Зеҳн

Муробаҳа: таърифи муробаҳа ва шартҳои он

20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Муробаҳа: таърифи муробаҳа ва шартҳои он

Давлатбек Ҳалимов, менеҷери минтақавии департаменти рушди филиалҳои ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар вилояти Хатлон

Таърифи муробаҳа ва қонунмандии он

Муробаҳа аз калимаи арабии «ар-Рибҳ» гирифта шудааст. Калимаи «ар-Рибҳ» ба маънои фоида аст ва муробаҳа амалиёти ба даст овардани фоида аз ҷониби ду нафар дар як вақтро гӯянд. Дар мавриди истилоҳ бошад, донишмандони исломӣ таърифҳои зиёде барои муробаҳа ироа намудаанд, ки бо вуҷуди ихтилоф дар лафзҳояшон, маъно ва далолати он ҳама яксон аст ва он маънои фурӯхтани мол бо маблағи харидашуда ва зам намудани фоида бар онро ифода менамояд.

Раъйи таъйидшуда дар назди уламо ин аст, ки хариду фурӯш бо услуби муробаҳа аз нигоҳи шариат ҷоиз (дуруст) аст. Касоне низ ҳастанд, ки ин амалиётро макрӯҳ медонанд, мисли Ибни Умар ва Ибни Аббос (р) ва ҳатто манъи онро низ таъйид кардаанд, мисли Ибни Ҳазм.

Барои машрӯияти (қонунмандии) муробаҳа донишмандони исломӣ далелҳои умумӣ пеш овардаанд, на мустақим, мисли фармудаи Илоҳӣ (сураи Бақара: 275).

Бонкҳои исломӣ ин намуди маҳсулотро барои қонеъ гардонидани талаботи хариди амволи ғайриманқул истифода мебаранд, на ҳамчун абзори таъмини суюлати молӣ (пардохтпазирӣ).

Шаклҳои муробаҳа

Шакли аввал ё аслӣ: вақте ки як нафар молеро бихарад ва онро бо иловаи фоида бифурӯшад.

Шакли дувум: дар истилоҳи муосир онро муробаҳа бо амри харидор меноманд ва иборат аз ин аст, ки шахсе ба дигаре мегӯяд, ки фалон молро бо чунин сифатҳо ва хусусиятҳояш барои ман харидорӣ кунед ва ман онро бо иловаи фалон миқдор фоида аз шумо мехарам. Ин гуна хариду фурӯш дар китобҳои фиқҳи қадима, мисли китоби «Умм»-и Имом Шофиӣ зикр гардидааст.

Таварруқ (commodity murobaha)

Баъзан мизоҷ барои ба даст овардани моли муайян ба бонки исломӣ муроҷиат менамояд, то онро ба услуби муробаҳа харидорӣ кунад. Бо ин мақсад аз бонк расидро гирифта ба бортаъминкунанда месупорад, сипас он молро бо нархи арзонтар ва ба таври нақдӣ бозпас ба ҳамон бортаъминкунанда мефурӯшад. Ҳадафи асосии ӯ ба даст овардани маблағи нақд аст, на моли муайян. Дар робита ба ин, раъйи фиқҳӣ нисбат ба ин шакл анҷом додани амалиёти мазкур дигар аст, онро аксарияти донишмандон шаръан ҷоиз намедонанд, зеро мақсади бонкҳои исломӣ амалан сармоягузорӣ намудани зиёдшавии молу маҳсулот аст, на маблағи нақд.

Таварруқи фиқҳӣ ё таварруқи аз қабл тарҳрезишуда низ ҳамагӣ аз ҷумлаи чунин амалиёт ба ҳисоб меравад.

Дар ин амалиёт (яъне дар амалиёте, ки мизоҷ расидро гирифта ба бортаъминкунанда месупорад, сипас он молро бо нархи арзонтар ва ба таври нақдӣ бозпас ба ҳамон бортаъминкунанда мефурӯшад), агар бонки исломӣ моликияти молро ба даст оварад, онро таварруқ мегӯянд ва аз нигоҳи шаръӣ ҷоиз нест, магар дар ҳоли вуҷуд доштани зарурати аз нигоҳи шаръӣ муътабар (ин гуна заруратро шӯрои шариат мушаххас менамояд).

Агар бонки исломӣ моликияти молро (дар амалиёте, ки қаблан зикр гардид) ба даст наоварда бошад, ин байъи «ъайина» (яъне хариду фурӯше, ки ҳамчун ҳила ба кор меравад, то қарз додан ба риборо амалӣ кунанд) ба ҳисоб меравад, ки шаръан ҳаром аст. Ин тарзи хариду фурӯш чунин аст: шахс моли худро ба таври насия мефурӯшад, сипас дарҳол он молро ба таври нақд мехарад. Масалан, А либосеро ба маблағи 12 сомонӣ ба таври насия ба Б мефурӯшад, то ки дар муддати як моҳ баъд пули либосро пардохт кунад. Сипас дарҳол А онро ба маблағи нақди 10 сомонӣ аз Б мехарад. Б баъд аз гузаштани як моҳ маблағи 12 сомониро пурра ба А мепардозад. Фарқ байни ҳар ду нарх, ки ду сомониро ташкил медиҳад, ба фоидаи А дохил мешавад.

Шартҳои муробаҳа

  1. Донистани нархи аввал. Харидори дувум бояд маблағи нархи аввалро донад, вагарна қарордод беэътибор мегардад. Дар ҳама хариду фурӯшҳои амонатӣ ин шарт вуҷуд дорад.
  2. Донистани фоида, зеро он қисме аз маблағи қарордод мебошад ва донистани он дар дурустии ҳама қарордодҳои хариду фурӯш шарт аст.
  3. Раъсулмол (маблағе, ки бо он объекти муробаҳа харида мешавад, яъне дар хариди аввал) бояд аз ҷумлаи чизҳои баркашидашаванда, шуморидашаванда бошад.
  4. Дар амалиёти муробаҳа бо амволи рибо бояд рибо вуҷуд надошта бошад.
  5. Қарордоди аввал бояд дуруст бошад. Агар беэътибор бошад, муробаҳа дуруст намешавад.
  6. Объекти муробаҳа бояд ҳангоми бастани шартнома вуҷуд дошта бошад. Масалан, метавон мошинеро, ки вуҷуд дорад, бо услуби муробаҳа хариду фурӯш намуд, на мошинеро, ки акнун сохта мешавад.
  7. Бонк бояд объекти муробаҳаро соҳиб бошад.
  8. Объекти муробаҳа моле бояд бошад, ки аз нигоҳи шаръӣ соҳибқимат ва мақбул бошад.
  9. Объекти муробаҳа бояд ба таври возеҳ дидашаванда, малмус, шинохта ва шуморида шавад. Барои мисол, агар фурӯшанда мехоҳад, ки биринҷ харидорӣ намояд, пас бояд сифат ва миқдори он дар шартномаи муробаҳа муайян бошад, то нофаҳмӣ байни тарафҳо пайдо нашавад.

Татбиқи амалиёти хариду фурӯш бо услуби муробаҳа бар асоси амри харид, тавре ки бонкҳои исломӣ бояд анҷом диҳанд

1. Талаби харид

Бонки исломӣ аз мизоҷ барои харид дархост дарёфт мекунад, ки дар он мизоҷ рағбати худро барои мол ё хидматрасонии муайян ва бо сифатҳои мушаххас баён менамояд, ба мақсади ин ки бонки исломӣ онро барояш бо услуби муробаҳа дар муҳлати муайян ва бо иловаи фоидае, ки ба он зам мегардад, харида диҳад. Ба ҳамин хотир мизоҷ дархостномаеро пур мекунад, ки он «талаби хариди мол бо услуби муробаҳа» ном дорад ва аз бандҳои зерин иборат аст:

  1. Сифати матои харидшаванда ва ҷое, ки аз он ҷо харида мешавад.
  2. Нархи аслии он бар асоси маълумоти дастрас.
  3. Баъзе маълумоти вобаста ба мизоҷ.
  4. Шартҳои супоридани мол ва макони он.
  5. Дигар баёнот ва маълумоте, ки бонки исломӣ талаб менамояд.

2. Омӯхтани талаби мизоҷ

Бонки исломӣ талаби мизоҷро ҳаматарафа меомӯзад ва ба масоили зерин таъкид менамояд:

  1. Таҳқиқ намудани дурустии баёнот ва маълумоте, ки дар талабнома омадааст.
  2. Омӯхтани мол ва бозори он аз лиҳози хатарҳо ва имконияти бозоргузарии он.
  3. Омӯхтани ҳукми шаръии тиҷорати моли мавриди талаб.
  4. Омӯхтани хароҷоти харид ва нисбати фоида бар асоси маълумоти аввалияи аз бортаъминкунандаҳо дастрасшуда.
  5. Омӯхтани кафолату замонатҳое, ки аз тарафи мизоҷ пешниҳод шудаанд.
  6. Омӯхтани миқдори маблағи «замони ҷиддият» ва миқдору замони пардохти онҳо.

3. Имзои қарордоди ваъдаи харид ва пардохти замони ҷиддият

Баъд аз омӯхтани талаби мизоҷ дар сурати мувофиқати бонки исломӣ барои гузаронидани амалиёти муробаҳа баъзе бонкҳои исломӣ қарордоде бо мизоҷ имзо менамоянд, ки онро «ваъдаи харид» меноманд, ки мақсад аз он гузоштани масъулияти қонунӣ ба дӯши мизоҷ аст, то ки баъд аз ворид шудани мол ба бонк аз хариди минбаъдаи он даст накашад. Аксари донишмандони муосири исломӣ ин масъулиятро илзомӣ хондаанд. Дар баъзе ҳолатҳо мизоҷ як миқдор маблағро қаблан пардохт менамояд, ки онро «замонулҷиддия» меноманд. Муҳимтарин бандҳоеро, ки ин қарордод дар бар мегирад, инҳоянд:

  1. Маълумот оид ба амалиёти муробаҳа, ки аз талабномаи харид гирифта мешавад.
  2. Маълумот оид ба фоида.
  3. Маълумот дар бораи «замонулҷиддият» ва ҳаҷми он.
  4. Маълумот оид ба дигар кафолатҳо.
  5. Дигар маълумотҳое, ки дар як бонк аз бонки дигар фарқ мекунанд.

4. Робита бо бортаъминкунанда, бастани шартномаи хариду фурӯш ва ба даст овардани моликияти мол

Бонки исломӣ бо бортаъминкунанда қарордод баста, молро бо ном ва зери масъулияти худ харидорӣ мекунад. Услубҳои зиёди қарордодбандӣ вуҷуд дорад, ки аз мол то мол ва аз давлат то давлат фарқ мекунад, ба монанди он ки вобаста ба макони харид — бозори дохилӣ ё хориҷӣ фарқ мекунад. Нуктаҳои муҳиме, ки дар қарордоди харид бо бортаъминкунандагон бояд нишон дода шаванд:

  1. Маблағи аслии харид аз масдари аввал.
  2. Хароҷоти иловагие, ки барои интиқоли бор ва дигар хароҷот то ба анборхонаи бонк ва ё дигар ҷое, ки маслиҳат шудааст, бирасад.
  3. Макон ва санаи супоридани бор.

Хатарҳои марҳилаи харид ва интиқоли бор ва суғуртаи он бар дӯши бонки исломӣ гузошта шудааст.

5. Бастани қарордоди хариду фурӯш бо мизоҷ

Баъди он ки бонки исломӣ молро бо номи худ харида, молики он гардид ва бар вуҷуди он итминон пайдо кард, мизоҷро барои бастани қарордоди хариду фурӯш даъват менамояд. Ин қарордод маълумоти зеринро дар бар мегирад:

  1. Тарафҳои қарордод.
  2. Маблағи нархи аслӣ, хароҷот ва фоида.
  3. Миқдори маблағи замони ҷиддият, қисмҳои маблағи пардохтшаванда ва замони пардохт.
  4. Кафолатҳое, ки мизоҷ пешниҳод мекунад.

Дар ин қадам бонки исломӣ бояд пурра соҳиби мол бошад ва намояндаи он молро ба мизоҷ таслим менамояд ва мизоҷ тибқи ҷадвали пардохт уҳдадориҳояшро дар назди бонки исломӣ иҷро менамояд.

6. Супоридан ва қабули мол

Баъд аз ин ки бонки исломӣ молики пурраи мол мешавад ва қарордоди хариду фурӯш бо услуби муробаҳа бо мизоҷ мебандаду кафолат мегирад, он молро дар маконе, ки маслиҳат кардаанд, ба мизоҷ месупорад.

Аз маҷмааҳои фиқҳӣ фатвое содир шудааст, ки бар асоси он бонки исломӣ наметавонад мизоҷро вакил интихоб намояд, то ки амрномаи пардохтиро ба бортаъминкунанда бипардозад ва аз он ҳамчун намояндаи бонки исломӣ молро қабул намояд, ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ ва баъд аз мувофиқаи қаблӣ бо ҳайати назорати шаръӣ ва мавҷуд будани ваколати хаттӣ ин амал имконпазир мегардад. Ин кор танҳо ба хотири он анҷом дода мешавад, ки дар сурати аз байн рафтани мол масъулияти он бар дӯши бонки исломӣ бошад, на бар дӯши мизоҷ.

7. Ҳолати даст кашидани мизоҷ аз харидани моли муробаҳа аз бонки исломӣ

Дар таҷриба гоҳо мешавад, ки мизоҷ баъд аз ворид шудани матоъ ё маҳсулоти дигар ба бонки исломӣ аз харидани он даст мекашад. Дар ин ҳолат чунин корҳо анҷом дода мешаванд:

  1. Бонки исломӣ матоъ ё маҳсулоти дигарро мефурӯшад ва агар аз фурӯши он зарар бинад, ин зиёнро аз ҳисоби маблағи замони ҷиддияте, ки мизоҷ гузоштааст, мепӯшонад. Агар маблағ зиёдатӣ монад, онро ба мизоҷ бармегардонад, аммо агар хисорот аз маблағи замонат зиёд бошад, бонки исломӣ метавонад аз мизоҷ фарқи онро талаб намояд. Аммо агар бо фоида он молро фурӯшад, маблағи замонатро пурра ба мизоҷ баргардонида, тамоми фоида ба хазинаи бонк ворид мегардад.
  2. Агар фурӯхтани мол номумкин гардад, маблағи замони ҷиддият ва дигар замонатҳо дар ихтиёри бонки исломӣ боқӣ мемонад, то он вақте ки масъала тибқи шариати исломӣ ҳалли худро ёбад.

Рӯйхати адабиёт

  1. «Фиқҳул исломӣ ва адиллатуҳу», доктор Ваҳба Зуҳайлӣ, ҷузъи чорум, қисми дувум, назарияҳои фиқҳӣ.
  2. «Маблағгузорӣ бо услуби муробаҳа, тавре ки бонкҳои исломӣ анҷом медиҳанд, муқоиса байни амалия ва назария», доктор Ҳусейн Ҳусейн Шаҳата, устоди муҳосибот дар донишгоҳи ал-Азҳар, коршинос ва мушовири амалиётҳои молии исломӣ.
  3. Мавод аз семинар оид ба «Нақшаи стратегии сармоягузорӣ дар бонкҳои исломӣ: ҷонибҳои татбиқӣ, масъалаҳо ва мушкилот» бо ҳамкории Институти исломӣ оид ба тадқиқот ва тадриб / Бонки Исломии Рушд / Ҷидда. Тадқиқоти доктор Муҳаммад Абдулҳалим Умар оид ба «Шарҳи амалиёти муробаҳа дар низоми бонкдории исломӣ».
  4. CIFE™ STUDY NOTES: A User’s Guide to Ethica’s Certified Islamic Finance Executive™ Program, www.EthicaInstitute.com.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2