Зеҳн

Низоми бонкӣ ва нақши он дар саноатикунонии босуръати кишвар

19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

НИЗОМИ БОНКӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Зокирова Н.С.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб

Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ нишон медиҳад, ки рушди саноат ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ба афзун шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва пур кардани буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишудаи давлат ба беҳтар шудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, мусоидат карда истодааст. Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардида, қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва бунёди инфрасохтор равона шудааст [2, 85-86]. Барои кишвари мо дастгирии молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони истеҳсолӣ, аз ҷумла додани қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта барои рушди саноати дохилӣ, афзун намудани содирот ва босифату рақобатпазир гардонидани маҳсулоти саноатӣ дар бозорҳои дохилию хориҷӣ аҳаммияти бештар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намуданд. Инчунин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад [1].

Дар замони муосир рушди иқтисодиёт, хусусан соҳибкориро бе рушди низоми бонкии мустаҳкам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар давлатҳое, ки муносибатҳои пулии рушдёфта доранд, маҳз бонкҳо барои рушди ин муносибатҳо ва соҳаи саноати иқтисодиёт такондиҳандаи асосӣ ба шумор мераванд. Низоми бонкии ҳар кишвар дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, бахусус пешрафти соҳаҳои саноати давлат, баланд бардоштани иқтидори содиротии соҳаи саноати кишвар, таъсиси ҷойҳои кории нав ва васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардидааст. Ғайр аз бонкҳо дар кишвар шумораи зиёди ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ фаъолият менамоянд, ки барои таъмин намудани шаҳрвандон ва корхонаҳои соҳаи саноат бо қарзҳои имтиёзнок мусоидат менамоянд.

Дар Паём Пешвои миллат зикр карданд, ки дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 201 миллион сомонӣ ё 3 дарсад зиёд мебошад. Яъне, новобаста аз вазъи ногувори баъзе бонкҳо дар бозгардонидани маблағҳои шаҳрвандон, дар низоми бонкии кишвар тамоюли рушд мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, вобаста ба талаботи замон амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар беҳтар гардидааст. Сарвари давлат дар Паём роҳбарони сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки барои ба таври васеъ ҷорӣ кардани амалияи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар пардохти хизматрасониҳо ва низоми савдо дар давоми соли 2019, инчунин аз ҳисоби мутахассисони ҷавону донишманд, махсусан ҷавондухтарони соҳибмаълумот, пурра кардани ҳайати кормандони ин соҳа тадбирҳо андешанд [1].

Дар баробари низоми бонкӣ, барои таъмин намудани мавқеи пешбарандаи саноат дар иқтисодиёти мамлакат маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, техникию технологӣ, сармоягузорӣ ва танзими давлатиро ба амал баровардан зарур аст, ки механизми иҷрои онҳо дар доираи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бояд роҳандозӣ гардад.

Мақсади асосии стратегияи мазкур аз фароҳам овардани шароити мувофиқ барои рушди комплекси саноатӣ дар асоси модернизатсия ва навсозии инноватсионии соҳаҳо, ки самаранокии иқтисодии онҳо, бехатарии техникӣ, экологӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшавандаро таъмин карда тавонад, иборат мебошад.

Стратегия ҷиҳати рушди саноат, ҳавасмандгардонии таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешниҳодҳо оид ба модернизатсия ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои амалкунанда, инчунин таъсиси истеҳсолоти нави саноатӣ дар мамлакат асоси консептуалӣ мебошад.

Дар баробари ин, ба мақсадҳои Стратегия муқаррароти зерин мансуб мебошанд:

  • ташкил намудани минтақаҳои саноатии ҷумҳурӣ (вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе);
  • таҳкими саноати рақобатнок, устувор, аз ҷиҳати сохтор озмудашуда, ки инкишофи соҳаҳо ва азхудкунии технологияҳои пешқадами ба бозори маҳсулот нигаронидашударо мустақилона роҳандозӣ намояд;
  • таъмин намудани рушди устувори мамлакат бо роҳи диверсификатсияи соҳаҳои саноат, бартараф намудани мақоми саноат ҳамчун истеҳсол ва содиркунандаи ашёи хом;
  • таъмини баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли самарабахши мушкилоти некӯаҳволӣ;
  • қатъ намудани ҷараёни ғайрииндустриализатсияи (ғайрисаноаткунонии) иқтисодиёт дар самти суръатафзоии рушди саноат ва аз кишвари агросаноатӣ ба саноатию аграрӣ табдил додани мамлакат;
  • аз байн бурдани ақибмондагии техникӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёт бо сатҳи миёнаи тараққиёт;
  • ба раванди глобализатсия ҳамроҳ гардонидани саноати мамлакат, ноил шудан ба рақобатпазирии баланди маҳсулоти соҳа дар бозорҳои хориҷӣ;
  • ҷорӣ намудани таносуби муайяни маҳсулот ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати таъмин намудани корхонаҳои коркард бо ашёи хом (меваю сабзавот, растаниҳои техникӣ ва ғайра).

Вазифаҳои муҳимтарин барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар боло зикршуда аз инҳо иборатанд:

  • суръатбахшии устувори рушди саноат нисбат ба дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёти кишвар;
  • мунтазам баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, афзун намудани ҳосилнокии меҳнат ва қобилияти сармоягузорӣ ва захираҳои он;
  • таъмин намудани фазои солими сармоягузорӣ, тадриҷан зиёд гардонидани сармоягузории дохилию хориҷӣ;
  • суръатбахшӣ ба навсозии фондҳои асосӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ, азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои саноатӣ, паст гардонидани энергияталабии истеҳсолот;
  • тадриҷан баланд бардоштани вазни қиёсии маҳсулоти ниҳоӣ дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ;
  • ҳифзи манфиатҳои иқтисодии субъектҳои фаъолияти саноатӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;
  • афзалият додан ба дигаргунсозии куллии сохторӣ, аз ҷумла тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба талаботи тағйирёбандаи иқтисодиёти бозаргонӣ;
  • ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноатӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати фарогирии васеи корхонаҳо ба ҳаракати амалисозии дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва технологияҳои муосир;
  • инкишофи мунтазами бахши хусусӣ дар иқтисодиёт, такмили соҳибкории истеҳсолӣ дар саноат;
  • ташкили муҳити мусоиди меъёрию техникӣ бо мақсади таъмини рақобатпазирии маҳсулот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигаронидашуда, гузариш ба стандартҳои байналмилалии сифат;
  • таъсиси иншооти замонавии инфрасохтори бозор (марказҳо ва толорҳои намоиши маҳсулот, системаи логистикӣ), рушди алоқаҳои тиҷоратӣ;
  • ташкили кооператсияи дохилисоҳавӣ ва байнисоҳавӣ, амалисозии чорабиниҳои интегратсионӣ;
  • ҳавасмандгардонии фаъолнокии сармоягузорӣ барои ташаккули истеҳсолоти илмталаб ва инноватсионӣ;
  • ташкил ва васеъгардонии такрористеҳсолкунии захираҳои меҳнатӣ, такмили системаи омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони муҳандисӣ-техникӣ ва кадрҳои коргарӣ, ки қобилияти пешбурди истеҳсолотро дар шароити бозори озод дошта бошанд;
  • таъмини ҳамкории мутақобилан судманд байни корхонаҳои саноатӣ ва бахши молиявии иқтисодиёт [3].

Адабиёт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2018).
  2. Бегентаев М.М. Экономика промышленности: учебное пособие для студентов экономических специальностей. – Павлодар: Кереку, 2008. – 137 с.
  3. Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, таҳти № 159).
  4. Иззатов Б. Рушди иқтисодӣ аз низоми бонкӣ вобастагии калон дорад / Б. Иззатов // Ҷумҳурият. – 2019. – 13 феврал. – № 33.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2