Вазъи фаъолияти истеҳсолӣ ва тамоюли рушди хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон
ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Акимов С.М.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад. Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои сераҳолӣ ва обёришавандаи ҷумҳурӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии кишвар буда, дорои 2,98 млн аҳолӣ аст, ки 35 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Вилояти Хатлон шароити мусоиди табиию иқлимӣ барои парвариши ғалладона, сабзавот, зироатҳои равғандор, картошкаю меваҷот, инчунин парвариши чорво барои истеҳсоли гӯшту шир дорад. Заминҳои обёришавандаи вилояти Хатлон 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ин ба 45% заминҳои обии Тоҷикистон баробар аст, заминҳои лалмӣ — 2,12 миллион гектар, боғҳо — 22,5 ҳазор гектар, токзорҳо — 8,2 ҳазор гектар, марғзорҳо — 1,2 миллион гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ — 68 ҳазор гектар [1]. Соҳаи кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти умумии минтақавӣ саҳми арзанда мегузорад, таъминкунандаи ашёи хом барои саноати хӯрокворӣ ва коркард, манбаи даромади андоз ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад [2, с. 134-138].
Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва самаранокии он пеш аз ҳама аз оқилона истифода бурдани майдонҳои кишт вобастагӣ дорад. Чӣ хеле ки аз маълумотҳои ҷадвали 1 мебинед, дар соли 2019 дар вилоят майдонҳои умумии кишт 421,8 ҳазор гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ҳамагӣ 3,4% зиёд шудааст. Мумкин, дар вобастагӣ бо сохтори таърихан ташаккулёфтаи заминҳои хоҷагии қишлоқ дар минтақа мушкилоти маҳдуд намудани васеъ кардани майдонҳои кишт торафт пурзӯртар мегардад.
Ҷадвали 1. Динамикаи майдонҳои кишти зироатҳои асосии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон (га).
| Нишондиҳандаҳо | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2019 бо % нисбат ба 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Майдони умумии кишт, гектар (га) | 406043 | 406795 | 412417 | 413916 | 40353 | 421837 | 103,4 |
| аз ҷумла: ғалладона, аз он ҷумла ҷуворимакка | 198034 | 200964 | 201093 | 199886 | 18099 | 188262 | 95,0 |
| зироатҳои техникӣ | 131811 | 123001 | 125675 | 129009 | 131370 | 132944 | 100,8 |
| пахта | 120494 | 113045 | 115535 | 119550 | 122404 | 122097 | 101,3 |
| картошка | 10079 | 11470 | 11212 | 9693 | 12270 | 12475 | 122,7 |
| сабзавотҳо | 26052 | 28995 | 29870 | 30497 | 34499 | 34884 | 133,8 |
| полезиҳо | 12197 | 13107 | 13210 | 13381 | 14176 | 15393 | 126,2 |
| зироатҳои хӯроки чорво | 27865 | 29253 | 31354 | 31450 | 30240 | 37879 | 136,3 |
| Боғҳо | 43609 | 45094 | 46096 | 47075 | 47397 | 47202 | 108,2 |
| Токзорҳо | 13808 | 13594 | 13624 | 13459 | 12935 | 12726 | 92,0 |
Манбаъ: ҳисоби муаллиф аз рӯйи «Омори солонаи вилояти Хатлон, 2020», с. 79-87.
Дар таркиби майдонҳои мавҷудбудаи умумии кишт тағйиротҳо ё дигаргуниҳои сохторӣ дар майдонҳои кишти зироатҳои алоҳида ба амал омаданд. Дар давраи таҳлил майдонҳои кишти ғалладона 5% кам шуда, барои зироатҳои техникӣ тағйирот ба амал наомада, устувор монд (дар ин ҷо сиёсати давлатӣ оид ба кишти пахта мавҷуд аст). Майдонҳои кишти дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ тамоюли афзоиш доранд: картошка (22,7%), сабзавот (33,8%), зироатҳои полезӣ (26,2%), хӯроки чорво (36,3%). Ин тағйиротҳо асосан бо таъсири механизмҳои бозор, пеш аз ҳама, тағйир ёфтани талаботи истеъмолкунандагон ба маҳсулоти мушаххаси хоҷагии қишлоқ алоқаманданд. Масалан, афзоиши ҳаҷми талабот ба маҳсулоти сабзавот боиси афзоиши захираҳо гардид, яъне васеъ кардани майдони кишт [3, с. 79-87].
Дар соҳаи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), хоҷагиҳои аҳолӣ фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ истеҳсолкунандагони молҳои номбаршуда шакли бисёрсохтории истеҳсолотро дар соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Дар истеҳсолоти кишоварзии вилоят беш аз 308,4 ҳазор нафар машғул аст, ки ин беш аз 65%-и тамоми шуғли иқтисодиёти вилояти Хатлонро ташкил медиҳад. Истифодаи замин ва захираҳои меҳнатӣ сатҳи нисбатан муътадили истеҳсолоти кишоварзиро таъмин намуд, ки дар ҷадвали 2 оварда шудааст. Тавре ки аз ҷадвали 2 мебинед, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2019 ба 14467,8 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2014 26,9% афзудааст. Зиёда аз 70%-и маҳсулоти умумиро маҳсулоти растанӣ ташкил медиҳад, ки афзоиши он нисбат ба соли 2014 127,4%-ро ташкил медиҳад; маҳсулоти чорво дар ин давра бештар аз 25,4% афзуд.
Ҷадвали 2. Динамикаи истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон (ҳаз. сомонӣ).
| Нишондиҳандаҳо | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2019 бо % нисбати 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Ҳамагӣ | 11403594 | 11852956 | 12324439 | 12819225 | 13338563 | 14467871 | 126,9 |
| Аз он ҷумла: растанӣ | 7993200 | 8281863 | 8585075 | 8903660 | 9238495 | 10189840 | 127,4 |
| чорводорӣ | 3410394 | 3571093 | 3739365 | 3915565 | 4100068 | 4278031 | 125,4 |
Манбаъ: ҳисоби муаллиф аз рӯйи «Омори солонаи вилояти Хатлон, 2020», с. 78-79.
Натиҷаҳои истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз рӯйи ҷадвали 3 мулоҳиза намудан мумкин аст. Тавре аз ҷадвали 3 бармеояд, соли 2019 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ғалладона нисбат ба соли 2014 6,4 ҳазор тонна ё 5% зиёдшавиро ташкил дод. Истеҳсоли ҳаҷми зиёди сабзавот (48,8%) ва зироатҳои полезӣ (32,1%) мушоҳида мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли картошка кам шудааст: он нисбат ба соли 2014 беш аз 204,1 тонна ё 2% коҳиш ёфтааст [4, с. 161-167].
Ҷадвали 3. Динамикаи навъҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон (ҳаз. тонна).
| Маҳсулот | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2019 бо % нисбати 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Зироатҳои ғалладона | 828709 | 839328 | 870351 | 903125 | 822560 | 870256 | 105,0 |
| Картошка | 227017 | 241995 | 245409 | 162677 | 216540 | 222943 | 98,1 |
| Сабзавот | 846050 | 903915 | 954391 | 1021221 | 1198327 | 1258992 | 148,8 |
| Полезиҳо | 422937 | 440405 | 463162 | 482440 | 512434 | 558908 | 132,1 |
| Мевагиҳо | 135012 | 148191 | 158936 | 173877 | 188468 | 201535 | 149,2 |
| Ангур | 188836 | 203806 | 214775 | 228303 | 241902 | 247167 | 130,8 |
Манбаъ: ҳисоби муаллиф дар асоси: «Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020», с. 161-167.
Афзоиши босуботи истеҳсоли меваю ангур ба назар мерасад: дар давраи таҳлилшуда ба 49,2 ва 30,8% афзуд. Ҳамин тариқ, устуворӣ дар истеҳсоли маҳсулотҳои озуқавории растанигӣ, инчунин меваю ангур барои коркарди саноатӣ ва ташаккули стратегияи рушд бо назардошти он, ки базаи ашёи хом метавонад устувортар бошад, нишонаи равшан аст. Дар мева ва ангур бошад, ин ҷо тамоюли афзоиш мушоҳида мешавад ва бо дарназардошти нақшаҳои минбаъдаи минтақа бо истифода аз технологияи интенсивӣ зиёд кардани майдонҳои парвариши боғҳо коҳиши истеҳсолот дар назар нест.
Чӣ тавре ки маълум аст, муҳимтарин нишондиҳандаи самаранокии соҳаи растанипарварӣ ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Онро аз ҷадвали 4 муайян кардан мумкин аст. Маълумотҳои ҷадвали 4 нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2014–2019 баланд шудани ҳосилнокии зироатҳои асосии хоҷагии қишлоқ ба амал омад. Танҳо кам шудани ҳосилнокии картошка мушоҳида мегардад, ки ин боиси кам шудани ҳаҷми истеҳсоли он мегардад.
Ҷадвали 4. Динамикаи ҳосилнокии зироатҳои асосии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон (с/га).
| Маҳсулот | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2019 бо % нисбати 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Зироатҳои ғалладона | 33,8 | 33,9 | 34,7 | 35,8 | 35,1 | 35,9 | 106,2 |
| Картошка | 218,9 | 207,6 | 214,0 | 163,0 | 173,4 | 174,9 | 79,8 |
| Сабзавот | 252,5 | 249,9 | 253,3 | 263,3 | 272,7 | 280,0 | 110,9 |
| Полезиҳо | 271,0 | 269,6 | 278,7 | 283,5 | 283,8 | 284,0 | 104,8 |
| Мевагиҳо | 65,0 | 65,6 | 66,8 | 70,1 | 71,7 | 74,5 | 114,6 |
| Ангур | 70,3 | 78,9 | 82,3 | 83,8 | 89,9 | 91,7 | 130,4 |
Манбаъ: ҳисоби муаллиф дар асоси: «Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020», с. 212-229.
Дар шароити бисёрзинагии истеҳсолот навъҳои асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар категорияҳои алоҳидаи хоҷагиҳо ё бахшҳо тақсим мешаванд. Ҳар як бахш бо динамикаи тараққиёти худ хос буда, ба истеҳсоли маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ ҳиссаи муайян мегузорад [5].
Дар айни замон қисми асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба хоҷагиҳои аҳолӣ ва деҳқонон (фермерҳо) рост меояд. Ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ 78–80 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ қариб 179005 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуданд, ки зиёда аз 70%-и заминҳои хоҷагии қишлоқро кишт ва ё истифода мебаранд. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти чорво афзуда, маҳсулнокии чорво ва ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ меафзояд.
Агар динамикаи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро аз рӯйи категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар шаш соли охир ба назар гирем, мебинем, ки аз нав тақсимкунии «ҳисса»-и ҳар як иштироккунанда дар истеҳсоли умумии маҳсулот мушоҳида карда мешавад. Тавре ки маълумоти ҷадвали 5 шаҳодат медиҳад, дар соли 2019 истеҳсолот аз рӯйи категорияи хоҷагиҳо чунин тақсим карда шудааст: ҳиссаи ташкилотҳои кишоварзӣ — бахши давлатӣ 7,5%-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2014 1 банди фоизӣ афзуда, индекси тағйироти сохторӣ, ки суръати ҳаракатро нишон медиҳад, 0,15 (1/6,5)-ро ташкил дод. Хонаводаҳои аҳолӣ 51,4% маҳсулот истеҳсол карданд, вале ҳиссаи он торафт кам шуда, нисбат ба соли 2014 7,4 банди фоизӣ кам шуда, индекси тағйири сохторӣ (-0,12)-ро ташкил дод. Саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тавлиди маҳсулоти умумии кишоварзӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар давраи таҳлилшуда аз 34,7 то 41% афзуд, яъне 6,3 банди фоизӣ афзуд. Индекси тағйироти сохторӣ 0,18 аст, ки ҳавасмандии рушдро тавсиф мекунад.
Ҷадвали 5. Сохтори истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯйи категорияҳои хоҷагиҳои вилояти Хатлон.
| Хоҷагиҳо | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | Ҳаҷми ҳаракат, пп, % | Индекси ҳаракати сохторӣ |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Ҳамагӣ | 100,0 | 100,0 | 100,0 | 100,0 | 100,0 | 100,0 | - | - |
| Бахши давлатӣ | 6,5 | 6,5 | 6,0 | 5,5 | 5,9 | 7,5 | 1 | 0,15 |
| Хоҷагиҳои аҳолӣ | 58,8 | 57,7 | 56,4 | 55,1 | 54,7 | 51,4 | -7,4 | -0,12 |
| Хоҷагиҳои деҳқонӣ | 34,7 | 35,7 | 37,5 | 39,4 | 39,4 | 41,0 | 6,3 | 0,18 |
Манбаъ: ҳисоби муаллиф аз рӯйи «Омори солонаи вилояти Хатлон, 2020», с. 78-79.
Умуман, қайд кардан мумкин аст, ки дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ тамоюли умумии мусбат мушоҳида карда мешавад, вале бо вуҷуди ин дар соҳаҳо як қатор проблемаҳои асосӣ боқӣ мондаанд, аз ҷумла:
- дараҷаи пасти технологии истеҳсолот дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ва паст будани дараҷаи рақобатпазирии субъектҳои хоҷагӣ;
- нокифоя ва маҳдуд будани захираҳои пешниҳодшавандаи қарзӣ;
- сатҳи пасти иқтидори сармоягузории субъектҳои хоҷагидор;
- ҳаҷми пасти коркарди саноатии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки оқибати мавҷуд набудани алоқаҳои устувори пайдарпайи байни истеҳсолот ва коркард мебошад;
- дараҷаи пасти тахассуси коргарон ва мутахассисон, паст шудани захираҳои умумии меҳнатӣ;
- дараҷаи пасти муносибатҳои байниминтақавӣ ва байнисоҳавӣ, набудани марказҳои ҳамоҳангсозӣ ва танзими пешбурди маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар минтақа истеҳсол мешавад;
- мавҷуд набудани ташкилотҳои интегратсионӣ, кластерӣ ва кооперативӣ бо иштироки субъектҳои хоҷагии ҷумҳурӣ.
Истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ дар як сатҳи тараққиёт истода наметавонад, зарур аст, ки он минбаъд ҳам тараққӣ ёбад. Метавонем ду варианти рушдро пешниҳод намоем.
Мувофиқи варианти якум дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ тамоюли ҳозира нигоҳ дошта шавад. Он ҳоло тамоюли болоравӣ дорад. Фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ минбаъд низ дар заминаи проблемаҳои мавҷуда ва ҳалли онҳо ба роҳ монда мешавад. Низоми идоракунии истеҳсолот дар ҳолати аввала метавонад бо баъзе тағйиротҳо боқӣ монад. Ҳангоми интихоби ин варианти рушд эҳтимоли аз даст додани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва потенсиали афзоиш вуҷуд дорад.
Варианти дуюм ба дастгирии соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими хоҷагии қишлоқ, тағйир додани муносибат ба ташаккули шароитҳои корӣ барои ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ асос меёбад, ки он аз ташкили ташкилотҳои ҳамгироишудаи навъҳои гуногун иборат буда, дар онҳо намояндагони ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо иштирок карда метавонанд.
Ҳамин тариқ, ба фикри мо, тамоюлҳои манфие, ки дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ ба амал омадаанд, бо роҳи фаъолгардонии равандҳои интегратсионӣ бартараф кардан мумкин аст, зеро онҳо ба:
- оптимизатсияи хароҷоти захираҳои моддию техникӣ, меҳнатӣ ва захираҳои замин, оқилона ва самараноктар истифода бурдани онҳо;
- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, коллективона истифода бурдани таҷҳизоти баландиқтидор, ба мақсад мувофиқ истифода бурдани меҳнати баландихтисос имконият фароҳам меоранд;
- баланд бардоштани самаранокии нерӯи истеҳсолии иштирокчиёни равандҳои интегратсия мусоидат мекунанд;
- ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоию истеҳсолӣ, афзудани шавқу ҳавас ба меҳнати пурмаҳсул, баланд шудани сатҳи зиндагонӣ шароит фароҳам меоваранд;
- бартараф намудани ҷиҳатҳои манфӣ дар муносибатҳо ва муқаррар намудани манфиати умумии иштирокчиён барои ба даст овардани натиҷаи ниҳоии максималӣ мусоидат мекунанд.
Интегратсия (ҳамгироӣ) ба баланд бардоштани рақобатпазирии субъектҳои хоҷагидор дар истеҳсолоти кишоварзӣ, суръат бахшидан ба бунёди инфрасохтори бозори маҳсулот, такмил додани сохтори истеҳсолот, кам кардани сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ дар деҳот мусоидат мекунад.
Адабиёт:
- Хатлонская область Таджикистана // http://life.ansor.info/khatlon-oblast-tajikistan/ (дата обращения 18.10.2021).
- Исломов Ғ.Ҳ., Наимов Б.Қ. Самтҳои асосӣ ва дурнамои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон // Маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолӣ «Кишоварз». — 2019. — № 4 (85). — С. 134-138.
- Омори солонаи вилояти Хатлон, 2020. — С. 79-87.
- Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2020. — С. 161-167.
- Казаватова Н.Ю., Ярахмедов Р.И. Кластеры в АПК: теория, проблемы и перспективы [Электронный ресурс] // Управление экономическими системами: электронный научный журнал. — Режим доступа: http://uecs.ru/uecs46-462012/item/1627-2012-10-31-08-27-49.
Аннотатсия. Дар мақола муаллиф шароиту имкониятҳо ва тамоюли рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, шароити табиию иқлимӣ барои истеҳсол ва парвариши ғалладона, сабзавот, зироатҳои равғандор, картошкаю меваҷот, инчунин парвариши чорво барои истеҳсоли гӯшту ширро доро мебошад.
Калидвожаҳо: хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои аҳолӣ ва деҳқонӣ, соҳаи кишоварзӣ, комплекси агросаноатӣ, саноат, истеҳсоли маҳсулот, дараҷаи ҳосилнокӣ, самаранокӣ, интегратсия (ҳамгироӣ), технология.




