Зеҳн

Бонкдории исломӣ — роҳи раҳоӣ аз буҳрон

20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Бонкдории исломӣ — роҳи раҳоӣ аз буҳрон

Манучеҳр Раҳимов, унвонҷӯи кафедраи молияи ДМТ, Сардори шуъбаи амонатгузорӣ ва қарздиҳӣ ба тариқи исломии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

Бонк муассисаи тиҷоратиест, ки барои ҷалб кардани пулҳои муваққатан озоди шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ташкил карда мешавад ва ин пулҳоро аз номи хеш бо шартҳои муҳлатнок, музднок, бозгардонӣ ва таъминнокӣ ҳамчун қарз пешкаш мекунад. Бонкҳо зинаи дуюми низоми бонкӣ ва ташкилоти қарзии ғайридавлатӣ буда, вазифаи асосиашон миёнаравии молиявӣ мебошад. Бо ибораи дигар гӯем, бонк шахси ҳуқуқиест, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида дар асоси фаъолияти миёнаравӣ дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад. Вобаста ба пешравӣ ва рушди хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳар як давру замон бонкҳо вазифа ва фаъолияти асосии худро дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ мемонанд.

Коршиносон ва олимони соҳа нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт ба рагҳои хунгарди ҷисми инсон шабоҳат додаанд, ки дар ҳақиқат ҳолати буҳрони молиявии имрӯзи кишвар далели ин гуфтаҳост. Бонкҳое, ки имрӯз бар асари буҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ дучори мушкилӣ гаштаанд, ба иқтисодиёти кишвар низ таъсири хешро бевосита гузошта истодаанд.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир ду низоми бонкӣ мавҷуд аст: низоми бонкии анъанавӣ (ғарбӣ) ва низоми бонкии исломӣ. Хусусиятҳои ҳар яке аз ин низомҳоро дар мақола мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем.

Тавре аз нишондиҳандаҳои солҳои 2008-2009-и иқтисодиёти мамлакатҳои Ғарб, ки ба буҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ гашта буданд, бармеояд, аксари ин давлатҳо зарари молии хеле бузург диданд. Сарчашмаи ин буҳрони иқтисодӣ аз ИМА оғоз гардид ва алангаи оташи он дар як муддати кӯтоҳ ба иқтисодиёти Иттиҳоди Аврупо, Русия, Ҷопон ва Чин расид. Олами сармоя ба мушкилоти сангин мувоҷеҳ гардид. Дар натиҷа тибқи маълумоти мавҷуда, 12 бонки ИМА варшикаста эълон шуданд. Вобаста ба ин, ба хотири дастгирии ҳамаҷониба ва кумак ҳукумати ИМА ба бонкҳо ва бозорҳои фондӣ аз ҳисоби захираҳои мухталифи давлатӣ 850 миллиард доллари ИМА ва ҳукумати Русия 1,5 триллион рубл ҷудо намуда буданд. Ба ин нигоҳ накарда, вазъ ба зудӣ ба танзим наомад ва буҳрон бонкҳо ва ширкатҳои нав ба навро ба коми худ фурӯ мебурд. Пӯшида нест, ки дар низоми муқаррарӣ бонкҳо ҳамаи хавфҳоро ба дӯши соҳибкор (қарздор) мегузоранд ва дар ҳар ду ҳолат маблағи пешниҳоднамудаи худро бевосита мерӯёнанд. Яъне дар аксар мавридҳо бонк ба ҳадди зарурӣ нигаронӣ надорад, ки қарзгиранда бо чӣ натиҷае фаъолияти худро анҷом медиҳад. Дар низоми бонкии исломӣ бошад, ҳамаи ин ҳолатҳо баръакс аст, зеро шариат нақш ва имконияти бонк ва соҳибкорро баробар сохта, шаффофияти муомила ва иштироки баробари тарафҳоро дар фоида ва зарар зимнан дар назар гирифтааст, ки яке аз фарқиятҳо ва ё бартариятҳои ин низомро собит мекунад.

Қобили қайд аст, ки барои роҳандозии бонкдории исломӣ дар кишвари мо низ қадамҳои хеле устувор гузошта шудаанд. Яке аз ин қадамҳои нахустин ва асосӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2014 таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, маъқул дониста шудани Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» буд, ки он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ пешниҳод шуд ва баъдан қабул гардид.

Хотирнишон менамоем, ки моҳи июли ҳамон сол палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд ва он 26 июли соли 2014 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Сипас, 5 август дар нашрияи расмии кишвар – «Ҷумҳурият» ба нашр расида, мавриди амал қарор гирифт.

Мутахассисони соҳа ва коршиносон бар ин назаранд, ки қонуни зикршуда санади бисёр муҳим ва судовар барои иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, масъулини бахши иқтисодии кишварро вазифадор менамояд, ки сарҷамъона раванди татбиқи ин қонунро тезонанд ва тамоми мушкилию монеаҳоро дар ин самт бартараф созанд.

Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон 23 октябри соли 2015 барои иҷрои супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи ҳамон сол ҷиҳати таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба бонкдории исломӣ, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳо гурӯҳи кории байниидоравиро таъсис дод. Фаъолияти босамари гурӯҳи корӣ барои ташкили сохтори низоми бонкдории исломӣ дар кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Бонки исломӣ низ ба мисли дигар бонкҳо ба ҳайси миёнарав амонатҳои мардумро ҷалб намуда, дар навбати худ ба соҳибкорон барои амалигардонии лоиҳаҳои тиҷоратӣ маблағгузорӣ менамояд. Зимнан бояд таъкид кард, ки иқтисоди исломӣ соҳаи фаъолияти динӣ набуда, танҳо як низоми иқтисодӣ мебошад. Бинобар ин, на танҳо барои мусалмонон, балки барои тамоми намояндагони дину мазҳабҳои гуногун метавонад судманд ва қобили қабул бошад. Дар робита ба ин, ҳар фарди ҷомеа метавонад мизоҷи бонки исломӣ бошад, татбиқ ва истифодаи он аз ҷониби мардум ба ҳеҷ ваҷҳ исломикунонии ҷамъиятро дар пай нахоҳад дошт.

Иқтисоди исломӣ аслан адолат ва баробарҳуқуқиро дар мадди аввал гузошта, имкон намедиҳад, ки тарафҳо ба таври ғайриқонунӣ бой шаванд ва маҳсулоти бонкӣ ва қарордодҳои тиҷоратии он низ дар асоси ҳамин принсип танзим мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки бонки исломӣ барои амонат ва қарз гирифтану пардохтани он ситонидани фоизро мамнуъ медонад. Ин ба он маънӣ аст, ки тибқи фаҳмиши шаръӣ пул ҳамчун воситаи муомилот, додугирифт ва воҳиди пардохт (хариду фурӯши маҳсулот) пешбинӣ шудааст, на воситаи ҷамъкунӣ бо мақсади ба даст овардани фоида.

Пас суоли матраҳ ин аст, ки «қарзи исломӣ» аз чӣ иборат аст ва бонкҳои исломӣ чӣ тавр фоида ба даст меоранд, агар қарзҳои онҳо бефоиз бошанд? Бояд таъкид намуд, ки низоми маблағгузории (сармоягузорӣ) исломӣ мафҳуми «қарз»-ро қабул надорад, дар ин ҷо мо ин калимаро барои оммафаҳм шудани он истифода мебарем. Бояд тавзеҳ дод, ки пешниҳоди маблағ ба муштарӣ дар низоми бонкдории исломӣ моҳиятан мушорикати молӣ ё сармоягузории ин ё он лоиҳа мебошад. Пеш аз ҳама, ҳар як маблағгузорӣ арзиши худро дорад, яъне худи қарзҳо ройгон нестанд. Дар ҳамаи қарордодҳои маблағгузории исломӣ бояд хариду фурӯши ягон маҳсулот ба амал ояд, яъне маблағгузорӣ ба таври истисно бар ивази маҳсулот ба амал меояд. Дар маблағгузорие, ки мақсад аз қарз бардоштани суди фоизии аз қабл таъйиншуда бошад, мамнуъ аст, ба монанди қарзҳои истеъмолӣ, ки барои хароҷоти шахс дода мешавад ва ба куҷо харҷ шудани он маблағ муайян нест.

Фоидаи бонки исломӣ аз ҳисоби фоидаи ҳиссагузорӣ муайян мегардад, ки дар натиҷа бонк низ барои бомуваффақият анҷом додани муомилот ҳавасманд аст. Барои аз маблағгузорӣ фоида ба даст овардан бонк бояд дар тақсимоти кулли фоида ва зарари (хавф) мизоҷ шарик бошад. Боз як талаботи қонунии бонкдории исломӣ ин аст, ки захираҳо бояд баҳри манфиати кулли ҷомеа равона гарданд.

Маҳсулоти бонки исломӣ тамоми соҳаҳои иқтисодиётро фаро гирифта, равандҳои мунтазам гузаштани бонкҳои тиҷоратиро ба принсипҳои фаъолияти бонкии исломӣ, ки ба манфиатҳои комили қарздиҳандаву қарзгиранда мувофиқат мекунанд, таъмин менамоянд.

Агар ба вазъи феълӣ назар андозем, маълум мегардад, ки иқтисоди бархе аз кишварҳоро буҳрони молии навбатӣ фарогир аст ва кишвари мо низ аз он дар канор намондааст. Ба андешаи мо, ҳолати кунунӣ аз он далолат мекунад, ки низоми иқтисодӣ, алалхусус низоми бонкии кишвар ба таҷдид ниёз дорад. Дар робита ба ин, суханони Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овардан мумкин аст, ки фармудаанд: «Системаи самарабахши бонкӣ шарти муҳимтарини рушди босуръати иқтисодӣ мебошад».

Далелҳои боло ва вазъи феълӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳадди ақал дар баробари низоми бонкии анъанавӣ ҳамчун алтернатива ба роҳ мондани низоми бонкии исломӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Самаранокии бештар дар ҳолате ба даст меояд, ки агар бонкҳои алоҳида қисман ба талаботи дар боло зикргардида гузаранд, зеро гузариши давраи қарздиҳӣ боиси афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурду миёна дар заминаи бастани шартномаҳо барои иштироки бонкҳо дар тақсимоти даромад хоҳад шуд. Ин гузариш ҷалби захираҳои бефоизро аз шахсони воқеӣ ва бонкҳои исломӣ, инчунин роҳи воқеии кам кардани андозаи фоизҳои қарз ва амонатро дар ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Дар натиҷа меъёрҳои эътиқодиву ахлоқии он шаҳрвандоне, ки истифодаи фоизро қабул надоранд, вайрон карда намешаванд, зеро ҳамаи амалиёти вобаста ба маҳсулоти бонкӣ мувофиқи шариат қатъиян риоя мегарданд. Дар натиҷа маблағҳои озоде, ки аз гардиши бонкӣ дур мондаанд, дубора вориди низоми бонкӣ гардида, дар иқтисоди кишвар ба нафъи миллату давлат хизмат хоҳанд кард.

Низоми бонкдории исломӣ рӯз то рӯз иқтисодиёти мамлакатҳои мутараққии ҷаҳонро фаро гирифта истодааст ва афзоиши ин раванд ҳамасола 10-15 фоизро ташкил медиҳад. Аксари кишварҳои ғарбӣ ин роҳро ҳамчун василае барои ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ ва мусалмонӣ пеш гирифтаанд, ки ин аз афзалияти низоми бонкдории исломӣ дарак медиҳад.

Дар ин робита, он мамлакатҳое, ки низоми бонкиашон ба тариқи исломӣ фаъолият мекунанд, аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳон камтарин зиён дидаанд ва ин худ далели равиши муносибтарини бонкдорӣ дар фаъолияти иқтисодии онҳост. Дар вазъияти таҳдидҳои идомаёбандаи буҳрони ҷаҳонӣ татбиқи низоми молиявии исломӣ метавонад таъсири онро ба иқтисодиёти кишварҳо коҳиш дода, дар бунёди иқтисоди нерӯманд нақши муҳиме дошта бошад. Мувофиқи маълумоти таҳлилгарон, ки аз як тадқиқоти кӯчак ба даст оварданд, аз 500 муассисаи молиявии ҷаҳон якҷоя бо зерсохторҳояшон 280-тои ин муассисаҳо ба тариқи бонкдории исломӣ фаъолият мекунанд ва ин рақам дар ҳоли ҳозир рӯ ба афзоиш қарор дорад.

Татбиқи низоми мазкур боварии аҳолиро ба сохторҳои молиявӣ бештар ва ҷалби амонатҳоро бамаротиб афзун менамояд. Аз сӯи дигар, ин омил сабаби ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ, хусусан мамлакатҳои арабӣ ба иқтисоди кишвар хоҳад шуд.

Дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолиашон мусалмонанд, низоми иқтисод ва молиявии хоси худро доранд, ки он бо дин ва фарҳанги мардуми кишварашон мутобиқат мекунад. Натиҷаи пурсишҳо, омӯзишу тадқиқотҳо нишон дод, ки ин низоми иқтисодӣ ва молиявӣ барои шаҳрвандон муносибтару беҳтар аст. Аз ин рӯ, мо бояд тамоми омилҳоро баҳри пешрафт ва тараққии иқтисодиёти ҷумҳуриамон истифода намоем.

Илова бар ин, роҳандозии низоми бонкдории исломиро дар Тоҷикистон метавон як навъ нигоҳи ҷадид ба олами молия номид, ки он барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ аз давлатҳои аъзои Бонки исломии рушд (БИР) омили тоза ва муҳим хоҳад буд, зеро теъдоди хоҳишмандони сармоягузорӣ ба кишварҳое, ки рӯ ба молияи исломӣ овардаанд, нисбатан зиёданд.

Назари муҳими дигар вобаста ба кишвари мо, тавре ҳамагон медонанд, ин аст, ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва молиядории вижаи исломӣ бо тамоми ҷанбаҳояш (аз ҷумла, мамнуъ будани рибо (фоиз) ва ҷоиз будани тиҷорат) яке аз умдатарин арзишҳои эътиқодии мусалмонон маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, айни муддао хоҳад буд, агар мо фурсати муносиби дар баробари низоми иқтисодии анъанавӣ ҷорӣ намудани низоми алтернативии иқтисодӣ, яъне низоми молии исломиро истифода барем. Зеро ин тамоюли мусбат дар тӯли таърих ва дар миқёси ҷаҳон таҷрибаи ғанӣ андӯхта, алҳол худ бо оғӯши кушода (имтиёзҳои мақбул ва натоиҷи собиту шаффоф) ба пешвози кишвари тозаистиқлоли мо баромадааст, то онро ҳамқадами худ созад.

Бо татбиқ гардидани маҳз низоми бонкдории исломӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ метавонад ба як маркази минтақавии низоми молиявии исломӣ дар Осиёи Миёна табдил ёфта, ҳамзамон ба афзоиши суръати татбиқи аксари барномаҳои ҳукуматӣ, амсоли паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, кам кардани таъсири буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ ва рушди бомароми иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2