Зеҳн

10 роҳи пешгирии дарди нимсара

6 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

ЗЕ
Зеҳн6 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Дарди нимсара, ки бештар бо номи «мигрен» маълум гаштааст, бемории азиятоварест, ки асаби инсонро вайрон карда, ба ҳолати рӯҳиву равонии ӯ таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад монеъи амалӣ гаштани нақшаҳои ӯ гардад.

Бо мақсади кӯмак ба шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, имрӯз мо дар бораи 10 роҳи осони пешгирии хуруҷи дарди нимсара маълумот медиҳем.

1. Бештар об нӯшед!

Дегидрататсия (камобӣ) яке аз сабабҳои асосии авҷ гирифтани дарди нимсара мебошад. Дар фасли тирамоҳ бештар аз сабаби хушкшавии ҳаво ҷисми инсон оби зиёдеро талаф медиҳад ва ин метавонад боиси авҷ гирифтани дарди сар гардад. Бинобар ин, кӯшиш кунед, ки ҳар рӯз ба миқдори кофӣ об нӯшед, то ҷисми шумо бо мушкили камобӣ дучор нагардад.

Дар ин мавсим ҳамчунин нӯшидани чойҳои гиёҳӣ ва шарбатҳои мевагӣ метавонад дар нигоҳ доштани тавозуни оби бадан кӯмак расонад.

2. Аз нурҳои офтоб баҳра баред

Маъмулан дар фаслҳои сарди сол одамон кӯшиш мекунанд, ки камтар ба кӯча бароянд ва табиист, ки аз нурҳои офтоб ба миқдори кофӣ баҳра намебардоранд. Ин метавонад боиси кам шудани сатҳи витамини D дар организм гардад, ки ба сатҳи серотонин таъсир расонида, бо мигрен алоқаманд буда метавонад.

Барои пешгирӣ кардани дарди сар, беҳтар аст, ки нимаи дуюми рӯз як муддатро берун аз бино гузаронед.

3. Аз асабоният ва стресс дурӣ биҷӯед!

Барои гирифторони мигрен асабонияти зиёд ва стресс ангезаҳои муҳим мебошанд. Агар хоҳед, ки аз дарди ҷонкоҳи сар эмин монед, аз стресс ва асабоният дурӣ ҷуста, ба ҳар майда-чӯйда аҳамият надиҳед.

Машғул шудан бо йога ва медитатсия барои пешгирии стресс кӯмак мерасонад. Машқҳои махсуси нафаскашии чуқур низ асабониятро коҳиш медиҳанд. Фаъолияти ҷисмонӣ шиддати стрессро паст мекунад.

4. Ба ғизои худ диққати ҷиддӣ диҳед!

Қобили зикр аст, ки баъзе хӯрданиҳо, аз қабили панир, гӯшти коркардшуда, шоколад ва машрубот, дар баъзе одамон боиси авҷ гирифтани мигрен шуда метавонанд.

Аз ҳамин хотир, барои пешгирии ин беморӣ ба ғизои худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Кӯшиш кунед, ки аз хӯрданиҳои зарарнок парҳез намуда, бештар меваю сабзавот истеъмол намоед.

Ғалладонагиҳои аз сафеда бой низ фоиданоканд. Дар айёми сармо истеъмоли моҳӣ муфид аст, зеро моҳӣ дорои кислотаҳои равғании омега-3 мебошад.

5. Истеъмоли кофеинро маҳдуд намоед

Аксарият бар он назаранд, ки истеъмоли маҳсулоти аз кофеин бой метавонад дар пешгирии мигрен кӯмак расонад, вале он на ҳамеша ва на ба нафъи ҳама аст.

Дар баъзе одамон кофеин, баръакс, боиси авҷ гирифтани беморӣ мегардад. Бинобар ин, кӯшиш кунед, ки маҳсулоти дорои кофеинро ба миқдори маҳдуд истеъмол намоед.

6. Машқҳои ҷисмониро фаромӯш накунед

Машқҳои ҷисмонӣ яке аз воситаҳои муассир дар мубориза бо мигрен мебошанд.

Барои пешгирии ин беморӣ мутахассисон дар як ҳафта ҳадди аққал 150 дақиқа машқҳои муътадили аэробикӣ, аз қабили пиёдагардӣ, велосипедронӣ ё шиновариро тавсия медиҳанд.

7. Ба бӯйҳои ғализ ҳассосият доред?

Агар шумо ба бӯйҳои ғализ ҳассосият дошта бошед, кӯшиш кунед, ки аз онҳо канорагирӣ намоед.

Гап дар он аст, ки баъзе бӯйҳои тезу нохуш метавонанд системаи асабро таҳрик дода, боиси авҷ гирифтани сардарди мигренӣ гарданд.

8. Ба тарзи нишасти худ диққат диҳед

Аксари одамон ҳангоми кор дар паси миз ё истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарзи нишасти худ тамоман диққат намедиҳанд.

Дар натиҷа, бар асари нодуруст нишастан мушакҳо ба ташаннуҷ гирифтор гашта, ин метавонад боиси авҷ гирифтани дарди сар шавад.

Барои пешгирии дарди сар лозим аст, ки дар ҷойи кори худ дуруст ва бароҳат шинед. Дар ҳар ду-се соат каме танаффус кунед, то шиддати мушакҳо коҳиш ёбад.

9. Иловаҳои ғизоиро истифода баред

Имрӯзҳо дар бозору мағозаҳои кишварамон иловаҳои ғизоие, ки метавонанд барои пешгирии мигрен кӯмак расонанд, хеле зиёданд.

Аз ҷумла, иловаҳои ғизоии дорои магний метавонанд ҳамлаҳои мигренро коҳиш диҳанд. Коэнзим Q10 ва рибофлавин (витамини B2) низ метавонанд барои пешгирии мигрен муфид бошанд.

Аммо пеш аз истифодаи иловаҳои ғизоӣ бо табиби оилавӣ маслиҳат кардан лозим аст.

10. Ба духтур муроҷиат намоед, агар...

Шахсоне, ки мигрен доранд ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бештар аз дарди шадиди сар азият мекашанд, бояд зери назорати духтур қарор дошта бошанд.

Агар новобаста ба риоя намудани тадбирҳои дар боло зикршуда дарди сар шуморо азият диҳад, ҳатман ба табиб муроҷиат намоед.

Духтур метавонад дору ё машқеро ба шумо тавсия диҳад, ки ба хусусиятҳои ҷисматон ва реҷаи ҳаррӯзаи шумо мувофиқ бошад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2