Зеҳн

Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ

20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тоҷикистон сазовори ҷоизаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба МҚД/МТ

Рӯзҳои 7–11 ноябри соли ҷорӣ дар ш. Ню-Дели (Ҷумҳурии Ҳиндустон) ҳафтаи пленарии ҷаласаҳои Гурӯҳи Авруосиё (ГАО) оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) баргузор шуд.

Дар ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ ва 25-умин ҷаласаи Пленарии ГАО ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М. М., Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷалолов М. А., Директори Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Билолов Ф. И. ва дигар кормандони Департамент муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм, мубодилаи иттилоот ва ҳамкориҳои дуҷониба дар самти МҚД/МТ байни мақомоти дахлдор, ҷанбаҳои молиявии Котиботи ГАО ва ғайра баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, 8 ноябри соли ҷорӣ дар доираи Ҷаласаи Пленарии мазкур озмун дар самти таҷрибаи беҳтарини ҳамкории мутақобилаи мақомоти кашшофӣ баргузор гардид. Дар ин озмун давлатҳои аъзо, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ҷониби Комиссияи озмун се таҷрибаи беҳтарин дар самти МҚД/МТ интихоб шуда, ба давлатҳои аъзо барои баҳогузорӣ пешниҳод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки таҷрибаи аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкории байниидоравӣ дар вақти гузаронидани тафтиши ҳолатҳои ба маблағгузории терроризм алоқаманд» пешниҳодгардида низ ба ҷумлаи таҷрибаҳои беҳтарин шомил гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии намояндагони давлатҳои аъзои Гурӯҳи Авруосиё дар байни нуҳ давлати аъзо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки дар озмуни мазкур Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи 1-ум ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷойи 3-юмро сазовор гаштанд.

Сазовор гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин як ҷоизаи пурарзиш дар самти таҷрибаи беҳтарини ҳамкории мутақобилаи байниидоравӣ дар самти муқовимат ба терроризм – ин нишони ботадриҷ зиёд гардидани иқтидори низоми миллии МҚД/МТ-и ҷумҳурӣ буда, натиҷаи иродаи қавии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи тавсияҳои Гурӯҳи ФАТФ ба шумор меравад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2