Зеҳн

Шветсия — кишвари ғайринақдии дунё

20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Насби терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки ба хариду фурӯши молу амвол ва дигар намудҳои хизматрасонӣ машғул мебошанд, аз 1 январи соли 2017 ҳатмӣ мегардад.

Такмили низоми пардохт ва дар ин замина рушду такомули бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ҳангоми анҷом додани амалиётҳои тиҷоратӣ ва расонидани хизматрасониҳо ба ҳисоб меравад. Ва бешубҳа, ин тақозои замон ба шумор меравад.

Маҳз бо мақсади тезонидани муҳлати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» вазорату идораҳои марбутаи кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуданд, ки он аз тарафи Парлумони мамлакат дастгирӣ ёфта, аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ба имзо расид. Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи санади номбурда, барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст.

Аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки инфрасохтори хизматрасонии кортҳои пардохтӣ бояд дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ташкил дода шаванд, зеро он алҳол асосан дар шаҳри Душанбе бештар ба назар мерасад, вазъ дар минтақаҳои дигари кишвар бошад, таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад.

Агар мо ба амалияи байналмилалии истифодаи пули нақд ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳангоми пардохти арзиши молу хизматрасонӣ назар андозем, бароямон маълум мегардад, ки кишварҳои пешрафтаи олам даҳсолаҳо пеш шакли ғайринақдии пардохтро амалӣ кардаанд ва ҳамасола онро такмил медиҳанд. Барои мисол Шветсияро мегирем.

Хабарнигори аврупоии рӯзномаи The Guardian Ҷон Хенли дар мақолаи худ овардааст, ки як замоне Шветсия аз аввалинҳо шуда пули коғазиро чоп карда буд. Пулҳои коғазие, ки Stockholms Banco соли 1661 ба муомилот баровард, аз коғази ғафс сохта шуда, бо нишонаҳои обӣ, муҳр ва якчанд имзоҳо аз тақаллубкорӣ ҳимоя карда мешуданд. Ба наздикӣ силсилаи пулҳои нав бо расмҳои шведҳои машҳури асри ХХ — Астрид Линдгрен, Грета Гарбо ва Ингмар Бергман ба муомилот бароварда шуданд. Вале мардуми таҳҷоӣ ба пулҳои нақдӣ хеле кам зарурат доранд.

«Ман, — мегӯяд як сокини ҷавони Стокголм, — дигар пулҳои нақдиро истифода намебарам». Ӯ дер боз онҳоро бо худ намегардонад. Ҳатто барои харидорӣ намудани рӯзнома дар кӯча вай аз корти кредитӣ ё смартфон истифода мебарад.

Автобусҳо дар Шветсия ва метрои Стокголм аллакай чанд сол аст, ки ҳангоми пардохти роҳкиро пули нақдро қабул намекунанд. Ба соҳибони мағозаҳо расман иҷозат дода шудааст, ки ҳангоми додугирифт пулҳои коғазӣ ва тангаҳоро қабул накунанд. Тибқи маълумоти Riksbank — Бонки марказии Шветсия, танҳо 2 фоизи тамоми пардохтҳо бо пули нақд анҷом дода мешаванд. Интизорӣ меравад, ки то соли 2020 ин нишондиҳанда то 0,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Дар мағозаҳо нақдина дар 20 фоизи ҳолатҳо истифода мешавад. Яъне, назар ба панҷ соли пештар, ин рақам ду баробар камтар шудааст. Рақами мазкур назар ба нишондиҳандаи миёнаи 75 фоиз, ки дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, хеле ночиз аст.

Аз 1600 дафтарҳои бонкии мавҷуда дар ин кишвар қариб 900-тои он пули нақдро нигоҳ намедоранд ва тамоман онро аз муштариён қабул намекунанд. Ва қисмати зиёди онҳо, бахусус дар ноҳияҳои деҳот, дигар банкомат надоранд. Гардиши солонаи кронаи шведӣ аз 106 млрд. то 80 млрд. крона кам шудааст.

Ба андешаи Никлас Арвидссон, коршиноси донишкадаи шоҳии технологии Стокголм, Шветсия дар панҷ соли оянда амалан метавонад ба ҷамъияти ғайринақдӣ мубаддал гардад. Номбурда бар ин назар аст, ки оғози ин кор ба солҳои 1960-ум рост меояд. Аллакай ҳамон солҳо бонкҳо корфармоёнро водор мекарданд, ки музди маошро дар шакли транзаксияҳои рақамӣ пардохт намоянд. Ин кор баъди роҳандозӣ шудани кортҳои пардохтӣ идома ёфт ва ташкилотҳои қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳо ба чекҳои шахсӣ гирифтани ҳаққи назаррасро шурӯъ намуданд.

Бино ба маълумоти Visa, дар айни замон кортҳо ба воситаи асосии тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар Шветсия мубаддал гаштаанд. Дар соли 2015 сокини миёнаҳоли шоҳигарӣ назар ба сокини миёнаҳоли Аврупо се маротиба зиёдтар аз кортҳо истифода бурдааст. Дар вақтҳои охир вазни қиёсии пардохтҳо аз телефонҳои мобилӣ бо суръати баланд зиёд шуд. Тавре зикр кардем, бонкҳои Nordea, Handelsbanken, SEB, Danske Bank ва Swedbank дар якҷоягӣ низоми пардохти Swish-ро ташкил намуданд. Ин низом имконият медиҳад, ки дар реҷаи воқеӣ аз як ҳисоби бонкӣ ба ҳисоби дигари бонкӣ пул гузаронида шавад ва ин дар навбати худ шуҳрати онро дар назди шведҳо баланд кард.

«Swish ҳақиқатан пулҳои нақдиро саркӯб кард», — мегӯяд Никлас Арвидссон. Замимаи зикршуда тамоми хусусиятҳои пули нақдро доро мебошад. Масалан, имконияти гузаронидани ҳисобу китоб дар реҷаи воқеӣ, ба мисли истифодаи пули нақд, аз ҷумлаи онҳост. Swish аллакай қариб нисфи сокинони кишварро ба худ ҷалб кард. Ҳар моҳ ба он 9 млн. пардохт рост меояд.

Соҳибони мағозаҳои сарироҳии Стокголм хеле ба зудӣ низоми iZettle-ро аз худ карданд. Ин низоми сода ва арзони коркарди олимони шведӣ имконият медиҳад, ки бо истифода аз дастгоҳи хурдҳаҷми ба телефони мобилӣ пайвастшуда аз корт ва замимаҳои мобилӣ маблағ ситонида шавад. Исбот гардидааст, ки ба туфайли низоми iZettle ҳаҷми фурӯш дар мағозаҳои тоҷирони сарироҳӣ тақрибан 30 фоиз зиёд шудааст.

Барои гузаштан ба ҷомеаи ғайринақдӣ қарори сиёсӣ зарур аст

Тавре маълум аст, ҳама гуна пешравию тараққиёт ҷанбаи манфӣ низ дорад. Нашрияи The Guardian менависад, ки шумораи қаллобии электронӣ тайи даҳсолаи охир ду баробар зиёд шудааст. Аксарияти мунаққидон ба худ савол медиҳанд, ки оё пардохтҳои рақамӣ, ки ҳар яке дар ҷое сабт мешавад, сабабгори мудохила ба ҳаёти шахсӣ намегардад? Муаллимон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҷавонон ба сарфи маблағҳое шурӯъ хоҳанд кард, ки дар воқеият дар ихтиёри худ надоранд.

Бинобар ин, маҳз бо сабабҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта, коршиносон бовар доранд, ки агар ҳамаи сокинони Шветсия ба ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ гузаранд ҳам, нақдина ба тамом аз байн намеравад. «Барои гузаштан ба ҷомеаи ғайринақдӣ қарори сиёсӣ зарур аст. Мафкураи истифодаи пули нақд ҳатто дар Шветсия низ ниҳоят пуртаъсир боқӣ мемонад», — таъкид менамояд Никлас Арвидссон.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2