Зеҳн

Таваҷҷуҳи соҳибмулкон ва сармоягузорони корхонаҳои маҳаллӣ ба хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Таҳқиқоти муаллиф нишон дод, ки сабабҳои асосии кам будани таваҷҷуҳ ба хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

  • дарк накардани соҳибмулкон ва сармоягузорони корхонаҳо муҳимии аудитро чун тарзи ягонаи гирифтани ахбори воқеъбинона оид ба саҳеҳии ҳисоботи молиявӣ ва дигар ахбори хусусияти ғайримолиявӣ доштаи субъектҳои хоҷагидорӣ, чун воситаи босамараи назорати ҳифзи дороиҳо ва инъикоси натиҷаҳои молиявӣ ва хавфҳои фаъолияти хоҷагидории ин субъектҳо;
  • дигаршавиҳои номатлуби муҳити сармоягузорӣ дар мамлакат ва зуҳуроти буҳронии ба пастшавии умумии фаъолияти иқтисодӣ дар аксар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ оварда, ки ин нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ дар пастшавии фаъолнокии сармоягузорӣ ва ҷаҳд кардан ба камкунии ҳама гуна хароҷоти ба андешаи онҳо номуҳим, ки аудит низ ба онҳо мансуб дониста мешавад, ифода меёбад;
  • мавҷуд набудани манфиати воқеӣ ба натиҷаҳои аудити ҳатмӣ аз ҷониби давлат — яке аз истифодабарандагони имконии муҳимтарини ин натиҷаҳо, ки аз ҷумла дар муносибати фориғболонаи он ба субъектҳои риоянакунандаи уҳдадориҳои худ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳатмӣ ифода меёбад;
  • муносибати «вафодорона»-и аудиторҳо нисбат ба мизоҷони худ ба хотири нигоҳ доштани пойгоҳи мизоҷон, ки дар таҳрифкории маълумот ва бо хоҳиши мизоҷ дигаргун кардани хулосаи аудиторӣ ифода меёбад (баъзан ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ё ба даст овардани қарзи бонкӣ мизоҷ аз аудитор «дигаркунии» хулосаи аудиториро хоҳиш менамояд);
  • набудани асосҳои методии муносиб дар фаъолияти аудиторӣ, омода набудани баъзе аудиторҳо ба кор дар шароити афзоиши талабот ба сифати хизматрасониҳои аудиторӣ, ки аз ҷорикунии стандартҳои байналмилалии аудит бармеоянд;
  • касбият ва кордонии нобасандаи аудиторҳои алоҳида, хусусан дар соҳаҳои бонк, сармоягузорӣ ва суғурта.

Ба шумори натиҷаҳои номатлуби арзёбии вазъи корҳо дар фаъолияти аудиторӣ афзалияти унсурҳои берунии танзимкунӣ ва назорати сифат низ мансуб дониста мешаванд. Дар мамлакат амалҳои танзим ва назорати фаъолияти аудиторӣ асосан ба уҳдаи мақомоти давлатӣ вогузор карда шудааст. Гарчанде тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон [1] дар мамлакат фаъолият намудани ташкилотҳои касбии аудиторҳо дар назар дошта шудааст, то ҳол ҳастӣ ва фаъолияти муносиби онҳо ба назар намерасад.

Тибқи муқаррарот яке аз вазифаҳои асосии ташкилоти касбии аудиторҳо ин дар асоси созишнома бо ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ ба ҷо овардани назорати берунии сифати хизматрасониҳои онҳо мебошад. Барои ба ҷо овардани вазифаи мазкур мақбул аст, ки ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ аъзои ташкилоти касбии аудиторҳо бошанд. Ҳамин тавр, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» муқаррар менамояд, ки аудитор бояд ҳатман аъзои ягон ташкилоти касбии аудиторҳо бошад. Вале барои аъзои чунин ташкилоти касбии аудиторҳо будани ташкилотҳои аудиторӣ ягон нишондод ё муқаррароте дар қонунгузорӣ нест.

Паёмади мавҷудияти омилҳои номбаршуда бешубҳа сифати пасти аудит мебошад. Онҳо барои ҳастӣ ва рушди минбаъдаи аудит ва хизматрасониҳои аудиторӣ дар мамлакат таҳдидҳои бевосита эҷод менамоянд. Натиҷаҳои нисбатан хавфноктари ин гуна таҳдидҳо чунин рӯйдодҳо буда метавонанд:

  • минбаъд кам шудани шумораи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ, паст шудани сифат ва самаранокии кори онҳо бо паёмадҳои иҷтимоӣ-иқтисодии дахлдор;
  • коста шудани обрӯи иҷтимоии касби аудиторӣ, ки омили асосии фирори мутахассисони кордон аз соҳаи фаъолияти аудиторӣ ва майл накардани кормандони ҷавон ба фаъолияти аудиторӣ мебошад;
  • паст шудани рақобатпазирии аксари ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторҳои инфиродӣ дар бозори хизматрасониҳои аудиторӣ ва ба ин бозор ворид шудани ташкилотҳои аудитории хориҷӣ.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, чунин меҳисобем, ки рисолати фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини ҷамъият бо ахбори саҳеҳ оид ба вазъ, хавфҳо ва дигар ҷиҳатҳои муҳим, аз ҷумла ҷиҳатҳои ғайримолиявии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки чун яке аз шартҳои зарурии баландбардории фаъолнокии сармоягузорӣ ва самаранокии иқтисодиёти миллӣ баромад менамояд. Ҳадафи асосии мукаммалгардонии фаъолияти аудиторӣ ва баландбардории сифати хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин ташаккули бозори хизматрасониҳои аудиторие мебошад, ки иштирокчиёни он ба талаботи баланди касбӣ ҷавобгӯ буда, қодир бошанд, ки рисолати ба онҳо вогузоршударо бомуваффақият иҷро намоянд. Ба ин хотир, вазифаи асосии мукаммалгардонии фаъолияти аудиторӣ таъмини баландбардории сифати хизматрасониҳои аудиторӣ мебошад.

Дар натиҷаи таҳқиқи бозори хизматрасониҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин хусусиятҳои хизматрасонии мазкур ошкор карда шуданд:

  1. Сабаби асосии гузаронидани аудит — хавф доштан аз корбурди таҳримҳои мақомоти назоратӣ. Мақомоти назоратӣ ба ҳама гуна вайронкуниҳои талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдиҳии ҳисоботи молиявӣ, ҳифзи сӯхтор, муҳити зист ва дигар қоидавайронкуниҳое, ки дар натиҷаи санҷишҳо ошкор шудаанд, ба таври ҷиддӣ муносибат менамоянд. Яке аз намудҳои таҳримҳо, ки аз ҷиҳати молиявӣ маблағҳои калонро ташкил дода метавонад, ин ҷаримаҳо мебошанд. Таҷрибаи корхонаҳои ватанӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми набудани таҳримҳо, эҳтимол меравад, ки эҳтиёҷ ба аудит кам мешавад. Хусусияти мазкур бояд дар мавриди корҳои пешакӣ бо мизоҷ ба инобат гирифта шавад, масалан, аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ба мизоҷ пешниҳод гардидани кафолатҳои ҳифзи манфиатҳо дар назди шахсони сеюм. Дар муносибат бо ин, мо зарур мешуморем, ки соҳаи корбурди аудити ташаббусӣ аз ҳисоби ташаккули эҳтиёҷ ба хизматрасониҳои аудиторӣ васеъ карда шавад.

  2. Хизматрасонии аудиторӣ хосияти муқарраркунандагӣ дорад. Хусусияти мазкур дар тасдиқ гардидани далелҳои фаъолияти хоҷагидории корхона ва мувофиқати онҳо бо талаботи қонунгузорӣ ифода меёбад. Яъне ҳангоми гузаронидани аудит дараҷаи қонунӣ будани амалиёти хоҷагидории корхонаи санҷидашаванда муқаррар карда мешавад.

  3. Мавҷуд набудани таъсири бечунучаро ба фаъолияти корхона. Роҳбарияти корхона натиҷаҳои фаъолияти аудиториро аз нигоҳи худ метавонад истифода барад ё истифода набарад.

  4. Имкони мушаххасгардонии хизматрасонӣ вобаста аз эҳтиёҷоти мизоҷон, ки бояд дар маҷмӯи чорабиниҳои маркетингӣ инъикос карда шавад. Имконоти мушаххасгардонии хизматрасонии аудиторӣ аз ҷониби қонунгузорӣ маҳдуд карда шудааст, ки аз як ҷониб, имкон медиҳад, то хусусияти мазкур ба таври ба истеъмолкунанда дастрас дар чорабиниҳои маркетингӣ инъикос карда шавад, аз ҷониби дигар — имкони равиши эҷодиро ҳангоми ба бозор ҳавола додани ин намуди хизматрасонӣ маҳдуд менамояд.

Сифати хизматрасонии аудиторӣ аз чунин омилҳо муайян карда мешавад:

  • талаботи қонунгузории қабул кардани хизматрасонӣ;
  • дигаршавии қонунгузорӣ;
  • суръатҳои афзоиши таваррум;
  • афкори ҷамъиятӣ оид ба хизматрасониҳои аудиторӣ;
  • бовар надоштан ба дурустии гузориш ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ;
  • даромадҳои истеъмолкунанда ва арзиши хизматрасонӣ;
  • талаботи шахсони сеюм.

Ташкилотҳои аудиторӣ ва роҳбарони онҳо, аудиторҳои инфиродӣ, шахсони санҷидашаванда ва шахсоне, ки ба аудити ҳатмӣ бояд гирифтор шаванд, масъулияти ҷиноӣ, маъмурӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандиро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯш доранд.

Ҳамкориҳои байни ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони аудитшаванда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Шахси аудитшаванда бояд барои гузаронидани аудит шароит фароҳам оварад, ҳама ахбори барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ зарурбударо ба аудитор пешниҳод намояд ва арзиши корҳои иҷрошударо пардохт намояд. Дар навбати худ, аудитор бояд дар муҳлатҳои бо шартнома оид ба гузаронидани аудит муайянгардида санҷиши аудиториро гузаронад ва ба фармоишгари аудит хулосаи аудиториро пешниҳод намояд.

Мавқеи хосаро дар соҳаи танзимкунии бозори хизматрасониҳои аудиторӣ стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ишғол менамоянд. Стандартҳо дар сатҳҳои гуногун таҳия карда мешаванд, ки мақсади асосии онҳо мусоидат намудан ба сифати баланди хизматрасонии аудиторӣ ва таъмин намудани воқеъбинонагӣ ва набудани хусумат ё дигар манфиати номатлуб ҳангоми гузаронидани аудит мебошад.

Таҳқиқоти дар самти муайянкунии омилҳои ба баландбардории сифат ва самаранокии хизматрасониҳои аудиторӣ таъсиррасон гузаронидашуда ба мо имкон дод, то хулоса барорем, ки бо вуҷуди шумори зиёди корҳои ба баррасии сифати хизматрасониҳои аудиторӣ бахшидашуда, то ҳол методикаи ягона ва мукаммали арзёбии сифат ва самаранокии хизматрасониҳои аудиторӣ таҳия нагардидааст. Ин дар навбати худ раванди ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои аудитории босифатро суст менамояд, бинобар ин, ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона ба таври номатлуб таъсир мерасонад, инчунин дар баъзе ҳолатҳои ҷиддӣ метавонад ба ҳастии корхона таҳдид эҷод намояд.

Аннотатсия. Таҳқиқоти дар самти муайянкунии омилҳои ба баландбардории сифат ва самаранокии хизматрасониҳои аудиторӣ таъсиррасон гузаронидашуда ба мо имкон дод, то хулоса барорем, ки бо вуҷуди шумори зиёди корҳои ба баррасии сифати хизматрасониҳои аудиторӣ бахшидашуда, то ҳол методикаи ягона ва мукаммали арзёбии сифат ва самаранокии хизматрасониҳои аудиторӣ таҳия нагардидааст. Ин дар навбати худ раванди ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ пешниҳод намудани хизматрасониҳои аудитории босифатро суст менамояд, бинобар ин, ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории корхона ба таври номатлуб таъсир мерасонад, инчунин дар баъзе ҳолатҳои ҷиддӣ метавонад ба ҳастии корхона таҳдид эҷод намояд.

Калидвожаҳо: аудит, хизматрасонӣ, сифат, стандарт, ташкилот, бозор, соҳибмулк, сармоя, корхона.

Адабиёт:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» аз 22 июли соли 2013, № 993 [Сарчашмаи электронӣ] / URL: http://mmk.tj/content/.
  2. Леонова Т.И., Жукова А.Г. Методические подходы к оценке и контролю качества аудиторских услуг / Т.И. Леонова, А.Г. Жукова // Известия Санкт-Петербургского государственного экономического университета. – 2013. – № 5 (83). – С. 57-64.
  3. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019 / Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2019. – Душанбе, 2019. – 478 с.
  4. Старостин Е.А. Критерии оценки качества оказания аудиторских услуг / Е.А. Старостин // Актуальные проблемы учета, анализа, финансового контроля и статистики в социальной сфере: сборник материалов межвузовской конференции / Под редакцией В.А. Свободина, С.В. Шамшеева. – М., 2017. – С. 107-112.
  5. Тимченко О.С. Современные подходы к оценке качества аудиторских и бухгалтерских услуг / О.С. Тимченко // Аудиторские ведомости. – 2013. – № 12. – С. 84-92.
  6. Черкасова Н.В. Анализ основных требований к деятельности саморегулируемых организаций как субъектов повышения качества и непосредственных участников взаимодействия с аудиторскими компаниями / Н.В. Черкасова // Транспортное дело России. – 2009. – № 12. – С. 91-99.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2