Зеҳн

Идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкорӣ

20 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо ХБА

Ҳайати намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) баъд аз омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва мулоқот бо роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор вазорату идораҳои бахши иқтисодии давлат ба вазъи ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвари мо баҳои баланд дода, хостори зудтар қабул шудани барномаи ҷадиди ҳамкориҳо шуд.

Ҳайати намояндагии ХБА аз 22 август то 31 августи соли равон бо як сафари корӣ бо роҳбарии Пол Росс, муовини роҳбари Департаменти кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи марказӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар ин давра ҳайати номбурда дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳоро бо роҳбарони аввали сохторҳои бахши иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи ташрифи меҳмонон, дар ҷараёни мулоқотҳо ҳайати намояндагии ХБА ва роҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои бахши иқтисодии давлат масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми монетариву фискалӣ, таҳияи лоиҳаи барномаи механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Ҳангоми баррасии лоиҳаи барномаи нави ҳамкорӣ ҷонибҳо дар бештари масъалаҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар ибтидо, 22 августи соли 2016 ҷиҳати баррасӣ намудани барномаи нави сесолаи ХБА роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс мулоқоти корӣ анҷом дод.

Чун анъана, дар оғози мулоқот роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон меҳмононро бо шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди татбиқи Барномаи (ECF) механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон, зарурати расонидани кумак, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда фикру андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки қисмати зиёди шартҳои пешниҳодкардаи ХБА аз ҷониби БМТ аллакай мавриди иҷро қарор гирифтаанд.

Дар робита ба ҷоннок гаштани ҳамкориҳои дуҷониба, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати намояндагии ХБА барои мусоидат дар самти дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс ба иштирокдорони вохӯрӣ дар мавриди иҷрои шартҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани барнома пешниҳод шудааст, маълумот дод.

Номбурда изҳор дошт, ки натиҷаҳои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон назаррас мебошад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт ХБА пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба омода намудани барномаи ҷадиди ҳамкорӣ дар муддати камтарин баррасӣ намояд.

Ҳайати намояндагии ХБА зимни сафар ва ҳузури худ дар Тоҷикистон аз бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ва ташкилотҳои қарзӣ дидан намуда, бо вазъи онҳо шинос шуд.

Аз ҷумла, меҳмонон ба ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ташриф оварда, бо мудири муваққатии он масъалаи аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ дастгирӣ намудани бонкро баррасӣ намуданд. Дар мулоқот мудири муваққатии бонк ба намояндагони ХБА вазъи имрӯзаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро шарҳ дода, онҳоро бо раванди иҷрои нақшаҳои солимгардонии бонки мазкур шинос намуд.

Мутахассисони масъули ХБА дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда андешаҳои худро баён дошта, аз вохӯрӣ бо мудири муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мудири муваққатии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» барои ҳамкорӣ дар ин самт, инчунин барои дастгирии ҳамаҷониба ба ҳайати намояндагии ХБА миннатдории хешро баён кард.

Қобили зикр аст, ки ХБА муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид буда, баъди аз ҷониби 29 давлати дунё ба имзо расонидани шартнома 27 декабри соли 1945 ба таври расмӣ ташкил шуда, 1 марти соли 1947 кори худро оғоз намуд. Дар ҳамин сол аввалин қарзро аз ин ташкилоти молиявӣ Фаронса гирифта буд.

Дар айни замон 188 мамлакати ҷаҳон аъзои ХБА буда, дар сохторҳои он 2500 нафар аз 133 кишвар кор мекунанд. Хазина дар ҳолатҳои касри тавозуни пардохти кишварҳо қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат медиҳад.

ХБА бо Тоҷикистон аз ибтидои замони истиқлолият дар таърихи 27 апрели соли 1993 ҳамкориро оғоз намуда, ба бахши иқтисодии он дар гузаронидани ислоҳот ва дарёфти кумакҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Расонидани кумакҳо ба давлатҳои аъзои ХБА, аз ҷумла, кумакҳои имтиёзнок, ғайриимтиёзнок бо шартҳои гуногун, кумакҳои техникӣ ва тайёр намудани кадрҳо барои рушди иқтисоди ҷаҳон, омӯзиш ва пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар намудани вазъи иқтисоди кишварҳо аз вазифаҳои аслии ХБА ба шумор мераванд. ХБА дар давраҳои гуногун барои дастгирии низоми бонкию молиявии Тоҷикистон кумакҳои имтиёзнок намудааст ва тавсияҳои зиёде барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта шудаанд.

Аслам Мӯминов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2