Зеҳн

Рӯйдодҳои муҳимтарини низоми бонкӣ

20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт

2 августи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Механизмҳои воқеӣ ва қадамҳои стратегӣ баҳри рушди институти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ дар мисоли Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ; таҷрибаи байналмилалӣ, дурнамо, банақшагирии стратегӣ, масоили муосир ва роҳи ҳалли онҳо» мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони мизи мудавварро ба механизмҳои рушди ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, мақсади асосии таъсис додани сохтори мазкур ва як қатор масъалаҳои муҳими ҳалталаби имрӯзаи кишвар ҷалб намуда, изҳор дошт, ки тарафҳо метавонанд дар ин нишаст тавассути муколама ва баҳсҳо бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.

Баъдан, намояндагони Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ва иштирокдорони мизи мудаввар оид ба мавзӯи мизи мудаввар изҳори назар карданд.

Аз ҷумла зикр гашт, ки баргузории мизи мудаввар имконияти хеле хуб барои натиҷагирӣ аз пешниҳоди фикру мулоҳизоти ҷойдоштаи бахшҳои бонкӣ ва маблағгузории хурд доир ба фаъолияти Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкии БМТ ба ҳисоб рафта, тавассути он метавон намояндагони ин бахшҳоро минбаъд ба раванди таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ҷалб кард.

Аз ҷониби намояндагони БМТ пешниҳод гардид, ки дар оянда рейтинги ташкилотҳои қарзӣ оид ба сифати хизматрасониҳои молиявӣ муайян карда шуда, натиҷаҳои он дар сомонаи БМТ ҷойгир карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон дастгирӣ ёфт.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур натиҷагирии ҳолати воқеӣ ва мавҷудаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои бонкӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва баррасии пешниҳодҳо вобаста ба самаранокии механизми номбурда буда, натиҷаҳои дар рафти баргузории чунин чорабиниҳо бадастовардашуда дар таҳкими ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ заминаи хуби назариявӣ шуда метавонанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони низоми бонкӣ суҳбат намуда, барои таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пешниҳодҳои муфид манзур карданд.

Муҳлати маъмурияти муваққатӣ тамдид гашт

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 49-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк», бо қарори навбатии худ аз 3 августи соли равон муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар ин бонк ба муҳлати се моҳ тамдид намуд.

Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда чораҳои зарурӣ андешад.

Ташкилотҳои қарзӣ муттаҳид шуданд

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо қарори навбатии худ аз 9 августи соли ҷорӣ ба дархости ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон», ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон» барои муттаҳидшавӣ розигӣ дод.

Дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Рушди занон» ва ҶСП ТҚХ «Кишоварзон», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шуда буд, бозхонд гашта, қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 13.11.2015, №252 дар бораи ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» аз эътибор соқит дониста шуд.

ҶДММ ТҚХ «Мадина ва ҳамкорон» уҳдадор карда шуд, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳамин рӯз, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ фаъолияти ташкилоти қарзии ҶДММ ТҚХ «Даҳана» қатъ карда шуд.

Дар асоси қарори қабулгардида, аз тарафи мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ «Даҳана» Комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис ёфта, масъулияти анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзии мазкур ба дӯши ин комиссия гузошта шуд.

Иқдомҳои навбатӣ барои беҳтар намудани хизматрасониҳои молиявии электронӣ

Вобаста ба татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии мушовир Хосе Морендо де Барреда мулоқот гузаронида шуд.

Дар рафти мулоқот намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки бо дастгирии Барномаи Глобалӣ оид ба молия ва бозорҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Гурӯҳи институтҳои молиявии Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ татбиқи барномаи хизматрасониҳои молиявии электронӣ ва рақамӣ дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон оғоз мегардад.

Тавре аз раванди вохӯрӣ бармеояд, мақсад аз татбиқи ин лоиҳа васеъ намудани доираи фарогирии тамоми қишрҳои аҳолӣ (аз ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар) ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ бо истифода аз бизнес-моделҳои нави инноватсионӣ, аз қабили истифодаи телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет, терминалҳои худкори худхизматрасон ва агентҳои бонкӣ мебошад.

Муҳлати татбиқи лоиҳа чор сол арзёбӣ гардида, дар доираи лоиҳа роҳандозии хизматрасониҳои электронӣ (Е-хизматрасониҳо), ба мисоли технологияҳои пулҳои электронӣ, интернет-банкинг, дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ тавассути таҷҳизоти мобилӣ, пардохтҳои мобилӣ, интернет-пардохтҳо ва дигар хизматрасониҳои молиявии электронӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо иштирокдорони бозор дар ин самт дар якчанд давра ба роҳ монда мешавад.

Аз ҷумла, дар давраи аввал, ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун шарики лоиҳа, дар масъалаҳои танзим ва такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун майдони муҳокима бо иштирокдорони бозор, аз қабили ташкилотҳои қарзӣ, операторони хизматрасониҳои телекоммуникатсионию мобилӣ ва дигар намояндагони бахши хусусӣ, баромад мекунад.

Дар давраҳои дуюм ва сеюм ҳамкорӣ ва табодули афкор бо иштирокдорони бозор барои муайян намудани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ монда шуда, татбиқи лоиҳа бо иштирокдорони алоҳидаи бозори молиявӣ амалӣ карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, афзоиши фарогирии аҳолии кишвар ба хизматрасониҳои муосири молиявӣ ва беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо дар қаламрави кишвар мусоидат хоҳад кард.

Насби терминалҳои электронӣ ҳатмист

Рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва такмили ин низоми пардохт дар кишвар яке аз омилҳои муҳими ҳалли масъалаи кам кардани саҳми ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар бахши пардохтҳои чакана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, бо назардошти амалияи байналмилалӣ ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯши молу хизматрасонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 31 декабри соли 2014, таҳти №815 Қарори дахлдор «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» қабул намуд.

Тибқи қарори зикргашта, муассисаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор карда мешаванд, ки барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ба он баробар дар муҳлати нишондодашуда шароити қабули ҳисоббаробаркуниро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ таъмин намоянд. Барои иҷрои ин амал, муассисаҳои зикргардида ба таври ҳатмӣ бо дастгоҳҳои (терминалҳои) электронии қабули корт, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб карда мешаванд, бояд ҷиҳозонида шаванд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори зикргардида Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуданд, ки тибқи он барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ва рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо нисбат ба муассисаҳои савдою хизматрасонӣ муҷозот муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, ба номи моддаи 615 КҲМ ҶТ «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» баъди калимаи «фискалӣ» калимаҳои «терминалҳои электронӣ» илова шуда, бо мазмуни зерин ба моддаи мазкур қисми 4 пешниҳод гардид:

«Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад».

Лоиҳаи мазкур санаи 6 апрели соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокимаву баррасӣ дастгирӣ ёфта, тағйиру иловаҳои зерин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид.

Инак, муқаррароти моддаи 615 КҲМ ҶТ баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 1-уми январи соли 2017 дар тамоми кишвар мавриди амал қарор дода мешавад.

Ба санаи 1 июни соли 2016 шумораи дастгоҳҳо (терминалҳои электронӣ), ки барои пардохт дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,7% зиёд шуда, миқдори умумии онҳо ба 631 адад расидааст.

Қобили қайд аст, ки дар ҳолати саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ба соҳибкорон тавсия дода мешавад, ки то 1 январи соли 2017 барои насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат намоянд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2