Зеҳн

Шарҳи мухтасари механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ

20 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Шарҳи мухтасари механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ дар кишварҳои пешрафта

Манучеҳр Асоев, и.в. Директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди БМТ

Устувории макроиқтисодии ҳама гуна давлат аз самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзии он вобастагии зиёд дорад. Самарабахшии сиёсати пулию қарзӣ дар навбати худ аз дараҷаи таъсирнокии импулсҳои монетарӣ ба иқтисодиёт ва механизми трансмиссионии он муайян карда мешавад.

Тавре дар мақолаи қаблӣ зикр карда будем, мақсади аввалиндараҷаи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти қобилияти таъсирбахш будани он ба сатҳи нархҳо дар давраи дарозмуддат, комёб гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо ба шумор меравад. Бо нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо, сиёсати пулию қарзӣ барои рушди устувори иқтисодиёт шароити муносиб фароҳам меорад.

Сиёсати пулию қарзӣ бо фосилаҳои гуногуни вақт [бо истилоҳи англисӣ-иқтисодӣ «лаг»] ба маҷмӯи талабот ва ба ин васила ба рушди истеҳсолот ва сатҳи нархҳо таъсири худро мерасонад. Дар давраи кӯтоҳмуддат (тахминан то як сол) ба туфайли падидаи устувории нархҳо сиёсати пулию қарзӣ метавонад ба нишондиҳандаҳои воқеии иқтисодиёт (мисол, рушди истеҳсолоти воқеӣ, сатҳи шуғл) таъсир расонад ва танҳо пас аз он (тахминан то ду сол) ба нишондиҳандаҳои номиналӣ (сатҳи нархҳо, музди кор).

Вале дар давраи дарозмуддат, яъне дар натиҷаи афзоиши давомноки ҳаҷми пул саъю кӯшиши бонки марказӣ барои рушди сатҳи шуғл ва истеҳсолот бефоида хоҳад буд, зеро он танҳо дар болоравии сатҳи нархҳо таҷассум мегардад. Тавре Б. Бернанке (2003) ва Б. МакКаллум (2008) иброз намудаанд, ин падидаи маъмул дар дарки чӣ гуна татбиқ шудани сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти хеле калон дошта, дар замони муосир бонкҳои марказии пешрафта сиёсати хешро бо назардошти ин далели назариявӣ ба роҳ мемонанд.

Аз ин лиҳоз, қарору тасмимоти бонки марказӣ ҷиҳати тағйири фишанги сиёсати пулию қарзӣ, бояд дар асоси пешбиниҳо дар давраи миёнамуддат (на имрӯз) оид ба он ки сатҳи таваррум дар кадом сатҳ қарор хоҳад гирифт, қабул гарданд.

Бонки марказӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ пеш аз он ки ба мақсади ниҳоии худ (яъне, муътадилии сатҳи нархҳо ё ин ки афзоиши истеҳсолот, сатҳи шуғл) бирасад, бояд ба як қатор нишондиҳандаҳои миёна таъсир расонад. Ин раванд, яъне механизми трансмиссионии (мутаассири) сиёсати пулию қарзӣ нишон медиҳад, ки бонки марказӣ бо кадом роҳ дар идоракунии ҳадафи амалиётӣ, чунончи пойгоҳи пулӣ ва ё меъёри фоизи кӯтоҳмуддати бозорӣ ба мақсади ниҳоии худ метавонад ноил гардад (П. Айрленд, 2008).

Дар адабиёти иқтисодӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ (Ф. Мишкин, 1995) якчанд роҳҳои (минбаъд каналҳои) мутаассири сиёсати пулӣ оварда шудаанд, ки дар навбати худ ба намудҳои гуногуни маҷмӯи талабот, ба амсоли сармоягузорӣ, истеъмолот, хароҷот ва содироти соф таъсир мерасонанд. Онҳо аз: 1) Канали меъёри фоизӣ; 2) Канали нархи дороиҳо, ба монанди қурби асъор, коғазҳои қиматнок ва фондҳо; 3) Канали қарзӣ (аз ҷумла, канали қарзии бонкӣ ва ё канали тавозунӣ) ва 4) Канали интизорӣ иборат мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар тафовут бо кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ, ки дар аксари онҳо каналҳои мутаассири сиёсати пулию қарзӣ ба таври бояду шояд кор мекунанд, дар давлатҳои сусттараққикарда бо сабаби мавҷуд будани камбудиҳои сохториву институтсионалӣ ва инкишофи нокифояи низоми молиявию бонкӣ, танҳо баъзе аз онҳо эътиборнок ва самараноканд.

Модели маъмули Кейнсианӣ канали фоизиро дар механизми трансмиссионии монетарӣ, ки тавассути он ҳаҷми пул таъсири худро ба иқтисодиёт мерасонад, ҳамчун асос арзёбӣ менамояд (Сноудон ва Вейн, 2005, саҳ. 63-64). Инчунин Ф. Мишкин (1995) қайд намудааст, ки бонки марказӣ барои ҳавасмандгардонии (ё ин ки боз доштани) суръатнокии талаботи маҷмӯӣ, ҳаҷми пулро зиёд (ё ин ки кам) мекунад, ки ин дар навбати худ меъёри фоизи воқеиро паст (ё худ зиёд) карда, ба афзоиши (ё ин ки камшавии) хароҷоти истеъмолию инвеститсионӣ ва ба ин васила ба ММД мусоидат менамояд.

Ба ибораи дигар гӯем, бо дилхоҳ тағйирёбии ҳаҷми пул (М), ки аз ҷониби сиёсати пулӣ (ба таври экзогенӣ) пешниҳод шудааст, принсипи мувозинатии бозори пул меъёри фоизи номиналии кӯтоҳмуддат (i)-ро тағйир медиҳад, ки дар навбати худ бо назардошти падидаи устувории нархҳо (sticky prices), дар паст шудани меъёри фоизи ҳақиқии (ir)-и ҳам кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддат таҷассум меёбад.

Бовин ва диг. (2010) қайд намудаанд, ки меъёри фоизи ҳақиқӣ қувваи пешбарандаи механизми трансмиссионӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, поёнравии меъёрҳои фоизи ҳақиқӣ (яъне камшавии арзиши сармоя) ба афзоиши сармоягузориҳо (I) ва истеъмолот (C), инчунин хароҷоти хоҷагиҳои хонагӣ ба молҳои истеъмолии дуру дароз оварда мерасонанд. Дар натиҷа, бо афзоиши маҷмӯи талабот, истеҳсолот (Y) низ меафзояд:

  • Δ M, - Δ i → - Δ ir → + Δ I, C → + Δ Y

Дар давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ, таъсири канали фоизӣ воқеан ҳалкунанда буда, дар қабули ин ё он қарори сиёсати пулию қарзӣ нақши асосиро мебозад (бахусус, миёни кишварҳои истифодакунандаи реҷаи ҳадафгирии таваррум). Масалан, бонки марказӣ барои «хунук намудани иқтисодиёти тафсида» бо истифода аз ин канал ба меъёрҳои фоизи кӯтоҳмуддати бозор таъсир расонида, фаъолнокии аз эътидол зиёди унсури талабот (иқтисодиёт)-ро, ки ба сатҳи нархҳо фишор меоварад, боз медорад ва дар ниҳояти кор ба муътадил гардидани сатҳи таваррум (π) мусоидат менамояд:

  • ΔM, + Δ i → + Δ ir → - Δ I, C → - Δπ

Канали қурбӣ дар механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзии иқтисодиёти кушода аҳамияти зиёд дорад. Сиёсати пулию қарзии ғасбкунанда (экспансионӣ) вобаста ба вазъи мавҷуда ба пастшавии меъёрҳои фоизӣ ва коҳишёбии қурби мубодилавӣ (S) фишор меоварад. Ва баръакс, сиёсати пулию қарзии маҳдудкунанда (қатъӣ) бо афзоиши меъёрҳои фоизӣ ба болоравии қурби мубодилавӣ оварда мерасонад. Дар натиҷа, тавассути канали қурбӣ, коҳишёбии қурби пули миллӣ арзиши маҳсулоти дохилиро нисбат ба маҳсулоти воридшаванда камтар намуда, дар афзоиши содирот ва рушди иқтисодиёт инъикос меёбад. Ва баръакс, дар мавриди мустаҳкамшавии қурб, содироти соф (NX) ва ба ин васила рушди ММД сусттар мешаванд:

Δ M, Δ i → Δ ir → Δ S → Δ NX → Δ Y

Дар робита ба ин, бояд қайд намуд, ки дар кишварҳои истеҳсолоти дохилиашон сустбуда, ки аз вазъи берунииқтисодӣ ва қурби асъор вобастагӣ доранд, дар сурати истифодаи сиёсати беқурбкунии пули миллӣ то андозае касри тавозуни савдоро беҳтар намоянд ҳам, дар ниҳояти кор он дар болоравии сатҳи таваррум инъикос мегардад. Ғайр аз ин, чун ин гуна кишварҳо бо сатҳи баланди долларикунонии иқтисодиёт тавсиф меёбанд, сиёсати мазкур метавонад ба тавозуни агентҳои иқтисодӣ (аҳолӣ, фирмаҳо, бонкҳо), ки қарз ё уҳдадориҳои асъорӣ доранд ва ба хавфҳои гуногуни асъори хориҷӣ гирифторанд, таъсири манфӣ расонад. Беқурбшавӣ (девалватсия) арзиши қарзҳои онҳоро (бинобар бо пули миллӣ истифода шудан) зиёд намуда, ба талафоти арзиши софи сармояи агентҳои иқтисодӣ оварда мерасонад.

Чунин ҳолат, чӣ хеле ки қайд кардем, асосан дар кишварҳои сусттараққикарда бо сатҳи баланди долларикунонии иқтисодиёт ҷой дорад. Умуман, ин гуна номуайянӣ ва номутаносибии иттилоот (asymmetric information) ҳаҷми қарздиҳии бонкҳоро аз як тараф ва фаъолнокии иқтисодиро аз тарафи дигар коҳиш медиҳад, ки дар натиҷа мақомоти пулию қарзӣ бо таъсири баръакс рӯ ба рӯ мешаванд: арзиши қарз боло рафта, ҳаҷми сармоягузорӣ ва ММД меафтад.

Сиёсати пулию қарзӣ ба иқтисодиёт тавассути канали нархи дигар дороиҳо, ба монанди сармояи саҳомӣ (Ф. Мишкин, 1995) низ таъсир расонида метавонад. Назарияи q-и Тобин (Ҷ. Тобин, 1969) ва самараи боигарӣ (wealth effect) аз қабили онҳо мебошад.

Тибқи назарияи q-и Тобин, ки ҳамчун таносуби нархи бозории сармоя (ба монанди сармояи асосӣ) нисбат ба арзиши ивазкунии он муайян шудааст, сиёсати пулию қарзии фаъол (экспансионӣ) ба афзоиши унсури талабот ва арзиши коғазҳои қиматнок мусоидат менамояд. Ин дар навбати худ, арзиши бозории сармояи корхонаҳоро нисбат ба нархи худи сармоя (яъне корхона) ва таносуби q-ро зиёд мекунад. Дар натиҷа, ҳаҷми сармоягузориҳо меафзояд, зеро корхонаҳо сармояи иловагӣ пайдо менамоянд ва барои маблағгузории лоиҳаҳои гуногун зарурати барориши саҳмияҳои нав аз байн меравад.

Дар баробари ин, самараи боигарӣ ба ин маънӣ аст, ки чӣ тавр фаъолнокии (экспансияи) сиёсати пулию қарзӣ ва афзоиши минбаъдаи нархи сармояи саҳомии корхонаҳо, аз он ҷумла саҳмияҳои аҳолӣ дар дороиҳои гуногун ва амволи ғайриманқул, ҳолати молиявӣ ва дороиҳои дарозмуҳлати (lifetime resources) онҳоро (Модиляни, 1971) беҳтару зиёд намуда, ниҳоят ба афзоиши хароҷоти истеъмолии агентҳои иқтисодӣ оварда мерасонад.

Боз ду канали аҳамиятнок: канали қарздиҳии бонкӣ ва канали тавозуниро, ки ҳамчун канали қарзӣ (кредитӣ) тасниф шудааст, ҷудо намудаанд. Сиёсати пулию қарзии фаъол захираҳои озоди бонкҳоро зиёд ва дастрасӣ ба қарзҳои бонкиро осон менамояд, зеро дар ин сурат меъёрҳои фоизӣ нисбатан пасттару ҷолибтар мегарданд. Ин дар навбати худ ба корхонаҳои суст сармоякунонидашуда, ки барои маблағгузориашон бештар аз қарзҳои бонкӣ истифода мебаранд ё ҳатто ба шахсони алоҳида, ки барои хариди молҳои зарурӣ доимо қарзҳои истеъмолии бонкӣ мегиранд, хеле бамаврид аст. Дар натиҷа, сиёсати пулию қарзии фаъол нархи воситаҳои молиявӣ (коғазҳои қиматнок) ва арзиши софи сармояи корхонаҳоро аз як тараф ва пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ, афзоиши унсури талабот (хароҷоти истеъмолӣ, сармоягузорӣ) ва ММД-ро аз дигар тараф боло мебарад.

Дар навбати худ, бонкҳо бояд ба проблемаи номутаносибии иттилоот (asymmetric information) хубтар омода бошанд (Ф. Мишкин, 2007).

Сиёсати қатъии пулию қарзӣ бошад, тавассути таъсир ба тағйирёбии арзиши коғазҳои қиматнок, барои маҳдуд гардидани тавозуни корхонаҳо ва арзиши софи сармояи хоҷагиҳои хонагӣ мусоидат менамояд. Яъне, аз сабаби зиёд шудани хавфҳои қарзӣ вобаста ба коҳишёбии сармояи холиси агентҳои иқтисодӣ, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ бо фоизи муносиб мушкил гардида, дар натиҷа талаботи дохилӣ ва инчунин фишорҳои таваррумӣ коҳиш меёбанд.

Билохира, канали интизорӣ дар татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ нақши махсусро бозида, ҳамчун фишанги муҳими таъсиррасон ба интизориҳои таваррумӣ истифода мешавад. Агар аҳолӣ ё худ агентҳои иқтисодӣ ба бонки марказӣ эътимоди кофӣ дошта бошанд, канали мазкур метавонад аз ҳама тезтаъсир ва самарабахш бошад. Зеро агентҳои иқтисодӣ буҷетҳои худро (хароҷоти истеъмолӣ ва маблағгузориҳоро) пешакӣ дар асоси интизориҳои хеш тартиб медиҳанд.

Воқеан, дар аксари кишварҳои тараққикарда сиёсати пулию қарзии бонки марказӣ дар асоси идоракунии канали интизории аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Б. Бернанке (2003) дар хусуси муҳим будани идоракунии интизориҳои таваррумӣ чунин қайд намудааст: «Вақте ки омма эътимоди комил дорад, ки бонки марказӣ уҳдадории дар сатҳи паст ва муътадил нигоҳ доштани таваррумро дошта, амалан пайрави он мебошад, таконҳои ба монанди болоравии якбораи нархҳои ҷаҳонии нафт ё ин ки тағйирёбии аз эътидол зиёди қурбӣ, бештар таъсири муваққатӣ ё гузаранда дошта, ба афзоиши давомноки сатҳи таваррум намеоранд».

Мунтазам дастраси омма гардонидани иттилоот оид ба нақшаҳои ҷорӣ ва ҳадафҳои ниҳоӣ, таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар раванди фаъолияти худ боварии аҳолиро ба мақомоти монетарӣ афзун менамояд. Аз ҷониби бонки марказӣ тасмими паст намудани меъёри таваррум ва бо истифода аз тамоми имкониятҳои худ нигоҳдории сатҳи муътадили он, мувофиқан дар мавриди мавҷуд будани эътимоднокӣ идораву корхонаҳоро барои таҳияи буҷетҳои худ бе назардошти афзоиши музди кор, яъне бе тасҳеҳ ба таваррум (индексатсия) водор месозад.

Чунин тасмимгирӣ (credible commitment) таъсири бевосита дорад, зеро аз як тараф бонки марказӣ сиёсати худро вобаста ба ҳадафи эълоннамудаи худ пеш мебарад, аз тарафи дигар тавассути дар доираи муайян нигоҳ доштани интизориҳои агентҳои иқтисодӣ ба ҳадафи худ мерасад: истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони бозор дар фазои иқтисодии бо нархҳои пасту муътадил кӯшиш менамоянд, ки музди меҳнат, хароҷот ва нархҳои худро назар ба иқтисодиёти бо сатҳи баланди таваррум оҳиста-оҳиста зиёд намоянд, вагарна ин метавонад сатҳи рақобатнокии маҳсулоти онҳоро коста гардонад.

Ҳамин тариқ, гуфта метавонем, ки механизми трансмиссионӣ ё худ мутаассири сиёсати пулию қарзӣ ба яке аз равандҳои иқтисодӣ, ки тавассути он бонки марказӣ ба нишондиҳандаҳои алоҳидаи макроиқтисодӣ (таваррум, сармоягузорӣ, истеъмолот, ММД ва сатҳи шуғл) таъсир мерасонад, тааллуқ дорад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2