Зеҳн

РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ҚАРЗҲОИ БОНКӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Дар мақола таҳқиқи ҷойгоҳи қарзи бонкӣ ва таъмини он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бурда мешавад. Ишора мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳои худ қарздиҳӣ ба соҳибкоронро дастгирӣ намуда, дар баробари ин даъват менамояд, ки қарҳо мақсаднок истифода гардида, кафолати ҷиддии таъмини пардохти онҳо бояд муқаррар гардад.

Калидвожаҳо: Паём, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарз, қарзи бонкӣ, кафолат, таъмин, маърифати ҳуқуқӣ.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз он ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ рабт дошт. Ҳамасола ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро мешунавад, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳад.

Дарвоқеъ боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар соли 2025 якчанд рӯйдодҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ ва сиёсию минтақавии Тоҷикистон ҳалли худро ёфт. Махсусан масъалаи ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ, инчунин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои

рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Илова ба ин, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қобили қабул шуморида шуда, Тоҷикистон соли 2025 нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд.

Дар ин радиф дар як вақт дар сатҳи байналмилалӣ рӯзи 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қатъно-маи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж, инчунин бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ташаббуси дигари Тоҷикистон пазируфта шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Тавре медонем, бо назардошти сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон барои соли 2024 “Соли 2024-ро ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуда буданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, No 599 тасдиқ шудааст, яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»-ро метавон, ҳамчун идомаи мантиқии соли маърифати ҳуқуқӣ ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ҳамчунин соли ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳадди ақал ҳимояи ҳуқуқҳои фитрии инсон дар тамоми ҷаҳон донист. Боиси ифтихору шарафмандии Тоҷикистон аст, ки ин қатънома бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сулҳофар ва инсондӯст, инчунин шахсе, ки мехоҳад дар тамоми ҷаҳон ҳуқуқ ҳукмрон бошад, аз ҷониби намояндагони тамоми давлатҳои дунё қобили қабул шуморида шудааст.

Дарвоқеъ, дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкарда, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии тасдиқнамудаи парламенти мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Дар ин раванд, дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 бомаром амалӣ шуда истодааст.

Мувофиқи моддаи 10 Конститутсияи мамлакат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Дар як маврид эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар кишвар чорабиниҳои зиёд дар ин самт амалӣ карда шуда, аз ҷониби тамоми ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти давлатӣ, чораҳои амалиявӣ андешида шуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуданд ва он то ҳол идома дорад. Аз он ҷумла, дар ин доира ва бо назардошти татбиқи барномаи мазкур ва иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳама мақомоту идораҳо ҳамасола нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда мешавад,

ки ҷиҳати иҷрои он тамоми кормандони ташкилоту идораҳо муваззаф гардида, суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар рӯзномаҳо, телевизион ва радио, инчунин дар сомонаҳо мақолаҳо ба нашр расонида, ҷиҳати шунидани арзу дархостҳо дар шаҳру ноҳияҳо қабули сайёр то имрўз идома дорад.

Дар Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ин самт, инчунин механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ ва дар ин раванд, афзоиш додани ҳаҷми қарз ва кафолати қарзҳо якчанд пешниҳодҳои мубрам ва барои дар амал иҷро намудани онҳо вазифаҳои дахлдорро ба идораҳои мушаххас доданд. Махсусан таъкид намуданд: “Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад. Инчунин, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд”.

Қобили қайд аст, ки иқтисоди бозорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон заминаи мушаххаси муқаррароти конститутсиониро соҳиб шуданд. Мутобиқи моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ,кафолатдодашудааст.

Институти тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ дар қонунгузории маданӣ бо гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистонбамуносибатҳоиуфуқиипулию молӣ дар ҳуқуқи мадании мамлакат нақши муҳим пайдо намуда, дар ҳоли ташаккулу рушд қарор дорад.

Қисми 1, моддаи 351 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мувофиқи уҳдадорӣ як шахс (қарздор) бояд ба манфиати шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад, чунончи молу мулкро диҳад, корро иҷро кунад, хизмат расонад, пул супорад ва ғайра, ё аз иҷрои ягон амал худдорӣ намояд ва кредитор бошад, ҳуқуқ дорад аз қарздор иҷрои уҳдадориҳояшро талаб намояд. Аз моҳияти меъёри мазкур иҷрои уҳдадорӣ ин аз ҷониби қарздор ба фоидаи шахси дигар анҷом додани амали муайян ё худдорӣ намудан аз амалҳои дахлдор тибқи шартҳои уҳдадорӣ, талаботи қонун, дигар санади ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Тибқи қисми 1 ва 3 моддаи 482 Кодекси мазкур, шартнома созиши ду ё якчанд шахс барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ё қатъи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ мебошад. Нисбати уҳдадориҳое, ки аз шартнома бармеоянд, муқаррароти умумӣ оид ба уҳдадориҳо (моддаҳои 351-481 ҳамин Кодекс) татбиқ мегарданд, агар дар қоидаҳои ҳамин боб ва қоидаҳо оид ба навъҳои алоҳидаи шартномаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Профессор Раҳимов М.З. қайд менамояд, ки мафҳуми «уҳдадорӣ» набояд танҳо бо мазмуни «уҳдадории қарздор» баҳо дода шавад, чунки уҳдадорӣ ин маҷмуи «уҳдадорӣ ва соҳибҳуқуқии шахс» низ ба шумор меравад. Яъне, дар уҳдадорӣ қарздор ва кредитор дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муайян буда, мақсади он аз расидан ба натиҷаи дахлдор иборат мебошад.

Дар маҷмуъ, нисбат ба уҳдадориҳое, ки аз шартнома бармеоянд, муқаррароти умумӣ оид ба уҳдадориҳо (моддаҳои 351-481 ҳамин Кодекс) татбиқ мегарданд ва моҳияти иҷрои уҳдадориро ин анҷом додани маҷмуи амалҳои аз ҷониби иштирокчиёни уҳдадории дахлдор- тарафҳои шартноматашкил медиҳанд, ки онҳоро аз рўйи қоидаи умумӣ қарздор бояд ба таври дахлдор иҷро намояд. Вайрон намудани уҳдадорӣ аз ҷониби қарздор – тарафи шартнома ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маданӣ дониста шуда, мувофиқан нисбат ба қарздор ҷавобгариҳои маданӣ - ҳуқуқӣ татбиқ мегардад. Дар чунин ҳолат қонунгузор ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мадании кредитор як қатор тарзҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ҷиҳати ҳавасмандии қарздор бобати иҷрои саривақтии уҳдадориҳо равона карда шудаанд. Чунин тарзҳо дар маҷмуъ дар ҳуқуқи маданӣ тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадориро ташкил медиҳанд.

Ба ҳайси тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ мувофиқи талаботи қисми 1, моддаи 380 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои уҳдадорӣ метавонад ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ

доштани ашёи қарздор, замонат, кафолат, байъона ва дигар тарзҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин карда шавад. Яъне, ин номгўи васеъ мебошад, иҷрои уҳдадориҳо метавонад инчунин бо тарзҳои дигари дар қонун ё шартнома пешбинишуда таъмин карда шавад.

Ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудани боби марбутаро метавон муносибати анъанавӣ ҳисоб кард. Зеро он ба мо аз Кодекси мадании соли 1999 боби 22 «Таъмини иҷрои уҳдадорӣ» ва Кодекси мадании соли 1963-и ҶШС Тоҷикистон боби «Таъмини иҷрои уҳдадориҳо» (боби 18, фасли 3 «Ҳуқуқи уҳдадорӣ») омадааст. Дар қонунгузории замони Шуравӣ ба ҳайси тарзҳои таъмин ноустуворона, гарав, кафолат ва байъона (моддаи 204) номбар шуда буданд. Кодекси маданӣ бошад, аз Кодекси граждании қаблӣ ва ИҶШС гирифта шуда, сарчашмаи чунин муқарраротҳо Маҷмўи қонунҳои Империяи Россия (китоби чаҳорум, ҷилди 10 «Оид ба уҳдадориҳо тибқи шартномаҳо») фасл «Оид ба таъмини шартномаҳо ва умуман уҳдадориҳо» мебошад. Тибқи муқаррароти моддаи 1554-и он: «шартномаҳо вауҳдадориҳо тибқирозигиитарафайнтавассути1) замонат;2)шартҳоиноустуворона;3) гаравиамволи ғайриманқул; 4) гарави амволи манқул метавонанд устувор ва таъминшаванда бошанд», мебошад. Айни замон тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ дар боби 28 моддаҳои 380-439-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Бо мақсади то ҳадди муайян кам кардани хатари иҷрои уҳдадорӣ, тарзҳои махсуси таъмини иҷрои уҳдадорӣ таҳия карда шудаанд. Таъмини иҷрои уҳдадорӣ ҳамчун институти ҳуқуқи маданӣ аз замонҳои қадим амал карда, бо баъзе тағйирот то ба ҳол мавриди истифода ва дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар ҳама давру замон рушди тарзҳои таъминӣ ба пешравии давлат вобастагии зич дошт ва айни замон дорад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Фонди кафолати қарзҳоро ба миён гузоштанд, ки ин бевосита барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ махсусан самти соҳибкорӣ ва рушди бозори қарзҳои ипотекӣ заминаи асосиро гузошта метавонад.

Тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ гуфта чораҳои хислати молумулкӣ доштаеро меноманд, ки барои иҷрои уҳдадорӣ ё ба таври дахлдор иҷро шудани он мусоидат мекунанд. Ба таври дигар, тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо ин чораҳои таъсиррасонии иловагӣ ба қарздор мебошанд, ки бо қонун ё шартнома пешбинӣ шудаанд. Истифодаи чунин чораҳо барои қонеъ гардонидани манфиатҳои кредитор равона шуда, кафолати муҳими пешгирии иҷро нашудан ё ба таври дахлдор иҷро нашудани уҳдадориҳо мебошанд.

Профессор Усмонов О.У. дуруст қайд намудааст, ки «Тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ барои манфиати кредитор муайян карда шудаанд. Агарчи на ҳамаи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадорӣ хислати муҷозотӣ дошта бошанд ҳам, аммо онҳо бевосита ё бавосита барои қарздор вазни иловагӣ мебошанд». Моҳияти институти мазкур ин кафолат додани иҷрои уҳдадориҳо ва устувор гардонидани мавқеи кредитор дар муносибатҳои ҳуқуқи уҳдадорӣ буда, барои ба кредитор таъмин намудани ҳуқуқҳои иловагӣ, ки ў дар мавриди аз ҷониби қарздор иҷро накардани уҳдадориҳояш тавонад аз он бо роҳи фурўши амволи гарав, ҷалби зомин ва кафил истифода барад, то ҳол амал мекунад.

Амалӣ намудани ҳуқуқи таъминии кредитор бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

а) ба зиммаи қарздор вогузор намудани чораҳои иловагии амволӣ дар намуди ноустуворона ва ё байъона;

б) ҷалб намудани шахсони сеюм ба ҷойи қарздор барои иҷрои уҳдадорӣ ва ё нисбат ба онҳо татбиқ намудани ҷавобгарӣ (замонат ва кафолат);

в) пешакӣ ҷудо намудани амвол барои имконияти маҷбуран қонеъ намудани талаботи кредитор (гарав).

Тавре муайян карда шуд, номгӯи тарзҳои таъминӣ васеъ мебошад ва иҷрои уҳдадориҳо метавонанд инчунин бо тарзҳои дигари дар қонун ё шартнома пешбинишуда таъмин карда шавад.

Аз тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои дар боби 28 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда ноустуворона ва байъона вазифаи ҳавасмандкуниро иҷро менамоянд. Хавф дар амволи худ боиси зарари иловагӣ ва беҳуда тавассути гум шудани байъона ё пардохти ноустуворона мегардад ва уҳдадоршударо маҷбур месозад, ки уҳдадории худро иҷро намояд. Илова бар ин, ба ақидаи Белов В.А., ки ба байъона боз вазифаи муҳофизатӣ оид ба кафолати уҳдадориҳое, ки дар онҳо қарздор тарафи байъонадиҳанда мебошад эътироф карда шавад, розӣшуданмумкинаст.

Вазифаи кафолатӣ ҳангоми замонат, кафолати бонкӣвагарав (дарҳолате,киагаргаравдиҳанда тибқи уҳдадории асосӣ қарздор набошад) амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо мақсади ҳавасмандкунии қарздор барои иҷрои уҳдадории асосӣ вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, дар вазъияти муайян метавонад ҳодисаи баръакс рўй диҳад: масалан, ҳангоме, ки бинобар созишномаи байни қарздор ва зомин охири барои иҷрои

уҳдадориҳо (аз шартномаи замонат) аз ҳуқуқи пешниҳод кардани талабот нисбат ба қарздори уҳдадориҳои худро иҷрокарда маҳрум карда мешавад (моддаи 422 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳардуи ин вазифаҳо тавассути гарав (дар ҳолате, ки гаравдиҳанда тибқи уҳдадории асосӣ қарздор мебошад) ва нигоҳдории амволи қарздор иҷро карда мешаванд. Ҳамин тавр, тарзҳои таъмини уҳдадориҳо як вазифа - кафолати қонеъ гардонидани манфиати қарздиҳандаро дар ҳолати вайронкунии уҳдадории асосӣ аз тарафи қарздор иҷро менамоянд.

Дар маҷмуъ, яке аз масъалаҳои мубрами уҳдадориҳо аз шартномаҳо ва ҷиҳати кафолати ҳуқуқҳои кредитор ин таъмини иҷрои уҳдадориҳо мебошад. Таъмини иҷрои уҳдадорӣ гуфта чораҳои хислати молумулкӣ ва таъсиррасонии иловагӣ ба қарздор доштаеро меноманд, ки ҷиҳати иҷрои матлуби уҳдадорӣ дар қонун ё шартнома нишон дода шуда, барои қонеъ гардонидани манфиатҳои кредитор равона шудааст.

Ҷавҳари институти мазкур ин уҳдадорӣ дар шакли кафолат додани иҷрои уҳдадориҳо ба кредитор ва устувор гардонидани мавқеи кредитор дар муносибатҳои ҳуқуқи уҳдадорӣ мебошад.

Хотирнишон бояд сохт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахси наҷиб ва фарзанди фарзонаи миллат пас аз рӯи кор омадан бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои зиёди пайгирона ва созандаашон аз рӯзҳои аввали фаъолият, ки мамлакат дар вазъи ногувори сиёсӣ қарор дошт, сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуда, тадриҷан оташи даргириро хомӯш карда, миллатро сарҷамъ, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод ва Истиқлолияти давлатиро ба маънои томаш таъмин карда, бо ин роҳ ба сохтмони ҷомеаи навини халқи тоҷик оғоз бахшиданд. Айни замон бо назардошти тули қариб 35 соли соҳибистиқлоли мамлакат Тоҷикистон давра ба давра ба марҳилаи нав - фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳамчунин гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, дар маҷмуъ, кафолати ҳуқуқҳои маданӣ бо истифодаи иқтисоди рақамӣ бо технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ гузашта истодааст.

Воқеан агар ба моҳияти Паём таваҷҷуҳ намоем, ба назар мерасад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси ҳамаи комёбиҳоро нахуст дар масъулиятшиносӣ мебинанд. Аз ин рӯ, таъкид менамоянд, ки: “Ҳар яки мо – роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ дар ин ҷода масъулият дорем ва вазифадорем, ки ба халқи азизи Тоҷикистон хизмат кунем”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутмаинанд, ки “ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд”.

Омили асосӣ ва хеле муҳими пойдорӣ, устувории давлат ва кишвари азизи мо ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон аст. Зеро ин қарзи конститутсионӣ- шаҳрвандии мо ба шумор меравад. Инчунин дарунмояи ҳамаи паёмҳое, ки ҳар сол аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ҳамин омил аст. Дар Паёми имсола низ таъкид шуд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.

Ҳамин тавр, ҳамаи ин пешниҳод, ташаббус ва супоришҳои мушаххасе, ки дар Паём матраҳ гардиданд, барномаи пешрафти кишвари мо ва ҷаҳони муосир дар оянда ба шумор мераванд. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили дастовардҳо ва камбудиҳои ҳар як соҳаи ҳаётан муҳим роҳи тараққиёти мамлакат ва дар ин марҳила ҳамоҳанг гардонидани он бо ҷомеаи ҷаҳониро дар оянда муайян намудаанд.

Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси боварии комил таъкид доштанд: “Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам”.

Аз ин рӯ, биёед ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савозор бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии Ватани азизамон равона созем.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2