Хосиятҳо ва коркарди маҳсулоти бебофт аз партовҳои ашёи хоми пахта ва пашми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хосиятҳо ва коркарди маҳсулоти бебофт аз партовҳои ашёи хоми пахта ва пашми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ганҷалов Р.М.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб
Масолеҳи нобофта газворест, ки аз ресмонҳо ё бевосита аз нахҳо бе истифода аз равандҳои бофтану кешбофӣ ҳосил мешавад. Асоси истеҳсолоти масолеҳи нобофтаро технологияҳои маҳсулнокияшон баланди механикӣ, физикӣ-кимиёвӣ ва омехта ташкил мекунанд. Маснуоти намадин низ масолеҳи нобофта буда, дар натиҷаи бо ҳам часпидану печидани нахҳои пашм ба вуҷуд меояд.
Сохт ва хосиятҳои кимиёии нахи пахта
Нахи пахта дар зери микроскоп намуди найчаи печхӯрдаи пачақшударо дорад. Дар дохили он канал мавҷуд аст. Шакли буриши кӯндалангӣ, печтобдорӣ, бари канали дохилӣ ва ғафсии девораҳои нах аз дараҷаи пухтагии нах вобастаанд. Пас аз оне, ки нахро аз сатҳи чигит мекананд, протоплазмаи дохили канал тадриҷан хушк мешавад. Бинобар ин пачақшавии нах ба вуҷуд меояд. Дар девораҳои нах фибриллҳои селлюлоза қабат-қабат аз рӯйи хати печдор мехобанд. Аз ҳамин сабаб нах дар атрофи тири арзии худ тобхӯрда аст. Печутобхӯрии мунтазам нишондиҳандаи баланд будани сифати нах аст [1].
Ҳангоми коркард ва истифодабарӣ нахи пахта ба таъсири омилҳои гуногуне дучор мегардад, ки ба устувории маснуот нисбати соиш таъсир мерасонанд. Бинобар ин коркарди нах бояд чунон сурат гирад, ки ба вайроншавии селлюлоза оварда нарасонад [2].
Устувории нахи пахта ба таъсири маҳлули тезобҳо нисбатан паст аст. Таъсири тезоб аз намуду ғилзати он ва давомнокии вақти коркарди нах вобаста аст. Истифодаи тезобҳо имкон медиҳад, ки селлюлозаи дигаргуншудаи барои саноат зарур ва гидратселлюлоза ҳосил карда шаванд. Он омехтаи мураккаби пайвастагиҳоест, ки қобилияти баланди барқароршавиро доранд. Дар зери таъсири тезоб мустаҳкамии нах ва дараҷаи полимеризатсияи селлюлоза паст мешаванд, нах соҳиби қобилияти баланди ҳалшавӣ дар ишқорҳо мегардад [3].
Намудҳои пашм
Пашм гуфта, мӯйи бадани ҳайвоноти гуногунро, ки қобилияти ресидашавӣ ва намадмолӣ дорад, меноманд.
Пашмҳо аз рӯйи манбаи пайдоиш ва тарзи гирифташавиашон ба намудҳои мухталиф тақсим мешаванд. Пашми намудаш муайян аломатҳо ва хосиятҳои ба худ хосро дорад. Пашми табиӣ ва пашми аз пӯст гирифташударо фарқ мекунанд. Ду намуди пашми табиӣ, ки манбаи пайдоиши онро ҳайвоноти зинда ташкил мекунанд, мавҷуд аст: тулакшуда ва қайчитарош. Пашми тулакшуда дар давраи тулаккунии (мӯйпартоии) ҳайвонот бо истифода аз шона гирифта мешавад [4].
Пашми аз пӯст гирифташударо аз ҳайвоноти беҷон мегиранд. Он намудҳои зерин дорад: қайчитарош, тарошида, фабрикавӣ, гӯсфандтарош. Пашми қайчитарошро ба воситаи қайчӣ аз сатҳи пӯсти ҳайвони кушташуда мегиранд. Агар пашмро аз сатҳи пӯсти ҳайвони кушташуда ба воситаи теғ гиранд, он теғтарош ном дорад. Пашми фабрикавиро дар заводҳои чармгарӣ дар натиҷаи бо моддаҳои кимиёвӣ коркард намудани пӯст ҳосил мекунанд. Пашме, ки аз ҳайвонҳои ҳалокшуда (бинобар касалиҳои ғайрисироятӣ) гирифта мешавад, пашми гӯсфандтарош ном дорад [5]. Пашмро аз гӯсфанд, буз, гов, асп, оҳу ва баъзе ҳайвонҳои дигар мегиранд. Ба сифати манбаи пайдоиши тибит харгӯш, заргӯш ва буз хизмат мекунанд. Асоси ашёи хоми саноати пашмбофиро пашми гӯсфанд ташкил мекунад. Он хосиятҳои хуби истеъмолӣ дошта, барои истеҳсоли маснуоти нассоҷии гуногун васеъ истифода мешавад. Пашми бузро тибит ва нахи шук ташкил мекунанд. Тибит, ки борик, сабук, мулоим, абрешиммонанд ва ҷилодор аст, ба воситаи шона гирифта мешавад. Пашми шукро бо қайчӣ метарошанд. Вобаста ба зот бузҳо пашмдиҳанда, тибитдиҳанда ва хонагӣ мешаванд [6]. Пашми буз якҷинсаю гуногунтаркиб шуда метавонад. Пашми якҷинсаро аз бузҳои ангорию дурагаҳои онҳо мегиранд. Чунин пашм мохер ном дошта, барои истеҳсоли матоъҳои рӯйкашу ороишӣ, плюш (махмали дарозпат), қолинҳо ва матоъҳои кешбофишуда истифода мешавад. Аз пашми гуногунтаркиби бузҳо матоъҳои дурушт ва намадҳо истеҳсол мекунанд. Тибити буз, ки мулоим, мустаҳкам ва сабук буда, гармигузаронии паст ва қобилияти хуби намадмолишавиро дорад, барои истеҳсоли либоси болопӯши кешбофишуда, рӯймолҳои тибит, гарданпеч ва фетр (намади тунуки нафис) истифода мешавад [7].
Пашми уштур, агар ҳангоми тулаккунӣ аз уштурҳои айлоқӣ гирифта шуда бошад, тайлак ном дошта, асосан аз тибит иборат аст. Тайлак мулоиму кӯтоҳ буда, барои истеҳсоли либосҳои варзишии кешбофишуда, рӯймолҳо, гарданпечҳо ва ғ. истифода мешавад. Пашми уштурони боркаш аз нахҳои дурушти шук иборат аст. Дар он қабзаҳои часпидаи молидашуда, гард ва рег бисёр вомехӯранд. Лекин чунин пашм чандир ва хеле мустаҳкам мебошад. Онро дар омехтагӣ бо пашми гӯсфанд мересанд ва аз ин ресмон кампалҳо, маснуоти кешбофишуда ва тасмаҳои нақлдиҳанда ҳосил мекунанд [8]. Ёли уштур, ки дарозиаш ба 16–30 см мерасад, масолеҳи қиматбаҳо мебошад. Он барои истеҳсоли матоъҳои техникӣ ва тасмаҳои нақлдиҳанда истифода мешавад. Аз пашми буз ва биқини уштур кампал, қолин ва моҳути дурушт истеҳсол мекунанд. Пашми оҳу, асп ва гов дар истеҳсолоти нассоҷӣ кам истифода мешавад. Аз чунин пашм намад ҳосил мекунанд.
Сохти нахи пашм
Нахи пашм аз ҳуҷайраҳои микроскопии гуногунҷинс иборат аст. Вобаста ба сохт, шакл ва ҷойгиршавӣ ин ҳуҷайраҳо се қабатро ташкил мекунанд: пулакчадор (1), қишр (пӯст) (2) ва узак (дилла) (3). Қабати пулакчадор сатҳи берунаи нахро ба вуҷуд меорад. Он аз ҳуҷайраҳои шохшуда иборат аст. Ин ҳуҷайраҳо дар нахи шук намуди сафолҳои бомпӯшро дошта, дар тибит мудаввару ҳалқашакланд. Канори болоии ҳар як пулакча дар болои канори поёнии пулакчаи дар боло ҷойгиршуда мехобад [9].
Хосиятҳои кимиёвии пашм
Муносибат нисбати тезобҳо ва ишқорҳо. Аз рӯйи сохти кимиёвӣ пашм ба қатори сафедаҳо дохил аст. Асоси пашмро полимери кератин ташкил мекунад. Дар таркиби кератин карбон, оксиген, нитроген, гидроген, сулфур ва оксидҳои калий, натрий ва алюминий мавҷуданд. Маҳлулҳои пасти тезобҳо дар шароити ҳарорати муқаррарӣ ва таъсири кӯтоҳмуддат ба пашм осеб намерасонанд. Азбаски маҳлулҳои пасти тезобҳои ғайриорганикӣ (сулфат, хлорид) ва органикӣ (атсетат, формиат) пашмро вайрон намекунанд, аз онҳо барои аз таркиби пашм дур намудани омехтаҳои растанидор истифода мебаранд. Ишқорҳои баландғилзат пашмро вайрон мекунанд. Таъсири ишқорҳои паст ба вайроншавии нахи пашм оварда намерасонад, аммо хосиятҳои механикии онро (мустаҳкамӣ, чандирият, ёзишнокӣ) хеле паст мекунанд. Оксиди гидроген H₂O₂ ба пашм осеб намерасонад ва барои сафедкунии он истифода мешавад [10].
Муносибат ба таъсири об. Дар об пашм варам намуда, беқувват мегардад. Таъсири кӯтоҳмуддати оби хунук ба пашм осеб намерасонад, аммо оби гарм пашмро оҳиста-оҳиста вайрон мекунад. Барои мисол, оби ҳарораташ 80°С ба пашм таъсири кам мерасонад, оби ҳарораташ 130°С вайроншавии босуръати пашмро ба вуҷуд меорад. Дар обе, ки ҳарорати 200°С дорад, нахи пашм ба пуррагӣ ҳал мешавад.
Муносибат ба таъсири ҳамҷояи рӯшноию ҳаво. Дар аснои истифодабарӣ маснуоти пашмин ба таъсири нурҳои офтоб, намӣ ва ҳарорат дучор мешаванд. Таъсири давомноки нурҳои офтоб ранги пашмро дигар намуда, мустаҳкамиашро паст мекунад. Баландшавии ҳарорат ва рутубати ҳаво ба вайроншавии босуръати пашм оварда мерасонад [11].
Нуқсҳо ва иллатҳои пашм
Ноқисиҳои пашм гуфта, бо омехтаҳои растанигию маъданӣ ва бегона ифлосшавии онро меноманд. Аз даст додани мустаҳкамӣ, ранг ва ҷило, мавҷудияти борикиҳо, дар таркиби худ доштани миқдори зиёди мӯйҳои хушк ва беҷон, сабӯсакҳо ва ғ. иллатҳои пашм мебошанд. Нуқсҳо ва иллатҳо арзиши технологии пашмро паст мекунанд. Омехтаҳои растанигӣ сабук ва мушкилҷудошаванда шуда метавонанд. Коҳ, алаф, мушхораи русӣ дар натиҷаи наддофию шоназанӣ ба осонӣ аз пашм дур карда мешаванд. Аммо ҷудокунии мушхораи аррашакл ва алафи даштии ҷоғаз дар аснои ин равандҳо номумкин аст. Барои аз масолеҳ дур кардани онҳо коркарди пашм бо маҳлули 5 %-и тезоби сулфат ба иҷро мерасад, ки ин раванд карбонизатсия ном дорад. Пашме, ки бо наҷосати ҳайвон ифлос гаштааст, хосиятҳои пасти физикию кимиёвӣ ва ранги зард дорад. Дар таркиби пашми якҷинсаю нимборик мавҷуд будани миқдори зиёди мӯйҳои хушку беҷон арзиши масолеҳро паст мекунад. Ғизодиҳии паст, нигоҳубини нодурусти ҳайвонот, беморшавии онҳо сабаби дар мӯй пайдо шудани борикиҳо мегардад. Ин низ иллатест, ки пашмро камарзиш мегардонад. Бо ин сабаб нахҳо дар аснои шоназанӣ мекананд ва баромади партовҳо меафзояд [12].
Низоми таснифи пашм
Вобаста ба таркиб пашмро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: якҷинса ва гуногунҷинса. Пашми якҷинсаро пашми нахҳояш якхела ташкил мекунанд. Агар нахҳои пашм аз рӯйи дарозӣ, ғафсӣ, печутобдорӣ ва дигар хосиятҳо фарқ кунанд, он гуногунҷинса номида мешавад. Вобаста ба борикӣ пашм маҳин, ниммаҳин, нимдурушт ва дурушт мешавад. Пашми маҳин аз тибит ва нахҳои аз рӯйи борикӣ, дарозӣ ва печтобдорӣ якҷинса иборат аст. Дар таркиби пашми ниммаҳин тибит ва нахҳои даргузар мавҷуданд. Пашми нимдурушт асосан аз тибит иборат буда, каме нахҳои даргузар ва шук низ дорад. Таркиби пашми дуруштро нахҳои гуногун (тибит, даргузар, шук, хушк ва беҷон) ташкил мекунанд. Пашмҳои нимдурушт ва дурушт якҷинса ё гуногунҷинса шуда метавонанд.
Вобаста ба айёми тарошидан пашм баҳорӣ, тирамоҳӣ, аз барра ва яккатарош мешавад. Пашми баҳорӣ дар намуди рунои яклухт гирифта шуда, барои саноати пашмбофӣ пурарзиш аст. Пашми гуногунҷинсаи баҳорӣ дар муқоиса бо чунин пашми тирамоҳӣ бештар нахҳои тибит дорад ва бинобар ин ҳангоми даст расонидан мулоимтар мебошад. Нахҳои он дарозтар низ мебошанд [13]. Пашми тирамоҳӣ нимдурушт ё дурушт буда, руно ташкил намекунад. Дар он тибити дуруштшуда ва нахҳои шуки кӯтоҳ мавҷуданд. Нахҳо қобилияти баланди намадмолишавӣ, миқдори ками омехтаи равғану оби ихроҷшудаи бадан дошта, печиши байниҳамдигарии онҳо дар дастаҳо кам аст. Ин хусусиятҳо мусбатанд. Пашми тирамоҳӣ дар истеҳсолоти намадмолӣ васеъ ва барои ҳосилкунии ресмонҳои дурушти моҳутбоб истифода мешавад.
Пашми барра — пашмест, ки аз барраҳои 4–7-моҳа гирифта мешавад. Он руно ҳосил намекунад. Он нисбати пашми гӯсфандон бориктар, мулоимтар буда, дар он ифлосиҳо ва омехтаи равғану оби ихроҷшудаи бадан камтаранд. Он барои истеҳсолоти намадмолӣ пешбинӣ шудааст [14]. Пашми яккатарош гуногунҷинсаи дурушт ё нимдурушт буда, баҳорон гирифта мешавад. Он ашё барои истеҳсолоти қолинбофӣ мебошад. Пашми рунобоб аз қучқоракҳою дастаҳои бо ҳам пайваст иборат аст. Пашми порагиро қабзаҳои массаашон то 100 г (пашми гуногунҷинса) ё то 150 г (пашми якҷинса) ташкил мекунанд. Рунои бесинфи пашмаш якҷинса дорои пашми чидагирифта, мӯйи пой ва тапакпашм мебошад. Рунои бесинфи пашмаш гуногунҷинса аз қитъаҳо ва тапакпашм иборат аст [15].
Хулоса. Нахи пашм аз ҳуҷайраҳои микроскопии гуногунҷинс иборат аст. Вобаста ба сохт, шакл ва ҷойгиршавӣ ин ҳуҷайраҳо се қабатро ташкил мекунанд: пулакчадор (1), қишр (пӯст) (2) ва узак (дилла) (3).
Қабати пулакчадор сатҳи берунаи нахро ба вуҷуд меорад. Он аз ҳуҷайраҳои шохшуда иборат аст. Ин ҳуҷайраҳо дар нахи шук намуди сафолҳои бомпӯшро дошта, дар тибит мудаввару ҳалқашакланд. Канори болоии ҳар як пулакча дар болои канори поёнии пулакчаи дар боло ҷойгиршуда мехобад.
Маҳлулҳои пасти тезобҳо дар шароити ҳарорати муқаррарӣ ва таъсири кӯтоҳмуддат ба пашм осеб намерасонанд. Азбаски маҳлулҳои пасти тезобҳои ғайриорганикӣ (сулфат, хлорид) ва органикӣ (атсетат, формиат) пашмро вайрон намекунанд, аз онҳо барои аз таркиби пашм дур намудани омехтаҳои растанидор истифода мебаранд.
Пашме, ки бо наҷосати ҳайвон ифлос гаштааст, хосиятҳои пасти физикию кимиёвӣ ва ранги зард дорад. Дар таркиби пашми якҷинсаю нимборик мавҷуд будани миқдори зиёди мӯйҳои хушку беҷон арзиши масолеҳро паст мекунад. Ғизодиҳии паст, нигоҳубини нодурусти ҳайвонот, беморшавии онҳо сабаби дар мӯй пайдо шудани борикиҳо мегардад. Ин низ иллатест, ки пашмро камарзиш мегардонад. Бо ин сабаб нахҳо дар аснои шоназанӣ мекананд ва баромади партовҳо меафзояд.
Адабиёт:
- Садыкова Ф.Х. Текстильное материаловедение и основы текстильного производства. – М.: Лёгкая индустрия, 1967.
- Зотиков В.Е. и др. Механическая технология волокнистых материалов. – Гизлегпром, 1963.
- Каргин В.А., Слонимский Г.Л. Краткие очерки по физико-химии полимеров. – Изд-во «Химия», 1967.
- Кукин Г.Н., Соловьёв А.Н. Текстильное материаловедение, ч. 1. – Ростехиздат, 1961; ч. 2. – Изд-во «Лёгкая индустрия», 1964, 1967.
- Липков И.А. Технология трикотажного производства. – Гизлегпром, 1963.
- Монкриф Р.У. Химические волокна. – Ростехиздат, 1961.
- Роговин З.А. Основы химии и технологии химических волокон, т. I и II. – Изд-во «Химия», 1964.
- Садов Ф.И. и др. Химическая технология волокнистых материалов. – Гизлегпром, 1956.
- Сурнина Н.Ф., Мартынова А.А. Технология и оборудование ткачества. – Изд-во «Лёгкая индустрия», 1967.
- Труевцев Н.И., Труевцев Н.Н. Прядение. – Изд-во «Лёгкая индустрия», 1966.
- Эксплуатационные свойства тканей и современные методы их оценки. – Ростехиздат, 1960.
- Кукин Г.Н. и др. Лабораторный практикум по текстильному материаловедению. – М.: Легпромбытиздат, 1986. – 344 с.
- Кукин Г.Н. и др. Текстильное материаловедение. – М.: Легпромбытиздат, 1992. – 272 с.
- Иванов С.С. и др. Методы определения свойств хлопка-волокна. – М.: Лёгкая индустрия, 1972. – 290 с.
Аннотатсия. Дар мақола бораи коркарди маҳсулоти бебофт аз партовҳои ашёи хоми пахта ва пашми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шудааст. Масолеҳи нобофта газворест, ки аз ресмонҳо ё бевосита аз нахҳо бе истифода аз равандҳои бофтану кешбофӣ ҳосил мешавад. Асоси истеҳсолоти масолеҳи нобофтаро технологияҳои маҳсулнокияшон баланди механикӣ, физикӣ-кимиёвӣ ва омехта ташкил мекунанд.
Калидвожаҳо: пахта, пашм, нах.




