Зеҳн

Ҳамкориҳои бонкӣ вусъат меёбанд

20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (с. 1992), Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (с. 1993), Бонки исломии рушд (с. 1996) ва Бонки осиёии рушд (1998) гардида, барои истифода бурдани маблағгузории ин ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналхалқӣ ҳуқуқ пайдо намуд.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фондҳои байналхалқӣ, аз қабили Фонди саъудии рушд (ФСР), Фонди қувайтии рушди иқтисодии араб (ФКРИА) ва Фонди созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК), бонкҳои марказии кишварҳои хориҷаи дуру наздик, мақомоти ҳамоҳангсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Шӯрои роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Бонки рушди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар доираи ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар сатҳи зарурӣ идома ёфта, дар айни замон вусъати тозае пайдо кардаанд.

Дар тӯли бештар аз ду даҳсолаи гузашта байни Хазинаи байналмилалии асъор ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд ва натиҷаи ҳамин буд, ки пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки ХБА барои дастгирии татбиқи барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Қаблан ин ташкилот ба ҷумҳурии мо дар доираи Созишномаи «Стенд-бай» барои дастгирии барориши асъори миллӣ, барномаи фавқулодаи баъдинизоъ ва созишномаи сесола аз рӯи механизми паст кардани сатҳи камбизоатӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуда буд.

Қобили қайд аст, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ба мисли Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд барои ҷалби маблағҳои қарзию грантӣ ҷиҳати дастгирии рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Маблағгузории ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар намуди қарзҳои имтиёзнок бо меъёрҳои фоизӣ (0,5%–3% солона) ва муҳлати пардохт (зиёда аз 10 сол) амалӣ гардида, барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни кишвари мо дар соҳаҳои нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, энергетика, обёрии заминҳо, инфрасохтор ва ғайра мусоидат намуда истодаанд.

Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии созмонҳои байналмилалии мазкур мутобиқи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаҳои қарзӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Аз соли 1998 сар карда, дар доираи созишномаҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония лоиҳаҳои грантӣ барои сохтмони роҳҳо, нақбҳо, асосноккунии иқтисодию техникӣ ҷиҳати таҷдиди инфрасохтор, бозомӯзии кадрҳо, обтаъминкунии минтақаҳои кишвар, таҷҳизонидани консерватория ва ТВ «Сафина» тариқи Бонки миллии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби ин ташкилотҳо баҳри беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҳамчунин маблағгузории хурду миёна, иштирок дар сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратӣ ва маблағгузории тиҷорат саҳмгузорӣ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ аз маблағҳои Бонки исломии рушд (БИР) ва дигар фондҳои кишварҳои Араб самаранок истифода мебарад. Бояд қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси ҳамкориҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантии БИР дар санаи 26 июли соли 2014 ба имзо расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар амал ҷорӣ намудани тарзу услуби корбарии бонкдории исломӣ ба таъмини фазои ягонаи рақобатпазирӣ миёни ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошта, барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Айни замон сохторҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон барои тезонидани раванди ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти назорат ва танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломиро идома дода истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон 7 декабри соли 2011 ба ҳайси узви комилҳуқуқи Иттиҳоди дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion — AFI) қабул гардид. Зиёда аз 120 ташкилот аз 90 кишвари сайёра ба узвияти ин созмон пазируфта шудаанд ва тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар ин кишварҳо қисми зиёди мардумони аз хизматрасонии бонкӣ берун монда, ба сар мебаранд.

AFI ташкилоте мебошад, ки дар рушди дастрасии молиявӣ миёни ташкилотҳои аъзо (кишварҳои аъзо) нақши назаррас дорад. Дар доираи ин ташкилоти байналмилалӣ кишварҳои аъзо метавонанд аз донишу малакаю маҳорати ҳамдигар баҳравар гарданд, дар фаъолияти гурӯҳҳои гуногуни кории AFI иштирок намоянд, тариқи истифодаи моҳиронаи донишу таҷриба ва малакаи андӯхтаи хеш дар баланд шудани иқтидори ташкилотҳояшон дар бахши дастрасии молиявӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин метавонанд барои гирифтани грантҳо ҷиҳати иштирок дар ҳафтаҳои дастрасии молиявӣ, семинарҳо, барномаҳои омӯзишӣ муроҷиат намоянд ва дар Ҷаласаҳои солонаи AFI иштирок намоянд.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани муносибатҳои самаранок то ин давра кормандони зиёди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ин ташкилот дар семинару конфронсҳо, ки дар кишварҳои аъзои ин ташкилот дар мавзуъҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, маърифатнокии молиявӣ, бонкдории мобилӣ, маблағгузории хурд ва ғайраҳо баргузор гардидаанд, иштирок намуда, савияи дониши тахассусиашонро такмил доданд.

Ҳадафи калидии AFI кумак намудан ба кишварҳои аъзо дар амалӣ гардидани сиёсати рушди дастрасии молиявӣ мебошад, ки қисматҳои (компонентҳо) асосии он — ин ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, дастрасии соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ, бонкдории мобилӣ ва ғайра мебошанд.

Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон узви Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан мебошад.

Аъзои ин Клуб бонкҳои марказии кишварҳои пешрафтае мебошанд, ки дар бонкдории муосир таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар ҷаласаю вохӯриҳои Клуби мазкур дар мавриди масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масоили монетарӣ, бонкӣ, молиявӣ, инчунин роҳҳои мусоидат ба рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар кишварҳои аъзо андешарониҳо анҷом дода мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки барои беҳтар намудани мавқеи кишвар мутобиқи «Пешбурди соҳибкорӣ» дар баробари ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор, инчунин гузаронидани рейтинги кредитии давлатии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Муайян намудани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ муҳим мебошад, чунки сармоягузорони хориҷӣ қабл аз ворид шудан ба ин ё он кишвар аз рейтинги мазкур васеъ истифода мебаранд.

Айни замон Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкатҳои рейтингии Standard & Poor’s ва Moody’s Investors Service, ки агентиҳои машҳуртарин ва эътирофшудаи ҷаҳонӣ буда, ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил амсоли Украина, Россия, Қазоқистон ва Озарбойҷон баҳои мустақил гузоштаанду ба ин васила ин давлатҳо фаъолона ба бозори фондии байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд, ҳамкории судмандро идома дода истодааст.

Гузашта аз ин, тӯли солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой (аз ҷумла, Бонки мардумии Хитой ва Бонки давлатии рушди Хитой) ҳамкориро дар самти СВОП-и асъорӣ ба роҳ мондааст.

Ин иқдом барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, истифодаи пули миллии ду кишвар дар ҳисоббаробаркунӣ, ки бевосита ба дастгирии тавозуни пардохт, устувории қурби пули миллӣ, коҳиши сатҳи долларизатсия ва пардохтпазирии бонкҳо мусоидат менамояд, нақши назаррас мебозад.

Бонки миллии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда низ ҳамкориро бо ин ташкилотҳо идома дода, дар рушди иқтисодии кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Ҳамасола ҳаҷми сармоягузориҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, фондҳои байналхалқӣ, ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва донорон дар маблағгузории лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, нақлиёт, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра ба маротиб зиёд гардида истодааст, ки ин бевосита ба рушди иқтисодии кишвар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000, хати интиқоли барқи Шимол–Ҷануб, Лолазор–Хатлон, роҳҳои автомобилгарди Душанбе–Чанак, Душанбе–сарҳади Узбекистон, Айнӣ–Панҷакент, қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Туркманистон–Афғонистон–Тоҷикистон мисоли равшани гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2