Легионер Петр Фабиан: Мусоҳиба бо роҳбари ҶСП «Спитамен Бонк»
С: Ба қарибӣ Шумо дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015, ки таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» баргузор шуд, фаъолона иштирок доштед ва баромад низ кардед. Ҳангоми баромади худ барои беҳтар шудани фазои сармоягузории Тоҷикистон чӣ тавсияҳо намудед?
— Асосан суханронии ман барои рушд додани сармоягузорӣ дар ширкатҳои ҷавон равона шуда буд. Тавсияи рақами яки ман ин буд, ки бахши хусусӣ ва давлатӣ якҷоя бо ташкилотҳои донори хориҷӣ барои таъсис додани бизнес-инкубаторҳо дар кишвар кор кунанд, ки он ҳам сармояи аввалияро таъмин мекунад ва ҳам маконе мешавад, ки дар он ҷо ширкатҳои ҷавон тавонанд бо омӯзиш ва санҷиши идеяҳои худ машғул шаванд. Ин тавсия бомуваффақият дар бисёр бозорҳои рушдёбандаи дигари ҷаҳон амалӣ шудааст ва ман бовар дорам, ки он дар Тоҷикистон низ хуб кор мекунад.
С: Шумо ба сатҳи имрӯзаи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои рушди он чӣ баҳо медиҳед?
— Аз он вобаста аст, ки ҳар кас фаҳмиши гуногун оиди соҳибкорӣ дорад. Вобаста ба фаҳмиши ман, соҳибкор шахс ё нафарест, ки роҳҳои навро барои ҳал намудани мушкилоти дар фаъолияти соҳибкорӣ пешомада меҷӯяд. Соҳибкор будан маънои онро надорад, ки бояд фаъолияти хусусии худро дошта бошад. Шахс метавонад ба ҳайси соҳибкор дар ширкатҳои бузург ё ин ки мақомоти давлатӣ фаъолият дошта бошад. Лекин дар бисёре аз мавридҳо соҳибкорон тарафдори онанд, ки худ роҳбари худ бошанд. Яъне зердасти касе ё шахсе набуда, бо талаботҳои худ фаъолият намоянд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони зиёде бо истифода аз технологияҳои наву замонавӣ фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногунро пешкаш менамоянд. Новобаста аз ин, диққати махсус додан дар рушди устувори соҳаи соҳибкорӣ ба маврид ва қобили дастгирӣ мебошад, то ин ки мушкилиро бартараф намуда, фазои мусоид ташкил гардад. Барои ин бояд як низоми соҳибкорӣ ташкил намудан зарур аст, то дигар соҳибкорон ибрози ақида ва мубодилаи афкор намоянд. Инчунин имкон дорад, ки равобити худро бо дигар ширкатҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, мубодилаи афкор ва аз таҷрибаи якдигар истифода намоянд.
С: Шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи бештар мусоид аст?
— Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодиёти он дар авҷи рушд мебошад ва дорои он имкониятҳои сармоягузорист, ки дар давлатҳои тараққикарда дида намешавад. Пайдо намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар давлатҳои ба монанди Аврупо, Амрико ва Осиё, ки чандин солҳост фаъолият дошта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ниҳоят баланд мебошад, мушкил мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, то ба ҳол имкониятҳои рушд намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ анқариб дар ҳамаи соҳаҳо ниҳоят зиёд буда, онро қайд намуданиям, ки фазои ҷалби бештари сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор мебошад.
С: Аз нигоҳи Шумо вазъияти бозори хизматрасониҳои бонкии Тоҷикистон чӣ тавр аст?
— Соҳаи бонкдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳое ба ҳисоб меравад, ки дар оянда ба монанди сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ рушд меёбад. Дар асоси нишондоди Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2014 танҳо 11% аҳолӣ суратҳисоби бонкӣ доштанд. Дар дигар мамлакатҳои иқтисодиёташон дар авҷи рушд ба монанди Ҳиндустон ин рақам наздик ба 50% мерасад. Новобаста аз ин, имкониятҳои зиёде мавҷуданд, ки барои рушди соҳаи бонк дар мавриди осон гардонидани хизматрасонӣ мусоидат менамоянд.
С: Шумо бонки худро муваффақ мешуморед?
— Новобаста аз вазъияти номусоиди кунунии макроиқтисодӣ, бонки мо рушд менамояд. Шуъбаҳои бештар дар тамоми манотиқи кишвар барои пешниҳоди хизматрасонии босифат ба истифода дода шуда истодаанд. Ҳамеша кӯшиш менамоем, ки сатҳу сифати хизматрасониро тақвият диҳем. Аз ин лиҳоз, ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки бонки мо ба ҳайси як бонки муваффақ фаъолият менамояд. Ин танҳо оғози он нақшаҳоест, ки мо пеш гирифтаем. Мо ҳатман кӯшиш менамоем, ки сатҳу сифати хизматрасонии худро бо он бонкҳои давлатҳои тараққикарда баробар созем. Мо инчунин нақша дорем, ки ба ҳайси як бонки боварибахш фаъолият намуда, диққати бештари мизоҷонро ба даст орем. Чунин амал дар асоси боварии тарафайн ба даст оварда мешавад, ки мақсади аввалиндараҷаи бонк ба ҳисоб меравад. Барои ин бояд ҳама намуди хизматрасонии бонкӣ сода ва осон гардонида шавад, то ин ки мушкилӣ барои мизоҷон пеш наояд. Мо хуб медонем, ки пешниҳод намудани хизматрасонии бесифат ҳам ба кам гардидани мизоҷ оварда мерасонад ва ҳам ба фаъолияти бонк таъсири манфӣ дорад. Бонки мо ҳамеша саъй менамояд, ки хизматрасонии босифатро баҳри мизоҷ пешниҳод намояд, то миёни бонк ва мизоҷ боварӣ ҳосил гардад.
С: Шумо яке аз роҳбарони бонкҳои Тоҷикистон ҳастед, ки аз хориҷа даъват шудаанд. Воқеан шумо «легионер» ҳастед. Худатонро дар ин мақом чӣ гуна эҳсос мекунед?
— Чунин менамояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ дар авҷи болоравист. Дар бисёре аз бонкҳо ё ин ки ТАҚХ (Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд) шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси роҳбар кору фаъолият менамоянд, ба монанди Сомон Эйр (Somon Air) ва Тселл (Tcell). Дар «Спитамен Бонк» бошад, ман ягона шаҳрванди хориҷие мебошам, ки ба ҳайси роҳбар фаъолият менамоям, лекин қобили қайд аст, ки омӯзиши бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коргарони дохилӣ дар сатҳи олӣ амалӣ карда мешавад, на аз тарафи коргарони хориҷӣ. Мақсад аз фаъолияти ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешкаш намудани таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии коргарон баҳри хизматрасонии босифат мебошад. Чунин пешниҳодот на ҳамеша ба осонӣ ба даст оварда мешаванд, чунки бисёре аз мардум аз тағйирот дар ҳаросанд. Чунин ҳолат на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мегардад, балки дар тамоми ҷаҳон чунин аст. Бино ба ин, ман ҳамеша коргаронро таъкид менамоям, ки дурандеш бошанд, то ин ки ба ҳама гуна тағйирот омода буда, бо дигар шарикони хориҷӣ равобити зич дошта, он муваффақиятеро, ки дар дигар давлатҳо ба монанди Ҳиндустон, Русия, Покистон, Кения, Укроин, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст оварданд, истифода намоем. Фаъолияти ман бошад ба ҳайси як довар аст, то коргаронро роҳбаладӣ намуда, дар рушди соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.
С: Бо хусусиятҳои кор ва пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шинос шуда, Шумо ба мутахассисони хориҷии дигаре, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон кор кунанд, чӣ маслиҳат дода метавонед?
— Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки барои тамоми ашхос шароит фароҳам меорад, то фаъолият намоянд, хусусан дар бахши хусусӣ. Ман ба он шаҳрвандони хориҷие, ки нияти кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, тавсия медиҳам, то бештар ба ин кишвар омада, фаъолият намоянд, чунки тамоми шароит фароҳам мебошад. Чуноне ман дар боло қайд намудам, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти зудтар инкишоф намуданро дорад, чунки чунин як таҷриба аллакай дар дигар кишвари дунё амалӣ гардидааст.
С: Шумо корро дар «Спитамен Бонк» дар рӯзҳои аввал аз чӣ сар кардед? Чӣ гуна нақшаҳои менеҷментӣ барои соли оянда доред?
— Ман фаъолияти худро дар «Спитамен Бонк» моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ намуда, то ба ҳол як гурӯҳи муттаҳиди коргаронро ташкил намудам, ки барои рушди минбаъда ва ҳозира кумак менамоянд. Яке аз дастовардҳои асосӣ дар фаъолияти ман ин ба истифода додани хизматрасонии Оракл Флэкс Кюб (Oracle Flex Cube) мебошад, ки дар низоми бонкдорӣ хеле қулай мебошад. Чунин намуди низоми хизматрасонӣ ба мо имкон медиҳад, то он хизматрасониеро, ки мо пештар бо мушкилӣ ва сарфи вақти зиёд пешниҳод менамудем, зуд ва осон пешниҳод намоем. Дар баробари ин, мо тавонистем, ки сохтори дохилии бонкро тақвият дода, аз низоми интиқол дар шакли коғазӣ ба шакли электронӣ гузарем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳама намуди хизматрасониро зуд ва осон ба мизоҷ пешниҳод намоем. Ба наздикӣ хизматрасонии нави бонкинги мобилӣ ба истифода дода мешавад, ки боз як зинаи дигар барои осон шудани хизматрасонӣ ба мизоҷ мебошад. Сохтори фаъолияти бонк низ дуруст ба роҳ монда шуда, бо истифода аз таҷрибаи бои дигар бонкҳои ҷаҳонӣ, дар соли 2016 хизматрасонии навро барои мизоҷ пешниҳод намоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон пешниҳод нагардидааст. Барои мисол, мо ягона бонке хоҳем шуд, ки низоми ягонаи Корти Миллиро ба роҳ монад. Ин ба мизоҷ имкон медиҳад, ки бе хароҷоти иловагӣ аз он истифода барад. Яъне бо доштани суратҳисоб зарурат барои пардохти иловагӣ барои кушодани суратҳисоби кортӣ намегардад. Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки ҳар хизматрасониеро, ки дар нақша дорем, дар соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созем.
С: Ба назари Шумо ҳамчун корманди хориҷӣ-легионер се проблемаи бузурги Тоҷикистон кадомҳоянд, ки онҳоро ҳал намудан лозим аст барои ба пеш рафтан?
— Се мушкилии асосие, ки метавонанд се имконият барои пешрафт гарданд, инҳоянд:
- Бояд ҳамеша ба самти пеш назар кард, то таҷрибаи дигар мамлакатҳои ҳамсояро ба монанди Русия, Аврупо ва Чин омӯхта, роҳи ҳалли мушкилотро пайдо намуд. Мушкилиҳое, ки баъзан пеш меоянд, ҳалнашаванда набуда, ҳамеша роҳи ҳалли худро доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзеҳо ба он ақидаанд, ки мушкилиҳо роҳи ҳал надоранд, ки ин ақида хатост. Шояд баъзе аз онҳо чунин бошанд, лекин на ҳамаи онҳо чунинанд, аксари онҳо роҳи ҳал доранд.
- Як рафтори умумие миёни одамон ҳукмфармост, ки берун аз идораи онҳост. Ман ба коргарон тавсия медиҳам, ки масъулияти корро пурра бар дӯш гирифта, мустақилона ибрози ақида ронанд. Вақте ки онон вазифадоранд, то як амалеро анҷом диҳанд, набояд сабаберо пеш оранд ё шахси дигареро гунаҳкор созанд.
- Омӯзиш ба мисли ҳаво зарур мебошад. Дар бисёре аз мавридҳо одамон бар он ақидаанд, ки донишгоҳро хатм намудаанду омӯхтан дигар зарурат надорад ва ин хатогии асосии онҳост, ки ба мушкилиҳои зиёд оварда мерасонад. Чӣ тавре ки мо мушоҳида менамоем, ҷаҳони имрӯз дар пешравист ва одамон низ ҳамқадами замон бояд бошанд, то аз навовариҳои имрӯз бохабар бошанд.
С: Менеҷер дар кишварҳои дигар на фақат кор мекунад, балки истироҳат низ мекунад. Шумо вақти фароғати худро дар Душанбе чӣ тавр мегузаронед? Кадом намудҳои ғизоҳо ва маконҳои Тоҷикистонро аллакай дӯст доштаед?
— Имкониятҳои бисёре барои гузаронидани вақт дар Душанбе мавҷуданд, ба монанди боғи Ғалаба ва дигар боғҳое, ки дар маркази шаҳр ҷойгиранд. Хусусан, ташриф овардан ба минтақаҳои истироҳатии Шоҳамбарӣ ва Хоҷа Оби Гармро хеле дӯст медорам. Анқариб ҳар рӯзҳои истироҳатӣ дар тӯйҳо иштирок намуда, бисёре аз таомҳои миллии тоҷикиро истеъмол менамоям!
Мусоҳиб: Аслам Мӯминов




