Гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди рақамӣ ва паёмадҳои он
ГУЗАРИШИ ТОҶИКИСТОН БА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ПАЁМАДҲОИ ОН
Низомова Ш.Ю., Наврӯз Н.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
Дар охири асри XX ва аввалҳои асри XXI рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудани дастовардҳои илму техника мушоҳида мешавад, ки ин заминаест барои ба дараҷаи баландтари тараққиёти иқтисодиёт гузаштани мамлакатҳо. Гузариш ва рушди иқтисоди рақамӣ раванди мушкил, вале тақозои замон аст ва набояд фаромӯш сохт, ки ин роҳи нисбатан қулайтари расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро зарур аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ додугирифт намудан дар муносибатҳои байналхалқӣ амалан кӯшиш намояд, ки маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳоднамудааш рақобатпазир бошанд.
Яке аз омилҳои асосӣ барои суръатбахшӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи рақамикунонӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир — ин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар бозори хизматрасонии иттилоотӣ, таҳлили вазъияти рақамикунонӣ дар ҷумҳурӣ ва инкишофи минбаъдаи он мебошад. Истифодаи васеи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ба иқтисоди рақамӣ дар шакли тақсимот ва татбиқи васеъ паҳн мешавад [4, 258].
Аслан, иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон аз солҳои 50–60-уми асри XX вусъат ёфтан гирифтааст. Дар ин солҳо рушди иқтисоди рақамӣ асосан ҳангоми автоматикунонии технологияҳои мавҷуда ва равандҳои тиҷоратӣ дида мешуд. Баъдан, дар солҳои 90-ум дар ҳаёти ҷомеа ба таври глобалӣ Интернет ва алоқаи мобилӣ ҷорӣ гардид. Аз даҳсолаи аввали садаи XXI ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави технологӣ дохил гардид, ки он ҳамаи сарҳадҳоро рахна сохта, асоси иқтисодиёти инноватсионии постиндустриалиро гузошт. Ҳангоми рушди технологияҳои навин, аз он ҷумла рақамӣ, тағйироти системавӣ дар ҳамаи соҳаҳои соҳибкорӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва ҳамчунин шаклҳои нави ташкили кори роҳбарӣ, қишрҳои давлатӣ ва хусусии иқтисодиёт ба вуҷуд омаданд [2]. Дар асл бошад, як насли ҷадиди иқтисодиёт тавлид меёбад, ки онро «иқтисодиёти рақамӣ» меноманд. Худи мафҳуми «иқтисоди рақамӣ» нисбатан ба наздикӣ пайдо шуда, дар давоми 7–8 соли охир аз журналистикаи илмӣ ба ВАО гузашт ва ҳоло ин ном дар мавриди истифодаи умумӣ қарор дорад [5, с. 56]. Қайд кардан зарур аст, ки ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ дар ҷаҳон дар ҳолати рушд қарор дорад, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Новобаста аз оне, ки ин мафҳум дар соли 1995 аз тарафи Н. Негропонте ба илм ворид гардида, дар адабиёти илмӣ зиёд дида шавад ҳам, мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» то ҳол таърифи муайяни худро наёфтааст. Масалан, олимони рус Н.А. Стефанова ва А.П. Седова дар мақолаи «Модели иқтисодиёти рақамӣ» чунин қайд намудаанд: «Иқтисодиёти рақамӣ ҳамчун як намуди нави иқтисодиётест, ки дар он нақши калидиро пойгоҳи маълумотҳо ва интиқоли онҳо иҷро менамояд. Инчунин, тарзи истеҳсоли маҳсулот ва ба фурӯш гузоштани онро низ ифода менамояд» [3]. Таърифи дигаре, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, чунин аст: иқтисоди рақамӣ — ин низоми муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиест, ки ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии рақамӣ асос ёфтааст ва молу хизматрасониҳо тариқи интернет пешниҳод карда мешаванд. Ба ақидаи мо бошад, иқтисодиёти рақамӣ — ин ҳама гуна фаъолияти иқтисодиест, ки марбут ба истеҳсол, фурӯш ва истеъмоли молу хизматҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва ҳамчунин тиҷорати электронӣ ба амал бароварда мешавад. Аз таърифҳои овардашуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки асоси иқтисодиёти рақамиро маҳз истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тамоми марҳилаҳои истеҳсол, фурӯш ва истеъмол ташкил медиҳад.
Дар солҳои охир равандҳои иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон низ ҷорӣ шуда истодааст. Таҳлилгарони ширкатҳои байналхалқии консалтингӣ дар асоси маълумоти омории давлат тайи солҳои 2016–2017 изҳор медоранд, ки ҳиссаи иқтисодиёти рақамӣ дар ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 0,56%-ро ташкил медиҳад.
Расми 1. Тоҷикистон дар манзари умумиҷаҳонии равандҳои рақамикунонӣ (Манбаъ: тартибдодаи муаллиф аз рӯи маълумоти [4, с. 3]).
Чуноне аз таҳлилҳои гузаронидашуда маълум мегардад, Тоҷикистон аз дигар давлатҳо, аз он ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз рӯи якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла дараҷаи рақамикунонӣ, дараҷаи сармоякунонии коммуникатсияҳои рақамӣ, суръати рушди ҳосилнокии меҳнат ва ғайра, ақиб монда истодааст.
Яке аз нишондиҳандаҳое, ки мавқеи Тоҷикистонро дар манзари умумиҷаҳонии равандҳои рақамикунонӣ муайян мекунад, ин Рейтинги ҳукумати электронӣ мебошад, ки аз тарафи СММ дар асоси таҳқиқотҳои умумиҷаҳонӣ ба даст омадааст. Таҳқиқоти ҳукумати электронӣ аз тарафи СММ гузаронида шуда, фарогири 193 давлати ҷаҳон буда, дар он давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2018 мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Дар рейтинги мазкур Тоҷикистон мутаносибан дар ҷойи 131, Туркманистон – 147, Қирғизистон – 91, Ӯзбекистон – 81 ва Қазоқистон бошад, дар мавқеи 39 ҷойгир аст. Чуноне ки маълум аст, Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойи 4-умро ишғол менамояд. Аз рӯи индекси EGDI Тоҷикистон аз давлати Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон мутаносибан бо нишондоди -0,3377, -0,1987 ва -0,1615 паст буда, аз давлати Туркманистон бошад, 0,0568 баланд мебошад.
Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат дастур доданд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7–8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд. Инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳар чӣ зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад [6, с. 34].
Қайд кардан бомаврид аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст, ки ин имконият медиҳад барои тайёр намудани чунин мутахассисон, ба монанди муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-барномасоз, веб-дизайнер ва мутахассиси ТИ, ки дар оянда метавонанд барои рушди иқтисоди рақамӣ саҳми муносиб гузоранд. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба ҳамаи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) аҳаммияти муҳим дорад. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои Тоҷикистон (на фақат барои мо, балки барои ҳамаи давлатҳо) аз бисёр ҷиҳат манфиатовар аст, аз ҷумла, барои суръатбахшии рушди соҳибкории хурд ва миёна, баландбардории ҳосилнокии меҳнат, афзоиши рақобатнокӣ ва дар умум рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад [1]. Ба фикри мо, барои рушд додани иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешниҳодҳо аз аҳаммият холӣ нестанд:
- ташаккул ва рушди хизматрасониҳои онлайнӣ дар тамоми соҳаҳои мамлакат;
- истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ;
- дастрасӣ доштан ба интернети баландсуръат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ.
Адабиёт:
- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 26.12.2018 [захираи электронӣ]. – URL: http://www.prezident.tj/node/19088 (санаи истифодабарӣ: 15.10.2021).
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон [захираи электронӣ]. – URL: https://mfa.tj/tg/main/view/2104/strategiyai-millii-rushdijumhurii-tojikiston-baroi-davrai-to-soli-2030 (санаи истифодабарӣ: 01.10.2021).
- Каткова М.А., Титова Ю.С. Цифровая экономика: содержание и тенденции развития // Изв. Сарат. ун-та. Нов. сер. «Экономика. Управление. Право». – 2019. – Т. 19. – Вып. 3. – С. 257–264.
- [Электронный ресурс] М.А. Каткова, Ю.С. Титова. Режим доступа: https://doi.org/10/18500/1994-2541-2019-19-9-3-257-264 (дата обращения: 16.10.2021).
- Ильченко А.И., Ильченко К.А. Цифровая экономика как высшая ступень развития инфокоммуникационных технологий // Современные наукоемкие технологии. Региональное приложение (экономические науки). – 2018. – № 3 (55). – С. 56–63.
- Стефанова Н.А., Седова А.П. Модель цифровой экономики // Карельский научный журнал. – 2017. – Т. 6. – № 1 (18). – С. 91–93. [Электронный ресурс] URL: https://elibrary.ru/downloand/elibrary_28875081_45712106.pdf (дата обращения: 20.10.2021).
- Азизкулов Д.М. Цифровая экономика: понятие, особенности и перспективы на российском рынке // Вектор экономики. – 2018. – № 3 (21). – С. 62–72. [Электронный ресурс] URL: https://elibrary.ru/download/elibrary_32751051_13924538.pdf (дата обращения: 10.11.2021).
- Доклад о цифровой экономике. ООН. 2019. [Электронный ресурс] https://unctad.org/en/PublicationsLibrary/der2019_overview_ru.pdf (дата обращения: 26.09.2021).




