Таҷрибаи бозори электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM) ва имконоти истифодаи он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ
Энергетика соҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳим барои ҳар як давлати иқтисодиёташ рушдёфта ва рушдкунанда арзёбӣ мегардад, дар ҳоле ки нақши электроэнергетика дар иқтисоди ҷаҳонӣ мунтазам меафзояд. Бо назардошти хусусиятҳои технологӣ, соҳаи электроэнергетика муддати тӯлонӣ соҳаи «маҳаллӣ» буд ва дар нимаи дуюми асри XX системаҳои энергетикӣ аз миқёси миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ гузашт.
Баррасии самаранокии иқтисодӣ аз як тараф васеъшавии минбаъдаи миқёси системаҳои электроэнергетикиро талаб кунад, аз тарафи дигар, рақобатро дар соҳаи мазкур шиддат мебахшад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI соҳаи энергетика зери таъсири талаботҳое қарор гирифт, ки равандҳои танзимӣ ва ташкилӣ дар бозорҳои фаромиллии нерӯи барқро ба зиддиятҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард.
Таҷрибаи фаъолияти муттаҳидкунии бозорҳои энергетикӣ нишон медиҳад, ки афзалияти равандҳои интегратсионии соҳаи электроэнергетика коҳиш додани эҳтиёҷот ба захираҳои энергетикӣ бо сабаби баробаркунии сарбории нерӯи барқ (ҳам рӯзона ва ҳам солона) дар давлатҳои аъзо, васеъшавии бозорҳои нерӯи барқ ва дар натиҷа афзоиши сатҳи рақобат дар бозори нави муттаҳидшуда ба шумор меравад.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои интегратсионӣ дар бозорҳои электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM) ва имконоти истифодаи таҷрибаи онҳо дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мақсади асосӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш намудем, ки дар кори худ талаботҳои аъзошавӣ ва иштирок дар бозори электроэнергетикаи PJM-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва имконоти истифодаи баъзе аз таҷрибаи онро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳогузорӣ намоем.
Мавзеи ҷойгиршавии бозори электроэнергетикаи минтақаи PJM дар ИМА буда, 13 иёлотро пурра ё қисман дар бар мегирад. Бозори электроэнергетика ва иқтидорҳои PJM пас аз бозори яклухти электроэнергетикаи Федератсияи Россия дуюмин бозори электроэнергетика дар ҷаҳон аст.
Бозори электроэнергетикаи PJM зиёда аз 960 аъзо – ширкатҳои тавлидкунанда, шабакавӣ ва фурӯшро дар бар мегирад, ки тақрибан ба 61 миллион нафар аҳолии минтақаи мазкур хизмат мерасонанд. Иқтидори муқарраршудаи системаи энергетикӣ таҳти назорати оператори системавии PJM қарор дошта, дар охири соли 2015 177,7 ГВт буда, иқтидори баландтарин ва истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳамон сол мутаносибан 166 ГВт ва 793 ҳазор ГВт-соатро ташкил дода буд. Дарозии хатҳои магистралии интиқоли нерӯи барқ 116 ҳазор км мебошад [2].
Таърихи бозори электроэнергетикаи PJM аз соли 1927 оғоз ёфтааст, вақте ки се ширкати энергетикӣ бартариҳои пайвастшавии системаҳои энергетикӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои тавлидкунандаро дарк намуда, дар ҷаҳон аввалин муттаҳидкунии бозори электроэнергетикаро (ҳавзи энергетикӣ) ба роҳ монданд. Як қатор ширкатҳои энергетикии дигар солҳои 1956, 1965 ва 1981 ба PJM ҳамроҳ шуданд. Дар тӯли ин вақт, бозори электроэнергетикаи PJM аз ҷониби шуъбаи амалиётии яке аз аъзои он идора карда мешуд [4].
Айни замон барои тиҷорат дар бозори электроэнергетикаи PJM шахси манфиатдор бояд иштирокчии бозори мазкур бошад. Баъди он вай ҳуқуқ дорад, ки нерӯи барқро ҳам дар бозорҳои «рӯз ба пеш» ва ҳам дар бозори «вақти воқеӣ» хариду фурӯш кунад ва дар музоядаҳо оид ба ҳуқуқҳои молиявии интиқол ва тиҷорати нерӯи барқ, яъне FTR иштирок намояд. Барои аъзо шудан ба PJM, шахси манфиатдор бояд ба талаботи дар Қисми 11 Созишнома дар бораи фаъолият дар PJM муқарраршуда ҷавобгӯ бошад [3].
Барои аъзо шудан ба бозори электроэнергетикаи PJM, тарафҳои манфиатдор бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба бозори мазкур пешниҳод кунанд: аризаи узвият ба бозори электроэнергетикаи PJM, созишномаи узвият ба бозори электроэнергетикаи PJM дар шакли стандартии тасдиқкардаи бозори мазкур, созишномаи хизматрасонии интиқоли барқ, дархости кредити тиҷоратӣ барои бозори электроэнергетикаи PJM ва шартномаҳои марбут ба бозори мазкур [5].
Талаботҳои аъзошавӣ ва иштирок дар бозори электроэнергетикаи PJM дар расми 1 оварда шудааст.
Расми 1. Талабот барои иштирок дар бозори электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM)
- Иштирокчии PJM бояд инҳо бошад:
- соҳиби таҷҳизоти системаи интиқоли барқ;
- соҳиби таҷҳизоти тавлидкунандаи нерӯи барқ.
- Барои ворид шудан ба PJM, ҷонибҳои манфиатдор бояд изҳороти дахлдорро тавассути почта ба Президенти PJM фиристанд.
- Аъзои PJM вазифадор аст, ки дар пардохти хароҷоти марбут ба фаъолияти PJM саҳм гузорад.
- Аъзои PJM вазифадор аст, ки ҳама дастурҳоро оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи системаи энергетикӣ иҷро кунад.
- Аъзои PJM масъул аст, ки дар банақшагирӣ ва истифодаи таҷҳизоти худ бо дигар аъзои PJM барои таъмини эътимоднокӣ ҳамкорӣ намояд.
- Дар расмиёти банақшагирии рушди системаи интиқоли барқи минтақавӣ иштирок кунад.
Сарчашма: Расм дар асоси таҳлилу омӯзишҳои муаллиф таҳия гардидааст.
PJM бозорҳои электроэнергетика (дар вақти воқеӣ, рӯз ба пеш), бозори иқтидорҳо ва бозори ҳуқуқҳои молиявӣ оид ба интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад. Ғайр аз он, тиҷорати нерӯи барқро тибқи созишномаҳои дуҷониба, ки истеҳсолкунандагони нерӯи барқ мустақиман бо истеъмолкунандагон бастаанд, анҷом медиҳад. Модели бозори электроэнергетикаи PJM бар он асос ёфтааст, ки пардохтҳо барои интиқоли иқтидорҳо, нерӯи барқ, низоми хизматрасонӣ дар давраи дарозмуддат бояд ба генераторҳои даромадӣ, ки тамоми хароҷоти доимӣ ва тағйирёбандаро, ки ба истеҳсоли нерӯи барқ алоқаманд аст, пӯшонад ва инчунин имкон диҳанд, ки ҳаҷми иқтидорҳои истеҳсолиеро, ки барои кори боэътимоди он кофӣ мебошанд, таъмин кунад [1, с. 31-53].
Ҳамин тариқ, баъд аз таҳлилу омӯзиши таҷрибаи бозори электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM) мо эҳтимолияти истифода ва ҷорӣ кардани баъзе аз онҳоро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод менамоем:
- Иштирокчиёни бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд дорои таҷҳизотҳои тавлидкунанда, интиқолдиҳанда, ширкатҳои тақсимкунанда ва ё истеъмолкунандаи ниҳоии нерӯи барқ бошанд (дар доираи созишномаҳои фаъолияти бозори мазкур);
- Барои ворид шудан ба бозори мазкур, тарафҳои манфиатдор бояд бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия ва ҳаққи аъзошавӣ ба бозори мазкурро пардохт кунанд;
- Аъзоёни бозори мазкур вазифадоранд, ки дар пардохти хароҷоти марбут ба фаъолияти бозор иштирок намоянд;
- Аъзоёни бозори мазкур вазифадоранд, ки ҳама дастурҳоро оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар системаи энергетикӣ иҷро кунанд;
- Давлатҳои аъзо бояд фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар аъзоёни бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта идора кунанд, то эътимоднокӣ таъмин карда шавад;
- Дар тартиби банақшагирии рушди системаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ иштирок намоянд.
Адабиёт:
- Андреева Е.В., Клепиков В.И., Николаев А.Г. и др. Интеграция зарубежных рынков электроэнергии. Москва, январь 2017. – С. 31-53.
- Д.А. Воронцов. Структура оптового рынка электроэнергии в России, США и Германии. Сравнительный анализ [Электронный ресурс] https://www.imemo.ru/files/File/ru/conf/2018/27042018/Vorontsov.pdf (дата обращения 27.11.2020).
- Зарубежный опыт межгосударственной интеграции рынков электрической энергии [Электронный ресурс]. http://www.em.ranepa.ru/files/docs/research/2019_1513_part2.pdf (дата обращения 30.11.2020).
- История PJM [Электронный ресурс] http://www.pjm.com/about-pjm/who-we-are/pjm-history.aspx (дата обращения 28.11.2020).
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур ҷиҳатҳои назариявию амалии таҷрибаи бозори электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM) ва имконоти истифодаи он дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Омӯзиши ҳамаҷонибаи равандҳои интегратсионӣ дар бозорҳои электроэнергетикаи ИМА (бозори PJM) ва имконоти истифодаи таҷрибаи онҳо дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мақсади асосӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш намудем, ки дар кори худ талаботҳои аъзошавӣ ва иштирок дар бозори электроэнергетикаи PJM-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем ва имконоти истифодаи баъзе аз таҷрибаҳои онро дар бозори электроэнергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳогузорӣ намоем.
Калидвожаҳо: бозори электроэнергетика, ИМА, бозори PJM, талаботҳои аъзошавӣ, иштирокчиёни бозор.




