Рӯйдодҳои муҳимтарини низоми бонкӣ
БМТ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 18 майи соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъйин намуд.
Мутобиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» чораҳои зарурӣ андешад.
Семинари таълимӣ дар мавзӯи «Пардохтҳои электронӣ»
12 майи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дигар сохторҳои давлатие, ки дар ҷумҳурӣ ба танзими бахши молиявӣ сарукор доранд, таҳти унвони «Пардохтҳои электронӣ» семинари таълимӣ гузаронида шуд.
Семинари мазкур дар доираи созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва бозомӯзии кормандони БМТ ва иштироки намояндагони ширкати байналмилалии низоми пардохт Visa International баргузор гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тавассути ташкили семинари зикршуда иштирокчиёни семинар дар бораи аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии низоми пардохтҳои электронӣ, ҷанбаҳои стратегии ин низом ва мақсадҳои мусоидат ба афзоиши пардохтҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва манфиатҳои пардохтҳои электронӣ маълумоти бештар пайдо намуданд.
Хотиррасон мекунем, ки шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2015 амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ — сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд. Барои дар амал татбиқ намудани ин нақша Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи ташкил намудани Низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Тоҷикистонро бо низоми пардохтии Visa International — TJNNSS (Tajikistan National Net Settlement Service) шурӯъ намуд. Амалӣ намудани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.
Роҳбарияти БМТ дар ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ
Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷоннок намудани муносибатҳои байналхалқӣ ба як қатор кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, дар ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ иштирок ва бо намояндагони ин ташкилотҳо мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд.
Аз ҷумла, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода ҳамчун Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Абдусалом Қурбониён — Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчун Мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) 12–17 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи солонаи ХБА/БҶ дар ш. Вашингтони ИМА ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи солонаи ХБА/БҶ раисони бонкҳои марказӣ, вазирони молия ва рушди иқтисод, намояндагони бахши хусусӣ ва академикҳо барномаҳои нави ХБА ва БҶ-ро дар давраи буҳрони молиявӣ баррасӣ намуданд.
Дар ин сафар роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарони ХБА ва БҶ мулоқот намуда, масъалаҳои рушд ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти таҳияи барномаи нав бо ХБА, ҷалби сармояи имтиёзнок, расонидани кумакҳои грантию техникӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро ҳаллу фасл карданд.
Ҳамчунин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 16–18 июни соли равон дар ҷаласаи ХХХV-и Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан, ки дар ш. Алматои Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар он мудирони бонкҳои марказии 17 кишвари аъзои Клуб мавзуъҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои монетарӣ, бонкӣ, молиявӣ ва инчунин роҳҳои мусоидат ба рушди устувори низоми молиявию бонкиро муҳокима намуданд.
Рӯзҳои 24–25 июн Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, ки дар Бонки миллии Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои тасдиқи котиби масъули Шӯро, фаъолият ва дурнамои низоми бонкӣ, натиҷаҳои тафтиши суботи молиявии низоми бонкӣ дар соли 2015, таҳлили ҳолат ва мақсади рушди бозори асъор, ҳолати тавозуни пардохт ва ҷараёни захираҳои байналмилалӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба оид ба рушди инфрасохтори бозори кортҳои пардохтӣ баррасӣ шуданд.
Дар замони муосир ҳамкориҳои байнибонкӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки яке аз самтҳои нави фаъолияти бонкҳои марказии кишварҳои минтақаи АврОсиё мебошад, аҳамияти муҳим дорад.
Бо назардошти ин ва бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти самараноки Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки дар доираи Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия ташкил карда шудааст, Дастурамал дар бораи Шӯрои машваратии номбаршуда тасдиқ гардид.
Ҳамчунин роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (МАР-18), ки дар Мянма баргузор гардид, иштирок намуда, имкониятҳои таъмини рушди иқтисодӣ, барнома, самтҳои стратегии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва афзоиши маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд.
Тадбирҳои навбатии БМТ дар ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ аз 3 майи соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати се моҳ таъйин намуд.
Мутобиқи қарори қабулшуда, ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк» чораҳои зарурӣ андешад.




