Зеҳн

Рӯйдодҳои муҳимтарини низоми бонкии Тоҷикистон

20 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Амиршо Миралиев – Раиси нави Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон

Амиршо Миралиев, собиқ раиси вилояти Хатлон ва раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ба вазифаи роҳбари Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон интихоб шудааст. Пеш аз Миралиев роҳбарии ин ниҳодро Изатулло Лалбеков ба уҳда дошт.

Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон қариб тамоми бонку ташкилотҳои қарзии кишварро дар бар мегирад. Тибқи оиннома, ассотсиатсия дар асоси иттиҳоди ихтиёрӣ аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарздиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои хориҷӣ ва ғайра ташкил шудааст. Аз соли гузашта Амиршо Миралиев ҳамчунин раиси Шӯрои назоратии «Соҳибкорбонк»-ро ба уҳда дошт.

«Амонатбонк»: смс-паёмакҳои ройгон барои нафақагирон

Оғоз аз 10 феврали соли ҷорӣ аз тарафи департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии раёсати Амонатбонк ба пуррагӣ корҳои пайваст намудани смс-паёмакҳо ба телефонҳои мобилии нафақагирон оғоз гардид.

Имрӯз агар дар ҷумҳурӣ беш аз 621 ҳазор нафақагир ба ҳисоб гирифта шуда бошад, аз ин шумора зиёда аз 445 ҳазор нафарашон дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонк мебошанд. Акнун тасмими роҳбарияти «Амонатбонк» барои қулай гирифтани маблағҳои нафақа мушкилоти ҳар як нафақагирро осон менамояд.

Пас аз пайваст намудани кортҳои ҳамаи нафақагирон бо смс-паёмак онҳо метавонанд аз гузаштани маблағи нафақа ба суратҳисобҳои кортҳои бонкӣ тавассути смс бархурдор шаванд ва дар дилхоҳ вақт омада аз таҷҳизоти банкомат ва ё ПОС-терминали дар бинои МХБ мавҷудбуда маблағи лозимии худро дастрас намоянд. Айни ҳол аз шумораи умумии нафақагирони дорандагони кортҳои бонкӣ беш аз 2000 нафарашон бо смс-паёмак пайваст карда шудаанд.

Баҳодиҳии хавфҳои марбут ба хизматрасониҳои дастраси молиявӣ

17 марти соли равон бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва мутахассиси калони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ Клаудио Стролиго барои намояндагони мақомоти назоратии кишвар, иштирокчиёни бозори молиявӣ, аз он ҷумла масъулини бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки чорабинии имрӯза ба «Баҳодиҳии хавфи қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм, вусъат додани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва маҳсулотҳои молиявӣ», ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ дар доираи кумаки техникӣ баргузор гардидааст, бахшида шудааст.

Номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки семинари мазкур барои тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва амалҳои муштарак дар ҷодаи идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бахши молиявӣ ба аҳли нишаст сохтор, хусусият ва функсияҳои «Фишанги баҳодиҳии хавфҳо дар сатҳи миллӣ оид ба васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ»-ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ таҳия шудааст, бо тарзу усули содаю фаҳмо пешниҳод намуданд.

Зимни мулоқот ва мубодилаи афкори озод иштирокдорони семинар изҳор доштанд, ки гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои молиявии дастрас дар сатҳи миллӣ имкон медиҳад, ки на танҳо хавфҳои марбут ба дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ошкор гарданд, балки ҳамчунин ба рушд ва таҳияи маҳсулотҳои нави дастраси бозори молиявӣ мусоидат намояд.

Тавре иштирокдорони вохӯрӣ дар фарҷоми кори семинар иброз доштанд, натиҷаи кори имрӯза тариқи қабул ва андешидани чораҳои дахлдор ба тавсеаи самараноки фарогирии тамоми табақаҳои аҳолӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, ҳамзамон маҳдуд намудани хавфҳои эҳтимолии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо, ки бо роҳи ҷиноят ва маблағгузории терроризм ба даст оварда шудаанд, мусоидат хоҳад кард.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2