Тарҳҳои ғайритавозунӣ мушкилоти сангин ба бор меоранд
Тарҳҳои ғайритавозунӣ мушкилоти сангин ба бор меоранд
Дар ин замина Оҷонсии суғуртаи амонатҳо ва Бонки марказии Русия бо тарҳи нави қаллобии бонкӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Аз ин кор муҳлати зиёд нагузаштааст, зеро тавре дар моҳи август маълум гардид, «Арксбанк», ки аз ҷониби Бонки марказӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ иҷозатномааш бозхонд шуда буд, дербоз маблағҳои амонатгузоронро ба ҳисобҳои ғайритавозунӣ ҷойгир мекардааст. Баъди анҷоми як санҷиш Бонки марказӣ ба ҷойи чор миллиард рубли русии дар ҳисоботи расмӣ овардашуда, 39 миллиард рублро ошкор намуд. Аламовараш он аст, ки амонатгузорони бонк аз суғуртаи барояшон муқарраршудаи Оҷонсии суғуртаи амонатҳо маҳрум шуданд. Коршиносон таъкид менамоянд, ки ин якумин ҳиллаю найранги тарҳҳои ғайритавозунӣ нест ва дар ояндаи наздик эҳтимоли дигар кашмакашҳои бонкӣ вуҷуд дорад. Дар баробари ин, мутахассисон тахмин мекунанд, ки ин гуна амалҳои нопок ангуштшуморанд ва Оҷонсии суғуртаи амонатҳо ва Бонки марказии Русия аз уҳдаи ором кардани вазъият мебароянд, вале ҷалбу ба роҳ андохтани васоити иловагии назорат барояшон аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Хавфи нуҳуфта
Бонки марказии Русия бозхонди иҷозатномаҳои бонкҳои кишварро фаъолона идома дода истодааст. Роҳбари бонки танзимгар Элвира Набиуллина дар моҳи июли соли равон бори дигар изҳор карда буд, ки ин амал на ба хотири кам кардани шумораи ташкилотҳои қарзӣ аст, балки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон ва қарздиҳандагон анҷом дода мешавад. «Бонки марказӣ бо ба роҳ мондани сиёсати поккории бахши бонкӣ, аз як тараф бонкҳои заиф ва аз тарафи дигар бонкҳои қавию беинсофро аз бозор берун мекунад», — иброз дошт ӯ. Ҳамчунин номбурда илова кард, ки низоми бонкии солим ва бо сармояи хуб барои рушди иқтисодиёти оянда зарур аст.
Тавре таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ба амалҳое чун бозхонди иҷозатномаҳо барои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ аллакай одат кардаанд, вале баъзан ҷанҷолу кашмакашҳо ба миён меоянд. Барои мисол, дар моҳи июли соли ҷорӣ Бонки марказӣ иҷозатномаи бонки на барои ҳама маълуми «Арксбанк»-ро бозхонд кард. Қайд гардида буд, ки дар фаъолияти ташкилоти қарзӣ ҳолатҳои вайрон кардани талаботи ҳам қонунҳои федералӣ ва ҳам санадҳои меъёрии Бонки марказӣ ошкор карда шуданд, ба ғайр аз ин, нисбати бонки мазкур якчанд маротиба чораҳои интизомӣ татбиқ шуда буданд. Бино ба баҳои бонки танзимгар вазъи мавҷуда дар ин муассисаи молиявӣ метавонист барои манфиатҳои қарздиҳандагон ва амонатгузорон хавфи воқеӣ ба миён орад.
Андозаи ҳақиқии хавф баъди ду ҳафта маълум шуд. Тавре маълум гардид, маъмурияти «Арксбанк» ба Бонки марказӣ оид ба пасандозҳои аҳолӣ маълумоти нодуруст пешниҳод мекардааст. Чунончӣ аз шарҳи Оҷонсии суғуртаи амонатҳо (ОСА) бармеояд, «Маъмурияти муваққатӣ оид ба идораи бонк дар ҷараёни фаъолияти худ ба ғайр аз Низоми автоматикунонидашудаи бонкии (НАБ) асосӣ, ки дар он ҳисобу китоби расмии ҳисобдорӣ ва ҳисобот ташаккул дода мешуд, ҳамчунин қисмҳои пойгоҳи иловагии маълумотҳоро ошкор намуд». Бозёфти охир аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти пешинаи бонк дар бахши ҷалби маблағҳои пулӣ ҳисоби ғайрисистемавиро ташкил кардааст.
Рӯйхати уҳдадориҳои бонк, ки тибқи он пардохтҳо амалӣ карда мешаванд, аз рӯи маълумотҳои расмии ҳисобу китоб тартиб дода шудааст.
Тибқи маълумотҳое, ки ташкилоти қарзӣ пешниҳод кард, уҳдадориҳои вай ба ҳолати 1 июли соли равон 3,9 млрд рублро ташкил додаанд, ҳол он ки уҳдадориҳои воқеии он дар назди амонатгузорон ба 39 млрд рубл баробар аст.
Пасандозҳои нопадидгашта
«Арксбанк» чун аксари бонкҳои Русия узви низоми суғуртаи амонатҳо ба ҳисоб меравад, яъне ба ҳамаи муштариёне, ки аз амалҳои қаллобӣ зарар дидаанд, бояд маблағҳои онҳо баргардонида шаванд, вале дар маҷмуъ на зиёдтар аз 1,4 млн рубл. Аммо бинобар амалҳои ҷинояткорона ва ҳиллаю найранги баъзе аз роҳбарони бонк ҳазорҳо амонатгузорон дар нимароҳ монданд, зеро аз рӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар ташкилоти қарзии аз иҷозатнома маҳрумшуда мавҷуданд, ҳисобҳои онҳо ё кам нишон дода шудаанд, ё умуман вуҷуд надоранд. Дар чунин ҳолатҳо ОСА товони маблағҳои танҳо ҳамон амонатгузорон ва танҳо аз рӯи ҳамон маблағҳое, ки расман қайд шудаанд, пардохт мекунад.
Дар робита ба ин аҳли ҷомеа шӯру ғавғо бардоштанд ва амонатгузорони фиребхӯрда гирдиҳамоӣ гузарониданд. Баъд аз ин намояндагони ОСА изҳор намуданд, ки амонатҳоро аз рӯи ҳуҷҷатҳо барқарор карда, маблағи суғуртаро пардохт хоҳанд кард. Ҳамчунин дар ин замина директори Департаменти суғуртаи амонатҳои ОСА Алексей Абрамов қайд кард, ки бо чунин шакли қаллобӣ вай то ин ҳодиса рӯ ба рӯ нашуда буд. «Арксбанк ин як навъи нави тарҳҳои молиявӣ аст. Акнун мо инро медонем ва болои он кор бурда истодаем», — гуфт зимни суҳбат бо нашрияи «Банкир.ру» Алексей Абрамов.
Ҳамзамон воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки тарҳи қаллобӣ дар «Арксбанк» тахминан такрори ҳамон тарҳест, ки чанд моҳ пеш дар «Мособлбанк» ошкор шуда буд. Дар ин ҳолат берун аз тавозун 76 млрд рубли 350 ҳазор амонатгузор қарор гирифтанд. Бонки зикршуда бе маҳдудият маблағҳоро ҷалб мекард ва баъд аз тариқи аз ҳисоб баровардан ба ҳисобҳои ширкатҳои худ мегузаронд.
Дар «Арксбанк» бошад, тавре нашрияи «Ведомости» бо истинод ба сарчашмаҳои худ хабар медиҳад, амали содатаре анҷом медоданд — маблағи воқеии амонатро якчанд маротиба кам карда, ба амонатгузор нусхаи ҳуҷҷатро бо рақами дуруст медоданд, дар санадҳои худ рақами тамоман дигарро нишон медоданд. Агар қаллобӣ дар «Мособлбанк» тасодуфан бинобар сабаби он, ки яке аз амонатгузорон корманди Бонки марказии Русия будааст, ошкор карда шуд, қаллобӣ дар «Арксбанк» бошад, умуман баъди аз ҷониби Бонки марказӣ бозхонд шудани иҷозатномаи он фош гардид.
Бинобар ин, ба пиндори коршиносон ин фошсозиҳои пурсадои қаллобиҳо дар ташкилотҳои қарзӣ охирин нахоҳад буд. «Эҳтимол меравад, ки то охири сол мо якчанд чунин ҷанҷолу кашмакашҳоро хоҳем дид», — гуфт номзади илмҳои иқтисодӣ, директори Маркази таълимию машваратии «Учебная Корпорация»-и Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов Ярослав Кобаков.
Рӯ ба рӯ бо мушкилоти аҷоиб
«Проблемаи амонатҳои ғайритавозунӣ аз ҷумлаи масоили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, — гуфт дар суҳбат бо «Лента.ру» муовини раиси Раёсати «Локо-Банк» Андрей Люшин. — Бори аввал чунин ҳодисаҳо соли 2014 ба қайд гирифта шуданд, баъд дар якчанд бонкҳои минтақавӣ ҳамчунин ҳазорҳо ҳисобҳои ғайритавозунӣ ошкор шуданд ва дар ин ҳолат суғуртаи ОСА ба онҳо дода намешавад», — иброз дошт коршинос.
Намояндаи ОСА Алексей Абрамов бо амонатгузорони «Арксбанк» мулоқот гузаронида, ба онҳо иттилоъ дод, ки Бонки марказӣ аллакай кӯшиши худро ба он равона кардааст, то ки назоратро аз болои рӯйхати амонатҳои бонкӣ беҳтар намояд. Мутаассифона, механизмҳои воқеӣ барои анҷом додани назорати ҳаматарафа ҳанӯз таҳия нашудаанд. «Дар чорчӯбаи қонунгузории имрӯза, дар он шакле, ки алҳол амал мекунад, ягон воситаи ҳимоя кардан аз чунин амалҳои бонкҳо вуҷуд надорад, зеро шаҳрванд ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад санҷад, ки оё бонк амонати воридкардаро дар ҳисоботи худ дарҷ кард ё не», — изҳор намуд директори кулли ташкилоти брокерӣ «Открытие» Сергей Хестанов. Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди кам буданашон ҳам одамон бо чунин амалҳо дар зиндагӣ вомехӯранд. «Дар маҷмуъ барои низоми бонкӣ чунин қаллобиҳо ҳодисаи ангуштшуморанд, нофаҳмиҳо дар ҳолатҳои истисноӣ рух медиҳанд ва онҳо камтар аз як фоизи тамоми амонатҳоеро, ки дар ОСА суғурта карда шудаанд, ташкил медиҳанд. Бинобар ин, аз як тараф мушкилот мавҷуд аст, аз ҷониби дигар он хосияти аҷибу ғариб дорад», — таъкид менамояд С. Хестанов.
«Мутаассифона, ягона воситаи ошкор намудани чунин қонунвайронкунӣ ин санҷиши ногаҳонӣ аз ҷониби мақомоти танзимгар ба шумор меравад», — мегӯяд Андрей Люшин, муовини раиси Раёсати «Локо-Банк».
«ОСА ва Бонки марказӣ наметавонанд дар ҳар бонк якнафарӣ назоратчӣ гузоранд», — иброз дошт раиси Шӯрои парасторони «Опоры России» Сергей Борисов. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки мақомоти назоратӣ қодиранд аз рӯи нишонаҳои ғайримустақим бонкҳои беэътимоду шубҳанокро муайян намоянд. Вай мегӯяд, ки: «Бонки марказӣ ва ОСА бо касбияти баланд амал менамоянд».
Ҳамзамон, С. Борисов бар ин назар аст, ки метавон қатъию сахттар амал намуд: «Ташкилкунандагони чунин тарҳҳои қаллобиро бояд ба маҳкама кашид. Онҳо, бидуни шубҳа, номи тамоми бонкҳоро — хурду миёна ва бузургро доғдор менамоянд. Бе ин ҳам кайфияти одамон, амонатгузорон ва соҳибкорон дар давраи буҳрон хуб нест, ин амал бошад, боз як торсакие ба соҳибкори ҳалолкор мебошад».




