Зеҳн

Рушди иқтисодиёти рақамӣ ва заминаҳои татбиқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Ҳоло бисёре аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ пурра ба иқтисодиёти рақамӣ гузаштаанд, ки ин самараи бештаре дода истодааст. Яке аз самаранокии иқтисоди рақамӣ ин босуръат иҷро шудани амалиётҳои тиҷоратӣ бо роҳи технологияи муосир мебошад.

Иқтисоди рақамӣ яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон аст. Ин муҳаррики муҳими инноватсия ва рушди корхонаҳо мебошад. Бо гузаштан ба асри технологияи рақамӣ, таъсири он дар миқёси рақобатпазирии кишварҳо ба назар мерасад.

Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои муносибатҳои рақамӣ тадриҷан дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба мисли гирифтани музди маош тавассути банкоматҳо, пардохти истифодаи телефонҳо, пардохти роҳкиро дар автобусҳо ва троллейбусҳо бо корти рақамӣ ва ғайра пайдо шуданд. Дар назарияи иқтисодӣ ва дар фаъолияти амалии як қатор кишварҳо мафҳуми «иқтисоди рақамӣ» пайдо шудааст. Оғози асри XXI бо суръати пешрафти рушди технологияҳои рақамӣ, инқилоб дар фазои иттилоот ва босуръат ҷаҳонишавии иқтисодиёт аст.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд хизматрасониҳо дар шакли электронӣ сурат мегиранд, аммо инҳо қаноатбахш нестанд. Пеш аз он ки мо пурра ба иқтисоди рақамӣ гузарем, якчанд мушкилиҳоро бояд ҳал намоем. Дар мақолаи мазкур роҳҳои ҳалли рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд. Ба ақидаи мо чунин мушкилиҳо айни замон вуҷуд доранд:

  • дастрасӣ ба интернет;
  • истифода нашудани кортҳои бонкӣ;
  • набудани интернет-мағозаҳо ва хизматрасониҳои электронӣ;
  • нарасидани мутахассисон дар ин самт.

Мисоли иқтисоди рақамӣ ҳама гуна фаъолияти иқтисодие мебошад, ки тавассути Интернет ба роҳ монда мешавад. Рақамӣ ҳар ширкатеро ҳисобидан мумкин аст, ки кӯшиши пурра ё қисман фаъолиятро ба таври онлайн гузарондан дорад. Агар чунин ҷанбаҳои муҳими фаъолият, ба мисли идоракунӣ, назорат, таҳлили тиҷорат, хизматрасонӣ ё дастраскунии молҳо ва маркетинг бо технологияҳои электронӣ дар корхона ба роҳ монда шуда бошанд, чунин ширкатро метавон яке аз онҳое номид, ки як қадам пештар ба сӯи муваффақият монда, иқтисоди электрониро амалӣ кардааст.

Иқтисоди рақамӣ, яъне пайдо шудани имкониятҳои нав, бешубҳа, ба ҳаёти инсон таъсири мусбат мерасонад.

Аз рӯи таҳлилҳо Бонки байналмилалӣ дар соли 2016 бартариҳои иқтисоди рақамиро чунин муаррифӣ намуд:

  • афзоиши ҳосилнокии меҳнат;
  • баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳо;
  • коҳиш додани хароҷоти истеҳсолӣ;
  • ташкили ҷойҳои нави корӣ;
  • бартараф кардани камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ.

Барои рушди иқтисоди рақамӣ, рушди бахши миллии ТИК, ташвиқи таъсис ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар тамоми соҳаҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ҳатман ба иқтисоди рақамӣ мегузарад. Ин тақозои замон аст. Бо андешидани чораҳои зарурӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд муҳитеро эҷод кунанд, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ бештар мусоидат кунанд.

Маълум аст, ки дар тӯли солҳои истиқлолият, бо истифодаи фаъоли технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, имкониятҳои васеъ барои ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти муосири иқтисодии корхонаҳо ба вуҷуд меоянд, ки самаранокии иқтисодиётро баланд мебардоранд, суръатбахшии дигаргуниҳои сохтори иқтисодиро тақвият медиҳанд ва нерӯи муҳими пешрафти истеҳсолот ва афзоиши хидматҳо мегардад.

Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ оҳиста-оҳиста қисми таркибии низоми муосири менеҷмент дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, дар соҳаи идоракунии давлатӣ, мудофиаи миллӣ, амнияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шуда истодаанд. Албатта, бидуни густариши интернети баландсуръат, табдили рақамӣ дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва хадамоти ҳукумати электронӣ ва барномаҳои молии мобилӣ наметавонанд рушд кунанд.

Воситаҳои электронӣ, системаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ки тавассути Интернет дастрасанд, ба як ҷузъи ҳаёти рӯзмарраи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтанд.

Бо андешидани чораҳои зарурӣ мақомоти давлатӣ метавонанд муҳитеро ба вуҷуд оранд, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ бештар мусоидат кунанд.

Барои ташкили гузариш ба иқтисоди рақамӣ бояд барномаи давлатии «Иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шавад. Ин барнома бояд хусусияти стратегӣ дошта, самти рушди иқтисоди рақамӣ ва равишҳои асосии татбиқи онро муайян кунад ва инчунин барои таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдори банақшагирии стратегии соҳавӣ асос бошад.

Мо дар ин мақола як қатор мамлакатҳоеро ном мебарем, ки дар самти технологияи иқтисоди рақамӣ муваффақ гардида, дар ин самт иқтисодиёти худро ба таври назаррас такмил медиҳанд. Мамлакатҳои пешсафи «рақамӣ» имрӯз Норвегия, Шветсия ва Швейтсария мебошанд. Ба даҳгонаи беҳтарин Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Дания, Финляндия, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳонконг дохиланд.

Мувофиқи баъзе ҳисобҳо, тиҷорати рақамӣ барои бисёр кишварҳои калонтарин яке аз минтақаҳои босуръати рушд мебошад. Масалан, тибқи маълумоти таҳлили иқтисодии Департаменти тиҷорати ИМА, дар тӯли 11 сол то соли 2016, иқтисоди рақамӣ дар Иёлоти Муттаҳида нисбат ба иқтисодиёти ҳамаи кишварҳои ҷаҳон 3,7 маротиба тезтар рушд кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қадамҳои аввали худро ба иқтисоди рақамӣ гузошта истодааст, якчанд марҳилаи асосиро бояд гузарад. Дар ин мақолаи мо баъзе аз масъалаҳои асосиро қайд намудем. Аз ҷумла:

  • дар мактабҳои олӣ фанҳои таълимии нав оид ба иқтисодиёт ва технологияи рақамӣ ворид карда шаванд;
  • мутахассисони хатмкарда аз ҳар минтақаи кишвар барои таҷрибаомӯзӣ ба муҳлатҳои аз 3 то 6 моҳ ба хориҷ фиристода шаванд;
  • дар сохтори дастгоҳҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо бахши идоракунии омор ва иқтисодиёти рақамӣ таъсис дода шавад;
  • корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба системаи ягонаи иқтисодӣ ворид карда шаванд;
  • системаи ягонаи иттилоотӣ ва хизматрасонӣ барои корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шуда, аз тарафи шуъбаи идоракунии омор ва иқтисодиёти рақамӣ идора карда шавад;
  • барои дастрасии Интернет ҳукумат рақобатро бо ширкатҳои алоҳида ба роҳ монад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд пешравии иқтисоди рақамиро мисол оварда метавонем, ки бисёр мушкилиҳо ҳалли худро ёфтанд. Масалан: интиқоли маблағҳо тариқи телефонҳои мобилӣ, супоридани андозҳо дар системаи ягона, дастрасии маош ба воситаи кортҳо, ба кор оғоз намудани якчанд Интернет-мағозаҳо, тариқи корт ба роҳ мондани хизматрасониҳои нақлиёт, ба таври онлайн фармоиш додани хӯрокҳо, анҷом додани амалиётҳои молиявӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайраҳо. Ба андешаи мо иқтисодиёти рақамӣ дар сурате рушд мекунад, ки дастрасӣ ба Интернети бемаҳдуд ва баландсуръат бо нархҳои арзон имконпазир шавад. Интернет асоси тиҷорати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб рафта, ҳамаи амалиётҳо ба Интернет ба роҳ монда мешаванд.

Дар мақолаи мазкур якчанд роҳҳои ҳалли самараноки рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарҷ намудем. Ба ақидаи мо агар ин самтҳо такмил дода шаванд, якчанд мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд:

  • дастрасии интернети баландсуръат бо нархи паст;
  • илова кардани фанҳои таълимии «Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт», «Системаи онлайн-тиҷорат», «Онлайн пардохти хизматрасониҳои давлатӣ», «Фаъолияти тиҷоратӣ дар Интернет», «Маркетинги корхонаҳои истеҳсолӣ дар Интернет»;
  • тайёр намудани мутахассисони самти web-иқтисодиёт;
  • ба роҳ мондани сомонаҳои иттилоотию хизматрасонии корхонаю муассисаҳо дар Интернет;
  • ташкил намудани ҳукумати электронӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо;
  • таъсис додани бахши идоракунии иқтисодиёт дар шакли электронӣ.

Иқтисоди рақамӣ ба ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти босифатро зуд ва бо нархи арзонтар дастрас намояд. Яъне агар дар шаҳр ё ноҳия якчанд Интернет-мағозаҳо фаъолият намоянд, ҳар як шахс имконияти интихоби васеъро пайдо мекунад. Иқтисоди рақамӣ на танҳо тиҷорати электронӣ мебошад, балки қариб ҳамаи фаъолияти рӯзмарраи моро дар бар мегирад. Масалан, хизматрасониҳои давлатӣ, муроҷиат ба муассисаҳо, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, фармоиши чиптаҳои ҳавопаймо, фармоиши ҳуҷра дар меҳмонхона, фармоиши хизматрасониҳои осоишгоҳҳо, пардохти ҷаримаҳо, пардохт барои ҳуҷҷатҳои автомобилӣ ва ғайра. Хулоса, иқтисоди рақамӣ нисбати амалиётҳои хариду фурӯш ва пардохтҳои анъанавӣ бартарияти бештар дошта, самаранокии он баръало дида мешавад. Дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ гузашта, якчанд масъалаҳо ва камбудиҳо ҳал хоҳанд шуд.

Айни замон марҳилае мебошад, ки маърифати истифодаи технологияҳои иттилоотии рақамиро дар байни ҷавонон ташвиқ намудан зарур аст, то ки онҳо истифодаи технологияҳои иттилоотиро дуруст ба роҳ монанд.

Бо аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи ворид шудан ва татбиқи як чаҳорчӯби меъёрии муосир, Тоҷикистон метавонад сармоягузории бештари хусусиро ҷалб кунад ва ба ин васила як давраи имкониятҳои беҳтарро фароҳам оварад, зеро корхонаҳои хусусии навтаъсиси фоидаовар густариши инфрасохтори фарохмаҷро ва иқтидори иқтисодиёти рақамиро дар фазои кишвар беҳтар намуда, аз ҷумла барои ин корхонаҳо агар сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб намоем, ин ниҳод то дараҷае метавонад, ки рушди иқтисодиёт боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Адабиёт:

  1. https://zen.yandex.ru/media/fingram/chto-takoe-cifrovaia-ekonomika-59cddde73c50f7d9eaec17e3
  2. https://prostocoin.com/finance/digital-economy
  3. https://hbr-russia.ru/innovatsii/issledovaniya/818884
  4. https://pressa.tj/news_rus/chto-meshaet-razvitiyu-tsifrovyih-tehnologiy-v-tadzhikistane/
  5. https://www.vsemirnyjbank.org/ru/news/opinion/2021/03/01/in-tajikistan-a-digital-future-as-an-alternative-to-unemployment-or-migration
  6. https://medt.tj/images/news/2019/KCERT.pdf
  7. Научно-исследовательский проект Digital Planet, Школа им. Флетчера при Университете Тафтса.
  8. Комилов Ф.С., Шарипов Д.С. Информатикаи татбиқӣ. – Душанбе: «Ирфон», 2009. - 168 с.
  9. Маҷмӯаи таълимӣ аз фанни «Информатикаи амалӣ», тартибдиҳанда: Усмонова М.Р.

Аннотатсия. Дар мақолаи дар боло зикр гардида тарзи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва имкониятҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст. Мисоли иқтисоди рақамӣ ҳама гуна фаъолияти иқтисодие мебошад, ки тавассути Интернет ба роҳ монда мешавад. Иқтисоди рақамӣ яке аз соҳаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон аст. Ин муҳаррики муҳими инноватсия ва рушди корхонаҳо мебошад. Бо гузаштан ба асри технологияи рақамӣ, таъсири он дар миқёси рақобатпазирии кишварҳо ба назар мерасад.

Калидвожаҳо: рақобатпазир, имкониятҳо, рушд, иқтисоди рақамӣ, муҳаррики муҳим.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2