Низоми бонкӣ дар 25 соли истиқлолият
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). ММД яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ва муҳими рушди иқтисоди кишвар ба шумор рафта, дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Тавре маълумоти расмии оморӣ шаҳодат медиҳанд, суръати пастравии ММД то охири соли 1996 идома ёфтааст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пастравии сатҳи истеҳсолот, аз ҷумла дар соли 1992 -32,3 фоизро дар бар гирифта, охири соли 1996 ин нишондиҳанда ба -16,7 фоиз баробар шуд. Дар ин давра бо талошу кӯшиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан заҳматҳои Пешвои миллат, суръати пастравии сатҳи истеҳсолот боздошта шуд ва аз аввали соли 1997 болоравии рушди ҳақиқии ММД ба андозаи 1,7 фоиз мушоҳида гардид.
Дар муддати 10 соли охир рушди ҳақиқии ММД ба ҳисоби миёнасолона 6,8 фоизро ташкил намуд, ки ин аз қабули барномаҳои дурусти иқтисодӣ ва татбиқи амалии онҳо шаҳодат медиҳад (Ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Тағйирёбии ММД ва сатҳи таваррум дар солҳои 1992-2015
| Солҳо | Тағйирёбии ММД (Соли 1991=100%) | Тағйирёбии ММД (Сол ба сол, бо %) | Таваррум (бо %) |
|---|---|---|---|
| 1992 | 67,7 | -32,3 | 1 420,0 |
| 1993 | 56,5 | -11,2 | 7 430,0 |
| 1994 | 44,5 | -12,0 | 101,1 |
| 1995 | 38,9 | -5,6 | 983,6 |
| 1996 | 32,4 | -6,5 | 40,6 |
| 1997 | 33,0 | 0,6 | 159,6 |
| 1998 | 34,7 | 1,7 | 2,7 |
| 1999 | 36,0 | 1,3 | 30,1 |
| 2000 | 39,0 | 3,0 | 60,6 |
| 2001 | 43,5 | 4,5 | 12,1 |
| 2002 | 31,6 | -11,9 | 14,7 |
| 2003 | 41,1 | 9,5 | 13,7 |
| 2004 | 29,5 | -11,6 | 5,7 |
| 2005 | 16,8 | -12,7 | 7,1 |
| 2006 | 7,0 | -9,8 | 12,5 |
| 2007 | 7,8 | 0,8 | 19,7 |
| 2008 | 7,9 | 0,1 | 11,8 |
| 2009 | 3,9 | -4,0 | 5,0 |
| 2010 | 6,5 | 2,6 | 9,8 |
| 2011 | 7,4 | 0,9 | 9,3 |
| 2012 | 7,5 | 0,1 | 6,4 |
| 2013 | 7,4 | -0,1 | 3,7 |
| 2014 | 6,7 | -0,7 | 7,4 |
| 2015 | 6,0 | -0,7 | 5,1 |
Таваррум. Бо ташкил ва татбиқи сиёсати дурусти пулию қарзӣ ва асъории кишвар сатҳи таваррум мунтазам ба танзим дароварда шуда, болоравии бемайлони намояи нархҳо дар бозори дохилии кишвар пешгирӣ гардид. Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ сатҳи таваррум аз андозаи 1 420,0 фоизи солона дар соли 1992 ва 7 430,0 фоизи солона дар соли 1993 то ба 5,1 фоизи солона дар соли 2015 паст карда шуд.
Маълумоти мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо гузашти солҳо истеҳсолоти дохилӣ рушд ёфта, талаботи бозориро то андозае таъмин намуда истодааст. Гарчанде дар давоми солҳои 2014-2015 буҳронҳои пайдарпайи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба гардиши иқтисоди дохилии кишвар бетаъсир намонда бошанд ҳам, бо ташкил ва татбиқи сиёсати дурусти пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан тағйир додани самти он аз моҳҳои май-июни соли 2015, сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуд.
Қобили зикр аст, ки бо амалӣ намудани Нақшаи стратегии солимгардонии Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 то инҷониб ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат таъсири омилҳои беруна ва ҳолатҳои ногувори (шокҳои) бозори молиявии кишвар то андозае пешгирӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра дар самти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии кишвар натиҷаҳои назаррас дар танзими қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ба назар мерасанд. Ҳамзамон бо такмил додани сохтори Бонки миллии Тоҷикистон самаранокии фаъолият дар низоми Бонки миллӣ таъмин гардида, натиҷаи он ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии кишвар дар давраҳои дарозмуддат таъсири мусбат хоҳад расонд.
Нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ
Меъёри бозтамвил. Меъёри бозтамвил яке аз фишангҳои муҳими сиёсати пулию қарзӣ ба шумор рафта, фоизи камтарини амалиёти қарзиро дар низоми бонкӣ ифода менамояд. Дар давраи солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар бо мақсади пешгирӣ намудани қарздиҳии барзиёд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ин меъёр дар соли 1995 аз 100 фоизи солона оғоз ёфта, пайдарпай то охири сол ба 250 фоизи солона зиёд карда шуд. Бо гузашти якчанд сол, вақте ки сатҳи бештари нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодӣ ба эътидол омад, меъёри бозтамвил тадриҷан аз аввали соли 2000 то андозаи 20,6 фоизи солона ва дар соли 2005 ба 9,0 фоизи солона паст карда шуд (Ҷадвали 2).
Бори аввал дар таърихи бонкдории кишвар меъёри бозтамвил соли 2013 ба андозаи 5,5 фоизи солона паст гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо оғоз ёфтани буҳронҳои молиявию иқтисодии пайдарпайи ҷаҳонӣ ин меъёр дар солҳои 2014-2015 мутаносибан ба 5,8 фоиз ва 8,0 фоизи солона боло бурда шуд.
Ҷадвали 2. Меъёри бозтамвил дар солҳои 1995-2015 (бо фоизи солона)
| Солҳо | Охири давра | Миёнасолона |
|---|---|---|
| 1995 | 250,0 | 188,4 |
| 1996 | 72,0 | 138,1 |
| 1997 | 75,7 | 72,3 |
| 1998 | 38,7 | 46,8 |
| 1999 | 14,5 | 17,0 |
| 2000 | 20,6 | 20,5 |
| 2001 | 20,0 | 20,2 |
| 2002 | 20,0 | 20,0 |
| 2003 | 15,0 | 17,7 |
| 2004 | 10,0 | 10,8 |
| 2005 | 9,0 | 9,1 |
| 2006 | 10,0 | 9,0 |
| 2007 | 13,0 | 12,9 |
| 2008 | 13,5 | 14,5 |
| 2009 | 8,0 | 9,7 |
| 2010 | 8,2 | 8,1 |
| 2011 | 9,8 | 9,1 |
| 2012 | 6,5 | 7,6 |
| 2013 | 5,5 | 6,2 |
| 2014 | 8,0 | 5,8 |
| 2015 | 8,0 | 8,0 |
Барориши пули нақд. Дар даврони Истиқлолияти кишвар ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд, ки давраи охирини ислоҳоти пулии гузаронидашуда ба 30 октябри соли 2000-ум рост меояд. Қобили зикр аст, ки бо анҷоми ҷанги дохилӣ ва барқарор шудани сулҳу оромӣ дар соли 2000-ум вазъияти сиёсии кишвар беҳтар шуда, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳо доир ба ислоҳоти иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Ҳадафи асосии ин барномаҳо дар заминаи такя ба бахши хусусӣ ва механизмҳои бозорӣ таъмини рушди иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамзамон ҳадафи асосии татбиқи амалии барномаҳои мазкур устувор намудани вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва назорат карда мешуд. Барномаҳои зикргардида барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои мазкур, аз қабили боздоштани пастравии сатҳи истеҳсолот дар кишвар, ғайридавлатӣ кардани муассисаҳои хурду миёнаи давлатӣ, рушди бозори молиявӣ ва тақвият ёфтани он, такмили механизмҳои фаъолияти мунтазами бозори молиявӣ дар кишвар, таҳкими қобилияти харидории пули миллӣ ва инкишоф додани фаъолияти иқтисоди берунии кишвар равона шуда буданд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ аз рӯзи аввали барориши пули миллӣ то охири соли 2015 дар муомилот маблағи умумии 5,3 млрд. сомонӣ пули нақд дар гардиш қарор дошт, ки аз он 5,2 млрд. сомониро пулҳои коғазӣ ва 0,1 млрд. сомониро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд.
Агар ба маълумоти таърихӣ назар афканем, соли 2006 ба муомилот маблағи 484,3 млн. сомонӣ пули нақд бароварда шуд, ки аз он 478,8 млн. сомонӣ пулҳои коғазӣ ва 5,5 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд.
Бо афзоиши суръати гардиши иқтисодиёт талабот ба пули нақд низ мунтазам зиёд шудан гирифт. Бинобар ин, дар охири соли 2015 маблағи пули нақди ба муомилот баровардаи Бонки миллии Тоҷикистон 2 086,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки аз он 2 085,3 млн. сомонӣ пулҳои коғазӣ ва 1,3 млн. сомонӣ тангаҳои филизӣ мебошанд. Барориши пули нақд ба муомилот дар охири соли 2015 нисбат ба охири соли 2006 ба андозаи 4,3 маротиба афзуд. Ин афзоиш аз баланд шудани суръати гардиши иқтисоди кишвар шаҳодат дода, талаботи бозориро инъикос менамояд (Ҷадвали 3).
Ҷадвали 3. Барориши пули нақди коғазӣ ва тангаҳои филизӣ ба муомилот дар давраи солҳои 2006-2015 (млн. сомонӣ)
| Нишондиҳандаҳои пулӣ | с. 2006 | с. 2007 | с. 2008 | с. 2009 | с. 2010 | с. 2011 | с. 2012 | с. 2013 | с. 2014 | с. 2015 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| 1. Ҳамагӣ: барориш | 484,3 | 629,8 | 743,7 | 825,6 | 832,4 | 1 213,3 | 1 406,5 | 2 028,8 | 2 428,0 | 2 086,6 |
| — пулҳои коғазӣ | 478,8 | 626,4 | 740,4 | 823,8 | 830,1 | 1 211,0 | 1 403,3 | 2 025,6 | 2 425,6 | 2 085,3 |
| — тангаҳои филизӣ | 5,5 | 3,4 | 3,3 | 1,8 | 2,3 | 2,3 | 3,2 | 3,2 | 2,4 | 1,3 |
| 2. Ҳамагӣ: гирифта шуд | 244,8 | 376,0 | 362,1 | 385,4 | 439,1 | 611,4 | 758,3 | 1 202,0 | 2 143,4 | 1 588,3 |
| — пулҳои коршоям | 75,5 | 129,8 | 51,3 | 75,0 | 107,5 | 145,8 | 185,7 | 351,3 | 848,3 | 541,2 |
| — пулҳои фарсуда | 168,8 | 245,7 | 310,6 | 309,8 | 331,2 | 465,1 | 572,4 | 850,5 | 1 294,7 | 1 046,3 |
| — тангаҳои филизӣ | 0,5 | 0,5 | 0,2 | 0,6 | 0,4 | 0,5 | 0,2 | 0,2 | 0,4 | 0,8 |
Захираҳои ҳатмӣ
Захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби дигар ҳамчун заминаи ҳимоявӣ барои ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону амонатдорон дар ташкилотҳои қарзии кишвар баромад мекунанд. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар меъёри захираҳои ҳатмӣ баланд буд ва мувофиқ ба талаботи ҳамон давра муайян мегардид. Бо беҳтар шудани вазъи иқтисодиёти кишвар ва ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ ин меъёр мунтазам паст карда шуд. Агар ба маълумоти чанд соли пеш назар андозем, соли 2006 ин меъёр 12,0 фоизро ташкил медод. Бо амалӣ гардидани Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ меъёри мазкур ба ҳисоби миёна ба 4,25 фоиз, аз ҷумла захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 1,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 7,0 фоиз муқаррар карда шуд. Паст кардани меъёри мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии кишвар шароит фароҳам овард, ки маблағҳои озоди ҷалбнамудаи худро бештар барои қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди кишвар равона созанд (Ҷадвали 4).
Ҷадвали 4. Маблағ ва меъёри захираҳои ҳатмӣ дар солҳои 2006-2015 (млн. сомонӣ / бо фоиз)
| Нишондиҳанда | 2006 | 2007 | 2008 | 2009 | 2010 | 2011 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Маблағи умумии захираҳои ҳатмӣ | 79,5 | 140,0 | 160,1 | 181,4 | 234,8 | 337,7 | 297,0 | 331,8 | 417,1 | 499,8 |
| — бо пули миллӣ | 49,1 | 73,1 | 89,5 | 93,4 | 127,6 | 180,8 | 151,4 | 176,1 | 230,8 | 193,9 |
| — бо асъори хориҷӣ | 30,4 | 66,9 | 70,5 | 88,0 | 107,2 | 156,9 | 145,6 | 155,7 | 186,3 | 305,9 |
| Меъёри захираҳои ҳатмӣ ба ҳисоби миёна (бо фоиз) | 12,0 | 12,0 | 10,0 | 8,0 | 8,0 | 8,0 | 6,0 | 6,0 | 6,0 | 4,25 |
| — бо пули миллӣ | 12,0 | 12,0 | 9,0 | 7,0 | 7,0 | 7,0 | 5,0 | 5,0 | 5,0 | 1,5 |
| — бо асъори хориҷӣ | 12,0 | 12,0 | 11,0 | 9,0 | 9,0 | 9,0 | 7,0 | 7,0 | 7,0 | 7,0 |
Бозори коғазҳои қиматнок. Фаъолияти бозори аввалияи коғазҳои қиматнок дар кишвар соли 1998 оғоз гардид. Механизми барориш, муомилот ва пардохти векселҳои давлатии хазинадорӣ дар Низомномаи махсус, ки бо ин мақсад таҳия гашта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли 1998, №358 тасдиқ шуда буд, муайян гардид. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун эмитент баромад намуда, барои маблағгузории касри буҷети давлатӣ маблағҳои пулии озодро ҷалб менамуд. Хизматрасонии музоядаҳо, нигоҳдории сабти соҳибияти векселҳои давлатии хазинадорӣ ва анҷом додани ҳисоббаробариҳоро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ба муомилот баровардани векселҳои давлатии хазинадорӣ дар оғози фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок нақши калон бозида, барои гузаронидани амалиёт бо дороиҳои худ ва диверсификатсия кардани онҳо ба ташкилотҳои қарзии кишвар шароити мусоид фароҳам овард (Ҷадвали 5).
Ҷадвали 5. Ҳаҷми барориш ва фурӯши векселҳои давлатии хазинадорӣ ва вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 1998-2015 (млн. сомонӣ)
| Сол | Намуди коғазҳои қиматнок | Шумораи музоядаҳои баргузоргардида | Ҳаҷми фурӯш (млн. сомонӣ) | Даромаднокии миёнавазни солона (%) |
|---|---|---|---|---|
| 2002 | Вомҳои БМТ | 93 | 82,2 | 17,5 |
| 2002 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2003 | Вомҳои БМТ | 115 | 173,6 | 14,5 |
| 2003 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2004 | Вомҳои БМТ | 81 | 84,2 | 5,7 |
| 2004 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2005 | Вомҳои БМТ | 102 | 134,8 | 6,5 |
| 2005 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2006 | Вомҳои БМТ | 93 | 121,5 | 7,27 |
| 2006 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2007 | Вомҳои БМТ | 64 | 70,4 | 7,49 |
| 2007 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2008 | Вомҳои БМТ | 63 | 239 | 12,3 |
| 2008 | ВДХ Вазорати молия | 0 | 0 | 0 |
| 2009 | Вомҳои БМТ | 41 | 170 | 6,49 |
| 2009 | ВДХ Вазорати молия | 1 | 10 | 7 |
| 2010 | Вомҳои БМТ | 37 | 159,3 | 6,51 |
| 2010 | ВДХ Вазорати молия | 11 | 52,7 | 6,76 |
| 2011 | Коғазҳои қиматноки БМТ | 123 | 324,1 | 8,93 |
| 2011 | ВДХ Вазорати молия | 8 | 72,9 | 7,16 |
| 2012 | Коғазҳои қиматноки БМТ | 132 | 1 581,5 | 3,21 |
| 2012 | ВДХ Вазорати молия | 5 | 76,1 | 3,8 |
| 2013 | Коғазҳои қиматноки БМТ | 165 | 863,8 | 2,9 |
| 2013 | ВДХ Вазорати молия | 5 | 124,7 | 1 |
| 2014 | Коғазҳои қиматноки БМТ | 143 | 968,3 | 3,22 |
| 2014 | ВДХ Вазорати молия | 5 | 154,8 | 0,4 |
| 2015 | Коғазҳои қиматноки БМТ | 83 | 1 805,2 | 4,34 |
| 2015 | ВДХ Вазорати молия | 5 | 199,6 | 0,71 |
Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвият бахшидани фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок аз оғози соли 2001 сар карда, барориши вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар даврони Истиқлолият Бонки миллии Тоҷикистон тавонист бо воситаи барориши вомҳои худ маблағи заруриро аз муомилот ҷалб намуда, идораи кӯтоҳмуддати пешниҳоди пулро таъмин намояд. Вомҳои мазкур ба муҳлати кӯтоҳ ба муомилот бароварда шуда, давомнокии онҳо 14 рӯз, 28 рӯз ва 56 рӯзро дар бар мегиранд. Фоизи даромаднокии миёнавазни ин гуна коғазҳо дар давраҳои аввали фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок аз сабаби зиёд будани талаботи буҷети ҷумҳурӣ ба маблағҳои озод хеле баланд мушоҳида мегардид. Хусусан, дар солҳои 1998 то 2005 ба ҳисоби миёнасолона ин фоиз ба ҳисоби миёна дар 8 соли аввал андозаи 68,5 фоизи солонаро ташкил медод.
Қобили қайд аст, ки бо барориши вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва тақвият ёфтани фаъолияти соҳаҳои иқтисоди кишвар, инчунин беҳтар гардидани гардиши пул дар иқтисодиёти мамлакат даромаднокии миёнасолонаи коғазҳои қиматнок, аз ҷумла вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 2002-2015 ба ҳисоби миёнасолона ба 7,63 фоизи солона баробар шуд. Даромаднокии миёнасолонаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар ин давра 3,83 фоизи солонаро ташкил намуд.
Қурби асъор. Сиёсати асъор яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи сиёсати пулию қарзии мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз давраи ба муомилот баровардани пули миллӣ (рубли тоҷикӣ, 10 майи соли 1995) тартиби амалиётҳо дар бозори асъори хориҷӣ тадриҷан вусъат ёфта, бо мақсади истифодаи пурраи фишангҳои бозорӣ баҳри таъмини татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ мунтазам ҳаҷми амалиётҳо дар ин бозор афзун гардонида шуд. Дар заминаи биржаи фурӯши асъори хориҷӣ аз оғози соли 2000 ин механизм васеътар шуда, бозори байнибонкии асъор ташкил дода шуд, ки дар низоми бонкдории мамлакат қадами хеле муҳим ба ҳисоб мерафт.
Бонки миллии Тоҷикистон тайи ин солҳо реҷаи танзимшавандаи шинокунандаи қурби мубодилавиро истифода бурда, аз мудохила ба бозори асъор, ба истиснои ҳолатҳои тағйирёбии зиёд, худдорӣ намуд.
Ҷиҳати фаъолияти озоди ташкилотҳои қарзӣ дар амалиётҳои бозори байнибонкии фурӯши асъори хориҷӣ дар давраҳои гуногуни таърихии бонкдории кишвар реҷаи (режими) «шинокунанда» интихоб шуда буд. Яке аз сабабҳои асосии интихоби чунин реҷа ба мавқеи иқтисоди хориҷии кишвар, ки он бо касри бақияи тавозуни савдо ифода меёфт, вобаста буд ва қурби пули миллӣ нисбат ба долл. ИМА дар тӯли солҳои 1995-2014 мунтазам тамоюли пастравиро касб кард. Реҷаи амалкунандаи мазкур муайян намудани қурбро танҳо дар асоси талабот ва пешниҳоди бозор амалӣ намуда, дахолати мақомоти танзими пулию қарзиро, ба таври истисно, дар ҳолатҳои тағйирёбии ҷиддии қурб пешбинӣ мекард (Ҷадвали 6).
Ҷадвали 6. Қурби расмии рубли тоҷикӣ ва сомонӣ нисбат ба долл. ИМА дар солҳои 1995-2015 (1 долл. ИМА бо рубли тоҷикӣ то с. 1999 ва бо сомонӣ аз с. 2000)
| Солҳо | Қурб | Тағйирёбӣ нисбат ба соли гузашта (%) | Тағйирёбии мутлақ нисбат ба соли гузашта, сомонӣ |
|---|---|---|---|
| 1995 | 138,0 | 100% | - |
| 1996 | 293,0 | 2,1 мар. | +155,0 |
| 1997 | 562,0 | 1,9 мар. | +269,0 |
| 1998 | 778,0 | 1,4 мар. | +216,0 |
| 1999 | 1 237,3 | 1,6 мар. | +459,3 |
| 2000 | 1,8307 | 1,5 мар. | +593,4 |
| 2001 | 2,3722 | 29,6 | +0,5415 |
| 2002 | 2,7638 | 16,5 | +0,3916 |
| 2003 | 3,0614 | 10,8 | +0,2976 |
| 2004 | 2,9705 | -3,0 | -0,0909 |
| 2005 | 3,1166 | 4,9 | +0,1461 |
| 2006 | 3,2984 | 5,8 | +0,1818 |
| 2007 | 3,4425 | 4,4 | +0,1441 |
| 2008 | 3,4289 | -0,4 | +0,0064 |
| 2009 | 4,1427 | 20,3 | +0,7138 |
| 2010 | 4,3790 | 5,7 | +0,2363 |
| 2011 | 4,6102 | 5,3 | +0,2312 |
| 2012 | 4,7627 | 3,3 | +0,1525 |
| 2013 | 4,7735 | 0,2 | +0,0108 |
| 2014 | 5,9348 | 24,3 | +1,1613 |
| 2015 | 6,8558 | 15,5 | +0,9210 |
Бо тағйир додани самти сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи май-июни соли 2015 сар карда, фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор таҳти назорати қатъӣ гирифта шуд ва нуқтаҳои мубодилаи асъори ба ташкилотҳои қарзӣ тааллуқдошта ва берун аз қароргоҳҳои онҳо ҷойгирбуда то охири соли 2015 баста шуданд.
Дар ин давра, новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, дохилӣ ва мавсимӣ, суръати пастравии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар охири соли 2015 ва аввалҳои соли 2016 пешгирӣ карда шуд.
Тавозуни пардохт. Тавозуни пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти мамлакат бо бақияи манфӣ ҷамъбаст гардида, дар ин замина ноустувории ҳисоби амалиёти ҷорӣ мушоҳида мегардад.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ касри тавозуни савдо сол аз сол афзоиш ёфта, асосан ба зиёд будани ҳаҷми воридот нисбат ба ҳаҷми содирот вобаста мебошад (Ҷадвали 7).
Ҷадвали 7. Тавозуни савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000–2015 (млн. долл. ИМА)
| Солҳо | Содирот (ФОБ) | Воридот (ФОБ) | Тавозуни савдо |
|---|---|---|---|
| 2000 | 838,9 | 920,5 | -81,6 |
| 2001 | 651,7 | 765,7 | -114,0 |
| 2002 | 699,1 | 822,9 | -123,8 |
| 2003 | 906,2 | 1 025,7 | -119,5 |
| 2004 | 1 096,9 | 1 232,8 | -135,9 |
| 2005 | 1 108,1 | 1 430,4 | -322,3 |
| 2006 | 1 455,4 | 2 130,0 | -674,6 |
| 2007 | 1 556,9 | 3 115,0 | -1 558,1 |
| 2008 | 1 504,9 | 3 629,0 | -2 124,1 |
| 2009 | 1 038,5 | 2 770,4 | -1 732,8 |
| 2010 | 1 195,3 | 2 657,8 | -1 462,5 |
| 2011 | 1 257,3 | 3 206,0 | -1 948,7 |
| 2012 | 1 359,4 | 3 778,4 | -2 418,8 |
| 2013 | 943,4 | 4 045,4 | -3 102,0 |
| 2014 | 977,3 | 4 297,4 | -3 320,1 |
| 2015 | 876,9 | 3 435,3 | -2 558,4 |
Мувофиқи маълумоти номбурда дар солҳои Истиқлолияти кишвар бинобар сабаби рӯз то рӯз зиёд шудани талаботи бозор ҳаҷми воридоти мол ба кишвар афзоиш ёфта, ҳаҷми содирот дар солҳои охир бо иллати паст шудани нархи ҷаҳонӣ ба молҳои содиротии кишвар, аз ҷумла нахи пахта ва алюминий коҳиш ёфт. Дар робита ба ин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои рушди соҳавӣ омода шудаанд, ки барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, хусусан истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда равона гардидаанд. Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар низ мунтазам барои дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ маблағҳои озодро равона карда истодаанд, ки дар ояндаи наздик ба сатҳи истеҳсолоти дохилии кишвар таъсири мусбат мерасонад.
Низоми бонкӣ. Сохтори низоми бонкиро дар давраи солҳои 1992-2015 метавонем ба таври зерин шарҳ диҳем. Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои муайян ва чорабиниҳои гуногун амалӣ карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё сохтани шароити мусоид барои фаъолияти озод, шаффоф ва рақобатноки бонкҳо ба шумор меравад.
Дар ин давра таркиби сохтори низоми бонкии мамлакат такмил ёфта, бонкҳои гуногуншакл ва ташкилотҳои маблағгузории хурд бо сармояи гуногун фаъолияти пурсамарро анҷом доданд.
Гузариш аз шакли ягонаи бонкдорӣ, ки дар кишвар аз собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун мерос омада буд, дар солҳои аввали Истиқлолияти кишвар барои ташаккули низоми бонкии мамлакат як қатор мушкилотро ба миён овард. Вале бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан тавсияҳои додашуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ низоми бонкии кишвар таҷдид карда шуд ва сохтори мустақили бонкдорӣ дар кишвар ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамзамон барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди иқтисодии кишвар қабул гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамари низоми бонкии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин замина низоми бонкии мамлакат ташкил карда шуд ва сохтори амалкунандаи он дар замони Истиқлолият ба таври зерин тасвир ёфтааст (Ҷадвали 8).
Ҷадвали 8. Сохтори низоми бонкӣ дар солҳои 1992-2015
| Сол | Ҳамагӣ (адад) | Бонкҳо (адад) | Ташкилотҳои маблағгузории хурд (адад) |
|---|---|---|---|
| 1992 | 10 | 8 | 2 |
| 1993 | 15 | 13 | 2 |
| 1994 | 18 | 16 | 2 |
| 1995 | 22 | 19 | 3 |
| 1996 | 23 | 20 | 3 |
| 1997 | 28 | 25 | 3 |
| 1998 | 20 | 18 | 2 |
| 1999 | 19 | 17 | 2 |
| 2000 | 17 | 14 | 3 |
| 2001 | 17 | 13 | 2 |
| 2002 | 17 | 12 | 3 |
| 2003 | 19 | 13 | 4 |
| 2004 | 24 | 10 | 12 |
| 2005 | 44 | 10 | 35 |
| 2006 | 75 | 10 | 65 |
| 2007 | 89 | 11 | 78 |
| 2008 | 112 | 12 | 100 |
| 2009 | 136 | 13 | 123 |
| 2010 | 138 | 14 | 124 |
| 2011 | 137 | 15 | 122 |
| 2012 | 141 | 16 | 125 |
| 2013 | 136 | 16 | 120 |
| 2014 | 137 | 17 | 120 |
| 2015 | 123 | 17 | 106 |
Нишондиҳандаҳои тавозунии ташкилотҳои қарзӣ. Дар давоми 25 соли Истиқлолият ҳолати тавозуни ташкилотҳои қарзӣ мунтазам беҳтар гардида, нишондиҳандаҳои асосии тавозунии онҳо, хусусан сатҳи дороиҳо ва сармоя аз ҳисоби маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта истодааст. Дороиҳои низоми бонкӣ дар соли 1997 ҳамагӣ маблағи 43 млн. сомонӣ ва нисбат ба ММД 8,3 фоизро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар охири соли 2015 ба 18,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, 38,5 фоизи ММД-ро ташкил дод. Афзоиши нишондиҳандаи мазкур аз беҳтар шудани ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзии кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳаҷми сармояи ташкилотҳои қарзӣ дар соли 1997 ҳамагӣ ба маблағи 6,0 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ММД 1,2 фоизро ташкил медод. Ин нишондиҳанда дар охири соли 2015 маблағи 2,4 млрд. сомониро ташкил намуда, ба 5,0 фоизи ММД баробар шуд.
Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ дар соли 1997 маблағи 37,0 млн. сомониро ташкил намуда буд. Нишондиҳандаи мазкур дар охири соли 2015 ба 16,2 млрд. сомонӣ баробар гардид (Ҷадвали 9).
Ҷадвали 9. Сохтори тавозуни ҷамъбастии ташкилотҳои қарзӣ дар давраи солҳои 1997-2015 (млн. сомонӣ, охири давра)
| Сол | Дороиҳо | Нисбат ба ММД (бо %) | Уҳдадориҳо | Сармоя | Нисбат ба ММД (бо %) |
|---|---|---|---|---|---|
| 1997 | 43,0 | 8,3 | 37,0 | 6,0 | 1,2 |
| 1998 | 103,0 | 10,0 | 91,0 | 12,0 | 1,2 |
| 1999 | 164,0 | 12,2 | 150,0 | 14,0 | 1,0 |
| 2000 | 311,0 | 17,2 | 273,0 | 38,0 | 2,1 |
| 2001 | 467,0 | 18,5 | 414,0 | 54,0 | 2,1 |
| 2002 | 594,0 | 17,7 | 506,0 | 89,0 | 2,6 |
| 2003 | 748,0 | 15,7 | 615,0 | 132,0 | 2,8 |
| 2004 | 1 221,0 | 19,8 | 1 055,0 | 167,0 | 2,7 |
| 2005 | 1 602,0 | 22,2 | 1 325,0 | 277,0 | 3,2 |
| 2006 | 2 394,0 | 25,8 | 2 013,0 | 381,0 | 4,2 |
| 2007 | 5 665,0 | 44,3 | 5 005,0 | 660,0 | 5,2 |
| 2008 | 6 169,0 | 35,0 | 5 082,0 | 1 087,0 | 6,2 |
| 2009 | 4 956,0 | 24,0 | 3 368,0 | 1 088,0 | 3,4 |
| 2010 | 6 241,0 | 25,5 | 5 061,0 | 1 180,0 | 4,3 |
| 2011 | 9 056,0 | 30,1 | 7 178,0 | 1 878,0 | 6,2 |
| 2012 | 10 528,0 | 29,1 | 8 231,0 | 2 297,0 | 6,3 |
| 2013 | 12 653,0 | 31,2 | 10 063,0 | 2 590,0 | 6,4 |
| 2014 | 14 854,0 | 32,6 | 12 508,0 | 2 346,0 | 5,1 |
| 2015 | 18 639,0 | 38,5 | 16 222,0 | 2 417,0 | 5,0 |
Пасандоз ва амонатҳо. Дар ин давра дар низоми бонкии кишвар ҳаҷми пасандозу амонатҳо мунтазам афзоиш ёфт. Дар ибтидои фаъолияти низоми бонкии кишвар ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо дар ташкилотҳои қарзӣ саҳми назаррас надошт. Масалан, дар соли 2001 ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ маблағи 102,3 млн. сомонӣ, ё ҳамагӣ 4,0 фоизи ММД-ро ташкил медод. Дар натиҷаи пешбурди сиёсати дурусти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон фаъолияти босамари ташкилотҳои қарзӣ дар охири соли 2015 маблағи пасандоз (амонат)-ҳо дар низоми бонкии кишвар ба 8,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. Дар ин давра ин нишондиҳанда нисбат ба ММД ба андозаи 16,9 фоиз баробар шуд. Афзоиши мазкур баланд шудани эътимоди аҳолиро ба низоми бонкии кишвар нишон медиҳад (Ҷадвали 10).
Ҷадвали 10. Бақияи пасандоз (амонат)-ҳо дар давраи солҳои 2001-2015 (млн. сомонӣ)
| Сол | Бақияи пасандозҳо (млн. сомонӣ) | Шахсони ҳуқуқӣ | Шахсони воқеӣ | Бо сомонӣ | Бо асъори хориҷӣ |
|---|---|---|---|---|---|
| 2001 | 102,3 | 91,9 | 10,3 | 50,0 | 52,1 |
| 2002 | 147,4 | 129,1 | 18,3 | 73,6 | 73,8 |
| 2003 | 242,5 | 166,7 | 75,8 | 117,7 | 124,7 |
| 2004 | 291,6 | 183,0 | 108,6 | 124,8 | 166,8 |
| 2005 | 539,1 | 381,4 | 157,7 | 183,6 | 355,5 |
| 2006 | 1 108,1 | 827,9 | 281,1 | 273,1 | 835,9 |
| 2007 | 2 397,5 | 1 830,1 | 570,6 | 518,7 | 1 882,0 |
| 2008 | 1 923,3 | 1 197,8 | 725,6 | 703,7 | 1 219,7 |
| 2009 | 2 614,3 | 1 531,5 | 1 109,2 | 963,7 | 1 677,1 |
| 2010 | 3 221,8 | 1 770,9 | 1 498,7 | 1 380,3 | 1 889,3 |
| 2011 | 4 354,0 | 2 125,2 | 2 298,2 | 1 625,7 | 2 797,7 |
| 2012 | 4 816,9 | 1 989,9 | 2 937,3 | 1 610,6 | 3 316,6 |
| 2013 | 5 296,1 | 1 861,5 | 3 660,1 | 1 747,9 | 3 773,7 |
| 2014 | 6 446,4 | 2 437,3 | 4 253,3 | 2 308,4 | 4 382,1 |
| 2015 | 8 167,2 | 3 055,6 | 5 111,6 | 2 503,0 | 5 664,2 |
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳои шахсони воқеӣ дар таркиби бақияи умумии пасандоз (амонат)-ҳо сол то сол афзоиш ёфта истодааст. Ин нишондиҳанда, агар дар соли 2001 ҳамагӣ 10,3 млн. сомониро ташкил дода бошад, пас дар охири соли 2015 ба 5,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, 469,3 маротиба афзоиш ёфт, ки ин шаҳодати зиёд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар мебошад.
Дар охири соли 2015 дар таркиби бақияи пасандоз (амонат)-ҳо ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо бо сомонӣ 30,6 фоиз ва ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо бо асъори хориҷӣ ба 69,4 фоиз баробар буданд. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол аҳолии кишвар ба асъори хориҷӣ майли бештар дорад ва аз таъсири буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ дороиҳои худро бо ин роҳ мехоҳад муҳофизат намояд. Яке аз сабабҳои дигари зиёд будани ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо бо асъори хориҷӣ дар он аст, ки то моҳи майи соли 2015 дар муомилот асъори гуногуни хориҷӣ ба таври озод гардиш мекард ва моддаи 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар амал пурра татбиқи худро наёфта буд. Аз ин лиҳоз қобилияти харидории пули миллӣ нисбатан мунтазам коҳиш меёфт.
Бо амалӣ кардани нишондодҳои Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии кишвар, ҳамзамон ташкили гурӯҳҳои корӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо дар байни аҳолӣ муқаррароти моддаи 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», яъне: «Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад», амалӣ гашта истодааст. Ҳамзамон ворид намудани тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар қаламрави кишвар дар амалӣ намудани моддаи 64-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таъсири мусбат расонд, ки дар оянда эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми пасандоз (амонат)-ҳо бо пули миллӣ дар низоми бонкии кишвар меафзояд.
Маблағгузории қарзӣ ба иқтисодиёт. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби он ки бонкҳои тиҷоратӣ хеле заиф буданд ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми охирини маблағгузор муайян гардида буд, маблағгузориҳоро ба соҳаҳои иқтисоди кишвар равона мекард. Бо ин восита тавонист дар замони Истиқлолият як муддати муайян талаботи иқтисоди кишварро бо воситаҳои пулӣ таъмин намояд. Бояд зикр намуд, ки иқтисодиёти кишвар баъди паси сар намудани буҳронҳои шадиди сиёсию иҷтимоӣ, хусусан баъди паси сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба маблағҳои озоди қарзӣ талаботи калон дошт ва ҳаҷми умумии маблағгузории қарзӣ аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо суръати баланд афзоиш меёфт ва то як дараҷа ин талаботро Бонки миллии Тоҷикистон низ қонеъ мегардонид.
(Идома дорад)




