бо истифода аз технологияи GIS ва аксбардории моҳвораӣ як иқдоми зарурӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки тағйироти ҳолати замин, мисли ишғоли худсарона ё истифодаи ғайримақсаднок, ба таври автоматӣ муайян карда шаванд.

Дар ҳамин замина, барномаи давлатии “Рушди устувори деҳот” (пас аз соли 2030) фасли алоҳидае таҳия гардад, ки масъалаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсатҳои иқтисодӣ ва экологӣ муайян намояд.

Аз таҳлили мазмун ва муҳтавои муқаррароти умумии назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин бармеояд, ки ин институт яке аз пояҳои асосии сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ мебошад. Назорати давлатӣ на танҳо воситаи вокуниш ба вайронкуниҳои қонунгузорӣ, балки асоси пешгирӣ, танзим ва рушди устувори муносибатҳои заминдорӣ ба шумор меравад, ки дар давраи муосир ин муносибатҳои заминӣ характери бозорӣ пайдо кардаанд, масъулияти давлат дар самти таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо боз ҳам зиёд мегардад. Давлат бояд на танҳо қонун қабул намояд, балки самаранокии иҷрои онро таъмин созад. Барои ин, сохтори низоми назорати давлатӣ бояд ба таври во- зеҳ муайян шуда, такроршавии салоҳиятҳо байни мақомоти гуногун аз байн бурда шавад.

Хулоса, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз унсурҳои муҳимтарини низоми идоракунии давлатии замин ба ҳисоб рафта, дар таъмини риояи қонунгузории

замин ва истифодаи самараноку устувори қитъаҳои замин нақши ҳалкунанда мебозад. Таҳлили муқаррароти умумии ҳуқуқии мавҷуда нишон медиҳад, ки давлат бо такя ба Конститутсия, Кодекси замин ва қонунҳои соҳавӣ ҳадаф дорад истифодаи оқилона, ҳифзи экологии замин ва пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳоро таъмин намояд.

Моҳияти назорати давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун механизми кафолатдиҳанда барои риояи қонунгузории замин амал карда, дорои вазифаи ҳам ташхисӣ, ҳам пешгирикунанда ва ҳам ислоҳкунанда мебошад. Назорати давлатӣ имкон медиҳад ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок, худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин, вайрон кардани талаботи экологӣ ва дигар қонунвайронкуниҳоро сари вақт ошкор ва пешгирӣ намоянд.

Ҳамин тавр, таҳлили муқаррароти умумии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин нишон медиҳад, ки ин навъи назорат яке аз воситаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи замин ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии он таъмини риояи талаботи қонунгузории замин, пешгирии қонунвайронкуниҳо, ҳифзи захираҳои замин ва таъмини истифодаи устувори онҳо мебошад.

Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин дар асоси принсипҳои қонуният, шаффофият, низоммандӣ, масъулият ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ваколатдор амалӣ мегардад. Қонунгузории амалкунанда салоҳияти як қатор мақомоти давлатиро дар ин самт муқаррар намудааст, ки ҳар яке дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳои назоратиро иҷро менамояд. Бо вуҷуди ин, таҷрибаи амалии солҳои охир нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин низоми бисёрсубъектӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси такроршавии салоҳиятҳо, номуайянӣ дар тақсимоти вазифаҳо ва паст гардидани самаранокии назорат мегардад.

Дар чунин шароит зарурати такмили асосҳои ташкиливу ҳуқуқии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба миён меояд. Аз ҷумла, таъсиси механизми ягонаи ҳамоҳангсозӣ миёни мақомоти назоратӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи иттилоотӣ оид ба ҳолати истифодаи қитъаҳои замин, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқтасдиқкунанда ва натиҷаҳои санҷишҳо метавонад самаранокии назоратро ба таври назаррас баланд бардорад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки сарфи беҳудаи захираҳои молиявӣ ва инсонӣ коҳиш ёфта, шаффофият ва ҷавобгарии мақомоти давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин таъмин карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2