Зеҳн

Энергетика ва омилҳои такмилдиҳии он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Энергетика ва омилҳои такмилдиҳии он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳкамова И. И., Сайдалиева И. Ҳ.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

Неруи барқ асоси инкишофи иқтисодиёт, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва ҷорӣ намудани прогресси техникӣ дар истеҳсолот мебошад. Бо итминон ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷаҳони имрӯзаро бе неруи барқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро тамоми дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамон бо истифода аз неруи барқ сохта шудаанд. Ин аст, ки тамоми давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққии ҷаҳон мекӯшанд, ки неруи барқро ба ҳар роҳу воситае, ки набошад, дастрас кунанд. Албатта, неруи барқ худ аз худ истеҳсол намешавад. Барои истеҳсоли неруи барқ аз Неругоҳи барқи обӣ (НБО), Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ), Неругоҳи барқи атомӣ (НБА) ва аз як қатор сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истифода мебаранд. Дар замони имрӯза энергияи электрикиро аз энергияи химиявӣ, гармӣ, об, бод, офтоб ва ғайра истеҳсол мекунанд. Яке аз воситаҳои маъмул ва самаранок истеҳсол намудани энергияи электрикӣ ин сохтмони НБО мебошад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ бо харҷи калон ва дар муддати тӯлонӣ сохта мешавад.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба неруи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира метавон минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

Маҳз табиати биҳиштосои кишвари мо барои сохтани НБО хеле муфид аст, зеро 93%-и сарзамини мо кӯҳсор мебошад ва аз миёни ин кӯҳсорон зиёда аз 947 адад дарёҳои хурду калон ҷорӣ мешаванд, ки дарозии умумиашон ба 28 500 км рафта мерасад. Ин аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохтмони НБО-ҳои хурду калон бо суръат идома дорад. Бахусус сохтмони НБО-и Роғун, ки «иншооти аср» номгузорӣ шудааст, дар авҷ аст ва то ин дам аллакай 2 агрегати он ба истифода дода шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки баъди пурра ба истифода додани НБО-и Роғун бо иқтидори пуррааш (3,6 миллион кВт·соат) на танҳо худи ҷумҳуриро метавон бо неруи барқ таъмин кард, балки метавон энергияи барзиёди истеҳсолшударо ба кишварҳои дӯст ва ҳамсоя интиқол дод.

Барои таъсис ва инкишоф додани бозори фурӯши барқ лоиҳаи минтақавии Осиёи Миёнагӣ ва Осиёи Ҷанубӣ («CASA-1000») таҳрезӣ шудааст. Ин лоиҳа пас аз сохтмони НБО-и Роғун ва таҷдиди НБО-ҳои Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Бойғозӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо ба давлатҳои дӯст ва ҳамсоя содирот намояд. Агар лоиҳаи хати интиқоли барқи «Тоҷикистон–Афғонистон–Эрон» ва «Тоҷикистон–Афғонистон–Покистон» таҳрезӣ карда шавад ва дар ояндаи наздик сохтмони он оғоз гардад, имкони бо қувваи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустонро таъмин намудан муҳайё мегардад [1].

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқи обӣ мебошад, ки энергияи солонаи он 527 млрд кВт·соатро ташкил медиҳад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон, захираҳои энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта, он зиёда аз 320 млрд кВт·соатро дар сол ташкил медиҳад, ки танҳо 4–5%-и он дар айни замон истифода мешавад. Аз рӯи иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон, яъне бештар аз 95 фисади онро энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқ дар тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир ҳастанд.

Айни замон иқтидори системаи энергетикии Тоҷикистон наздики 8000 МВт-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ 95%-и тамоми иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 400 МВт, яъне танҳо 5%-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, зиёда аз 20 млрд кВт·соатро ташкил медиҳад.

То кунун дар маҷрои дарёи Вахш неругоҳҳои зерин сохта шудаанд: дар қисми поёноби дарёи Вахш неругоҳи Шаршара (29,9 ҳазор кВт), Сарбанд (240 ҳазор кВт), Марказӣ (15,1 ҳазор кВт), дар қисми миёнаи дарёи Вахш — Норак (3 млн кВт), Бойғозӣ (600 ҳазор кВт), Сангтӯда-1 (670 ҳазор кВт), Сангтӯда-2 (220 ҳазор кВт), дар қисми болооби дарёи Вахш бошад, неругоҳи барқи обии Роғун (3,6 миллион кВт), Сичароғ (420 ҳазор кВт) ва сохтмони НБО-и Шӯроб (862 ҳазор кВт) сохтмони силсиланеругоҳҳоро дар дарёи Вахш хотима медиҳад.

Сохтмони НБО дар қисми болоии дарёи Вахш як муаммои дигар, яъне аз лойқа пуршавии обанбори неругоҳҳои поёниро ҳал мекунад. Ҳоло пас аз гузаштани 45 сол ғафсии қабати лойқаи дар обанбори Норак хобрафта беш аз 100 метрро ташкил медиҳад. Агар НБО-и Роғунро насозем, он гоҳ пас аз 45–50 сол НБО-и Норак аз лойқа пур гашта, аз кор мемонад. Сохтани НБО-и Роғун умри неругоҳҳои поёнӣ: Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Бойғозӣ, Сарбанд ва Марказиро дароз намуда, муҳлати кори онҳоро ба 100-солаҳо таъмин менамояд.

Айни ҳол дар кишвар бо мақсади таъмини аҳолии дурдасти деҳот зиёда аз 265 адад НБО-ҳои хурди тавоноиашон аз 5 то 2500 кВт ба истифода дода шудааст. Барои аз худ кардани потенсиали гидроэнергетикии дарёҳои хурд ва нагузоштани сарфи беҳудаи ҳар як қатра оби ҷории ин дарёҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи дарозмуҳлати ҳукуматӣ оид ба сохтмони неругоҳҳои обии хурд ба давраи солҳои 2009–2020 қабул шуда буд. Мувофиқи ин барнома бояд дар кишвар зиёда аз 189 НБО-ҳои хурди гуногуниқтидор сохта мешуд.

Дар соли 2011 системаи ягонаи энергетикии кишвар, ки системаи энергетикии ҷанубу шимолро ба ҳамдигар мепайвандад, таъсис дода шуда буд, ки ҳамаи ин имкони дастрасии тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба энергияи электрикӣ таъмин намуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2020 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 1,7 миллиард кВт·соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 3,1 миллиард кВт·соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,8 миллион кВт·соат зиёд мебошад.

Хароҷоти технологии (талафоти) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам мебошад.

Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 740,6 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад, 643,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 86,8 фоизи нақша баробар мебошад.

Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 377,1 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 328,7 миллион сомонӣ ё 87,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани соҳаи энергетикии кишвар бояд як қатор чораҳо андешида шаванд:

  • таҷдид ва азнавсозии қисмҳои фарсуда ва аз кор баромадаи неругоҳҳо ва зеристгоҳҳо;
  • истифодаи оқилона ва самараноки энергияи офтобӣ;
  • сохта ва ба истифода додани неругоҳҳои бодӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ барои аҳолии дурдасти кишвар.

Ҳамин тавр, агар ҳамаи неругоҳҳои дар боло номбаршуда сохта шаванд ва бо тавоноии муқарраршудаи худ кор кунанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикии худро ба даст меорад ва аз ҷиҳати тавлиди неруи барқ дар ҷаҳон ба яке аз ҷойҳои намоён баромада, аксари давлатҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ғарбиро бо қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.

Адабиёт

  1. Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (13-уми июни соли 2015). — Душанбе: «Баҳманрӯд», 2015.
  2. Национальный план действий Республики Таджикистан по смягчению последствий изменения климата. — Душанбе: Таджикглавгидромет, 2003. — 264 с.: ил. и библиогр.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2