Зеҳн

Шарҳи мо: Ҳисоботи тадқиқотии Институти Базел

20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тавзеҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба «Намояи пулшӯии Базел-2016»

Намояи Институти идорасозии Базел нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм ба ҳақиқат рост намеояд.

Ҳисоботи тадқиқотии Институти идорасозии Базел, ки соли 2015 ва соли 2016 нашр гардида, масъалаи пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро дар Тоҷикистон дар ҷойи назаррас қарор додааст, дар заминаи маълумоти ғайримуътамад анҷом ёфтааст. Дар маводи зикршуда таҳлили фаъолияти давлатҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) комилан нодуруст сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, давлатҳое, ки аз рӯи тавсияҳои 40+9-и ФАТФ ва тавсияҳои нави 40-и ФАТФ баҳогузорӣ мешаванд, дар тадқиқоти мазкур дар якҷоягӣ таҳлил шудаанд. Ҳол он ки талаботи тавсияҳои 40+9 ва тавсияҳои нави 40-и Гурӯҳи ФАТФ аз ҳамдигар комилан фарқ мекунанд.

Ҳамчунин, дар «Намояи пулшӯии Базел-2016» давлатҳое, ки дар зинаҳои поёнӣ қарор доранд, дар муқоиса бо ФАТФ дар рӯйхати хокистарранги он ҷой дода шудаанд. Ба рӯйхати хокистарранги ФАТФ ворид шудани давлат маънои норасоии стратегиро дар самти МҚД/МТ дорад. Ёдовар мешавем, ки номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест, ки ин далел аз мустаҳкамии низоми давлат дар самти МҚД/МТ шаҳодат медиҳад (1, 2).

Илова бар ин, ҳангоми баҳогузории низоми МҚД/МТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани рейтинги манфӣ ба он Институти идорасозии Базел аз сарчашмаҳои ғайримуътамад ва куҳнашуда истифода бурдааст.

Масалан, Институти мазкур ҳисоботи Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи ФАТФ-ро дар хусуси аз рӯйхати хокистарранг баровардани ҷумҳурӣ дар соли 2014 сарфи назар карда, рейтинги худро нисбати ҶТ дар асоси ҳисоботи баҳогузории тарафайни соли 2008 тартиб додааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба расмикунонии пул (ФАТФ) ба қатори кишварҳое, ки ба талаботи ин ташкилотҳо комилан ҷавобгӯ мебошанд, ворид карда шуд (3, 4).

Бо дарназардошти он ки созмонҳои маъруфу бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили ФАТФ ва Гурӯҳи Авросиё низоми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти МҚД/МТ мусбат арзёбӣ кардаанд, нашри чунин мавод мувофиқи мақсад нест.

Бонки миллии Тоҷикистон аз васоити ахбори омма хоҳиш мекунад, ки пеш аз нашри ҳар гуна маълумот онро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба муътамадии сарчашмаҳои мавриди истифода таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.

Пешравии низоми ҶТ дар самти МҚД/МТ дар сомонаҳои зерин дарҷ гардидааст:

  1. http://www.fatf-gafi.org/publications/high-riskandnon-cooperativejurisdictions/documents/fatf-compli...
  2. http://www.fatf-gafi.org/topics/high-riskandnon-cooperativejurisdictions/documents/fatf-compliance-o...
  3. http://www.eurasiangroup.org/detail/news1/eag_plenary_meeting_public_statement
  4. http://www.eurasiangroup.org/detail/news1/the_21st_eag_plenary_meeting_public_statement
  5. www.eurasiangroup.org, www.fatf-gafi.org

Департаменти мониторинги молиявии БМТ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2