Захираҳои обию ирригатсионии Осиёи Марказӣ: вазъи ҳозира ва тамоюли рушд
Захираҳои обию ирригатсионии Осиёи Марказӣ: вазъи ҳозира ва тамоюли рушд
Муаллифон: Исайнов Ҳ.Р., Фозилов Р.Ш. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз рӯйи масоҳат (ҳудуд) дар ҷаҳон ҷойи 85-умро низ ишғол намояд ҳам, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ баъди Ҷумҳурии Чин, Федератсияи Россия, ИМА, Бразилия, Алҷазоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи 8-ум меистад ва потенсиал (иқтидорҳо)-и истеҳсолии қувваи барқ тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд. кВт-соат арзёбӣ мегардад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал истода, 70 фоизи захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба ҳудуди он рост меояд, ки айни ҳол зиёда аз 4 фоизи он истифода мешаваду халос.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози бойгарии захираҳои об нисбатан бой аст. Зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми солонаи сарчашмагирии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Тоҷикистон рост омада, ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтаанд, захираҳои калони обҳои нӯшокиро ташкил медиҳанд (дар маҷмӯъ 845 млрд. м3).
Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози бойгарии захираҳои об дар миқёси Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Аз ҳисоби сифати обҳои ширин бошад, ҷумҳурии мо дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар ҷадвали поёнӣ ҳаҷм ва сохтори обистифодабарӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чунин тарз инъикос ёфтааст (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Ҳаҷм ва сохтори обистифодабарӣ дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ (км3)
| Обистифодабарӣ | Қазоқистон | Қирғизистон | Тоҷикистон | Туркманистон | Ӯзбекистон | Ҳамагӣ |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Обистифодабарӣ, ҳамагӣ | 16,0 | 8,2 | 12,8 | 15,8 | 46,2 | 99,8 |
| аз инҳо: | ||||||
| - кишоварзӣ | 12,3 | 7,4 | 11,3 | 14,4 | 38,0 | 87,0 |
| - саноат | 3,3 | 0,6 | 0,9 | 1,2 | 6,5 | 12,5 |
| - дигар соҳаҳо | 0,4 | 0,2 | 0,6 | 0,2 | 1,7 | 2,8 |
| аз он ҷумла: оби нӯшокӣ (ҳазор м3/сол/одам) | 2,35 | 2,38 | 1,96 | 4,72 | 3,42 | 2,9 |
Сарчашма: Одинаев Х.А., Мусинов А.С. Развитие механизма согласованного использования водно-энергетических ресурсов трансграничных рек (на материалах Центрально-Азиатского региона). - Душанбе: ТНУ, 2018. - 102 с.
Аз нишондиҳандаҳои ҷадвал бармеояд, ки обистифодабарандаи аз ҳама бузург дар минтақа ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯсти мо Ӯзбекистон мебошад, ки талаботи солонааш ба истифодаи захираҳои об дар ҳаҷми 59200 млн. м3, яъне 88,5 фоиз ё ин ки 52400 млн. м3/сол барои обёрикунонии замин сарф мешавад, ки аз он 46,2 км3 дар шароити ҳозира истифода мешавад. Ҳамзамон талаботи умумии обтаъминкунӣ дар ҳамаи соҳаҳои обистифодабарӣ дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон 68930 млн. м3/солро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаҳои обистифодабарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон на он қадар зиёд мебошад (фарқият 9730 млн. м3/сол).
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи тамоми соҳаҳои обистифодабарӣ (кишоварзӣ, аз он ҷумла барои обёрикунонӣ, саноат, обҳои нӯшокӣ ва ғайра) нисбатан бештар захираҳои обро истифода мебарад.
Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, аз ҳама бештар захираҳои об дар соҳаи кишоварзӣ, аз он ҷумла барои обёрӣ истифода мешавад. Сабаби аз ҳама зиёд истифода бурдани захираҳои об дар соҳаи кишоварзӣ нисбати дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи барои обёрикунонӣ эҳтиёҷдошта («аридная зона») ҷойгир шудааст ва аз ҳамин хотир, зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ ба заминҳои обӣ рост меояд. Агар истифодаи захираҳои обро дар миқёси 100 фоизи соҳаҳои кишоварзӣ арзёбӣ намоем, он гоҳ маълум мегардад, ки 15 фоиз (албатта, аз 85 фоизи ба соҳаи кишоварзӣ ростомада) барои таъмини фермаҳои чорводорӣ ва обшоркунии чарогоҳҳо сарф мешавад.
Умуман, дар маҷмӯъ, на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар захираҳои об барои обёрикунонии заминҳои кишоварзӣ истифода мешаванд, ки имрӯзҳо 30 фоизи ММД-и кишварҳои минтақаро ташкил медиҳад ва дар он 60 фоизи аҳолӣ банд мебошад. Ҳаҷми истифодаи об дар ин самт асосан аз масоҳати азхудкунии обёрии заминҳо вобаста мебошад. Маълумот оид ба саҳми иштироки ҳар як кишвари минтақа оид ба обистифодабарӣ бо мақсади обёрикунӣ, саноат ва оби нӯшокию истифодаи он дар хоҷагиҳои коммуналию манзилӣ дар поён оварда шудааст (ҷадвали 2).
Ҷадвали 2. Вазни қиёсии кишварҳои минтақа дар истифодаи захираҳои об барои обёрӣ, саноат ва истифодаи оби нӯшокӣ дар соли 2020 (бо %)
| Намудҳои обистифодабарӣ | Қазоқистон | Қирғизистон | Тоҷикистон | Туркманистон | Ӯзбекистон |
|---|---|---|---|---|---|
| Обёрикунонӣ | 14 | 9 | 12 | 18 | 47 |
| Обистифодабарӣ дар деҳот | 8 | 5 | 31 | 7 | 49 |
| Саноат (аз он ҷумла обистифодабарӣ дар шаҳр) | 53 | 7 | 10 | 12 | 18 |
| Оби нӯшокӣ ва коммуналию манзилӣ | 14 | 4 | 15 | 9 | 58 |
Сарчашма: Хамидов М.Х. О государственной поддержке развития мелиорации в Узбекистане. Экологические аспекты мелиорации, гидротехники и водного хозяйства АПК // М.Х. Хамидов, А.Р. Муратов, Н. Аллаберганов // Материалы международной научно-практической конференции. - М.: Изд. ВНИИГиМ, 2017. - С. 16-20.
Таҳлили нишондиҳандаҳои ҷадвал аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳудуди Қазоқистон (2724,9 ҳазор км2) аз ҳама бештар захираҳои обӣ арзи ҳастӣ менамоянд дар муқоиса нисбати дигар кишварҳои минтақа (1283 ҳазор км2), вале он, масалан, нисбати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷмӯъ ба миқдори 3,5 маротиба камтар захираҳои обро истифода мебаранд. Нишондиҳандаҳои овардашуда боз як бори дигар тасдиқ менамоянд, ки зиёда аз нисфи захираҳои оби барои обёрикунонӣ сарфгардида — 47 фоиз ба Ӯзбекистон рост меояд, ки он 52400 млн. м3 дар як солро ташкил медиҳад. Истифодаи солонаи захираҳои об барои обёрикунонии замин дар миқёси дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин рақамҳоро ташкил медиҳанд: Туркманистон — 18 фоиз (20000 млн. м3), Қазоқистон — 14 фоиз (15000 млн. м3), Тоҷикистон — 12 фоиз (13550 млн. м3), Қирғизистон — 9 фоиз (9500 млн. м3).
Дар яке аз суханрониҳои худ собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба масъалаҳои захираҳои табиӣ дахл намуда, манбаъҳои оби Осиёи Марказиро моликияти тамоми халқҳои сокини ин минтақа эълон кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала равшанӣ андохта иброз намуд, ки дигар сарватҳои Осиёи Марказӣ низ бояд моликияти муштараки мардуми ин минтақа бошанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ дар қатори ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳамзамон ба масоили обу иқлим ва муҳити зист низ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо иқдомоти дурбинонаю пешниҳодҳои илман собитгардидаи аҳамияти ҷаҳонидоштаашон Тоҷикистонро чун кишвари ташаббускори масоили байналмилалии истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Як нуқтаро метавон қайд намуд, ки дар доираи таҳқиқотҳои минтақавӣ ҳанӯз соли 2009 Комиссияи Байнидавлатии координатсионии хоҷагии об (МКВК) ҳисобҳоро оид ба ҳолати обистифодабарӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тартиб дод, ки он дар ҷадвали поёнӣ бо чунин тарз оварда шудааст (ҷадвали 3).
Ҳамаи соҳаҳое, ки захираҳои оби сарҳадгузарро дар минтақаи Осиёи Марказӣ истифода мебаранд, вобаста аз сатҳи истифодаи захираҳои обӣ ба обистеъмолкунандагон ва обистифодабарандагон ҷудо мешаванд. Чӣ тавре ки маълумоти ҷадвали 3 нишон медиҳад, ҷумҳурии мо ба он гурӯҳе дохил мешавад, ки асосан захираҳои обро барои обёрикунонӣ ва гидроэнергетика истифода мебаранд. Обистеъмолкунандагони асосӣ дар минтақа асосан кишварҳои воқеъ дар поёноб ҷойгиршуда мебошанд, ки ба ҷумлаи онҳо Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дохил мешаванд.
Ҷадвали 3. Тағйирёбии истифодаи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ояндабинии он аз рӯйи соҳаҳои иқтисоди миллӣ (Талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба захираҳои обӣ)
| Кишварҳо | Солҳо | Обистифодабарӣ | Кишоварзӣ | Саноат | Моҳипарварӣ | Обёрӣ | Дигар соҳаҳо | Ҳамагӣ |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Қазоқистон | 2005 | 0,08 | 0,07 | 0,075 | 0,065 | 9,5 | 0,21 | 10 |
| 2010 | 0,14 | 0,1 | 0,12 | 0,15 | 9,5 | 0,5 | 10,51 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 0,16 | 0,12 | 0,29 | 0,17 | 7,45 | 0,5 | 9,25 | |
| Қирғизистон | 2005 | 0,08 | 0,09 | 0,15 | 0,03 | 5,540 | 0,01 | 5,9 |
| 2010 | 0,1 | 0,11 | 0,2 | 0,04 | 6,02 | 0,03 | 6,5 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 0,14 | 0,15 | 0,3 | 0,05 | 6,8 | 0,06 | 7,5 | |
| Тоҷикистон | 2005 | 0,5 | 0,75 | 0,65 | 0,1 | 11,9 | 0,4 | 14,3 |
| 2010 | 0,7 | 0,9 | 0,8 | 0,15 | 13,15 | 0,3 | 16 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 1,0 | 1,1 | 1,0 | 0,2 | 14,5 | 0,2 | 18 | |
| Туркманистон | 2005 | 0,37 | 0,19 | 0,75 | 0,025 | 18 | 0 | 19,335 |
| 2010 | 0,4 | 0,2 | 0,9 | 0,03 | 20 | 0 | 21,53 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 0,47 | 0,25 | 1,1 | 0,04 | 17,65 | 0 | 19,51 | |
| Ӯзбекистон | 2005 | 2,65 | 1,39 | 1,35 | 1,05 | 56,56 | 0 | 63 |
| 2010 | 2,7 | 1,4 | 1,39 | 1,32 | 52,4 | 0 | 59,2 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 5,85 | 1,63 | 1,46 | 2,24 | 48,02 | 0 | 59,2 | |
| Ҳамагӣ дар ҳавза | 2005 | 3,68 | 2,49 | 2,975 | 1,27 | 101,55 | 0,62 | 112,54 |
| 2010 | 4,04 | 2,71 | 3,41 | 1,69 | 101,07 | 0,83 | 113,75 | |
| ояндабинӣ то соли 2025 | 7,62 | 3,25 | 4,15 | 2,7 | 94,42 | 0,76 | 112,9 |
Сарчашма: Таҳияи муаллиф дар асоси Диагностический доклад по водным ресурсам Центральной Азии. - Ташкент: НИЦ МКВК, 2010. - С. 24.
Ба андешаи собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун: «Об барои ҳамаи мақсадҳои мо дар соҳаи рушд муҳим аст. Модом ки мо дар амалисозии даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» қарор дорем ва имсол баргузории Саммитро оид ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола интизорем, биёед идоракунии босуботи захираҳои обиамонро ба манфиати табақаҳои қашшоқтарин ва осебпазиртарини аҳолӣ ва ба манфиати шаклҳои гуногуни зиндагӣ дар рӯйи Замин таъмин намоем».
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ бо афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон вазъияти истифодаи захираҳои об дар оянда аз ин ҳам мудҳиштар хоҳад гардид. Ҳатто дар ҳолати ҳозираи шумораи аҳолӣ, яъне 7,8 млрд. одам, кураи Замин норасоии бузурги захираҳои обро ҳис менамояд. Дар асоси маълумоти як қатор кишварҳои дунё, ба монанди Ҷумҳурии Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Африқои Шимолӣ ва ИМА, яке аз муаллифони китоби «Pillar of Sand» («Тӯдаи хок») Сандра Постел ҳаҷми аз меъёр зиёд истифодабарии обҳои зеризаминиро ҳисоб карда баромадааст. Ба ҳисобҳои ӯ ин нишондиҳанда (яъне ҳаҷми аз меъёр зиёд истифодабарии обҳои зеризаминӣ) тақрибан 160 млрд. м3, ё ин ки 160 млрд. тоннаро ташкил медиҳад. Сандра Постел чунин меҳисобад, ки агар барои истеҳсоли 1 тонна ғалла тақрибан 1000 тонна об зарур шавад, он гоҳ камчинии захираҳои об ба миқдори 160 млрд. тонна ба бузургии ба даст наовардани 160 млн. тонна ғалла, ё ин ки ними ҳосили ғалладонагиҳо дар ИМА баробар мебошад. Дар ҳолати истеъмоли ҷаҳонии ғалла дар ҳаҷми зиёда аз 300 кг ба ҳар сар аҳолӣ дар як сол ин 160 млн. тонна метавонист тақрибан 480 млн. одамро хӯронад. Ба тарзи дигар гӯем, 480 млн. нафар аз миқдори 7,3 млрд. аҳолии бо ғалла таъминбудаи кураи Замин дар натиҷаи истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об бо ғалла таъмин карда шудааст. Яъне ин гуфтаҳо ба он далолат менамоянд, ки мо дар ҳозира аз ҳисоби захираҳои обе, ки барои насли оянда (яъне фарзанду набераҳои мо) муқаррар шудааст, истифода мебарем.
Бояд қайд намоем, ки яке аз омилҳои ба истифодаи самараноки захираҳои обию ирригатсионӣ таъсиррасон ин сохтану ба истифода додани НОБ-и ба нақша гирифташуда, аз ҷумла НОБ-и Даштиҷум дар дарёи Панҷ мебошад. Мувофиқи таҳқиқот дар сароби дарёи Панҷ ва шохобҳои он Ғунду Бартанг низ нерӯгоҳҳои иқтидорашон гуногунро сохтан мумкин аст. Ба қавли мутахассисон, дар дарёи Ғунд 12 нерӯгоҳ ва дар дарёи Бартанг сохтани 5 нерӯгоҳ имконпазир мебошад. Дарёи Бартанг аз кӯли Бешутеки Афғонистон об гирифта, мавзеъҳои барои нерӯгоҳҳои барқӣ мувофиқи он дар баландиҳои бештар аз 4 ҳазор метр воқеанд.
Қисми зиёди нерӯгоҳҳои дарёи Панҷ дар оянда барои инкишофи иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидат хоҳад кард. Дар байни нерӯгоҳҳои барқии оянда хусусан НОБ-и Даштиҷум аҳамияти хеле калон дорад. Аз рӯйи шартномаи байнидавлатӣ минбаъд оби ин дарё ва энергияи арзони он ба нафъи ҳар ду мамлакат истифода хоҳад шуд. Баъди сулҳу салоҳ дар сарзамини Афғонистон минбаъд масъалаи ҳар чӣ тезтар ба нафъи ҳар ду давлат истифодабарии обҳои сарҳадӣ ба миён меояд. Шохобҳои асосии Панҷро дар қисматҳои Тоҷикистон дарёҳои Техарв, Рохарв, Пишхарв, Шурговад, Сунгад, Бартанг, Язғулом, Обикумбов, Ванҷ, Қизилсу ва аз тарафи Афғонистон дарёи Шива, Куғча, Чабой, Куфоб, Обитанг, Зарриноб, Роғ, Вахандарё, Хандуд, Зардоб ташкил медиҳанд. Дар баробари нерӯгоҳҳои калону миёна сохтмони нерӯгоҳи барқии хурд дар шохоби дарёи Панҷ аз ду тарафи дарё бисёр муаммоҳои иқтисодии ҳар ду давлатро ҳал мекунад.
Масалан, дар вилояти Бадахшон, Тахор, Қундуз, Бағлон, Самангони Афғонистон бештар аз 300 ҳазор гектар заминҳои ҳосилхез мавҷуданд, ки бо ёрии энергияи барқӣ (сохтани обанбор, стансияҳои насосӣ ва ғайра) имконияти азхудкунии онҳо ба амал меояд. Ин яке аз роҳҳои беҳтарини ба низом овардани вазъи иқтисодӣ ва пешгирии роҳи камбизоатӣ дар Афғонистон мебошад. Ҳоло истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар Афғонистон ҳамагӣ ба 420 млн. кВт-соат (дар Тоҷикистон зиёда аз 15 млрд. кВт-соат) мерасад. Пас дар сурати истифодаи якҷояи обҳои сарҳадӣ ва ҷоннок намудани истеҳсоли нерӯи барқ имконияти тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои муҳими иқтисодию тиҷорат дар ҳар ду мамлакат пайдо мешавад. Аз тарафи дигар, ин ягона роҳи дар Афғонистон зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ ва пешгирии роҳи несткунии майдонҳои растании кӯкнор (нашъа) мегардад.
Аз тарафи дигар, як қатор иншоотҳои обёришаванда, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохта шудаанд, на ҳама вақт ба манфиати ин кор амал менамоянд. Масалан, қариб тамоми иқтидори обанбори Қайроқум дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ ба нафъи давлатҳои ҳамсоя истифода мешавад. Маҳз бо ёрии обанбори Қайроқум маҷрои об ҳангоми обёрии заминҳо дар Ӯзбекистону Қазоқистон ба низом оварда мешавад. Аз ин ҳисоб ҷумҳурии мо дар фасли зимистон аз имконияти зиёди истеҳсоли энергияи барқ маҳрум мегардад. Ин ҳолат ба корхонаҳои саноатии ноҳияи шимоли ҷумҳурӣ зарари зиёди моддӣ меоварад. Ҳол он ки аз ин ҳисоб зарари экологии ноҳияҳои атрофи обанбор ва соҳили дарёи Сир ниҳоят зиёд аст. Аз ин хотир, тақсимоти дурусти об боиси дар оянда бештар гардидани бисёр нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, алалхусус афзун гардидани маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурии мо мегардад. Ҳоло ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аз сабаби вазъияти мураккаби демографӣ масъалаи бо маводи хӯрока таъминкунии аҳолӣ сол то сол душвор мешавад.
Зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ танҳо дар сурати васеъ намудани майдони замини кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба даст меояд. Аз ин ҷост, ки суръати баланди афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим дар кураи Замин ва яку якбора баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи аҳолиро ба обҳои нӯшокӣ ва обёрикунонӣ зиёд менамояд, ки аз нигоҳи мо тақсимоти он дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд аз нав дида баромада шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар ин бобат ҳамаи қонуну меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси талаботҳои байналхалқӣ риоя карда шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ бо номи «Тоҷикистони соҳибистиқлол 15-сола шуд» дар Фаслномаи илмии «Ирано-Славика», Маскав, 2 (10), 2006 менависад, ки: «…аз рӯйи таҳқиқи коршиносон, дар дунё захираи манобеи табиии сӯхт ва монанди инҳо рӯз аз рӯз коҳиш меёбад. Аммо Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати иқтисодӣ даромаднок ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз, мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи гидроэнергетика мебинем».
Яке аз муаммоҳои доғи рӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки таъсири ногувори он, аз он ҷумла, ба ҷумҳурии мо ногузир аст — ин нестшавӣ ва буҳрони баҳри Арал мебошад. Нисбати баҳри Арал ҳаминро гуфтанием, ки ҷумҳурии мо дар ҳама чорабиниҳои пешгирии хавфи экологии ин минтақа фаъолона иштирок мекунад. Вале мувофиқи ақидаи баъзе коршиносон, қисмати асосии буҳрони баҳри Арал ва оқибатҳои он аз ҳисоби ғайриоқилона истифода бурдани захираҳои об бештар дар Ӯзбекистону Туркманистон ба амал омадааст. Масалан, агар аз ҳаҷми оби дарёи Ому танҳо 20 фоизи он дар қаламрави ҷумҳурӣ истифода шавад, пас 80 фоизи он берун аз ҳудуди Тоҷикистон сарф мегардад. Дар баъзе солҳо ҳатто ягон қатра об ба баҳри Арал нарасидааст. Ҳол он ки аз ҳисоби он обҳо баъди обёрӣ ва партофтани обҳои колекторӣ-дренажӣ дар Ӯзбекистон ва Туркманистон чандин кӯлҳои сунъӣ пайдо шудаанд. Ҳатто дар Туркманистон солҳои наздик сохтани баҳри сунъӣ бо дарозии қариб 1400 м дар назар дошта шудааст. Сарфаи об дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин роҳҳои наҷоти баҳри Арал мебошад. Ҳоло дар давлатҳои мутараққии пахтакор (Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Исроил) дар мавсими пахтакорӣ ба ҳар як гектар 5–6 ҳазор м3 об сарф шуда, ҳосилнокии ҳар як гектар 50–55 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда ба ҳар як гектар 13–15 ҳаз. м3 расида, ҳосилнокӣ ҳамагӣ 15–20 сентнерро ташкил мекунад. Хоҷагиҳои хурде ҳастанд, ки ҳангоми обёрии пахтазор дар як гектар то 18–19 ҳаз. м3 об сарф мекунанд. Чунин вазъият хеле ташвишовар аст ва он дар оянда садди роҳи ҳалли бисёр мушкилот мегардад.
Ҳамин тавр, вазъ ва тамоюли рушди захираҳои обию ирригатсионии ҷумҳуриро таҳлил намуда, барои бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст:
-
азнавтаҷҳизонӣ ва барқароркунии иншоотҳои гидротехникӣ, ва чӣ хеле ки маълум аст, ин иншоотҳо дар шароити ҳозира ба хизматрасониҳои техникӣ эҳтиёҷ доранд, зеро ки аз сабаби дар минтақаҳои сейсмологии номусоид ҷой доштанашон хатари таги об мондани водиҳои дар поёноб ҷойгиршударо ба миён меоваранд (новобаста аз оне, ки ин ҷараён дар ҷумҳурӣ зина ба зина амалӣ гардида истодааст, масалан аз нав таҷҳизонии нерӯгоҳи обии барқии Норак ба анҷом расида истодааст). Як нуқтаро низ бояд қайд намуд, ки моҳи августи соли 2014 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бораи азнавсозии НОБ-и Қайроқум дар ҳаҷми 75,7 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид ва инчунин даҳҳо лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба рушди соҳаи гидроэнергетика амалӣ гашта истодааст. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар азнавтаҷҳизонии (реконструксияи) иншоотҳои гидротехникӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди гидроэнергетика дар ҷумҳурӣ қарор мегирифт;
-
сохтану ба истифода додани нерӯгоҳҳои обии барқии ба нақша гирифташуда (Роғун, Даштиҷум ва ғ.). Масалан, дар назар дошта шудааст, ки танҳо сохтану ба истифода додани НОБ-и Роғун имконият медиҳад, ки коркарди солонаи қувваи барқ дар ин нерӯгоҳи аср ба 14 млрд. кВт-соат расонида шавад, ки арзиши пурраи ин сохтмон бо нишондиҳандаҳои тахминӣ 3,4 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Умуман, дар назар дошта шудааст, ки бо сохтану ба истифода додани НОБ-ҳои ба нақша гирифташуда то соли 2020-ум истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ то 57 млрд. кВт-соат расонида шавад, ки ин имконият медиҳад на танҳо истиқлолияти пурраи энергетикиро ба даст дарорем, балки содироти қувваи барқро ба давлатҳои ҳамсояи ҷануб, ба мисли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Покистон ба роҳ монем;
-
ҷоннок намудани фаъолгардонии ҷалби сармоягузориҳо ба рушди «иқтисодиёти сабз». Ин мафҳум чунин низоми иқтисодиро дар бар мегирад, ки технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок бояд асоси рушди босуботи кишоварзиро таъмин намояд, ки ҳам рушди иқтисодӣ ва ҳам бехатарии муҳити атрофро таъмин карда тавонад. Барномаи СММ оид ба муҳити зист дар моҳи марти соли 2009 маърӯзаи «Раванди нави глобалии сабз»-ро тайёр намуд, ки дар он зарурати сармоягузориҳо ба пешгирии муаммоҳои экологии ҷаҳониро пешниҳод намуд. Масалан, сармоягузориҳо дар ҳаҷми 1 фоиз аз ММД-и ҷаҳонӣ, яъне $750 млрд. дар ду соли оянда метавонад ба ташкили «иқтисодиёти сабз» заминаи мустаҳкам гузорад. Дар соҳаи истифодаи захираҳои обию ирригатсионӣ бошад, ин ҷараён бо воситаи амалисозии маҷмаи чорабиниҳо ба мисли гузаштан ба технологияи ба ҳифзи захираҳо ва энергия равонагардида, истифода ва амалисозии усулҳои муосир ва инноватсионии обёрикунӣ (ба мисоли қатрагӣ, боронӣ, зерихокӣ ва ғ.), таҳия ва таъсис намудани низом (система)-и иттилоотии комплексии хоҷагии об; амалӣ намудани чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо бо истифодаи усули агробиологӣ, пешгирӣ намудани сарчашмаи ифлосшавии захираҳои об, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯ ва ғайраҳо амалӣ мешавад;
-
тараққӣ додани кулли соҳаҳои энергетикӣ, дар навбати аввал такя ба соҳаи гидроэнергетика ва дар ин радиф равнақи намудҳои гуногуни энергия — аловӣ, энергияи офтобӣ, шамолӣ (бодӣ) ва ғ. Зеро ки ҳамаи ин намуди сарчашмаҳои энергияро дар якҷоягӣ ба роҳ мондан душвор ва шояд ғайриимкон низ бошад. Аз ин ҷост, ки хубтар мебуд дар шароити мусоиди табиию ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва захираҳои кофии об рушди соҳаи гидроэнергетика, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба муҳити атроф безарар мебошад, аз ҳама ба мақсад мувофиқ гардад. Танҳо баъди эҳёи гидроэнергетика аз ҳисоби даромади худӣ шароит барои равнақи соҳаҳои дигари энергетикӣ муҳайё мегардад.
Ҳамин тавр, бо назардошти ҳамаи он баҳое, ки ба вазъи ҳозира ва дурнамои пешрафти захираҳои обию энергетикии ҷумҳурӣ додем, чунин хулосагузорӣ намудан мумкин аст, ки имконияти дар ҷумҳурӣ зина ба зина тараққӣ додани гидроэнергетика мавҷуд аст. Муаммои ягона имрӯзҳо нарасидани маблағҳои лозимӣ аст, зеро ки ин соҳа яке аз соҳаҳои бузурги маблағталаб ба ҳисоб меравад. Масалан, бо баъзе аз маълумотҳо, арзиши рушди соҳаи энергетика то соли 2018 то $8 млрд. арзёбӣ мегардад. Ё ин ки барои татбиқи стратегияи гидроэнергетика то соли 2020-ум $6,8 млрд. сармояи хориҷӣ лозим аст, ки тақозо мекунад корро дар ин соҳа, яъне ҷалби сармояи хориҷӣ боз ҳам фаъол гардонем. Аз нигоҳи мо, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, новобаста аз фаъолгардонии ҷалби сармояи хориҷӣ, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар барои рушди ин соҳаи муҳим ҳамзамон имкониятҳои дастрас намудану усулҳои ҷоннок намудани сармояи дохилиро ҷустуҷӯ намуда, фазои сармоягузории дохилии ба мақсад мувофиқ муҳайё карда мешуд. Дар хотима ҳаминро қайд менамоем, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои дар пеш истода ва татбиқи он ҷидду ҷаҳди зиёд, вақт ва ҳатман дастгирии бузурги молиявӣ аз тарафи давлат лозим аст. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, амалисозии чунин пешниҳодҳо воқеӣ аст ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳолати ҳалли комплексии чорабиниҳои дар боло овардашуда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол карда, дар ояндаи наздик на танҳо истиқлолияти пурраи энергетикиро таъмин созад, балки инчунин яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси ҷумҳуриҳои ҳамсояи наздик (Афғонистон, Покистон ва ғ.) гардад.
Адабиёт
- Диагностический доклад по водным ресурсам Центральной Азии. - Ташкент: НИЦ МКВК, 2010. - С. 24.
- Исайнов Х.Р. Эффективность использования мелиоративно-ирригационного потенциала аридного региона: эколого-экономические аспекты / Х.Р. Исайнов // Вестник РТСУ. Серия экономических наук. Ч. I. - Душанбе, 2016. - №3 (54). - С. 57-65.
- Одинаев Х.А., Мусинов А.С. Развитие механизма согласованного использования водно-энергетических ресурсов трансграничных рек (на материалах Центрально-Азиатского региона). - Душанбе: ТНУ, 2018. - 102 с.
- Содиков К.А., Арабов Ф.П. Опыт использования мелиорированных земель в странах с развитой аграрной экономикой / К.А. Содиков, Ф.П. Арабов // Кишоварз. Таджикский аграрный университет имени Ш. Шохтемура. - Душанбе, 2016. - №2. - С. 45-48.
- Суханронии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар Иҷлосияи 70-уми СММ, ш. Ню-Йорк, 20–28 сентябри соли 2015.
- Хамидов М.Х. О государственной поддержке развития мелиорации в Узбекистане. Экологические аспекты мелиорации, гидротехники и водного хозяйства АПК // М.Х. Хамидов, А.Р. Муратов, Н. Аллаберганов // Материалы международной научно-практической конференции. - М.: Изд. ВНИИГиМ, 2017. - С. 16-20.
- Экоэкономика: Как создать экономику, сберегающую планету / Вступ. сл. В.И. Данилова-Данильяна; пер. с англ. - М.: Издательство «Весь Мир», 2003. - С. 78.




