Зеҳн

Чаро Уоррен Баффет тасмим гирифт миллиардҳои худро ба хайрия сарф кунад?

20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Чаро Уоррен Баффет тасмим гирифт миллиардҳои худро ба хайрия сарф кунад?

Дар олами сармоя, бахусус дар оилаҳои сарватманду сармоядори дунё иқдомҳои наҷиб, ташаббусҳои инсондӯстона ва ҳодисаҳои аҷоиберо вохӯрдан мумкин аст, ки дар назари аввал на ҳар кас ба онҳо бовар карда метавонад. Махсусан дар асри XXI, дар асре, ки дастовардҳои илму техника ва технологияҳои навин ба арши аълои худ расидаанду рақобат дар ҳама соҳаҳо ниҳоят зиёд аст. Ва дар ин давра ҷамъоварӣ намудани сарват ва ғанӣ гардонидани боигарӣ барои сарватмандону сармоядорон рӯз то рӯз душвор мегардад, чун рақобат дар ин бахш баробари рушди ҷомеа ҳамоно дучанд мегардад.

Вале аҷоибии кор дар он аст, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, имрӯзҳо дар олами сармоя гурӯҳи ашхоси сармоядори саховатпешае пайдо шуда истодаанд, ки сарвату маблағҳои хеле зиёд ва бо машаққатҳо андӯхтаи худро ба роҳи рушди ҷомеа, беҳтар кардани соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми камбизоат, ки гирифтори мушкилоти зиёд дар зиндагӣ мебошанд, равона месозанд. Ба ибораи дигар гӯем, ин зумра одамон боигарии худро, ки даҳсолаҳо ҷамъ намудаанд, дар роҳи хайру саховат ва инсондӯстӣ ҳадя мекунанд. Бояд иқрор шавем, ки ба ин иқдом, ба ин кор на ҳар кас қодир аст. Ва ин кори ҳар кас ҳам нест. Фақат таманнои онро мекунем, ки шумораи ин гуна мардум дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо зиёдтар шавад, то ки кумаки онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ба аҳли ҷомеа бирасад.

Сармоягузори машҳур ва роҳбари ширкати Berkshire Hathaway, ки аз ҷумлаи сарватмандони бузурги ҷаҳон аст, дар ин рӯзҳо рӯйхати ҳамкорон-миллиардерҳоро варақгардон намуда, ба ҳар якеашон занг мезанад ва онҳоро барои ҳамроҳ шудан ба ташаббуси «Қасами ҳадя кардан» (Giving Pledge) ташвиқу тарғиб менамояд. Ҳар касе, ки зери ин «Қасам» имзо кардааст, уҳдадор мешавад, қисмати асосии дороиҳои худро ба мақсадҳои хайру эҳсонкорӣ равона созад. Дар бораи мақсади қарори қабулкарда ва оид ба сабабҳои фаъолнокии ниҳоят зиёди худ миллиардер дар саммити Concordia 2016, ки рӯзҳои охир дар Ню-Йорк баргузор гардида буд, нақл намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар сароғози ин ташаббус, ки ба бойтарин одамони дунё нигаронида шудааст, худи Уоррен Баффет ва дӯстони ӯ Билл ва Мелинда Гейтс қарор доштанд. Имрӯз дар рӯйхати имзокардагон ному насаби 156 нафар, аз ҷумла номҳои соҳибони бузургтарин ширкатҳои молиявӣ ва технологиро вохӯрдан мумкин аст. Кифоя аст, ки танҳо якчанд нафари онҳоро номбар кунем.

Дар қатори дигарҳо ташаббуси Баффет ва Гейтсҳоро роҳбари ширкати сармоягузории Bridgewater Associates Рэй Далио, асосгузори фонди хеҷӣ Pershing Square Capital Management Билл Акман, соҳибкор ва ихтироъкор Элон Маск, молики империяи иттилоотӣ Майкл Блумберг, асосгузори Facebook Марк Сукерберг пайравӣ намуданд. Аз қатори сершумори миллиардерҳои русиягӣ ташаббуси мазкурро Юрий Мильнер ва Владимир Потанин дастгирӣ карданд.

Bill & Melinda Gates Foundation ба бузургтарин Фонди эҳсонкорӣ дар ҷаҳон мубаддал гардид.

Дар робита ба ин, ногуфта намонад, ки баъзе аз иштирокдорони ҳаракати миллиардерҳо-эҳсонкорон аллакай дар қайди ҳаёт нестанд, вале уҳдадориҳои қаблан ба худ гирифтаашонро бо сарбаландӣ иҷро карданд. Дигарон, ки дар айни замон сиҳату саломат ва дар авҷи ҷӯшу хурӯши эҷоду фаъолият мебошанд, қарор додаанд, ки ҳамзамон ба накӯкорӣ машғул шаванд. Барои мисол, Билл Гейтс баъди хайрухуш кардан бо мансаби асосӣ дар Microsoft, қисмати бештари нерӯ, вақт ва пули худро ба эҳсонкорӣ сарф мекунад. Пӯшида нест, зеро ҳама медонанд, ки имрӯз Bill & Melinda Gates Foundation ба бузургтарин Фонди эҳсонкорӣ дар ҷаҳон мубаддал гардидааст.

Дар баробари дигарон Марк Сукерберг ва ҳамсари ӯ Пристсилла Чан низ дар ин самт кори худро ҷоннок карданд. Чанде пеш маълум гардид, онҳо қарор додаанд, ки дар давоми даҳ соли наздик барои рушди илми тиб ва дастгоҳҳои муолиҷавӣ 3 млрд доллари ИМА сармоягузорӣ намоянд.

Тавре нашрияи Bloomberg хабар дод, Сукерберг ва Чан дар дил нақшаҳои бузургро мепарваранд. Онҳо мехоҳанд ба ин кори хеле муҳим кумак кунанд, то ки инсоният аллакай дар ин садсола тавонад на танҳо табобат кунад, балки қодир бошад тамоми бемориҳоро пешгирӣ намояд.

Яқинем, ки эҳсонкорӣ ва накӯкорӣ ба ҳар кас муяссар намешавад. На ба ҳар соҳиби дороиҳои бузурги молиявӣ қарор дар хусуси бе қисмати асосии молу амволи андӯхташуда монондани ворисони худ дар як муҳлати кӯтоҳ ва бо осонӣ ба даст омадааст. Масалан, як шарики Баффет бо як рӯҳбаландии хос ин ташаббусро дастгирӣ кард. Аммо ин амали хайрхоҳонаи шавҳари инсондӯст ба муқобилияти хонуми миллиардер рӯ ба рӯ шуд. Дар ниҳояти кор бо талаби фарзандон зану шавҳар ба ин иқдом ҳамроҳ шуданд, — иброз дошт Уоррен Баффет зимни суханронии худ дар саммити Concordia дар шаҳри Ню-Йорк.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ин форуми бонуфуз аз рӯи анъана роҳбарони бизнесҳои калон, сиёсатмадорони намоён бо мақсади баррасии проблемаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ширкат меварзанд. Маҳз дар ҳамин ҷо бузургтарин шахсони эҳсонкору инсондӯст барои фаъолияти ояндаи хайрхоҳонаи худ баъзе идеяҳоро пайдо мекунанд. Дар рӯзномаи форуми феълӣ масъалаҳои зерин, аз қабили норасоии оби босифати нӯшиданӣ дар камбизоаттарин кишварҳо, бемориҳои онкологӣ дар Африқо, рухсатиҳо барои нигоҳубини кӯдакон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, фасод дар Амрикои Лотинӣ ва ояндаи Аврупои ягона мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.

Дар бораи қарори худ оид ба тасмими хеш дар робита ба нисор кардани дороиҳои ворисони худ ба эҳсонкорӣ, Уоррен Баффет изҳор намуд, ки дар ин зиндагӣ аз дигарон дида ба ӯ бештар омад кардааст. «Дунё саросар пур аз нобаробариҳост. Ман як одами сафедпӯстам, ки дар ИМА таваллуд шудаам ва дар тақдирам чунин омадааст, ки дар олами сармоя комёбиҳо ба даст орам... Вале ин набояд ба набераҳои ман имкон диҳад, ки дар оянда коре накарда, ба вақтхушию сархушӣ дода шаванд».

«Ман дар хазинаи худ пулҳои зиёд дорам, ки онҳо бароям суди воқеӣ намеоранд. Ин ҳама маблағ на барои ман ва на барои аъзои оилаи ман ягон кореро анҷом дода наметавонанд. Вале онҳо метавонанд ба миллионҳо одамон дар тамоми ҷаҳон манфиати ниҳоят калон расонанд, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ. Онҳо метавонанд ҳаёти дигар одамонро дигар кунанд, вале на ҳаёти маро. Ман ҳамаи он чизҳоеро, ки метавонам бо воситаи пул харидорӣ намоям, дар ихтиёри худ дорам», — гуфт Баффет.

Аҳли нишасти толори форум аз Баффет пурсиданд, ки оё ӯ бо ин пешниҳоди худ ба Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп муроҷиат кардааст.

«Ман фикр намекунам, ки оилаи Клинтонҳо ба рӯйхати сарватмандони Forbes шомил шуда бошад, — ҷавоб дод ӯ. — Трамп дар он рӯйхат буд, вале ба гумонам алҳол вай асоси қотеъ дорад, ки дар куҷо бояд қарор дошта бошад. Ӯ дар байни он касоне, ки барояшон занг зада будам, нест. Ва ҳамчунин он қадар бовар надорам, ки ба ӯ Билл Гейтс занг зада бошад. Мо ба одамони зиёд занг зада будем, вале, шояд, мо алҳол то ҳарфи Т нарасидаем», — навиштааст нашрияи Business Insider бо истинод ба ҷавоби Уоррен Баффет.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2