Зеҳн

Ҳамкориҳои босамари бонкӣ идома доранд

20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Ҳамкориҳои босамари бонкӣ идома меёбанд

Ё чӣ гуна равобити Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария тавсиа меёбанд?

Ҳамкориҳо байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария густариш хоҳанд ёфт. Ин нукта зимни сафари ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария бо роҳбарии раиси ин бонк Томас Йордан ба Тоҷикистон ва мулоқоти онҳо бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид ёфт.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои гуногуни рушди соҳаи молия, имкониятҳои мавҷуда, стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо ва раванди густариши ҳамкориҳо суҳбат намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамкориҳо бо Бонки миллии Швейтсарияро барои низоми бонкии Тоҷикистон муҳим шуморида, табодули таҷрибаро дар шароити буҳрони молиявӣ барои кам кардани хавфҳо боаҳамият хонд. Ӯ дар мулоқот ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсарияро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, гуфт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мешаванд.

Зимни мулоқот роҳбари Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан табодули таҷрибаро барои пешбурди низоми бонкӣ барои ҳар ду ҷониб муҳим шуморид. Вай изҳор дошт, ки ба воситаи муколама ва баҳс метавон бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намуд. Табодули таҷриба дар навбати худ, барои гузаронидани ислоҳот, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва дар ниҳоят ба пешрафти кор мусоидат хоҳад кард.

Томас Йордан баъд аз баррасии вазъи низоми бонкӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар семинаре, ки таҳти унвони «Вазъи фаромиллии иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Швейтсария» барои роҳбарони бонкҳо ва намояндагони ташкилотҳои қарзии хурд ташкил шуда буд, суханронӣ намуд. Номбурда оид ба омилҳои ба вазъи низоми бонкӣ зараровар дар шароити буҳрони молиявӣ, роҳҳои коҳиши хавфҳои молиявӣ ва пешгирӣ аз мушкилот изҳори ақида намуд. Ӯ ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони ташкилотҳои қарзӣ посух дод.

Дар рафти семинар Сироҷиддин Икромӣ, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки Тоҷикистону Швейтсария аз ҷиҳати иқлим, шумораи аҳолӣ ва масоҳат ба якдигар бисёр шабоҳат доранд. Ба андешаи ӯ, ҳам Швейтсария ва ҳам Тоҷикистон кишварҳои кӯҳсор ҳастанд, ҳудуди ҳар ду кишвар ва шумораи аҳолии онҳо тақрибан баробаранд. Тоҷикистон беш аз 8,5 миллион нафар аҳолӣ дорад, аҳолии Швейтсария низ қариб 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, омӯзиши таҷрибаи рушди иқтисодии Швейтсария барои Тоҷикистон манфиатовар хоҳад буд.

Раиси Бонки миллии Швейтсария Тоҷикистонро кишвари дорои имкониятҳои бузург барои рушд унвон карда, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои низомҳои бонкии ду кишвар барои пешрафт ва истифодаи пурсамари ин имкониятҳо мусоидат хоҳад кард. Ӯ ба ин назар аст, ки ҳанӯз имконоти истифоданашуда барои густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар зиёд аст. Номбурда ҳавасмандии Швейтсарияро ба рушди бештари муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои манфиатбахш, аз ҷумла, дар самти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунии буҳронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард.

Зимнан, барои Бонки миллии Швейтсария дар солҳои охир ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аҳамияти вижа касб кардааст. Дар соли гузашта низ як ҳайати баландпояи ин бонк бо роҳбарии Томас Йордан ба кишвари мо ташриф оварда буд ва аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда буд. Дар ин мулоқот, ки масоили вобаста ба ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуда буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноат карда, зикр намуд, ки «Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба он таваҷҷуҳи махсус дорем».

Дар ин мулоқот намояндагии ягона доштани Тоҷикистону Швейтсария дар Шӯроҳои Мудирони иҷроияи Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор далели рӯшани ҳамшарикии судбахш арзёбӣ шуд.

Тоҷикистон бо Швейтсария дар солҳои охир робитаи зичи иқтисодӣ дорад. Заминаҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имкон додаанд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2014 ба 480 миллион доллари амрикоӣ расад, ки ин нисбат ба соли 2013 5,8 баробар бештар аст.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир Швейтсария ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Швейтсария асосан аз Тоҷикистон алюминий ва нахи пахта мехарад, ки дар солҳои охир мизони харидории онҳо бештар шудааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 50,5% содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Швейтсария сурат гирифтааст. Инчунин Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки ба таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардидаанд, саҳми муассир мегузорад.

Ҳамкории низомҳои бонкии Тоҷикистону Швейтсария ҳанӯз соли 1998 оғоз шуда буд. Бонки миллии Швейтсария ба Бонки миллии Тоҷикистон бештар кумакҳои фаннӣ мерасонад ва дар таълим додани бонкдорони тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо саҳм мегузорад. Дар ин давра зиёда аз 100 нафар кормандони низоми бонкии Тоҷикистон дар Швейтсария касбомӯзӣ намуда, аз таҷрибаи пешрафтаи бонкдории ин кишвар бархӯрдор шудаанд.

Таҷрибаомӯзӣ дар Бонки миллии Швейтсария, ки яке аз бонкҳои пешсафу боэътимоди дунё маҳсуб мешавад, барои бонкдорони тоҷик бисёр манфиатовар аст. Бонки миллии Швейтсария як бонки намунавӣ барои аксари бонкҳои марказии дунё ба шумор меравад. Захираи асъору тиллои он дар оғози соли 2015 маблағи 495,77 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин яке аз нишонаҳои бонки муваффақу пешрафта будани он арзёбӣ мешавад. Бинобар ин, истифодаи таҷрибаи дар бонкдории Швейтсария андӯхташуда барои пешрафти низоми бонкии кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Рушду нумӯи муносибатҳои дӯстона аз он шаҳодат медиҳад, ки Бонки миллии Швейтсария низ ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистонро бисёр муҳим мешуморад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳайати баландпояи он ба Бонки миллии Тоҷикистон зуд-зуд ташриф меоранд. Томас Йорданро дар ин сафари расмӣ директори Департаменти сиёсати ҳамкориҳои байналмилалии бонки мазкур Андреа Сивиеро, мушовири масоили сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Вернер Ҳерманн, мудири лоиҳаҳои ҳамкории мутақобила Гилберт Хайм ва мушовири калони масоили ҳамкориҳои тарафайни Бонки миллии Швейтсария Нодира Хуонкер ҳамроҳӣ намуданд.

То кунун Бонки миллии Швейтсария бо Бонки миллии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши мутахассисон кумакҳои фаннӣ ҳамкорӣ мекард. Дар мулоқоти роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария бар иловаи ин самти ҳамкорӣ масъалаи кумакҳои молиявӣ, аз ҷумла, тахсис намудани маблағҳои қарзии боимтиёз ба бонкҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар оянда имкон дорад, дар ин замина ҳамкориҳои бештар сурат гирифта, равобити дӯстонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария густариш пайдо кунанд.

Аслам Мӯминов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2