Зеҳн

Шуъбаҳои бонкҳо баста мешаванд...

20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Кормандони онҳо куҷо мераванд?

Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти як қатор давлатҳои дунё чанд сол боз идома дорад. Дар натиҷа корпоратсия ва ширкатҳои бузурги саноатӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолии кишварҳои мутараққӣ ба проблемаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, раванди рушди босуръати онҳо то андозае коҳиш ёфтааст. Вобаста ба ин вазъият тақрибан чунин ҳолат дар низоми бонкӣ низ мушоҳида мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки пешрафти техникӣ ба иваз шудани қувваи кории инсонӣ ба дастгоҳҳои худкор оварда мерасонад, тавре ки дар соҳаи саноат ба амал омада буд. Акнун бошад, бисёриҳо бар ин назаранд, ки навбати бонкҳо низ фаро расидааст. Крис Скиннер, коршиноси бахши молияи байналмилалӣ, фикру мулоҳизоти худро нисбати он ки автоматизатсия ва рушди транзаксияи мобилӣ чӣ гуна ба кормандони бонкӣ таъсир мерасонад, дар чанд таълифоташ ба таври мукаммал баён намудааст.

Имрӯз тамоми бонкдорон дар гирду атрофи як мавзуъ — инқилоби рақамии наздикомада ва омодагии бонкҳои онҳо ба он — баҳс мекунанд. Ҳамаи ин хуб аст, вале то он лаҳзае, ки бонкдор инро ба забон наорад: «Ҳамаи он корҳое, ки мо мекунем, ба хотири одамон анҷом медиҳем».

Роботҳо аллакай қисмати зиёди мутахассисонро дар бозори коғазҳои қиматнок иваз намуданд, имкон дорад, ки кормандони шуъбаҳои бонкҳоро низ ҳамин қисмат интизор аст. Аксари бонкҳо шабакаи шуъбаҳои худро мутобиқ намуда, дар бозорҳои рушдёфта дафтарҳои кории худро мебанданд. (Дар баъзе кишварҳое, ки бонки танзимгар барои бастани шуъбаҳо иҷозат намедиҳад ё низоми бонкии он ниҳоят ҷавон аст ва барои таъмини дастрасӣ ба бонк зарурияти нигоҳ доштани дафтарҳои корӣ вуҷуд дорад, кор ба таври дигар сурат мегирад.) Ба андешаи ширкати тадқиқотии бозори молиявӣ Keefe, Bruyette & Woods, нисфи шуъбаҳои бонкии ИМА дар даҳсолаи оянда аз байн мераванд. Воқеан, ин пешгӯии ғайричашмдошт аст, зеро маълумоти Корпоратсияи федеролии ИМА оид ба суғуртаи амонатҳо танҳо аз каме коҳиш ёфтани шумораи шуъбаҳо — аз 99 500 адад дар соли 2009 то 94 725 адад дар моҳи июни соли 2014 — далолат медиҳад.

Вале ин бо мурури замон баъди гузаштани мизоҷон ба технологияҳои нави бонкӣ, аз қабили мобайл ва интернет-банкинг, ба воқеият табдил меёбад. Ассотсиатсияи бонкии Британия ҳисоботи солонаи худ «The Way We Bank Now»-ро ба нашр расонид, ки тибқи он сокинони Англия дар соли 2015 ба андозаи 54% зиёдтар пардохтҳои мобилӣ анҷом додаанд, бештар аз як маротиба дар як рӯз маблағи ҳисоби худро тариқи телефон тафтиш кардаанд. Вале ҳамзамон як шуъбаи миёнаҳаҷми бонк дар як рӯз ҳамагӣ ба 71 нафар хизмат расонидааст, ки ин назар ба соли 2011 зиёда аз 30 нафар камтар аст.

Маҳз барои ҳамин бонкҳои бритонӣ шуъбаҳои худро мебанданд. Дар давоми соли гузашта 600 филиал (қариб 7,5% аз шумораи умумии тамоми шабака) баста шуданд, ки қисмати зиёди онҳо дар ноҳияҳои камбизоаттарин (зиёда аз 90%) ҷойгир буданд. Амалан дар даҳсолаи охир аз се як ҳиссаи филиалҳои бонкии Британияи Кабир баста шуданд, ки ин дастрасии тиҷорати хурдро ба сарчашмаи сармоягузорӣ мушкил гардонид.

Ҳаракати бонкдории этикӣ Move Your Money ба ин бовар аст, ки маблағгузории соҳибкории хурду миёна ба андозаи 63% дар он шаҳру деҳаҳое кам шудааст, ки дар он ҷо дафтарҳои бонкӣ қаблан баста шуда буданд.

Ва боз ҳам бармегардем ба мавзӯи иваз намудани одамон аз ҷониби дастгоҳҳои худкор ва дар робита ба ин суоле ба миён меояд, ки дар ин маврид чӣ бояд кард? Маълум аст, ки қисми зиёди ин одамон танҳо хизматрасонии транзаксиониро анҷом медоданд ва дар бонкдории ҷадид зарурати истифодаи онҳо аз байн меравад ва нодаркор мешаванд. Вале баъзеи онҳо дар бахши кор бо мизоҷон метавонанд худро хуб нишон диҳанд. Дар баробари ин имкон дорад, баъзе бонкҳо аз таҷрибаи mBank-и Полша, ки кормандонашро барои хизматрасонӣ аз тариқи Skype ё ICICI Bank-и Ҳиндустон, ки кормандонашро аз шуъбаҳо барои кор аз тариқи Facebook гузарониданд, пайравӣ намоянд.

Коршиноси бахши молияи байналмилалӣ Крис Скиннер баъди гузаронидани таҳлилҳои амиқ ба хулосае омадааст, ки то соли 2025 шумораи шуъбаҳои бонкҳо дар мамлакатҳои дорои иқтисодиёти мутараққӣ вобаста ба вазъи иқтисодиёт ва мавқеи давлат ба масъалаи бекорӣ ба андозаи 50–80% кам мешавад. Рақами боло дар Дания ва Исландия ба 80% баробар хоҳад шуд, зеро дар ин давлатҳо аз кор хориҷшудагон ба осонӣ метавонанд кори нав пайдо кунанд. Дар Олмон, Фаронса ва Испания бошад, шумораи камшавии шуъбаҳои бонкҳо наздики 50%-ро ташкил хоҳад дод.

Илова бар ин, бонкҳоро зарур аст кормандонеро, ки баъди дар амал татбиқ шудани навгониҳо аз кор озод карда мешаванд, дастгирӣ намоянд. Агар ин кор сурат нагирад, эҳтимолияти аз ҷониби кормандон даст задан ба бойкот ва халал расонидан ба ворид намудани тағйироти рақамӣ баланд хоҳад буд. Гузашта аз ин, дар чунин вазъият амалӣ кардани навовариҳои техникӣ монанд ба он хоҳад буд, ки аз мурғи марҷон хоҳиш карда шавад, то барои тасдиқ кардани номгӯи ғизои мизи идона овоз диҳад.

Крис Скиннер вобаста ба ин масъала се намуди муносибат оид ба дастгирии кормандонро номбар менамояд. Дар ИМА шахси аз кор хориҷшаванда огоҳиномаро оид ба хориҷшавӣ як рӯз пеш аз ин ҳодисаи ҳузновар дастрас менамояд ва ба вай ҷуброни қабл аз муҳлат аз кор озод шудан тақрибан пардохт карда намешавад. Дар Британияи Кабир тибқи қонуни амалкунанда ба ин гурӯҳи кормандон вобаста аз хизмати тӯлонӣ дар ин ё он бонк пардохти маблағ ба андозаи якчанд маоши моҳона таъмин карда мешавад. Ҳамчун намунаи муносибати аз ҳама инсонпарварона нисбати аз кор хориҷшавандаҳо дар фаъолияти яке аз бонкҳои сарватманди осиёӣ (номаш оварда нашудааст) мушоҳида гардидааст. Ба он кормандоне, ки синнашон бештар аз 45 сол аст ва зиёда аз 10 соли умри худро ба ин бонк бахшидаанд, ҳангоми аз кор озод шудан, ба онҳо нафақаи якумрӣ муқаррар карда мешавад.

Ва ниҳоят, танҳо вақт чун довари аслӣ нишон хоҳад дод, ки кадоме аз ин муносибатҳо дар дурнамои миёнамуҳлат аз лиҳози иқтисодӣ бештар фоидаовар аст ё кадомаш дар ояндаи дарозмуҳлат асоснок ва дуруст хоҳад буд. Ба ҳар сурат бо гузашти айём ягона роҳи дурусти ҳалли ин масъала пайдо ва интихоб мегардад ва он барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои ҷомеа хизмат хоҳад кард.

Шарҳи Абдуғаффор Қурбонов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2