Зеҳн

Салмон Ҷамолов: Осорхонаи Бонки миллӣ ифтихори тоҷикистониён хоҳад шуд

20 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Ба наздикӣ аз ташкил шудани Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон як сол сипарӣ мешавад. Ин осорхона бо мақсади намоиш додани таърихи куҳану навини муносибатҳои пулию молӣ дар сарзамини тоҷикон аз замони бостон то имрӯз ташкил ёфтааст. Дар арафаи яксолагии он бо созмондиҳанда ва масъули ин осорхона Салмон Ҷамолов суҳбат оростем ва аз ӯ пурсидем:

— Аслан, идеяи созмон додани Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон чӣ гуна пайдо шуд ва чӣ боис шуд, ки он ташкил шавад?

— Кормандони Бонки миллӣ, аз он ҷумла банда, бо зарурати хидматӣ ба бисёр кишварҳои дуру наздик сафар кардем ва дидем, ки аслан бонке вуҷуд надорад, ки осорхонаи худро надошта бошад. Масалан, Бонки марказии Русия ҳатто дар намояндагиҳои минтақавиаш чунин осорхонаҳо дорад. Осорхона аз бисёр ҷиҳат барои шаҳрвандон, хусусан кормандони Бонки миллӣ, аҳамияти бузург дорад, зеро онҳо бояд аз гузаштаи муомилоти пулӣ дар ватани худ огоҳии пурра ва ҳирфаӣ дошта бошанд. Дар ин ҷо муомилоти пулӣ дар гуфтор не, балки дар шакли аёнӣ зинда намоён аст. Аз он қишрҳои гуногуни ҷомеа, масалан, донишомӯзон метавонанд истифода баранд. Албатта, шумо гуфта метавонед, ки пул дар Осорхонаи миллӣ ҳам намоиш дода мешавад. Бале, дуруст аст, вале дар он ҷо бештар ба намоиши пулҳои бостонӣ аҳамият додаанд ва бо ҳамин тақрибан иктифо мекунанд.

Дар Осорхонаи миллӣ пулҳои минбаъда, яъне пулҳои шӯравӣ камтар ба назар мерасанд. Пулҳои қабл аз даврони шӯравӣ, вақте ки сарзамини мо дар ҳайати Русия буд ва пули Русия ҳамчун пули мо ҳисоб мешуд, комилан вуҷуд надоранд. Ман надидам, ки дар Осорхонаи миллӣ пулҳои Аморати Бухоро бошанд, чун дар ҷануби Тоҷикистон он вақтҳо пулҳои Аморати Бухоро ҳамчун воситаи асосии пардохт роиҷ буданд. Барои ҳамин, вақте мо ба меҳмонони Бонки миллӣ мегуфтем, ки осорхона надорем, бовар намекарданд ва бисёр бо тааҷҷуб мегуфтанд, ки наход бонки марказӣ осорхона надошта бошад. Бинобар ин, ташкили чунин осорхона дар Бонки миллӣ як амри зарурӣ буд. Бо вуҷуди он ки осорхонаи мо имрӯз ба бисёр талаботу меъёрҳои муосири осорхонасозӣ ҷавобгӯ нест ва дар атрофи толори бузург нигораҳои он ҷой дода шудаанд, боз ҳам зебо ва ҷолиб ба назар мерасад. Ин ибтидои кор аст ва ман умед дорам, ки дар оянда осорхонае бо бинои алоҳида ба вуҷуд хоҳад омад, то хоҳишмандон имконият пайдо намоянд аз он бозбинӣ намоянду аз таърихи муомилоти пулӣ дар ватани худашон огоҳ шаванд.

— Осорхона бо истифода аз кадом усулҳо сохта шудааст?

— Оид ба ин масъала дар як китобчае, ки мо бо номи «Роҳнамои осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон» чанде пеш ба нашр расонидем, маълумоти зиёде мавҷуд аст. Мо дар ҷараёни кор аз чанд усул ва ё омилҳо истифода бурдем. Якум, мо вақте ки дар бораи муомилоти пулию молӣ дар Тоҷикистон гап мезанем, танҳо Тоҷикистони имрӯзаро дар назар надорем. Зеро Тоҷикистони феълӣ як қисмати Тоҷикистони таърихӣ аст ва мо бояд таърихи пули миллиро дар тамоми Тоҷикистони таърихӣ то замони ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос кунем. Бо ибораи дигар гӯем, нигораҳои осорхонаи мо бо қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намешаванд ва берун аз он тамоми маҳдудаи Осиёи Миёна ва Афғонистони шимолиро фаро мегиранд. Гузашта аз ин, дар осорхонаи мо, ки ба шакли намоишгоҳ созмон дода шудааст, дар мавзеъҳои марказӣ давраҳои калидии тақдирсози миллати мо инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, даромади осорхона аз таърихи муомилоти пулию молӣ дар давлати Сомониён, ки аввалин давлати мутамаркази тоҷикон дар асрҳои миёна буд, шурӯъ мешавад. Ҳамчунин пулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мавзеъҳои марказӣ ҷой дода шудаанд ва дар ин раванд инъикоси пайдарҳамии таърихӣ сарфи назар шудааст.

— Лутфан бигӯед, ки дар хазинаи осорхона тангаҳои нодир ҳам ҳастанд?

— Бисёр не, аммо чанд пулу тангаи нодир ҳастанд. Яке аз онҳо тангаи подшоҳи Юнону Бохтар — Евтидем ҳаст, ки аз асрҳои 3 ва 2-и пеш аз милод боқӣ мондааст. Ин танга дар Тоҷикистон танҳо дар осорхонаи мо намоиш дода мешавад, дар ҷойи дигар нест, аз он ҷумла, ҳатто дар Осорхонаи миллӣ ҳам нест. Дар китоби сиккашиноси тоҷик Д. Довудӣ низ омадааст, ки ҳамин тангаи нодир дар осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон маҳфуз аст. Аз ҷумлаи тангаҳои дигар тангаҳои давраи Шайбониён ҳастанд. Як тангаи давраи Искандари Шайбонӣ ҳаст, ки мансуби асри 16 мебошад. Ин танга ҳам дар осорхонаҳои дигар вуҷуд надорад. Ҳамчунин тангаи охирин подшоҳи сомонӣ Исмоили ибни Нӯҳ мавҷуд аст, ки баъд аз сарнагун шудани Давлати Сомониён дар соли 999, вақте Қарахониён Бухороро забт карданд ва авлоди шоҳони сомонӣ — Абдумалик ва бародараш Исмоилро ба Узгент бадарға карда бурданд, Исмоил аз он ҷо гурехт ва ба муддати панҷ сол бар зидди Қарахониён мубориза бурд ва як замоне ҳатто ба ӯ гирифтани Бухоро ва барқарор кардани давлати Сомониён муяссар шуд ва ӯ дар ин давра тангаҳои худро ҳам баровард. Як дона аз он тангаҳо дар осорхонаи мо мавҷуд аст, ки фикр мекунам, дар дигар осорхонаҳо вуҷуд надорад.

— Дар робита ба ин, оё дар осорхона сиккаҳо бо номҳои шоҳони дигари сомонӣ вуҷуд доранд?

— Аслан ифтихори осорхонаи мо ин коллексияи тангаҳои мисии давраи Сомониён мебошанд, ки фалс ном доранд. Ин тангаҳо дар муомилоти ҳаррӯза дар сарзамини мо иштирок доштанд ва дар зарробхонаҳои мутааддид (то 48 адад буданд) зарб зада мешуданд. Шояд дар Тоҷикистон осорхонаи мо ягона ҷое бошад, ки тангаҳои фулус аз ҳамаи шоҳони сомонӣ мавҷуд ҳастанд. Мо гуфта метавонем, ки тангаҳои сомонӣ дар тақдири давлатҳои дигар ҳам нақши бузург бозиданд. Тангаҳои давлати Сомониён ба хориҷ аз қаламрави давлатдории онҳо ба Булғору Аврупои шарқӣ ва Киеви Рус хориҷ мешуданд ва метавон гуфт, ки чун пулҳои байналмилалӣ хизмат мекарданд. Ман дар назар дорам дирҳамҳои ба номи Исмоили Сомониро, ки сифати бисёр баланд доштанд ва аз 90 то 100 фоизашон нуқраи холис буданд. Дар мамлакатҳои Аврупои шарқӣ ва хусусан дар Руси қадим, чун дар он ҷо нуқра вуҷуд надошт, тангаҳои сомониро мегирифтанд ва дар муомилоти пулии худ истифода мебурданд. Барои ҳамин қисми зиёди тангаҳои нуқрагӣ аз Осиёи Миёна берун рафтанд. Ин тангаҳо бештар дар Аврупои шарқӣ бозёфт мешаванд. Аҷиб аст, ки ҳанӯз дар охири асри 19 дар ҷазираи Готланди Шветсия дафинае пайдо кардаанд, ки 36 ҳазор тангаҳои мусулмонӣ, аз ҷумла сомонӣ, аз он ҷо ба даст омадаанд. Ин бисёр як воқеаи нодир аст. Дар Осиёи Миёна то имрӯз чунин дафинаи бузург ёфт нашудааст. Ин ифтихори бузурги мост.

— Ёдгориҳои осорхона пеш аз ташкили он дар Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд буданд ё танҳо баъди ташкили осорхона ҷамъоварӣ шуданд?

— Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали корам дар Бонки миллӣ ба таърих ва тангашиносӣ шавқу рағбати беандоза доштам ва то он вақт ҳатто як коллексияи шахсии тангаю пулҳои қадимаро ҷамъоварӣ намуда будам. Ба ғайр аз ин, вақте ки одамон ба Бонки миллӣ тангаҳои қадимаро ба фурӯш меоварданд, ман ба масъулин пешниҳод мекардам, ки барои харидорӣ намудани онҳо иҷозат диҳанд. Як миқдори начандон зиёд — тақрибан дар ҳудуди 30-40 дона солҳои 2001-2003 харидорӣ шуда буданд ва ҳамаи онҳо ҳоло ҳамчун асоси осорхона маҳфузанд.

— Шумо гуфтед, ки ҳоло яке аз тангаҳои қадимтарин аз давраи Евтидем — подшоҳи Юнону Бохтар дар осорхона маҳфуз аст. Ин танга чӣ таърихе дорад ва чӣ гуна дар осорхонаи БМТ пайдо шуд?

— Тавре ишора кардам, қисми зиёди тангаҳои нодир, ки дар осорхонаи БМТ нигоҳдорӣ мешаванд, албатта харидорӣ шуданд. Таърихи ин чунин аст. Ман ба ҳар тариқ маълумот медодам, ки барои Бонки миллӣ тангаҳои қадимӣ ва таърихӣ лозим аст. Бисёр вақт ба ман муроҷиат мекарданд ва мегуфтанд, ки ин ё он танга ба шумо лозим аст ё не. Рӯзе як сокини Ҳисор, ки ӯро ба ман як ҳамшаҳриаш муаррифӣ кард, ҳамон тангаро барои фурӯхтан овард ва ман онро ба мудири Осорхонаи давлатӣ нишон додам. Онҳо бисёр таваҷҷуҳ карданд ва гуфтанд, ки агар шумо инро ба мо фурӯшед, мо бо нархи баланд мегирем. Дар ҷавоб гуфтам, ки ин тангаро мо аллакай харидаем ва алҳол танҳо гап дар бораи муайян кардани асолати он меравад. Ҳамин тавр, тангаи нодир ба хазинаи Осорхонаи мо ворид шуд.

— Яъне, шумо худатон ҳам як миқдор тангаю пулҳоро ҷустуҷӯ ва пайдо мекардед?

— Вақте ки соли 2012 роҳбарияти БМТ ба ман ташкил намудани осорхонаро супориш доданд, тасмим гирифтам, ки тамоми кормандони БМТ-ро ба ин кор ҷалб намоям. Бо ин мақсад барои саҳм гузоштан дар ташкили осорхона ба онҳо ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ муроҷиат мекардам. Бархе аз ҳамкорон даъвати моро пазируфтанд ва баъди бозгашт аз сафарҳои хизматӣ чанд намунаи пулҳои хориҷиро оварда тақдим мекарданд. Вале дар маҷмӯъ бояд гӯям, ки дар Тоҷикистон тангашиносӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ рушд наёфтааст ва шумораи ками одамон ба он рағбат доранд. Шояд дар амал нафароне ҳастанд, ки сиккаҳои гуногун дошта бошанд, вале нархи онҳоро муайян карда наметавонанд. Фақат он ки ин ё он сиккаи таърихӣ ҳаст, дар назари онҳо миллионҳо сомонӣ бояд нарх дошта бошад, дар ҳоле ки ин як чизи оддист. Бинобар ин, кӯшиш намудам тамоми тангаҳои бостониро худам ҷамъоварӣ намоям ва танҳо баъди нархгузорӣ гардидан аз ҷониби комиссияи БМТ харидорӣ мешуданд.

— Оё намунаи тангаҳои хотиравии БМТ низ дар осорхона ба намоиш гузошта шудаанд?

— Бале, намунаи тамоми тангаҳои хотиравӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии зиёд интишор намуд ва онҳо бисёр зебою нотакрор мебошанд. Дар ин хусус мо як муаррифиномае таҳти унвони «Тангаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон»-ро тайёр кардем ва барои намоиши онҳо як гӯшаи алоҳида бахшида шудааст.

— Ба назари Шумо, то куҷо ёдгориҳои осорхонаи БМТ таърихи муомилоти пулиро дар Тоҷикистон инъикос мекунанд?

— Бояд дар бораи сохтори осорхона каме маълумот диҳам. Осорхона аз 24 витрина иборат аст, ки дар онҳо намунаи тамоми тангаву пулҳо аз давраи Сомониёну давлати Юнону Бохтар сар карда, то пулҳои давраи аморати Бухоро, Русияи подшоҳию замони шӯравӣ ва давраи истиқлолияти ҷумҳурии мо ҷой дода шудаанд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки осорхона таърихи муомилоти пулии халқи тоҷикро бо далелҳои мушаххас инъикос мекунад. Тибқи санадҳои расмии таърихӣ, бонкдорӣ дар Тоҷикистон соли 1925 оғоз шудааст. Ҳарчанд ки дар таърихи давлатдории тоҷикон дар давраи Сомониён аҷдодони мо ҳангоми анҷом додани муомилоти молӣ аз чекҳо истифода мебурданд. Ба ибораи дигар гӯем, шахсе аз ягон кас мол ё пул мегирифт, бар ивазаш бо мазмуни зайл як чек менавишт, ки «ман аз фалон кас ин қадар пул ё мол гирифтам, шумо дар Миср (ё ҷойи дигар) ба вай ин қадар пул ё мол диҳед». Инро як шакли муомилоти пулӣ ё бонкӣ дар ватани мо гуфтан мумкин аст. Аммо аввалин муассисаи бонкӣ дар Тоҷикистон дар соли 1925 пайдо шуд ва бо номи Контораи душанбегии Бонки давлатии ИҶШС ба фаъолият шурӯъ намуд. Солҳои минбаъда бонкҳои соҳавии шӯравӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият мекарданд. Аммо баъд аз ба даст омадани истиқлолият таърихи бонкдории давлати мустақили Тоҷикистон оғоз шуд. Дар Тоҷикистон дар ин давра ду бор ислоҳоти пулӣ — солҳои 1995 ва 2000 бо ворид намудани пулҳои «рубли тоҷикӣ» ва «сомонӣ» гузаронида шуд, ки намунаи тамоми ин пулҳо дар осорхонаи мо ҷой дода шудаанд.

— Ба андешаи Шумо, меҳмонони Бонки миллии Тоҷикистон баъди тамошои нигораҳои осорхона чӣ таассуроте бо худ мебаранд?

— Бидуни муболиға метавон гуфт, ки меҳмонони Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ ва рағбати беандоза аз осорхонаи мо дидан мекунанд. Таҷрибаи тақрибан яксолаи фаъолияти осорхонаи тозабунёди мо нишон дод, ки меҳмонон зимни ташрифи худ дар бораи таърихи муомилоти пулии халқи тоҷик иттилоъ гирифта, бо як таассуроти наву рӯҳи болида баромада мераванд. Масалан, муаллимоне, ки барои гузаронидани семинарҳои байналмилалӣ аз Олмон ба БМТ меоянд, ҳамаашон аз осорхона дидан менамоянд, ҳатто баъзеашон такрор ба такрор ба тамошои осорхона меоянд. Бояд гуфт, ки хоҳишмандони дидани осорхона бисёр ҳастанд. Боварӣ дорем, ки дар оянда ин имконият барои ҳаводорони тамошои осорхонаи БМТ фароҳам оварда хоҳад шуд.

— Ҳоло барои ғанитар намудани осори осорхона чӣ нақшаҳо доред?

— Тавре болотар қайд кардем, ташкили осорхона ҳанӯз аввали кор аст. Ман фикр мекунам, ки осорхона бояд таърихи муомилоти пулии моро ба таври васеъ ва пурратар инъикос карда тавонад. Нигораҳои нодир, аз ҷумла аз давраи шӯравӣ ҳам, бояд бештар ҷамъ оварда шаванд. Ба ғайр аз ин, мехоҳем, ки дар осорхона пулҳои хориҷӣ — пулҳои давлатҳои Осиё, Аврупо, Африқо, давлатҳои маҳдудаи ИДМ дар шакли ҷолиб пешниҳод шаванд. Имрӯз намунаи пулҳои баъзе аз ин давлатҳоро дар даст дорем. Мусаллам аст, ки яке аз вазифаҳои асосии осорхона баланд бардоштани савияи маърифати молиявии мардум ба шумор меравад. Дар робита ба ин, мо нақша дорем дар оянда рӯзҳои дарҳои кушодро барои донишҷӯён ва мактаббачагон ва қишрҳои дигари аҳолӣ дар осорхона ташкил кунем, то мардум аз нигораҳои осорхона дидан кунанд ва донишу ҷаҳонбинии худро дар бораи таърихи муомилоти пулии халқамон мукаммал намоянд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2